Афкори иқтисодиву иҷтимоии халқи тоҷик

Афкори иқтисодии ниёгон, бино ба қисматҳои тақдир, бурдбориҳову нокомиҳои таърих, аз ҷониби ягон мутафаккирони гузашта мавриди таҳлил қарор нагирифта буд.

Чун худи ҳаёт иқтисод аст ва охирон, бидуни иҷтимоиёт буда наметавонад, бинобар ин масоили ҳаллу фасли онҳо аз қадим то кунун дар асарҳои ниёгони мо ҳамчун падидаву андешаҳои мухталиф, дар шаклҳои кандаву парешон дар китобҳои таърихӣ, достонҳо, дастнависҳо, ҳикмату пандномаҳо, бо воситаи рубоиёт, ғазал, қасида, шеър, суруд ва ғайра насиби мо гаштаанд.

Бояд махсус қайд кард, ки то солҳои 90-уми қарни мо ягон шоҳасари илмию тадқиқотӣ оиди таҳлили ин раванд вуҷуд надошт. Ин иштибоҳи таърих, хушбахтона таи 10 соли сипаригашта ба ислоҳ расид ва баъзе аз олимони фидоию босалоҳият1 дар ин ҷода заҳмати зиёде ба харҷ дода, мақолаву китобча, рисолаву асарҳои илмию тадқиқотӣ, таълимию методиро дастраси хонандагон гардондаанд. Дар ин ҷода чопи китоби “Назаре ба афкори иқтисодии ниёгон” аз ҷониби профессор Б. Исоматов диққатҷалбкунанда мебошад. Аз шиносоӣ, таҳлил ва дарки маҳсули дастранҷи иқтисоддонон хулоса бармеояд, ки падидахои иқтисодӣ 3-4 ҳазор сол қалб аз қарни муосир бо таври васеъ дар руҷӯи хонадорию хоҷагидорӣ ва давлату давлатдорӣ истифода шудаанд. Масалан, дар навиштаҷоте, ки дар болои санги кӯҳи Бесутун ба шоҳи Ирони Қадим Дорои I мерос монда буд, теъдоди сарзамин, сарвату дороии он, боҷу хироҷ ва мукофотҳо (даромад) аз онҳо, услубҳои худидоракунию мухторият ва ғайра ифшо (ошкор) карда шудаанд.

Дар таҷрибаи хонадории шоҳ Дорои I нафақат масоили забткорию ҷангҳо, инчунин ободонию ривоҳи ҷомеа, тарзу услуби тавлид ва ривоҷи иқтисодиёт, бозору тиҷорат, алоқаи байни марзҳои дохилию бурунмарзӣ, истеҳсоли тиллову нуқра, инкишофи кишоварзию ҳунармандӣ ва муносибатҳои молию пулӣ таҳти назар қарор гирифта будаанд (15, 8-11).

Авасто. Падидаҳои иқтисодӣ зиёда аз 3 ҳазор сол қабл  аз ин дар китоби осмонию динии муқаддас Зардушд “Авасто” андӯхта шуда, минбаъд дар осори ҳазорон бузургони фарҳанг ва илму адаб рушду камол ёфтаанд. Дар он оиди таҳсис ва тақсими кор (меҳнат) шикорчигӣ, моҳидорӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ; табақабандии ҳайати иҷтимоия – рӯҳониён, ҷанговарон, пешоварон (ҳунармандон), кишоварзон, ғуломон; сохти идораю давлатдорӣ вазъ ва амволи шахсӣ, низомҳои ҳуқуқӣ, шарту шароитҳои ташкили оила, аҳком (қоида, қонун) ва мазҳабу навиштаҷотҳои зиёдеро дарёфт кардан мумкин аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар “Авасто” ба қатори масъалаҳои муҳимтарини динию мазҳабӣ, масоили ҳифзи ҳайвонот (махсусан ҳайвонҳои корию хонагӣ), услуб ва муносибатҳои оилавию оиладорӣ (фарзанддорӣ, бефарзандӣ, тарбияи онҳо), равобити тиҷоратии байни мамлакатҳои алоҳида, муносибатҳои молиявӣ, рӯёндани андозҳои нақдӣ ва ҷисмӣ ба ҳайси тиллою нуқра, амволу молҳо, ғалладона, хӯрока, канизон (зану мард), аспу шутур ва ғайра тасвир шудаанд. Масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии дар “Авасто” маҳфуз ёфта, бо ибораи профессор Б. Исоматов ҳазорсолаҳо пеш аз “Таврот”, “Инҷил” ва “Қуръон” ба саҳна омадаанд. Аҳкоми чорчӯбаи он: гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек то кунун нерӯ ва қудрати худро гум накардааст (15, 21-33).

Дар давраи Сомониён низ амиқ гаштани ҷараёнҳои меҳнат (кор) обёрию зироат, парвариши чорвою кирми абрешим, занбӯри асалу моҳӣ, пайдо шудани шаҳрҳо, реша давонидани зиддияти байни шаҳру қишлоқ,  ташаккули сохти давлатдорӣ, андозу андозбандӣ ва ғайра густариш ёфта буданд.

Муайян карда шуда аст, ки дар марзи Мовароуннаҳру Хуросон, танҳо дар як асри XVI – 164 навъи санъати ҳунар амал мекард: сохтану фурӯхтани намудҳои гуногуни силоҳи ҷангӣ, тиҷорат, китобату нусхабардорӣ, заргарию фурӯши матоъҳои тиллоӣ, наққошию кандакорӣ, нассоҷӣ, атторию мушкфурӯшӣ, кафшдӯзӣ, бофандагӣ ва ғайра1.

Закариёи Розӣ. Панду насиҳат, андеша ва ҳикматҳои зиёдеро дар осори Абӯбакри Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дучор шудан мумкин аст.

Мувофиқи ақидаи ӯ, кайҳон, замин, осмону ситораҳо, ҳаёт ва одамон таърихи қадима дошта, аз моддаҳо (хаюло)-и муайян таркиб ёфта, сониян азбайн мераванд.

Назарияи нисбатан ба материализм наздику шабоҳат доштаи вай аз он гувоҳӣ медиҳад, ки “олам донисташавандаю модда абадӣ аст; таърихи башар ҳам ниҳоят тӯлонӣ мебошад; тақсимоти меҳнат боиси инкишоф мегардад; дар ҳаёти ҷомеа истисмор ҷой дошта метавонад”.

Закариёи Розӣ ақида дорад, ки дар назди худо ҳамаи табақаҳои аҳолӣ (дороён, нодорон, соҳибони сарвату мулк, аҳли меҳнат) баробаранд. Одамон тавассути ақл аз ҳайвонҳо фарқ мекунанд ва ба кашфу асрори илм (фалсафа ва тиб) мерасанд. Маҳз завқу нафс ва имконоти идора кардани онҳо одамонро аз ҳайвон ҷудо месозад. Вай оиди характери ҷамъиятӣ доштани меҳнат, тахсис, такрористеҳсол, мубодила ва ғайра маълумот дода, қайд мекунад, ки ҳеч гоҳ як  кас дорои кулли ихтисосу ҳунарҳо шуда наметавонад. Аз ин лиҳоз, зарурат барои қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи мардум,  тақсими  касбу ҳунарҳо миёни онҳо,  андӯхтани сарвату молу мулк ва  ғайра  пайдо мешавад (15, 69-89).

Ал-Фаробӣ. Мувофиқи тадқиқот зиёда аз 160 асари шоҳсутуни Ал-Фаробӣ дастраси хонандагон гардидаст. Он бештар ба мутафаккир ва файласуфи Юнони қадим Арасту (Аристотел) пайравию тақлид карда, қисме аз асарҳои худро дар асоси шоҳкориҳои он иҷро кардааст. Дар адабиёти асримиёнагӣ онро ҳамчун шахси дуввум баъд аз Арасту “Устоди сонӣ” мешинохтанд.

Ақоиди иқтисодии ӯ афзалиятан дар китоби “Афкори маскунони шаҳри некбахтон” маъмул буда, оиди масоили зиёди хонадорию шаҳрдорӣ, нақшу мақоми инсон дар офаринишини неъматҳои иқтисодӣ, накӯкорию зиёнкорӣ, ҳамкорию муттаҳидӣ ва ғайра баҳсу мунозира мекунад.

      Форобӣ асоси рушди давлатдориро дар накӯкорӣ – ёрии байниҳамдигарӣ, муттаҳидӣ, иттиҳод, қонеъ гардонидани талабот ва ғайра мебинад. Тибқи назарияи Ал-Форобӣ одам офаридаи худост. Худи одам маҳсули меҳнат аст. Соҳиби ақлу фаросот, кору фаъолият ва касбу ҳунар будан, на аз рӯзи азал, балки ба туфайли заҳмати таълиму тарбия эҳё ва ташаккул меёбад. Инсонҳое, ки дар ҷомеаи “накӯкорон”-и Форобӣ иқомат мекунанд бояд ба ҳам дӯсту бародар, некхоҳу некбин, одилу оқил бошанд ва ягонагии ҳамдигарро дар олами башарият таъмин намоянд (15, 90-99).

Абурайҳони Берунӣ. Ҳамчун мутафаккири барҷастаи асри худ зиёда аз 180 асар таълиф намуда, нисбати масоилҳои бисёрҷабҳаи рушду таҳаввули табиату коинот, инсону ҳайвонот ва хусусиятҳои ҳаёти башарият маълумотҳои гуногуне додааст.

Таъбири масоили иқтисодию иҷтимоӣ бештар дар асари ӯ “Осор-ул-воқеа” назаррас мебошад. Дар ин асар, нигоришоти зиёди ҳаёти иҷтимоии инсону ҷомеа, аз ҷумла: нозукиҳои хонадорию оиладорӣ, давомнокии умри инсон, ташкили давлату давлатдорӣ, сабабу оқибатҳои ҷангҳо, таърихи эҳё шудани оламу одам, набототу ҳайвонот, бозору тиҷорат, сабаби кӯчмандию бенавоии аҳолӣ, нодорию сарватмандӣ таҳқиқ шудаанд.

Тибқи ақоиди А. Берунӣ инсоният ду давра – ёбоигӣ ва ҷоҳилия (варвари)-ро аз сар гузаронидааст. Инсонро на фақат аз рӯи забону дил, инчунин аз рӯи дирҳаму дороияш бояд шинохт. Ба инсони бепулу бечиз занаш ҳам илтифот намекунад ва гурбаи хонааш ҳам бар ӯ беибо бавл хоҳад кард. Ӯ боварӣ дорад,  ки дар ҳолати солим будани ҳаёт, умри табиии инсон 120 сол хоҳад буд (15, 100-112).

Абӯали ибни Сино. Дар замони гузаштаю ҳозира, онро бештар ҳамчун табиби ҳозиқ ва файласуфи мумтоз қадр мекунанд. Шояд аз ҳамин нуқтаи назар бошад, ки он дар асарҳои худ нисбат ба масъалаҳои инсону инсонпарварӣ, одоби намунавию беғаразонаи инсон, қуввати тавоноӣ ва хулқу одоби он, тавофути инсону ҳайвонот, сабаби тавлиду таназзули онҳо, тарзу услуби хонадорию хоҷагидорӣ, шаклҳову зинаҳои амалии тадбиркорӣ (соҳибкорӣ), сиёсати танзимгарию хоҷагидории подшоҳону бузургон, бобати ислоҳи нафс, дахлу харҷ, нақшу мақом ва сиёсати мард оиди зан, фарзандон ва хизматгузорон шуғли беназире пайдо карда онҳоро аз диди худ баҳо додааст.

Шайхурраис итминон дошт, ки иқтисодиёт бояд дар бобати хонадорӣ ва ё равишҳои хоҷагидорию идораи он баҳс кунад.

Мувофиқи ақидаи Сино афзалияти бани одам дар меҳнат аст; одамон аз рӯи моликияту манзилгоҳ – дороию маишат, хислату рафтор аз ҳамдигар фарқ доранд; нобаробарии иҷтимоӣ ҳамеша вуҷуд дорад ва он сабаби низоъ ва рушду нумӯъи ҷомеа мебошад.

Ба туфайли ҳикмат ва андешаҳои бисёрҷабҳаи Шайхурраис, мо нафақат пиромуни тақсиму тахсиси кор, балки хусусиятҳои хоҷагидорию хонадорӣ, сохтори давлатдорӣ, тавлиди мол, шарту услуб ва одоби тиҷорат, андоз (закот), хайроту садақа, масрафу андӯхти қисми даромад, пасандозу захираҳои молу амвол ва ғайра маълумот гирифта метавонем (15, 113-129).

Бояд иқрор шуд, ки падида ва кандаҳои парокандаву барҷомондаи иқтисодиёт дар шакли ниҳон, дар асарҳои мутафаккирони зиёде (“Сиёсатнома”-и Низомулмулк, “Қобуснома”- и Унсурмаолии Кайковус, “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ, Ғазолӣ, Аҳмади Дониш, С. Айнӣ ва дигарон) маҳфузанд. Дар хусуси онҳо метавон маълумоти пурраеро дар китобҳои ба чопрасидаи Б. Исоматов, С. Исломов ва дигарон дастрас намуд.


Афкори иктисодиву ичтимоии халки точик

1 Исоматов Б., Каримов У., Исломов С., Ризоев К., Комилов Р., ва диг.

1 Каримов У. Иқтисод ва тиҷорат дар адабиёти тоҷик (асрҳои X-XVI). Душанбе, 1997. с. 26.

ҚаблӣҶОНИШИНҲОИ НАФСӢ – ТАЪКИДӢ (reflexive pronouns)
БаъдӣРукнҳои асосии таълимот ва равияву мактабҳои иқтисодӣ