ҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ MICROSOFT EXCEL

Дар байни ҷадвалҳои электронии муосир барномаи Microsoft Excel воситаи пуриқтидортарин ба ҳисоб меравад. Вай узви бастаи барномаҳои Microsoft Office буда, бо ёрии силсилафармони Оғоз>Кулли барномаҳо> Microsoft Office¢Microsoft Excel (Пуск>Все программы>MS Office>MS Excel – Start>All Programs>MS Office>MS Excel) омодаи кор мегардад. Китоби кории Excel дар асл номи парвандаи таҳриршавандаи он аст. Корбари компютер метавонад аз рӯи мазмуни масъалаи ҳалшаванда ба ҷойи калимаҳои Китоби1, Китоби2 (Книга1, Книга2) ва ғайра ба парвандаҳо номҳои мувофиқтар гузорад.

Объектҳои MS Excel. Барномаи Microsoft Excel тавассути объекту ҷузъҳои зерини идорӣ масъалаҳои хусусияти ҳам ҳисоббарорӣ ва ҳам ғайри ҳисоббароридоштаро ҳал мекунад:

  • китоби корӣ;
  • варақи корӣ;
  • ҷадвал;
  • катак ва диапазони катакҳо;
  • равзана;
  • тасмаи афзор;
  • равзанаи робитавӣ;
  • диаграмма;
  • қатори додаҳо.

Миқдори объекту ҷузъҳои идории он хеле зиёд буда, тибқи баъзе ҳисобҳо аз 200-то низ зиёдтар аст. Объектҳои Excel-ро ҳам бевосита ва ҳам бо ёрии VBA (Visual Basic for Applications – Вижуал бейсики замимавӣ) мавриди истифода қарор додан мумкин аст. Объекти асосии ҶЭ MS Excel ба мисли дигар ҷадвалҳои электронӣ китоби кории он ба ҳисоб меравад. Китоби кориро варақҳои корӣ ташкил медиҳанд. Ҳар як варақи корӣ як ҷадвали мустақили MS Excel мебошад.

Китоби корӣ. Тамоми амалҳои бо ҷадвалҳои Excel иҷрошаванда дар китобҳои кории он амалӣ мегарданд. Китобҳои корӣ дар шакли парвандаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Навъи қисми иловагии номи парвандаи Excel ҳамчун пешфарз .XLSX аст. Ҳангоми сабтҳои навбатии парванда имконияти ба дигар навъ гузаронидани он доимо вуҷуд дорад. Дар китоби корӣ теъдоди дилхоҳи варақҳои кориро ҷой додан мумкин аст. Ҳадди охирони ин теъдод аз ҳаҷми хотираи фаврии компютер вобаста аст. Варақҳои китоби кории Excel-ро ба чор гуруҳ ҷудо мекунанд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • варақи ҳисоббарорӣ;
  • варақи диаграммавӣ;
  • варақи макросӣ;
  • варақи робитавӣ.

Дар экран якбора якчанд китобҳои кориро фаъол намудан мумкин аст. Вале дар лаҳзаи муайяни вақт танҳо бо яке аз онҳо имконияти кор кардан вуҷуд дорад. Айнан ҳамин тавр, дар ҳар як лаҳзаи вақти ҷорӣ танҳо бо яке аз варақҳои фаъоли кории китоб кор кардан мумкин аст. Барои дар экран намудор кардани варақи кории дигар ба тамғаи номи он, ки дар қисми поёнии равзана дар сатри номгӯи варақҳои китоби корӣ ва тасмаи тобдиҳии уфуқӣ ҷойгир аст, бо мушнамо таъсир расонидан лозим мебошад.

Барои иваз намудани номи варақ бошад, аз пахши дукаратаи муш ба тамғаи номи он истифода бурдан лозим аст. Бо иҷрои ин амал дар майдончаи тамғаи номи варақ курсори матнӣ намудор шуда, имконияти таҳриркунии ном ба вуҷуд меояд. Агар ба тамғаи номи варақ тавассути тугмаи рости муш таъсир расонем, он гоҳ имконияти аз фармонҳои менюи зерматнӣ истифода бурдан пайдо мегардад. Ҷогузории варақи нав, ҳазфи варақи муайян, номивазкунӣ, ҷойгузин, нусхабардорӣ ва ҳифзи варақ, тағйирдиҳии ранги тамғаи варақ ва дигар амалҳо бархе аз имкониятҳои менюи зерматнӣ мебошанд.

Варақи корӣ. Объекти кории истифодабарандаи компютер ин варақи кории (лист – sheet) китоби Excel мебошад. Тавре қайд шуд, варақи корӣ – ҷадвали электронии мушаххас аст. Ба мисли дигар ҷадвалҳои электронӣ варақи кории Excel низ аз миқдори муайяни сатру сутунҳо иборат аст. Ҳар гуна иттилоот дар ягон катаки варақи корӣ ҷойгир карда мешавад.

Варақи кории Excel-2010 дорои 16384 (214) сутун ва 1048576 (220) сатр мебошад. Агар миқдори сатру сутунҳои варақи кориро ба ҳамдигар зарб кунем, он гоҳ миқдори катакҳои ҷадвал ҳосил мешавад. Пас, миқдори катакҳои варақи кории Excel-2010 ба 17179869184 баробар аст. Сутунҳои варақи корӣ бо ёрии ҳарфҳои калони алифбои лотинӣ номгузорӣ шуда, сатрҳо бо ёрии ададҳои натуралӣ рақамгузорӣ карда мешаванд. Номи катаки мушаххас бо ёрии номи сутуну рақами сатре муайян карда мешавад, ки ин катак дар буриши онҳо ҳосил шудааст. Гарчанде ҳамчун пешфарз бар ва баландии катакҳо маълум бошад ҳам, онҳоро аз рӯи зарурат худи корбар низ метавонад тағйир диҳад.

Ҳангоми ба хотираи компютер сабт кардани китоби корӣ сатру сутунҳои истифоданашудаи варақҳои кории он ба ҳаҷми парвандаи Excel ҳамроҳ карда намешаванд. Ҳаҷми калони варақҳои корӣ ва имконияти ҳар лаҳза илова кардани варақҳои нав зарурати кушодани китоби навро барои истифодабарандаи алоҳида аз байн мебарад.

Дар катакҳои ҷадвал қимати бузургиҳо ва натиҷаи кори формулаҳо ҷойгир карда мешаванд. Ба сифати бузургиҳои катак иттилооти намуди ададӣ, матнӣ, мантиқӣ, санаи рӯз ва ғайраро истифода бурдан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, катаки варақи корӣ имконияти аз пардаи графикии ноаён истифода бурданро дорад, ки тавассути он дар катак шароити мусоиди ҷойгир намудани объектҳои графикӣ муҳайё мегардад. Маҳз ҳамин парда имконият медиҳад, ки дар катакҳои Excel диаграммаҳо, шаклҳои геометрӣ, расмҳои Smart Art, ҷузъҳои графикии аз тарафи корбари компютер сохташуда ва ғайра ҷойгир карда шаванд.

Варақи диаграмма одатан барои нигоҳ доштани ягон диаграммаи алоҳида хизмат мерасонад. Дар варақи алоҳида ҷойгир намудани диаграмма барои чопи хушсифати он лозим аст. Ин гуна варақҳоро дар слайдҳои рӯнамоӣ ҷой додан хеле осон аст.

Муҳити корбарии Excel гуфта, воситаҳои ҳамоҳангсозу пайвандсози байни корбари компютер ва ҶЭ Excel-ро меноманд. Аз MS Excel-2007 сар карда муҳити корӣ дар ин барномаи офисӣ хеле сода гардонида шудааст. Ин муҳит бо ёрии ҷузъҳои зерин идора карда мешавад:

  • тасмаи афзорҳо;
  • бандҳои иловагии тасма;
  • равзанаҳои робитавӣ;
  • истифодаи комбинатсияи тугмаҳои сафҳакалид;
  • соҳаи масъалаҳо.

Тасмаи афзорҳо. Аз Office 2007 сар карда ширкати Microsoft дар равзанаҳои барномаҳояш ҷузъҳои сифатан нави идориро ҷорӣ намуд. Акнун меню ва лавҳаи афзорҳо ҷойи худро ба тасмаи афзорҳо гузоштанд.

Миқдори афзорҳои тасма метавонад ба таври динамикӣ тағйир ёбад. Теъдоди онҳо аз паҳноии равзанаи корӣ вобаста аст. Дар мавриди хурд будани равзанаи барнома баъзе афзорҳои тасма ба таври худкор ноаён мегарданд. Ҳангоми интихоб намудани банди дигари меню рӯйхати афзорҳои тасма низ иваз мешаванд. Дар расми тарафи рост се гунаи тасмаи афзорҳои Microsoft Excel оварда шудааст: пурра, миёна ва хурд.

Бандҳои иловагии тасма. Дар қатори бандҳои асосӣ ба тасмаи афзорҳои Excel ба таври худкор метавонанд бандҳои иловагӣ ҳамроҳ карда шаванд. Ин гуна бандҳо аз маҷмӯи афзорҳое иборат мебошанд, ки онҳо ҳангоми интихоб намудани объектҳои намуди графикӣ, формулавӣ ва ҷадвалӣ фаъол мегарданд.

Дар расми поёнӣ ҳамин гуна бандҳои иловагӣ дар мавриди таҳриркунии формула фаъол гардидаанд.

Дар ин маврид Excel ду банди иловагӣ пешниҳод кардааст: Формат – барои корбарӣ бо объектҳои графикӣ ва Тарҳкаш (Конструктор) – барои корбарӣ бо объектҳои формулавӣ. Агар ба сатри сарлавҳаи равзанаи Excel бодиққат назар кунем, он гоҳ мебинем, ки барнома вазифаи ин бандҳоро нишон додааст: Воситаҳои расмкашӣ (Средства рисование – Drawing Tools) ва Корбурди формулаҳо (Работа с формулами – Equation Tools).

Дар тасмаи афзорҳои равзанаи Excel якчанд намуди ҷузъҳои дастурӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар шакли тугмаҳо пешкаш шудаанд:

  • тугмаҳои одӣ – барои иҷрои амалҳои мушаххас бо дарунмояи катак ё диапазони катакҳо пешбинӣ шудаанд. Масалан, тағйир додани ранг ва андозаи ҳуруфро бо ёрии ҳамин гуна тугмаҳо анҷом додан мумкин аст. Агар баъзе тугмаҳо амалҳои мувофиқро фавран иҷро кунанд, баъзеи дигарашон аз хидмати равзанаҳои робитавӣ истифода мебаранд. Дар мавриди мушнаморо ба болои тугмаҳо овардан, «хабардиҳак» таъйиноти онҳоро дар экран инъикос менамояд;
  • тугмакалидҳо – барои аз ду ҳолати имконпазир интихоб намудани яке аз онҳо пешбинӣ шудаанд. Масалан, барои ғафс нишон додани матни катак аз тугмаи ж (ғафс – bold – полужирный)-и блоки Ҳуруф (Font – Шрифт)-и банди Асосӣ (Home – Главная)-и тасмаи афзорҳо истифода мебаранд. Барои лағви амал бошад, такроран ин тугмаро пахш кардан лозим аст.
  • тугмаҳои маҷмӯӣ. Агар дар тарафи рости тугма тирчаи хурди ба поён нигаронидашуда (масалан, ) мавҷуд бошад, ин далолат аз тугмаи маҷмӯӣ будани он аст. Ҳангоми пахш кардани ин гуна тугма номгӯи зерафзорҳои афзори мазкур ва сатрҳои амрии мухталиф фаъол гашта метавонанд.

  • тугмаҳои комбинатсионӣ барои алоқамандсозии дигар тугмаҳо ва кушодани рӯйхатҳо пешбинӣ шудаанд. Масалан, тугмаи Ҷогузорӣ (Paste – Вставить)-и Буфери мубодила (Clipboard – Буфер обмена)-и банди Асосӣ (Home – Главная)-и тасмаи афзорҳо мисоли ҳамин гуна тугма шуда метавонад.
  • байрақчаҳо барои фаъол ё ғайрифаъол гардонидани ин ё он объект хизмат мерасонанд. Масалан, барои тӯрпӯш гардонидани варақи корӣ дар майдончаи афзори Тӯр (Gridlines – Сетка)-и блоки Аён/Ноаён (Show/Hide – Показать/скрыть)-и банди Намо (View – Вид)-и тасмаи афзорҳо байрақча гузоштан кифоя аст.

Дар қисми поёнии тарафи рости баъзе блокҳои тасмаи афзорҳо тугмаи тирчадоре мавҷуд аст, ки бо ёрии он равзанаи робитавии мувофиқро фаъол гардонида, ба экран баровардан мумкин аст. Масалан, пахши ҳамин гуна тугмаи блоки Параметрҳои варақ (Параметры листа) ба фаъол гаштани равзанаи робитавии Параметрҳои саҳифа (Параметры страницы) меорад.

Дар поёни тасмаи афзорҳо сатри формулаҳо ҷойгир шудааст, ки он барои дар катакҳои ҷадвал ворид сохтани ададҳо, матн ва формулаҳо пешбинӣ шудааст. Дар маркази равзана бошад, майдони кории Excel ҷойгир шудааст.

Тасмаҳои тобдиҳии уфуқӣ ва амудӣ барои намудор кардани он қисмҳои варақи корӣ, ки айни ҳол дар экран намоён нестанд, хизмат мерасонанд. Сатри вазъи барнома бошад, дар бораи ҳолати кунунии барнома иттилоъ медиҳад. Ин сатр, сатри охирини равзана ба ҳисоб меравад.

Формулаҳо бо ёрии ададҳо, суроғаи катакҳо, номи функсияҳои стандартӣ ва аломати амалҳои ^ (бадараҷабардорӣ), * (зарб), / (тақсим), + (ҷамъ),           (тарҳ) ва % (фоиз) тартиб дода мешаванд.

F ЭЗОҳ: Ҳангоми ба катак дохил намудани формула Excel ба таври худкор қимати онро ҳисоб менамояд ва натиҷаро дар ҳамон катак нишон медиҳад. Дар вақти тағйирёбии қимати катакҳои бо формула вобаста, натиҷаи ҳисоббарориҳои формулавӣ низ тағйир меёбад.

Дар раванди кор бо ҷадвал ҳамеша яке аз катакҳои он фаъол (ҷорӣ) аст. Атрофи катаки фаъолро чоркунҷаи сиёҳ иҳота менамояд. Ин чоркунҷаро курсори ҷадвалӣ мегӯянд. Дар Excel аз се намуди диапазони катакҳо – сатрӣ, сутунӣ ва росткунҷавӣ истифода мебаранд.

Диапазони сатрӣ аз пайдарпайии катакҳои дар як сатр ҷойгирифта иборат аст. Вай ба воситаи суроғаи катакҳои аввалин ва охиринаш, ки бо аломати : (ду нуқта) аз ҳамдигар ҷудо шудаанд, ишорат карда мешавад. Масалан, диапазони A1:F1 катакҳои A1, B1, C1, D1, E1, F1-ро дар бар мегирад. Диапазони сутунӣ бошад, аз пайдарпаии катакҳои дар як сутун ҷойгиршуда иборат мебошад. Масалан, диапазони B2:B6 – катакҳои B2, B3, B4, B5, B6-ро дар бар мегирад. Диапазони росткунҷавӣ аз маҷмӯи катакҳои варақи корӣ, ки шакли росткунҷа дорад, иборат аст. Диапазони росткунҷавӣ ба воситаи суроғаи катакҳои дар аввал ва охири диагонали асосии он ҷойгирбуда ишорат карда мешавад. Масалан, диапазони A3:D5 – катакҳои A3, B3, C3, D3, A4, B4 ,C4, D4, A5, B5, C5, D5-ро дар бар мегирад.

Дар таркиби Excel зиёда аз 100 функсияи стандартӣ, ба монанди Sin(x), Cos(x), Ln(x), Sqrt(x) ва ғайра мавҷуданд. Яке аз функсияҳои зуд-зуд истифодашаванда – функсияи Сумм (диапазони катакҳо) аст. Ин функсия суммаи қимати катакҳои дипазонро ҳисоб менамояд.

Мисоли 1. Бигузор дар катаки A1 адади 234, дар A2 адади 456 ва дар A3 адади 789 ҷойгир шуда бошанд. Агар ба катаки A4 формулаи =Сумм(A1:A3)-ро дохил карда, тугмаи Enter-ро пахш намоем, он гоҳ ададҳои дар катакҳои A1, A2 ва A3 ҷойгирбуда бо ҳамдигар ҷамъ шуда, натиҷа дар катаки A4 нишон дода мешавад.


ЧАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ MICROSOFT EXCEL, Объектхои MS Excel, Китоби кори, Вараки кории Excel, excel чист?

ҚаблӣҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНӢ
БаъдӣТабрикот барои зодрузи фарзанд (писар, духтар, шеърхо)