Адабиёти бадеи ва таърихнигории точик — асрхои XVI – XX (16-20)

Адабиёти бадеӣ ва таърихнигории тоҷик — асрҳои XVI – XX (16-20). Илму адаб, ки дар замони ҳукмронии Улуғбек хеле пеш рафта буд, ба зуди пас аз марги ӯ рӯ ба таназзул ниҳод. Ин ақибравӣ махсусан дар аҳди Султон Абӯсаид сахт эҳсос карда мешуд. Он вазъияти сиёсӣ, ки аз аввалҳои асри XVI дар мамлакат фароҳам омад, ба ҳаёти адабӣ ва фаннӣ зарбаи боз ҳам сахтар расонид. Нақши руҳониёни иртиҷоӣ ниҳоят дараҷа пуркувват гардида, беш аз пеш ба инкишофи афкори илмӣ монеъ мешуд. Дар натиҷаи ин Ҳирот аз аввалҳои асри XVI ҳамчун як маркази мадании халқӣ тоҷик аҳамияти худро гум кард. Намояндагони илму фарҳанг, адабиёт ва санъат ба ҳар тараф пароканда гардиданд.

Агарчанде дар нимаи дуюми асри XVI шаҳри Бухоро ҳамчун маркази маданӣ cap бардошта, сол аз сол шумораи мадрасаҳо зиёд гардида бошад ҳам, лекин дар ин мадрасаҳо асосан илмҳои динӣ омӯхта мешуданд. Бо вуҷуди ин адабиёт ва илму фанни дунявӣ дар ин давра то як дараҷа ривоҷ ёфт. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ном муаллифи асри XVI 250 нафар ходимони илму адаби давраи ҳукмронии Убайдуллохон ва писари ӯро ном мебарад. Аксари ходимони зикркардаи Нисорӣ дар адаби­ёт ва санъат осори намоёне аз худ боқи нагузоштаапд. Аз байни адибони он давра махсусан фаъолияти Восифиро бояд хотирнишон намуд.

Зайниддин Восифӣ. Зайниддин Восифӣ дар соли 1485 таваллуд ёфтааст. Ӯ то соли 1512 дар Ҳирот зиста, пас аз суқути салтанати Темуриён ба хидмати Шайбониён мегузарад ва то солҳои 30-юми асри XVI дар Бухоро, Самарқанд, Тошкент ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна умр ба cap мсбарад. Восифӣ ба ғайр аз ашъор, асари хеле ҷолиби саргузашташро бо унвони «Бадоеь-ул-вақоеъ» эҷод кардааст. Ӯ дар ёддоштҳои худ симои шаҳрҳои он замонаро ба таври барҷаста тасвир намуда, русуми адабии Ҳиротро дар давраи Навоӣ ва ҳаёти шоирони дарборӣ аҳди Шайбониёнро нишон медиҳад. Восифӣ ҳамчун нависандаи зарофатписанд ва мушоҳидакор дар шакли нафиси хаҷв бисёр нуқсонҳои усули идораи давлатӣ хониро фош намудааст.

Камолиддин Биноӣ. Шоир ва муаррихи номии тоҷик Ка­молиддин Биноӣ (соли таваллуд 1453, соли каш 1512) ҳамзамони Восифист. Ӯ дар Ҳирот аз оилаи устои ҳунарманди бинокор ба дунё омада, дар овони ҷавонӣ чанд солро дар Ше­роз, пас дар Табрез дар дарборӣ султон Яъқуб ба cap бурдааст.

Баъди Самарқандро забт кардани Мухаммад Шайбони- хон ба хидмати ӯ дохил шуд ва ҳамроҳи лашкари шайбонӣ дар соли 1507 ба Ҳирот баргашт. Пас аз фавти Шайбонихон (соли 1510) ва Ҳиротро тасарруф кардани Сафавиён ӯ ба Қаршӣ рафт ва баъди ду сол дар он ҷо ҳангоми қатли оми мардуми бегуноҳ ки лашкари сафавӣ ба роҳ монда буд кушта шуд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Биноӣ шоири забардаст ва мутриби моҳире буд. Ба қалами ӯ чанд рисола ва намунаҳои насри бадеӣ низ тааллуқ доранд. Яке аз офаридаҳои барҷастаи ӯ маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» асг, ки дар он фикрҳои тарбиявию ахлоқӣ ва акидаҳои иҷтимоиву ҷамъиятии шоир баён ёфтаанд. Муаллиф заъфу сустиҳои инсонро мавриди мазаммат қарор дода, нуқсонҳо ва носозгориҳои муҳити феодалӣ, ахлоқӣ вайрони аҳди чоху сарват ва руҳониёни мутаассибро ба зери тозиёнаи танқид мегирад ва хулқу атвори писандидаи одамиро сутуда, зарурати касби илму донишро боисрор таъқид менамояд. Бо вучуди он, ки шеърҳои ахлоқӣ дар назми форсу тоҷик собиқаи хеле ғанӣ дошт, Биноӣ дар маснавии худ бисёр фикру ғояҳои навро ифода карда, тавонист ба ин жанри анъанавӣ хусусиятҳои тоза бахшад.

Ғазалиёти Биноӣ асосан ба равияи ғазалсароии асри XV офарида шудаанд, вале дар ин маврид ҳам ӯ ба шеър лаҳзаҳои тарҷумаи ҳоли ва унсурҳои танқиди синфҳои ҳукмронро дохил намуда, дар пеши назар ҳамчун шоири навпардоз намоён мегардад.

Аз асарҳои таърихии Биноӣ қабл аз ҳама «Шайбонино- ма» ва нусхаи га фсилсфгаи он «Футухоги хонй»-ро, ки дар бай­ни солҳои 1504-1510 таълиф ёфтааст бояд зикр кард. Ин асарҳо воқеаҳои зиндагӣ ва саргузашти Шайбонихонро дар бар мегиранд. Фарқи ин ду асар аз дигар асарҳои таърихии он замон дар он асг, ки панду ахлоқи ҳамида дар онҳо афзалият доранд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки муаллиф хостаасг ба ин восита ба табақаи ҳукмроии замони худ таъсир расонида, то андозае пеши роҳи зулму тааддӣ ва худсариҳои ононро бигирад.

Биноӣ намояндаи табақаи миёнаи шаҳриён маҳсуб мешуд ва аз ҳамин мавқеъ нуксонҳои сохти замонаашро таъкид ме­кард.

Бадриддин Ҳилолӣ яке аз шоирони соҳибистеъдоди тоҷикӣ он давра Бадриддин Ҳилолӣ буд. Ӯ монанди Биноӣ ба доираи мадании Ҳирот мансуб буд. Ҳилолӣ тахминан соли 1470 дар Астаробод таваллуд ёфта, соли 1491 ба мақсади давом до­дани таҳсил ба Ҳирот меравад ва то охири умр дар он ҷо зиндагӣ ба cap мебарад. Соли 1529 ӯ дар натиҷаи ҳаҷвияи ба Убайдуллохон навиштааш ба шиъапарастӣ айбдор гардида, бо фармони ҳукмрони ҳамонвақт ба қатл расонида мешавад. Дар эҷодиёти Ҳилолӣ мавқеи асосиро ғазал ишғол менамояд. Ғазалиёти дилрабо ва шурангези ин шоири ширинкалом то имрӯз дар саросари кишварҳои форсизабон вирди забони мардуманд. Забони фасеҳ санъати нафис ва оҳанги дилнишин ба ғазалҳои ӯ ҳусни махсусе бахшидаанд. Ғайр аз девони ғазалиёт ба қалами ӯ боз се достон — «Лайлӣ ва’Маҷнун», «Сифат-ул- ошиқин» ва «Шоҳу гадо» тааллуқ дорад.

Эҷодиёти шоирони нимаи аввали асри XVI то ҳол ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст. Шубҳае нест, ки дар назми ин давра назар ба назми асри XV-ум ҷиҳатҳои шаклпарастӣ, суханрониҳои каммазмун ва рангомезиҳои аз ҳад афзун қувват гирифта, таназзули маҳорат мушоҳида мешавад, ки ин ҳолат самараи таъсири шароти таърихист.

Дар нимаи дуюми асри XVI пас аз он, ки Абдуллохони 2 ҳокимияти мутамаркази худро ташкил намуд, ҳаёти адабӣ ду­бора эҳё гардид. Дар ин давра аз доираи ҳунармандон як зумра шоирони барҷаста дар арсаи адабиёт зуҳур намуданд, ки дар байни онҳо Абдураҳмони Мушфиқӣ (солҳои 1538-1588) хеле машҳур буд. Мушфиқӣ дар Бухоро аз хонаводаи хунарманде ба дунё омада, замоне дар Самарқанд низ зиндагӣ кардааст. Вай дар шоирӣ шуҳрат ёфта, барои макоми дуруст пайдо кардан дар дарборӣ султон Саид кушишҳо намуд, вале ба ин комёб нашуд. Сипас роҳи Деҳлиро пеш гирифта, ба хидмати дарборӣ шоҳ Акбар дохил гардид , ки ду қасидаи ӯ ба васфи ин ҳукмрони ҳинд бахшида шудаанд. Мушфиқӣ соли 1567 ба Бухоро бар- гашга, ба дарборӣ Абдуллохон кашида шуд ва ба дарачаи «ма- ликушшуаро» расид.

Ӯ дар Ҳачвия ва латифаҳои халқӣ чун марди шаккок ва «халалдоркунандаи оромиҳо» тасвир мешавад.

Барои мисол намунаи зерини шеъри ҳаҷвии ӯро, ки ба тақсими мерос бахшида шудааст ва дар он беҳуқуқии занон ифода ёфтааст меорем:

Ҳамшира, харҷи мотами бобо аз они ту,
Сабр аз ману тараддуди ғавго аз они ту,
Анбори пур аз ғаллаи бобо aз они ман,
Он коҳҳои монда ба caҳpo аз они ту.
Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман,
В-он нақшаҳои мондаи бӯрё аз они ту.
Аз рӯи ҳавлӣ то лаби бом аз они ман,
Аз пушти бом то ба сурайё аз они ту.

Дар асри XVI таърихнигорӣ низ то андозае инкишоф ёфта буд. Яке аз асарҳои барҷастаи таърихи «Ҳабиб-ус-сияр фи ах- бори афрод-ил-башар»-и Хондамир мебошад, ки шарҳи ҳодисаҳои таърихиро то охири муборизаи Шайбонихон ва шоҳ Исмоил (соли 1510) баён намудааст. «Меҳмонномаи Бухоро»-и Фазлуллоҳи Рӯзибеххон, «Абдуллонома»-и Ҳофизи Таниш низ барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёнаи асри XVI аз мухимтарин сарчашмаҳо маҳсуб мешаванд. Ҳофизи Таниш шоири соҳибдевон ҳам буд, вале девони ӯ мутаасифона то за­мони мо нарасидааст.

Дар аҳли Ҷониён ду маркази адабӣ вуҷуд дошт, ки яке Бухоро ва дигаре Балх буд. Дар ин давра адабиёти тоҷик назар ба асри XVI бештар инкишоф ёфт. Лекин дар замони Субҳонкулихон шароит ба дараҷае сахт гардид, ки ҳатто як идда шоирони дарбор ватани худро тарк намуда, ба Ҳиндустон хиҷраг карданд.

Дар сурате, ки адабиёти дарборӣ ва расмии тасаввуфӣ ҳолати таназзулро аз cap мегузаронид, дар доираҳои ғайрирасмӣ, махсусан дар байни пешаварони шаҳр назми руҳан ба муҳити халқ, наздик инкишоф ёфт. Шоирони забардаст мис­ли Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Муллообиди Мумтоз ва хусусан Миробид Сайидои Насафӣ ба камол расиданд, ки махсули адабии онон бештар ба ҳаёти табақаҳои истсхсолкунандаи мамлакат алоқаманд буд.

Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ. Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ соли 1657 дар маҳаллаи Зардузони Самарқанд та­валлуд ёфтааст. Ҳамаи хешу ақрабои ӯ дар касби зардузӣ маҳорати комил доштанд ва худи ӯ ҳам ин пешаро ба хуби аз худ карда буд. Фитрат дар соли 1685 ба Бухоро рафта, дар мад­расаи он ҷо таҳсил мекунад. Рӯзгори ӯ ба сахтӣ ва машаққат мегузашт. Муҳтоҷӣ ва тангдастӣ ӯро маҷбур намуд, ки ҳавлиашро фурушад. Харидор, ки шахси давлатманде буд, ӯро фиреб дода ҳавлиро бо нархи хеле арзон соҳиб гардид. Шоир ба ин ваҷҳ дар бораи вай шеъри ҳаҷвӣ навишта, бо хамин васила қасоси худро аз ӯ гирифт.

Фитрат ҳам устоди назм ва ҳам устоди наср будаасг. Аз мероси адабии ӯ маснавии «Толиб ва Матлуб», як ҳаҷвия ва чанд ғазал боқӣ мондааст. Девони ӯ то ҳол пайдо нашудааст.

Сайидои Насафӣ. Сайидои Насафӣ (ваф.байни солҳои 1707-1711) бузургтарин шоири ин давраи тоҷик аст. Ӯ дар за­мони ҳукмронии Абдулазизхон, Субҳонкулихон ва Убайдуллохон ҳаёт ба cap бурда, рӯзҳои тира ва мудҳишеро, ки истибдоди феодалӣ ба сари оммаи заҳматкаш оварда буд бо чашми худ дидааст.

Сайидо дар давраи аввали эҷодиёти худ зоҳиран бо мақсади пайдо кардани сарпараст ва мураббие бо баъзе намо­яндагони табақаи ҳоким ва бо муҳити одамони дарбор наздик шуд ва таъсири ҳамин муҳит буд, ки чанд касидаи худро ба Абдулазиз ва Субҳонқулихон бахшид. Аммо, вақте, ки вай аз та­моми фисқу фучури дарбор ва разолати аҳди он воқиф шуд, ҳарчи зудтар худро аз муоширати ин тоифа дур кашид:

Қадам аз кучаи арбоби давлат кутаҳ авлотар,
Ки аз ҳар нақши пои ман барояд чашмаи хуне.

Сайидо халқи худро бисёр дуст медошг. Ӯ на фақат бо маҳсули адабии худ, балки шахсан ҳам афтодагон ва мазлумони бсчораи ватанашро то метавонист ҳимоят мекард:

Ҳар куҷо афтодае бином ба cap ҷо медиҳам,
Хори ин саҳро гули рӯи сабад бошад маро.

Сайидо қасидаҳои худро на ба подшохон ва аъёну ашроф, балки ба камбағалон, пешаварон ва деҳқонон бахшида, ҳаёти ин гуруҳи аҳолиро хеле хуб тасвир кардааст. Қасидаҳое, ки ӯ дар тавсифи нонвой, наққош ва ғайра навиштааст аз ҳамин қабиланд. Дар байни асарҳои ӯ мавқеи муҳимро «Баҳориёт» («Ҳайвонотнома») ишғол менамояд. Шоир дар ин асари худ дар мисоли ҳайвонот симои намояндагони табақаҳои мухталифи ҷамъияти феодалиро тасвир намуда, таъкид менамояд, ки одамони меҳнатӣ агарчи дар назар чун мурчагон ба зери по афтода бошанд ҳам дар амал аз ҳама болотаранд ва агар онҳо иттифоқ банданд қавитарин душманро ҳам мағлуб карда мета- вонанд.

Сайидо дар як силсила шеърҳои худ харобии шаҳру деҳот, маҳрумият ва азобҳои бешумори аҳолиро дар аҳди Субҳонкулиҳон нишон додааст. Давраи ҳукмронии Субҳонкулихон даврае буд, ки аз як тараф муфлисӣ ва бенавоии халқ зиёд шу­да, аз тарафи дигар сарвати синфи ҳукмрон беш аз пеш меафзуд. Вазъи он давраро ӯ чунин тавсиф намудааст:

Фалак бар қомати пири хамида мемонад,
Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад…
Зи баски аҳли ҷаҳон хуни якдигар хурданд,
Сари сипеҳр ба нории макида мемонад.
Даруни ҷомаи рангини хеш дунёдор,
Ба кирмҳои бирешимтанида мемонад.

 Ҳамин тавр, Сайидои Насафӣ дар давлатӣ хонии Бухоро нахустин шоиресг, ки ошкоро ба ҳимояти аҳли меҳнат бархосга, сохти феодалиро сахт танқид кардааст. Ӯ ҳамчун шоири соҳибисгеьдод, ифодакунандаи орзуву омоли табақаҳои меҳнатии аҳолӣ, хусусан ҳунармандон баромад кардааст. Аҳли меҳнаг ва баёни кайфияти он дар эҷодиёти ӯ мақоми хоса до­рад. Сайидо дар ифодаи ақидаҳои пешқадами иҷтимоӣ ва таблиғи ғояҳои инсонпарваронаи худ аз ҳамзамононаш хеле пеш гузаштааст. Дар шеърҳояш халқӣ меҳнаткашро ситоиш карда, бартарии онҳоро аз дигар табақаҳои ҷамъиятӣ таькид намудааст. Ӯ синфҳои ҳукмронро ба ҷаҳолатпарастию бераҳмӣ гунаҳкор карда, ба зери ғозиёнаи танқиди сахт мегирифт ва бо як ҷасорату далерӣ изҳор мекард, ки иқтидори аҳли меҳнат дар иттиҳод аст.

Сайидо дар мавзуъ ва шакли шеър баробари давом дода­ни беҳтарин анъанаҳои гузаштагони худ бисёр навигариҳо овард. Дар ғазалҳояш ҳокимони золимро сарзаниш ва вайрониҳои мулкро бо дарду алам тасвир намуда, доираи мавзуоти ин жанри анъанавиро хеле васеъ гардонид. Мавзуҳои қасидаро низ тағйир дод ва дар васфи ҳунармандон қасидаҳо офарид. «Баҳориёт»-и ӯро метавон шакли нави назми дидактикӣ ҳисоб кард. Дар адабиёти наср аз асри XVI тавассути эҷодиёти Сайидо жанри “шаҳрошуб» равнақи тоза ёфт. Шоир дар эҷоди худ ташбеҳу истиораҳои нав, образҳои фолклорӣ ва таъбирҳои пуробуранги халқиро ба кор бурда, ганҷинаи воситаҳои тасвири бадеии назми тоҷикро ғанитар гардонид.

Аксари шоирони гузашта ба нигаҳ доштани меъёри дахлнопазири забони адабиёти классики сайъ менамуданд. Пас аз воқеаҳои сиёсии ибтидои асри XVI, пайдоиши ҷудоӣ ва дурӣ дар байни Эрону Мовароуннаҳр ҳифзи ягонагии забон моҳияти пешинаи худро аз даст дод. Сайидо инро дарк карда, бо ҷуръати тамом анъанаи қадимаро шикаст ва ба назм калимаҳои оммафаҳми забони гуфтугуии модариашро дохил намуд. Забо­ни офаридаҳои ӯ ба забони адабии ҳозираи тоҷик бисёр наздик аст.

Дар асрҳои XVII-XVIII таърихнигорӣ низ инкишоф ёфта буд. Махмуд ибни Вали яке аз таърихнависони барҷастаи он давра маҳсуб мешавад. Асари ӯ «Баҳр-ул-асрор фӣ маноқиб-ул- ахбор» як навь энсиклопедияест, ки аз чор ҷилд иборат буда, қисмати таърихии он воқеаҳои давраи аз Чингизхон то Ҷониёнро дар бар мегирад.

Дигар асари муҳиме, ки дар ин давра таълиф ёфтааст «Таърихи Сайид Роқим» мебошад. Ин асар агарчанде вокеаҳои таърихиро бо як тартиби муайян тасвир намекунад, лекин дар бораи одамони машҳур, дар хусуси бинокорӣ ва осори адабии замони Темур ва давраҳои баъдина то асри XVIII маълумоти хеле пурқиммат медиҳад.

Ҳамчунин асари Муҳаммадамини Яроқчӣ «Муҳит-ут- таворих»-ро низ метавон дар қатори сарчашмаҳои муҳими таърихии ин давра номбар кард. Муаллифи ин китоб шархи воқеаҳои таърихиро аз давраҳои қадим cap карда то нимаҳои асри XVII оварда мерасонад ва ба давраи салтанати Ҷониён (Аштархониён) ба таври муфассал таваккуф мекунад.

Аз таълифоти дигаре. ки дар ин давра эҷод карда шуда­аст, асари Муҳаммадюсуфи Муншӣ «Таърихи Муқимхонӣ» ме­бошад. Дар ин асар асосан таърихи давраи Ҷониён то соли 1704 инъикос ёфтаасг. Ниҳоят, муҳимтарин асари таърихии ин давра «Убайдуллонома»-и Мирмуҳаммадамини Бухорист, ки комилан ба давраи ҳукмронии Убайдуллохон бахшида шуда, воқеоти солҳои 1702-1711-ро фаро гирифтааст.

Дар охирҳои асри XVIII ва ибтидои асри XIX ҳаёти ил- мию адабӣ ру ба таназзул меорад. Дар ин давра на фақат ягон қадар асарҳои муҳим ба вуҷуд наомаданд, балки омӯхтани дастовардҳои илмии замонҳои гузашта низ қариб тамоман ба дараҷаи нестӣ рафта расид.

Хусусан замони ҳукмронии амир Шоҳмурод ва ворисони ӯ дар ин бобат тиратарин давраҳост. Дар ин давра фақат омӯхтани илми фиқҳ, тафсири китобҳои динӣ ва шарҳи кигобҳои дарсии дини и асри миёна ривоҷ ёфта буду бас. Муддати таҳсили мадраса ниҳоят дароз шуда, боиси аз донишҳои замон маҳрум мондани ҳатто боистеъдодтарин фарзандони халқ, гардид.

Омӯхтани адабиёти бадеӣ, илми баён, хаттотӣ, риёзиёт, ҳайат дар барномаи мадрасаҳо аслан ба назар гирифта наме- шуд. Хоҳишмандон метавонистанд бо ин сохаҳо ба тариқи худомузӣ машғул шаванд. Забони тоҷикӣ дар ин давра ҳамоно аҳамияти аввалиндараҷаи худро дар дастгоҳи давлатӣ нигоҳ дошта, мисли пештара дар риштаи адабиёт ва ҳам дар корҳои идоравӣ мавқеи асосиро ишғол мекард. Дар мактабҳо таълиму тадрис бо ин забон ба амал меомад. Вале дар мадрасаҳо қариб тамоми дарсҳо ба забони арабӣ гузашта, забони тоҷикӣ фақат барои шарҳ ва тарҷимаи баъзе дарсҳо хидмат мекард.

Адабиёти Мовароуннаҳр дар асри XVIII ру ба таназзули сахт ниҳод. Охангҳои иҷтимоӣ дар шеърҳои онвақта хеле заиф гардида, таъсири тасаввуфи ғайрифаъол қувват мегирад. Дар миснаи асри XVIII ҷараёни тозае ба зуҳур меояд, ки дар таъри­хи адабиёти тоҷик бо номи бедилизм машҳур аст. Намояндагони ин ҷараён дар Осиёи Миёна беш аз ҳама ба тасаввуфи Бедил тақдид намуда, ба мароми умумии фалсафӣ ва иҷтимоии ӯ вуқуфи комил пайдо намекарданд.

Мирзо Абдулкодири Бедил. Шоир ва файласуф Абдулкодири Бедил (солҳои 1644-1721) яке аз охирин намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷикзабони асримиёнагии Ҳиндустон ба шумор меравад. Ӯ дар сарзамини Ҳинд ба дунё омада, умр ба cap бурдааст. Бедил дар асарҳои худ бар асоси назарияи ваҳдати вуҷуд баъзе фикрҳои билъатомезро ифода карда, бар зидди нифоқ ва адовати мазҳабии ҳиндуён ва мусулмонон cap бардоштааст. Ӯ ақидаҳои худро баъзан ошкоро ва гоҳо дар зери таъбирҳои  тасаввуфӣ баён намудааст. Асарҳои Бедил бо сабки махсус навишта шудаанд. Ғояҳои ин шоир ва мутаффакири бузург назар ба дигар ҷойҳо бештар дар Осиёи Миёна, дар байни тоҷикон ва узбекон тарафдорони зиёди худро пайдо карда буд. Лекин, мутаассифона, қисми зиёди пайравони Бедил асосан услуби мураккаби бадеии ӯро дар шакл тақлид карда, ба мазмунҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мероси адабии ӯ аҳамият надодаанд. Шояд ба сабаби ақиб мондани ҳаёти мадании Бухоро ва дар ин маҳал хеле қувват гирифтани таъсири таассуби динӣ бошад, ки аксаран ҷиҳатҳои тасаввуфии шеърҳои Бедил диққати пайравони ӯро ба худ кашидаанд. Ин ҳолатро дар эҷодиёти шоирони тоҷикзабони дарборӣ Умархон (дар Хуканд) ва дар эҷодиёти дигар шоироне, ки дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо камол ёфтаанд мушоҳида кардан мумкин аст.

Бо вучуди ин, чараёни бедилизм ғайр аз мукаллидони куҳнапараст намояндагони пешкадами худро низ соҳиб буд. Дар байни пайравони Бедил олимоне буданд, ки баъдҳо, дар асри XIX ва ибтидои асри XX эҷодиёти худро то андозае ба ҳаёти иҷтимоии халқ наздиктар намуда, ғояҳои нисбатан ба он замон пешқадамро табдил мекарданд. Нақибхони Tyғрал, Асирии Хуҷандӣ ва Ҷавҳарии Истаравшанӣ аз зумраи чунин шоирон маҳсуб мешаванд.

Умуман, равияи демократӣ ба назми ин давра низ роҳ пайдо менамуд. Чунончи, Мирзо Мухаммадсодиқи Муншӣ, ки дар эҷодиёти ӯ оҳангҳои озодфикрӣ ва танқиди зулму исгибдоди ҳукмронон эҳсос мешавад, намояндаи ҳамин равия ба шу­мор меравад. Тамоюли танқиди сохти мавҷударо дар эҷодиёти баъзе шоирони дигари Бухоро, аз қабили Ирсии Ҳисорӣ, Хиҷлати Бухороӣ, Раҳими Самарқандӣ ва ғайри низ метавон мушоҳида намуд. Дар доираи адабии Хуканд мисли Гулханӣ, Муҷрим, Кошиф, Маълан, Ҳозиқ ва Махмур шоироне буданд, ки бо мароми эҷодиашон аз дигар муосирони худ фарқ доштанд. Шоира Дилшод, ки монанди бисёр адибони он замон асарҳояшро ба ду забон тоҷикӣ ва узбекӣ офаридааст, нисбат ба ҷабру ситам ва бедодгариҳои ҳокимони феодалӣ эътироз баён менамояд.

Дар ин давра асарҳои оид ба таърих асосан шакли воқеанигориро ба худ гирифта буданд. Лекин дар ҳар сурат як идда сарчашмаҳои таърихӣ ҳам ба вуҷуд омаданд, кӣ дар масъ­алаи омухтани ҳаёти асрнои XVIII- XIX арзиши зиёде доранд. Яке аз ин гуна сарчашмаҳо асари Муҳаммадвафои Карминагӣ «Туҳфаи хонӣ» ё худ «Таьрихи Раҳимхонӣ» аст. Ин китоб воқеаҳои дар байни солнои 1721-1757 руйдодаро дар бар меги­рад. Дигар аз асарҳои муҳимми ин давра китоби Муҳаммад Яъкуб «Гулшан-ул-мулук» мебошад, ки дар солҳои сиюми асри XIX навишта шуда, замони ҳукмронии манғитиҳоро то аҳди амир Насрулло тавсиф менамояд.

Таърихи хонҳои Хуканд дар «Мунтахаб-ул-таворих» ном асари Мухаммад Ҳакимхоп, ки вокеаҳои аз замони ҳукмронии Норбута (тақрибан с. 1770) то айёми салтанати Муҳамадалихонро нақл менамояд баён ёфтааст. Асари Мулло Аттор «Ҷаҳоннамо», ки соли 1810 таълиф ёфта буд, асосан ба муносибати байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хуқанд бахшида шудааст. Илова бар ин доир ба таърихи давлати хонии Хуқанд асарҳои дигар, аз қабили «Таьрихи Шоҳрухӣ»-и Мулло Ниёз Муҳаммад ва «Таърихи муҳоҷирон»-и Дилшод низ таълиф ёфтаанд. Доир ба таърихи аморати Бухоро ғайр аз асари Аҳмад Махдуми Дониш «Таърихчаи Бухоро» ҳамчунин таърихи Мул­ло Ҳамулӣ (охири асри XVIII нимаи аввали асри XIX) қобили қайд мебошад.