Ғалабаи инқилоби Октябр дар Русия ва барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон

365

Ғалабаи инқилоби Октябр дар Петроград. Дар Русия баъди ба охир расидани дуҳокимиятӣ ва яккаҳукмрон гардидани Ҳукумати Муваққатӣ ҳам (яъне аз аввали моҳи июли соли 1917) вазъият беҳтар нагардид. Ҷанги якуми ҷаҳон, ки Русия чун дар оғозаш яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, ҳамоно давом дошт. Дар мамлакат мисли пештара гуруснагӣ, бараҳнагӣ, беқурбшавии пул ҳукмфармоӣ мекард. Ин ҳама боиси норозигии нав ба нави на танҳо мардум, балки аскарони рус низ гардид. Ҳамаи ин ҳолатҳо аз хусуси дар Русия сабзида расидани нишонаҳои шӯриши навбатӣ дарак медод. Махсусан дар маркази империя – шаҳри Петроград хавфи таркиш ҳувайдо буд.

Ҳизби болшевикии Русия аз вазъияти ба вуҷудомада ба хубӣ истифода бурд. Вай ба мисли пештара ягона ҳизбе буд, ки бо Ҳукумати Муваққатӣ ҳеҷ муросо накард ва муросо карданро ҳам намехост. Баръакс, баъди воқеаҳои июлии соли 1917 дар Петроград (тирборон кардани намоиши осоиштаи коргарон ва ба охир расидани дуҳокимиятӣ), ҳизби болшевикӣ бо мақсади гирифтани ҳокимият мардумро ба шӯриши навбатии яроқнок даъват мекард.

24 октябри соли 1917 шӯриш дар Петроград сар шуд. Ба он дар қатори коргарон, инчунин аскарони дар шаҳр будаи аз сиёсати Ҳукумати Муваққатӣ норозӣ иштирок намуданд. Сарварии шӯриш аз лаҳзаҳои аввал ба ихтиёри ҳизби болшевикӣ гузашт. Дар ин роҳ, ба болшевикон танҳо эсерҳои чап ва меншевикҳои чап то андозае хайрхоҳ буданд, Боқимонда ҳамаи ҳизбҳои марказии Русия: эсерони рост, меншевикони рост, октябристҳо, прогрессистҳо, кадетҳо, трудовикҳо, иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо ва сотсиалистони халқӣ ҳанӯз ҳам дар атрофи Ҳукумати Муваққатӣ муттаҳид истода, муқобили ҳаргуна шӯриш буданд. Вале акнун муттаҳидии онҳо Ҳукумати Муваққатиро наҷот дода натавонист.

Шаби 24 ба 25 октябр дар Петроград тамоми кӯпрукҳои дарёи Нева, вокзалҳои роҳи оҳан, телеграф, телефон, почтамт, истгоҳи барқӣ, бонки Давлатӣ ва ғайра ба ихтиёри шӯришгарон гузашта буд. Ниҳоят шаби аз 25 ба 26-октябр қароргоҳи Ҳукумати Муваққатии Русия – Қасри Зимистона (ҳоло осорхонаи Эрмитаж) низ ба дасти шӯришгарон гузашт. Аксари аъзоёни он ҳокимият ҳабс карда шуданд. Дар Петроград ҳокимият ба ихтиёри Кумитаи ҳарбии инқилобӣ, ки дар арафаи оғози шӯриш аз тарафи ҳизби болшевикӣ ташкил карда шуда буд, гузашт.

25 октябр, сотаи 2240 дақиқаи бегоҳӣ дар қасри Смолнии Петроград анҷумани II­ Умумирусиягии Шӯроҳои намояндагони коргарон ва аскарон кори худро шурӯъ намуда, таҳти назорати ҳизби болшивикӣ мегузашт. Аз ин рӯ 25 октябр (бо санаи нав 7 ноябр)[1] ҳамчун рӯзи ғалабаи инқилоби Октябр ва бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ ҳисоб мешуд.

26 октябр анҷумани номбурда сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатиро маъқул шуморид ва бо сарварии В.И. Ленин Ҳокимияти Шӯравӣ – Шӯрои Комиссарони Халқиро (ШКХ), асосан аз ҳисоби болшевикон бунёд намуд. Ҳамин анҷуман ҳуҷҷатҳои барои мардуми Русия ҳаётан зарур – “Декрет дар бораи сулҳ” ва “Декрет дар бораи замин”-ро қабул кард. Мувофиқи ҳуҷҷати аввала Русия бояд аз ҷанги харобиовари ҷаҳон мебаромад ва мардум ба ҳаёти осоишта бармегашт. Дар асоси ҳуҷҷати дуюм бошад, мебоист замин ба деҳқонон барои истифодабарии доимӣ дода мешуд.

Анҷуман қарор қабул кард, ки дар тамоми сарзамини Русия, аз он ҷумла кишвари Туркистон, ҳокимият бояд ба ихтиёри Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони маҳаллӣ гузарад. Вале на дар ҳамаи шаҳру вилоятҳои Русия ин қарорро хуш пазируфтанд. Дар баъзе маҳалҳо тарафдорони Ҳукумати Муваққатӣ барои бунёди ҳокимияти нав – Шӯравӣ муқобилияти сахт нишон доданд. Чунин муқобилият дар маркази кишвари Туркистон – шаҳри Тошкент низ дида мешуд.

Ғалабаи шӯриш дар Тошкент. Шӯриш дар Тошкент 28 октябри соли 1917 сар шуд. Худи ҳамон рӯз, бо ташаббуси болшевикон, барои сарварии шӯриш кумитаи инқилобӣ ташкил ёфт. Шаҳри Тошкент чор рӯз (аз 28 октябр то 1 ноябр) шоҳиди ҷангҳои шадид гардид. Болшевикони Тошкент тавонистанд, ки ба аскарони мусаллаҳи сарвари Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ генерал Кравченко аз ҳисоби мардум қувваи бисёрро муқобил гузоранд.

То 15 ноябри соли 1917 дар як қатор нуқтаҳои кишвар Шӯроҳо ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аз 15 то 22 ноябри он сол дар шаҳри Тошкент анҷумани III Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон ва аскарон, баъди кашмакашиҳои хеле зиёд оиди дар кишвари Туркистон барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ қарор қабул кард. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки ин анҷуман дид, ин ташкили ҳокимияти кишварӣ буд. Дар анчуман эсерҳо, меншевикҳо, шӯроиисломистҳо, шӯроиуламоиҳо, намояндагони ҷадидон ва зиёиёни маҳаллӣ, намояндагони буржуазияи рус ва миллӣ тарафдори бо иштироки тамоми қувваҳои сиёсии кишвар ташкил намудани ҳокимияти коалитсионӣ буданд. Ба ин таклиф болшевикон тамоман муқобил баромаданд. Дар натиҷа аввалин ҳокимияти шӯравии кишвар дар шакли Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) ташкил ёфт. Раиси он болшевик Ф.И. Колесов интихоб гардид.

Анҷумани III ба тамоми Шӯроҳои кишварӣ муроҷиат намуд, ки дар маҳалҳо ҳокимиятро ба ихтиёри худ гиранд. Тошкент дар кишвари Туркистон қариб ягона шаҳри калонтарин буд, ки дар он нуфузи болшевикон нисбат ба дигар ҳизбҳо зиёдтар ҳис карда мешуд. Ҳамин ҳолат махсусан дар рӯзҳои шӯриш ошкор гардид. Вале дар дигар шаҳру вилоятҳои кишвар нуфузи болшевикон чандон назаррас набуд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар дигар нуқтаҳои кишвар болшевикон ва меншевикон ҳанӯз ҳам дар фраксияи ягонаи сотсиал-демократӣ буданд. Ҳарчанд аз тарафи кумитаи марказии ҳизби болшевикии Русия (РКП(б)) оиди кандани алоқа аз меншевикҳо дастур фиристода шуда бошад ҳам, болшевикони кишвар аз он ё хабар надоштанд, ё аз иҷрояш худдорӣ кардаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар чунин нуқтаҳои кишвар болшевикон камшумор ва камнуфузии худро ба инобат гирифта, ҷуръат накарданд, ки рӯйрост ба муқобили иттифоқчиёни худ-меншевикон бароянд. Ҳамин гуна ҳолат ба шаҳрҳои Самарқанд, Хуҷанд, Қӯқанд ва ғайра хос аст.

Ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият дар Хуҷанд. Дар арафаи Инқилоби Октябрии Русия уезди Хуҷанд ҳанӯз ҳам ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил мешуд. Бинобар ин ҳалли тақдири ҳокимият дар ин маркази уездӣ аз тақдири ҳокимияти вилоятӣ, яъне Самарқанд вобастагӣ дошт. Шӯроҳои Хуҷанд ва Самарқанд нисбатан сернуфуз ва асосан дар ихтиёри эсерҳо ва меншевикон буданд. Болшевикон, махсусан дар Шӯроҳои Самарқанд қариб нуфузе надоштанд. Чӣ дар Самарқанд ва чӣ дар Хуҷанд, дар баробари эсеру меншевикҳо нуфузи ташкилотҳои “Шӯрои исломия”, “Шӯрои уламо” хеле зиёд буд. Дар ҳар дуи ин шаҳрҳои бостонӣ аз аввал байни эсерҳою меншевикҳо, шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо ягонагии амалиёт дида мешуд. Маҳз натиҷаи чунин ягонагӣ буд, ки онҳо дар Самарқанд, ба ҷои шиори аз тарафи болшевикон пешниҳодшуда — “Тамоми ҳокимият ба шӯроҳо!” шиори ба худ мақбул – “Тамоми ҳокмият ба маҷлиси муассисон!”-ро гузоштанд. Маҳз бо ташвиқоти болшевикон 31-октябр коргарон ва хизматчиёни истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд дар ҷамъомади умумии худ иборат аз 10 нафар кумитаи инқилобиро ташкил намуданд. Вале ин кумита дастгирии Шӯроҳо ва дигар ҳизбҳои Самарқандро надид. Зеро, меншевикҳо ва эсерҳои ин шаҳр, ки Шӯроҳои шаҳрӣ ва вилоятиро дар ихтиёри худ доштанд, аз гирифтани ҳокимият худдорӣ карданд. Аммо эсеру меншевикҳои Хуҷанд, бар хилофи мавқеи эсеру меншевикҳои Самарқанд, ҷуръати ба дасти худ гирифтани ҳокимиятро карданд.

11 ноябри соли 1917 дар Хуҷанд маҷлиси васеи Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бо якҷоягии намояндагони “Иттифоқи меҳнаткашон”, думмаи шаҳрӣ ва кумитаҳои иҷроияи волостҳои Қистакӯз ва Унҷӣ барпо гардид. Ин ҷамъомад дар шаҳр ва уезди Хуҷанд ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон карда, ба тарафдории дар кишвари Туркистон барпо намудани Ҳокимияти Шӯроҳо овоз доданд. Худи ҳамон рӯз Шӯрои шаҳрии Хуҷанд дар шаҳр ҳокимиятро ба дасти худ гирифт. Ҳамон лаҳза дар ин Шӯро аксариятро аъзоёни ҳизбҳои эсерҳо ва меншевикҳо ташкил мекарданд. Сарвари Шӯроҳои Хуҷанд низ аъзои ҳизби эсерҳо Т.Тараненко буд.

Болшевикони Хуҷанд такя ба қувваи аскарони сурх намуда, баробари маҳви “Мухторияти Қӯқанд” (22 феврали соли 1918) ба иттифоқчиёну пайравони он шӯроиисломистҳо ва шӯроиуламоиҳои Хуҷандӣ низ зарбаи қатъӣ заданд. Онҳо инчунин мавқеи эсеру меншевикони Хуҷандро низ хеле маҳдуд намуданд. Моҳи марти соли 1918 бо ташаббуси болшевик И.Калугин /ӯ ҳамон лаҳза аъзои Шӯрои кишварӣ шуда буд/ ҳайати нави Шӯрои намояндагони Хуҷанд ташкил гардид. Акнун он махсусан аз ҳисоби аъзоёни “Итифоқи меҳнаткашон” афзуд. Худи Шӯро ҳам минбаъд номи “Шӯрои намояндагии коргарон, аскарон, мусулмонон ва деҳқонони Хуҷанд”-ро гирифт. Ба он Г. Стерлингов (сарвари маҳаллии эсерони чап)-ҳамчун раис ва ҷонишини ӯ болшевикон: Е.А. Иванитский ва Ҷӯра Шокаримов интихоб шуданд. Ин маънои онро дошт, ки Шӯрои Хуҷанд ба мавқеи болшевикӣ гузаштааст.

Бояд ба инобат гирифт, ки дар Хуҷанд ва дар аксари маркази волостҳои он /ба ғайр аз Ӯротеппа ва то андозае Қистакӯз (аз ҷумла дар Унҷӣ, Ғулакандоз, Нов, Исфаней, Чапқулоқ, Бокса-Себирғон), Сретен, Уралск (Дилварзин) аз ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 тартиботи шӯравӣ ба тарзи осоишта барқарор карда шуд.

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа ва Мастчоҳ. Дар арафа ва ҳангоми бунёд намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа (Истаравшан) ва ноҳияҳои атрофи он вазъият чандон мураккаб набуд, баръакс то андозае оромӣ ҳукмфармоӣ мекард. Ҳамон лаҳза ба гурӯҳи ноҳияҳои Ӯротеппа волостҳои: Ӯротеппа, Ғончӣ, Шаҳристон, Босмандӣ, Далён ва Мастчоҳ дохил шуда, якҷоя, то моҳи майи соли 1919 дар ҳайати уезди Хуҷанд буданд. Дар худи шаҳри Ӯротеппа ҳам ҳокимият моҳи ноябри соли 1917 ба Шӯрои маҳаллӣ, ки дар ихтиёри эсеру меншевикҳо буд, гузашт. Аз моҳи ноябри ҳамон сол то моҳи марти соли 1918 дар волостҳои Шаҳристон, Босмандӣ, Далён, Мастчоҳ ва Ғончӣ ба ихтиёри Шӯроҳои маҳаллӣ гузаштани ҳокимият эълон гардид. Аммо дар баъзеи ин маҳалҳо, аз ҷумла дар Ӯротеппа Ҳокимияти Шӯравӣ ҳанӯз амалан бунёд нагардида, он ба зудӣ сарнагун шуд.

Шӯрои шаҳри Ӯротеппа баробари ба даст гирифтани ҳокимият аз маркази кишвар-шаҳри Тошкент супориш гирифт, ки барои наҷоти мардум аз гуруснагӣ (он кишвари Туркистонро аллакай фаро гирифта буд)маъракаи мусодираи ғалларо гузаронад. Дар натиҷаи ин чорабинӣ ғаллаи мардум дар бозор ва аз дӯкону хонаҳояшон мусодира карда мешуд. Чунин чорабинӣ дар шаҳр вазъиятро хеле мураккаб гардонид. Худи аъзоёни шӯро, ки асосан аз ҷумлаи эсеру меншевикон ва пайравони онҳо буданд, чандон хоҳиши иҷрои он супоришро надоштанд. Нуфузи болшевикон бошад ҳанӯз ҳам дар ин ҷо назаррас набуд.

Ташкилоти маҳаллии “Шӯрои исломия” аз вазъияти ба амал омада истифода бурда, думаи шаҳриро аз нав барқарор кард.Бо ташаббуси ташкилоти маҳаллии “Шӯрои уламо” ҷамъияти маънавии динӣ бо номи “Нури ислом” бунёд гардид. Онҳо рӯйрост ба муқобили сиёсати мусодиракунии ғалла баромаданд. Дар шаҳр як муддат на танҳо ҳолати ба дуҳокимиятӣ хос, яъне аз як тараф комиҷроияи Шӯроҳо ва аз тарафи дигар думаи шаҳрӣ, балки беҳокимиятию бесарусомонӣ ҳукмфармо гардид.

Вазъи дар шаҳри Ӯротеппа ба амал омада русзабонҳои шаҳрро ба воҳима андохт. Сарварони онҳо 4 феврали соли 1918 ба комиҷроияи Шӯроҳои маҳаллӣ (яъне Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарон) муроҷиат карда, гӯё барои ҳифзашон аслиҳа пурсиданд. Дар комиҷроияи шаҳр, ки чун шӯрои маҳаллӣ аксар эсеру меншевикҳо буданд, ин таклифро маъқул шумориданд.

18 феврали соли 1918, бо таклифи судяи шаҳри Ӯротеппа монархист В.И. Владимиров, маҷлиси якҷояи шаҳрвандон ва аскарони русзабон ҷамъ омад ва дар он қарор карданд, ки барои таъмини бехатарии русзабонҳои Ӯротеппа аз ҳисоби мардони русзабон дружинаи халқӣ ташкил дода, органи роҳбарикунанда-Шӯрои дружинаро иборат аз панҷ нафар интихоб намуданд. Ба ҳайати ин Шӯро милитсионерӣ маҳаллӣ Шомирзо Шокаримбоевро, ки забони русиро медонист, низ дохил карданд. Ҳамин тавр ташкилоти аксулинқилобии “дружинаи халқии рус” ба вуҷуд омад. Албатта мақсади асосии ин дружина дар баробари таъмини бехатарии русзабонҳо, гирифтани ҳокимият низ буд.

Дружиначиёни Уротеппа дар ҳайати ҳукумати кишвари Туркистон, дар симои комиссари халқӣ оид ба корҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ-Агапов ба худ такягоҳи боэътимодеро доштанд. Агапов аз номи раиси Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он дар Уротеппа ҳокимият пурра ба ихтиёри дружина мегузашт.

13 апрели соли 1918 дар бинои думаи шаҳрӣ маҷлиси дружиначиён ва тарафдорони онҳо барпо гардид. Дар он оид ба барҳам додани Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарони Ӯротеппа қарор қабул карданд. Комиҷроияи Шӯроҳои шаҳр, ки аксарият дар мавқеи эсеру меншевикҳо буданд, ба муқобилияти болшевикон аҳамият надода, худи ҳамон рӯз барои бо “дружинаи халқии рус” якҷоя шудан розигӣ доданд. Ҳамин тарз, дар шаҳри Ӯротеппа Ҳокимияти Шӯравӣ ба таври расмӣ барҳам хӯрд.

Моҳи майи соли 1918 бо ташаббуси болшевикони Ӯротеппа, аз ҳисоби муқобилони дружиначиён, ҳизби коргарон ва деҳқонони мусулмон бунёд гардид. Дар ҳамин вақт онҳо Шӯрои намояндагии коргаронро низ аз сари нав ташкил карданд. Мақсади асосии ин ташкилотҳо дар Ӯротеппа аз сари нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ буд. Дар натиҷа муқобилони Ҳокимияти Шӯравӣ дар атрофи Шӯрои дружина ва тарафдорони Ҳокимияти Шӯравӣ дар атрофи Шӯрои намояндагии коргарон ҷамъ гардида буданд. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Ӯротеппа боз дуҳокимиятии нав ба вуҷуд омадааст.

8 июли соли 1918 аз Хуҷанд ба Ӯротеппа қисмҳои аскарони сурх фиристода шуданд ва онҳо худи ҳамон рӯз шаҳрро ба дасти худ гирифтанд. Шӯрои дружиначиён пароканда карда шуд. 10 июл дар Ӯротеппа ба ихтиёри Шӯрои намояндагии коргарон ва деҳқонон гузаштани тамоми ҳокимият эълон карда шуд. Ҳамин тарз Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа аз нав барқарор карда шуд.

Баъди аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа дар назди ҳукуматдорони кишвари Туркистон ҳалли масъалаи Мастчоҳ ба миён омад. Зеро дар ин гӯшаи дурдаст Ҳокимияти Шӯравӣ аллакай вуҷуд надошт. Чунончӣ, моҳи феврали соли 1918 дар Мастчоҳ низ ба ҷои комиссари волостии собиқ Ҳукумати Муввақатӣ, ташкил ёфтани бо ном кумитаи иҷроияи шӯравиро эълон карданд. Тобистони он сол, чун дар Ӯротеппа, дар ин мулк ҳам маъракаи аз мардуми доро ва миёнаҳол кашида гирифтани ғалла яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани Ҳокимияти Шӯравӣ гардид. Моҳи ноябри соли 1918 дар Мастчоҳ исёни зиддишӯравӣ ба амал омад, ки яке аз ташаббускорони он худи раиси комиҷроияи волости Мастчоҳ Исо Олимбоев буд. Шӯришгарон Ҳокимияти Шӯравиро дар Мастчоҳ сарнагун намуданд. Худи ҳамон моҳ, яъне баъди дар Ӯротеппа сарнагун намудани “дружиначиён”, аз Ӯротеппа, баъд аз Хуҷанд ва Самарқанд ба сӯи Мастчоҳ, бо мақсади аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ, отряди махсуси аскарони сурх ба роҳ баромад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани хунрезӣ кумитаи ҳарбии инқилобии Ӯротеппа қарор кард, ки бо қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳ роҳи мусолиҳаро пеш гирад. 30 ноябри он сол дар деҳаи Овчӣ гуфтушуниди тарафайн барпо ва сулҳ имзо гардид. Тарафи мастчоҳиён ваъда доданд, ки Ҳокимияти Шӯравиро эътироф намуда, хуруҷҳои зиддишӯравиро бас мекунанд.

Бо ҳамин маъракаи барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди уезди Хуҷанд, ки моҳи ноябри соли 1917 оғоз ёфта буд, моҳи ноябри соли 1918 ба охир расид.

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ашт. Бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ на танҳо дар волости Ашт, балки Исфараю Конибодом ҳам, ки ба ҳайати вилояти Фарғона дохил мешуданд, аз воқеаҳои дар ин вилоят рӯйдода сахт вобастагӣ дошт. То аввали моҳи декабри соли 1917 аксари ноҳияҳои ин вилоят, аз ҷумла волостҳои номбурда, ба доираи идоракунии “Мухторияти Қӯқанд” дохил мешуданд. Танҳо конҳои нефти САНТО ва ангишти Шӯроб, ки ҳанӯз моҳи ноябри он сол дар он ҷойҳо Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуда буд, чун ҷазира дар иҳотаи мухториятчиён меистоданд. 6 декабр, дар натиҷаи амалиётҳои ҷангии қисмҳои аскарони сурх, маркази вилояти Фарғона-шаҳри Скобелев (ҳозира шаҳри Фарғона) ба ихтиёри Ҳокимияти Шӯравии Туркистон гузашт.

6-7 декабри он сол дар шаҳри Скобелев анҷумани шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва мусулмонони вилояти Фарғона барпо гардид. Ин анҷуман дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Вале ин қарор, аз ноҳияҳои номбурда, танҳо дар ҳудуди волости Ашт амалӣ гардид.

Зеро дар Ашт нуфузи мухториятчиён, яъне “Шӯрои исломия” ва “Шӯрои уламо” нисбатан суст буд. Ба ғайр аз ин волости Ашт аз маркази мухториятчиён-шаҳри Қӯқанд нисбатан дар канортар меистод. Амалӣ намудани қарори анҷуман дар ҳудуди ин волост ба ягон хел муқобилият дучор наомад. Ин маънои онро дорад, ки дар волости Ашт, агарчанде нуфузи болшевикон чандон назаррас набуд, Ҳокимияти Шӯравӣ ба тарзи осоишта барқарор карда шудааст. Волостҳои Исфараю Конибодом бошанд ба ҳайати Мухторияти Қӯқанд дохил мешуданд, бинобар ин дар ин нуқтаҳо амалӣ гардидани он қарор то охири феврали соли 1918 тӯл кашид.

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар болооби Зарафшон. Барпо намудани тартиботи шӯравӣ дар мулкҳои болооби Зарафшон, ки аз волостҳои Панҷакент, Фалғар, Мастчоҳ, Искандарӣ, Моғиёну Фороб, Офтобрӯ ва Киштут иборат буд, аз вазъи Самарқанд сахт вобастагӣ доштанд. Аз волостҳои номбурда танҳо Мастчоҳ чуноне аллакай таъкид кардем, аз ҷиҳати маъмурӣ, ба воситаи Ӯротеппа, ба уезди Хуҷанд дохил мешуд. Волостҳои боқимондаи номбурда якҷоя участкаи Панҷакентро ташкил дода, ба ҳайати уезди Самарқанди вилояти Самарқанд шомил буданд.

Чуноне дар боло қайд карда шуд дар Самарқанд нуфузи болшевикон хеле суст ва нуфузи эсерону меншевикҳо, шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо хеле зиёд буданд. 4 декабри соли 1917 болшевикони Самарқанд ба қисмҳои аскарони сурх такя намуда, кумитаи ҳарбии инқилобиро ташкил доданд ва дар шаҳр ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Думаи шаҳрӣ, ки ҳанӯз ҳам дар ҳимояи эсеру меншевикҳо ва шӯрои исломиҳою шӯроиуламоиҳо буд, бо кӯмаки қисмҳои казакҳои сафеди И.М.Зайтсев ҳокимиятро дар шаҳри Самарқанд боз ба ихтиёри худ гирифт. Ин думаи шаҳрӣ низ аз тарафи қисмҳои аскарони сурх бо зудӣ барҳам дода шуд.

13 декабри соли 1917 дар шаҳри Самарқанд анҷумани II Шӯроҳои вилоятӣ ба кори худ шурӯъ кард ва он дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Дар худи ҳамин моҳ кумитаи инқилобии Самарқанд намояндагони Ҳукумати Муваққатиро,ки ҳанӯз дар болооби Зарафшон сарварони волостҳо буданд аз вазифаашон озод карда, намояндагони худро барои бунёди Ҳукумати Шӯравӣ фиристод.

Ҳамин тавр, моҳи деабри соли 1917 дар болооби Зарафшон, аз ҷумла дар волостҳои Панҷакент, Фалғар, Искандарӣ, Моғиёну Киштут, Фороб ва Офтобрӯ бе ягон муқобилияти ҷиддӣ Ҳокимияти Шӯравӣ барпо карда шуд.


[1] 14 феврали соли 1918 дар Русияи Шўравї ба солшумории григориянӣ гузаштанд, ки он аз солшумории пештараи Русия 13 рӯз фарқ мекунад.


Калидожаҳо: Галабаи инкилоби Октябр дар Русия ва барпо намудани Хокимияти Шурави дар уезди Хучанд ва болооби Зарафшон, Галабаи инкилоби Октябр дар Петроград, Галабаи шуриш дар Тошкент, Ба ихтиёри Шурохо гузаштани хокимият дар Хучанд, Барпо намудани Хокимияти Шурави дар Уротеппа ва Мастчох, Барпо намудани Хокимияти Шурави дар Ашт, Барпо намудани Хокимияти Шурави дар болооби Зарафшон, маълумоти точики, маълумоти тоҷикӣ, реферат бо забони точики.