Агар тирам ба сар борад, туро ман дуст медорам,
Агар чархам биёзорад, туро ман дӯст медорам.
Ту яктои манӣ, эй гул, тасаллои манӣ, эй гул,
Агар ҷонам рамақ дорад, туро ман дӯст медорам.
Туӣ худ орзуи ман, камоли ҷустуҷӯйи ман,
Агар ишқам ба марг орад, туро ман дӯст медорам.
Агар арзи ниёзи ман, ҳама сӯзу гудози ман,
Ба гӯши ту намефорад, туро ман дӯст медорам.
Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Агар гардуни дун якдам набигзорад, ки хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дӯст медорам.
Қасам бар холи абрӯят, қасам бар шуълаи рӯят,
Қасам бар чашми хуморат, туро ман дӯст медорам.
Лоиқ Шералӣ