Ададҳои натуралӣ ва адади сифр

Ададҳои натуралӣ ё табиӣ гуфта қатори зеринро меноманд: 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, …, 99, 100, …

Ин қатор охир надорад. Яъне, кадом адади натуралиеро интихоб намоем, ҳамеша адади натуралии аз он калонтар ёфт мешавад. Минбаъд, мо ададҳои натуралиро бо тартиби овардашуда менависем ва онро тартиби муқаррарӣ меномем.

Нуҳ адади аввали ин қатор, якҷоя бо адади 0, рақамҳо ё ки ададҳои якрақама ном доранд: 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9.

Рақамҳои 2, 4, 6 ва 8 рақамҳои ҷуфт номида мешаванд. Рақами 0-ро низ ба қатори рақамҳои ҷуфт ҳамроҳ мекунем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Рақамҳои 1, 3, 5, 7 ва 9 рақамҳои тоқ ном гирифтаанд.

ТАЪРИФИ 1. Адади натуралие, ки бо рақами ҷуфт тамом мешавад, адади ҷуфт номида мешавад.

Масалан, ададҳои 8, 14, 26, 32, 100 ҷуфтанд, чунки ҳар яки онҳо бо рақами ҷуфт тамом шудааст.

ТАЪРИФИ 2. Адади натуралие, ки бо рақами тоқ тамом мешавад, адади тоқ номида мешавад.

Масалан, ададҳои 7, 11, 13, 55, 99 тоқанд, чунки ҳар яки онҳо бо рақами тоқ тамом шудааст.

Қатори ададҳои ҷуфт ва қатори ададҳои тоқ охир надоранд:

Ададҳои чуфт: 0, 2, 4, 6, 8, 10, 12, 14, …, 98, 100, 102, …

Ададҳои тоқ: 1, 3, 5, 7, 9, 11, 13, …, 97, 99, 101, …

Тест аз фанни Математика


Ададхои натурали ва адади сифр, ададхои чуфт ва ток кадомхоянд, маълумот дар бораи адад, математика бо забони точики

ҚаблӣДухтари муқаддас (Асари Мирзо Турсунзода)
БаъдӣНавиштану хондани ададҳои бисёррақама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед