Ақл – Хазинаи маърифат

Табиат китоб физика сабз алаф дарахт фалсафа

– Фаромӯш макун, ки ақл низ ғунҷоиш (ҳудуд) дорад.

– Агар ақлатро дуруст кор нафармоӣ, пас тамоми вуҷудат аз ту шикоят хоҳад кард.

– Аз занҷири по ва даст, бо марг ҳам бошад, наҷот меёбӣ, аммо аз занҷирҳои ақл ҳеҷ гоҳ.

– Ақл фиреб кунад ҳам, виҷдон фиреб намекунад.
(Лоадрӣ)

– Бисёр мехостам, ки пир нашуда, боақл шавам.
(Бернард Шоу)

– Ақл ки комил шуд, сухан кам мегардад.
(ҳазрати Алӣ(р.а.))

– Қалб назарҳое дорад, ки ақл онро соҳиб нест.
(Паскал)

– Бисёриҳо ба насиҳат гӯш меандозанд, аммо танҳо оқилон аз он фоида мебаранд.
(Рублиюс)

– Оқил ақлашро истифода мебарад. Оқилтар ақлҳои дигаронро истифода мебарад.
(Бернард Шоу)

– Инсон ақлашро истифода набарад ба ҳеҷ чиз муваффақ намегардад.
(Эйнштейн)

– Инсон сарҳади ақли хешро маҷбур накунад, ба ҳеҷ ҷое намерасад.
(Эйнштейн)

– Ақли инсон барои он ато шудааст, ки аз дардҳо наҷот ёбад.
(Толстой)

– Ақлу руҳ аз китоб чӣ қадар таъсир гирад, инсон ҳамон қадар ғанӣ мегардад.
(Ҳенри Миллер)

– Ақл низ ба мисли замин аст, эҳтиёҷ ба коштану нигоҳбун дорад.
(Ситсерон)

– Шахсе, ки ақл надорад, хурсанд низ намегардад.
(Шопенҳаур)

– Нуқсони ақл ду навъ аст. Яке девонагӣ, дигаре ҷоҳилӣ.
(Афлотун)

– Ақл бозичаи дилу эҳсос аст.
(Ла Рочефоколд)

– Агар ақл омода набошад, чашм чизеро намебинад.
(Эмилие Серге)

– Ақл роҳбари вуҷуд аст.
(Алфред де Вигнҷ)

– Беақл хурсандиро дар дурӣ мебинад, боақл бошад, дар зери пояш мебинад.
(Ҷеймс Опҷейм)

– Зебоии ақл дар забон аст, зебоии забон дар сухан аст, зебоии шахс дар чеҳра аст, зебоии чеҳра дар чашм аст.
(Юсуф Ҳас)

– Ақлу илм се душман дорад: бадӣ, нодонӣ ва танбалӣ.
(Ҳекел)

– Се нишонаи боақлӣ: фикри хуб, сухани хуб, амали хуб кардан.
(Демокрит)

– Барои хизмат дар ақли хеш ҷасур бош.
(Кант)

– Ҳама вақт дунболи роҳи ақл рафта наметавонем.
(Ла Рочефоколд)

-Ақл ҳамавақт бозичаи қалб аст.
(Ла Рочефоколд)

-Ақл нақши қалбро дароз давом дода наметавонад.
(Ла Рочефоколд)

-Роҳе, ки бояд ба ақл барад, бояд аз қалб оғоз ёбад.
(Шиллер)

-Ақли ҳама ба мисли рӯяш гуногун аст.
(Лок)

-Афсӯс, ақл он вақт мукаммал мегардад, ки умри вуҷуд рӯ ба нестӣ мениҳад.
(Аҳмад Ҳошим)

-Дар дунё ягон ақл бе бидуни ақли дигар ба миён намеёбад.
(Монтен)

-Қалам забони ақл аст.
(Сервантес)

-Ба шуҳрат ва симои шахс нигоҳ макун. Фирефтаи намоз ва ниёзи шахс магардед. Танҳо бар ақл ва дурустии шахс назар кун.
(ҳазрати Умар (р.а.))

-Сарвати бузург ақл аст.
(ҳазрати Алӣ (р.а.))

-Ақл сарвати бузург аст.

-Ақл сармояи ҷавонмард аст.

-Ақл дар қалб гирифтаатро фаромӯш накардан аст.
(ҳазрати Ҳасан (р.а.))

– Ҳама аз тақсимоти ақл розӣ ҳастанд. (Монтен)

– Далели он, ки дар ақлам ягон нуқсоне намебинам, ин ба худ қимат надодан аст.
(Монтен)

– Дар он ҷое, ки муҳаббат набошад, ақл ҳам нест.

– Ақл ҳазорон чашм дораду қалб як чашм. (Бордилон)

– Агар ба ақлашон суол мекарданд, намедидаашонро бовар мекарданд.

– Ақл барои дидан муҳтоҷи чашм нест.

– Дар дунё ягон роҳ ба мисли роҳи байни қалбу ақл дуру дароз нест.

– Ақл чӣ қадар пеш равад ҳам, аз қалб пеш гузашта наметавонад. (Волтер)

– Ақлу қалбатро дар роҳи дуруст бимон, ғами пойҳоятро махӯр.

– Китоб давои ақл аст. (Овидиюс)

– Ақлатро ба куллӣ истифода набарӣ, тамоми аъзои бадан бар ту вубол аст. (Аҳмад Хулусӣ)

– Исботи ақл танҳоиро дӯст доштан аст. (Ҷунайди Бағдодӣ)

– Ақл омода набошад, чашм намебинад. (Эмилие Серге)

– Фаромӯш макун, ки ақл ҳам ҳаҷм дорад.

– Ду чиз ақлу тадбирро ботил мекунад, яке саросема шудан ва дигаре чизи нашуданӣ хостан. (ҳазрати Алӣ (р.а.))

– Ақл ба камол расад, суханҳои бемағз завол меёбанд. (ҳазрати Алӣ (р.а.))

– Фикрҳои хомро ақл мепазонад.

-Ба шахсе, ки аз рӯйи ақлаш амал мекунад, бахт ёрманд аст. (Эуриппидес)

-Кист, ки худро беақл шуморад? (Монтен)

-Дар рӯйи дунё ду қувва вуҷуд дорад, яке ақлу дигаре шамшер. Ақл аксар шамшерро буридааст. (Афлотун)

– Ақл фикрҳои хомро мепазонад.

– Пеш-пеши аз худат бузург роҳ марав! (Акшамсиддин)

– Бо илми дигарон соҳиби илм мешавем, аммо бо ақли худ оқил мешавем. (Монтен)

Манбаъ: Хазинаи Маърифат

ҚаблӣАЙБУ НУҚСОН – Хазинаи Маърифат
БаъдӣАллоҳ Таоло (ҷ.ҷ.) – Хазинаи маърифат #2

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед