Адабиёти Мисри қадим

Мазмуни адабиёти бадеии Мисри кадим. Асотири Мисри кадим. Хикояи Синухет. Адабиёти Мисри кадим.


Мазмуни адабиёти бадеии Мисри қадим

Олимон ба мазмуни папирусҳои сершумор шинос шуда, муайян кардаанд, ки дар Мисри қадим асарҳои зиёди адабӣ таълиф гардида будаанд. Махсусан, асотир дар бораи худоҳо ҷолиби диққат мебошанд. Яке аз онҳо дар бораи Осирис нақл мекунад. Дар ин асотир гуфта мешавад, ки Сэт бо ҳилаю найранг Осирисро нест мекунад. Баъд писари Осирис худо Гор бар Сэт ғолиб омада, падарашро аз нав зинда мегардонад.

Дар Мисри қадим сурудҳое, ки худоҳоро ситоиш мекарданд, ниҳоят бисёр паҳн гардида буданд. Сурудҳои мисриёни қадим дар мавзӯъҳои касбу кор ҳам эҷод шудаанд. Суруди зерини ғаллакӯбҳо дар бораи хусусияти кори онҳо маълумот медихад:

Кӯбед барои худ, кӯбед барои худ,
Барзаговҳо, тезтар кӯбед барои худ.
Кӯбед бедаро барои хӯроки худ,
Кӯбед ғалларо барои хӯҷаинон.
Ба худ мо истироҳат надиҳем имкон,
Зеро салқину қулай аст имрӯз, бидон.

Матни папируси Весткар маҷмӯаи афсонаҳое мебошад, ки муъҷизаҳои дар дарбори шоҳ баамаломада ва муъҷизаҳои алоҳидаи дигарро мадҳу ситоиш мекунад. Ин маҷмӯа ба замони Шоҳии Миёнаи Миср тааллуқ дорад. Муаллифи он қаҳрамони асари худро бо маҳорати баланд тасвир намудааст. Мазмуни мухтасари яке аз онҳо чунин аст. Ҷодугар сари қози зиндаро аз тан ҷудо карда, боз ба он пайваста, ин парандаро аз нав зинда мекунад. Мо метавонем ду афсонаи Мисри қадимро ном барем, ки дар шакли хаттӣ то замони мо омада расидааст. Инҳо «Афсонаи ду бародар» ва «Афсонаи ҳақиқат ва дурӯғ» мебошанд, ки дар давраи ҳукмронии Рамзесҳо таълиф ёфтаанд. Мазмуни асосии ин афсонаҳо ғалаба ва тантанаи некию адолат бар бадию беадолатӣ мебошад.

Асотири Мисри қадим

Асотири машҳуртарини Мисри қадим дар бораи Осирис эҷод шудааст. Он то замони мо аз тариқи китоби нависандаи Юнони қадим Плутарх «Дар бораи Изида ва Осирис» омада расидааст, вале дар асари Плутарх асотир дар бораи Осирис на ба таври пурра, балки як қисми ками он дода шудааст. Аз рӯйи ин асар дар бораи Изида ва Осирис чунин маълумот мавҷуд аст. Изида ва Нефтида ҷасади Осирисро ёфта, ғамгин мешаванд ва муддате чанд меноланд. Дар натиҷаи ин Осирис ба таври асрорангез зинда мешавад ва ба шоҳи он дунё табдил меёбад.

Дар пораи матни дигар гуфта мешавад, ки ҳамсари олиҳа Изида писари Осирис Горро дар кулбачаи аз папирус сохташуда таваллуд мекунад ва аз ин хурсанд мешавад, чунки дар симои писари навзодаш қасосгири падарро мебинад. Изида аз тарси он, ки писари Горро касе нашиносад, ӯро дар ҷойи боэътимоде зиндон мекунад.

Дар ҳикояи асотирии «Баҳси Гор дар бораи Сэт» мубоҳисаи дуру дарози онҳо дар назди худоҳо ва муборизаи шадид барои ҳокимият дар байни писари Осирис шоҳ Гор ва бародари Осирис Сэт, ки худои бадкини марг ва мамлакатҳои аҷнабии биёбон буд, инъикос гардидааст. Ин афсона бо он анҷом меёбад, ки Гор оқибат ба душмани падари худ ғалаба мекунад. Барои ҳамин худоҳо «ба сари ӯ тоҷи сафед пӯшонда, ба мартабаи падараш Осирис мушарраф мегардонанд».

Ёддоштҳо

Тавсифи саёҳатҳо яке аз намудҳои маъмули адабиёти ёддоштии Мисри қадим мебошад. Чӣ тавре ки аз мавзӯҳои гузашта медонед, мисриҳои қадим бо давлатҳои дуру наздик муносибатҳои тиҷоратӣ доштанд. Фиръавнҳо даҳҳо маротиба ба Нубия, Фаластин, Финиқия, Хетт, Сурия, Метания ва давлатҳои дигар лашкаркашиҳо карда буданд. Баъди бозгашт аз сафарҳои тиҷоратӣ ва лашкаркашиҳо солноманависон ва нависандагони мисрӣ ё ки худи онҳое, ки дар чунин сафару лашкаркашиҳо ширкат варзидаанд, асарҳои ёддоштӣ менавиштанд. «Саёҳати Уну Амон», «Ҳикояи сарнагун шудани киштӣ», «Афсонаи шоҳзодаи шикастхӯрда» ва «Ҳикояи Синухет» аз ҷумлаи чунин ёддоштҳо мебошанд. Дар поён ба шумо мазмуни мухтасари яке аз ҳамин қиссаҳои дӯстдоштаи ёддоштии мисриёни қадимро пешкаш менамоем.

Ҳикояи Синухет

Синухет дар Миср шахси олимақом буд. Ӯ баъд аз вафоти фиръавн аз нооромии пойтахт ва ғазаби Фиръавни нав тарсида, ба Осиё гурехт. Синухет дар биёбон аз ташнагӣ қариб мурда буд.

Дар Осиё Синухет ба хизмати пешвои як қабилае даромада, баъди чанде сарлашкари ӯ мешавад. Синухет дар бораи лашкаркашиҳои худ чунин ҳикоят мекунад: «Аҳолии ҳар як мамлакате, ки ба он ҳуҷум мекардам, аз чарогоҳҳо ва чоҳҳо маҳрум карда мешуд, рамаҳо ва аҳолии он мамлакатро ронда мебурдам, хӯроки онҳоро кашида мегирифтам ва одамонашро мекуштам».

Синухет соҳиби сарват ва иззату эҳтироми умум шуд, вале метарсид, ки дар Осиё ҷасади ӯро нигоҳ дошта наметавонанд. Дар он ҷо одати мумиё кардани шахси фавтида вуҷуд надошт.

Синухет аз фиръавни Миср иҷозат гирифта, ба ватанаш бармегардад. Дар қаср пеши фиръавн рӯ ба замин хобид ва то даме, ки ӯро бо амри фиръавн аз замин набардоштанд, аз ҷой нахест. Фиръавн фармон дод, ки барои Синухет хона ва мақбара созанд. Баъди мурдан ҷасади мумиёкардаи ӯро дар мақбара дафн карданд.


Савол ва супоришҳо

  1. Адабиёти бадеии Мисри қадим кай оғоз ёфтааст?
  2. Адабиёти бадеии мисриёни қадим дар бораи чӣ нақл мекунад?
  3. Дар асотири бахшида ба Осирис ва Сэт чиҳо гуфта шудааст?
  4. Оё мисриёни қадим шеъру суруд доштанд?
  5. Мазмуни асотир «Дар бораи Изида ва Осирис»-ро баён кунед.
  6. Афсонаи асотири «Баҳси Гор дар бораи Сэт»-ро шарҳ диҳед.
  7. Чанд қиссаи мисриёни қадимро ном баред.
  8. Мазмуни «Афсонаи Синухет»-ро баён кунед. Гӯед, ки чаро Синухет баъди муддати тӯлонии дар хориҷа зиндагӣ карданаш боз ба Миср бармегардад?
  9. Кадом маводи ин мавзӯъ ба шумо писанд афтод ва барои чӣ?
ҚаблӣШеърхо дар васфи Забони модари
БаъдӣСанъати Мисри қадим