Аллаи Модар текст – Аллаё аллаё

Шеър барои модарон, ки алла аст, суруди аллаи модар, аллаи модар текст скачать, аллаё алла текст Аллаё модар, Аллаи модар аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

гахвора, модар, картинка

Кабки мастам, аллаё,
Зеби дастам, аллаё.
Шири ман ошат шавад,
Ширмастам, аллаё.

Давлати дунё чӣ худ,
Меҳри ту хуш давлат аст.
Тифлакам гаҳвораат,
Ҳадяе аз қисмат аст.

Ту маро ягонаӣ,
Нахли пурҷавонаӣ.
Дар китоби шеъри ман,
Хуштарин таронаӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ноз-нозии манӣ,
Дилнавозии манӣ.
Кӯдаки ҷону дилам,
Сарфарозии манӣ.

Кабки мастам, аллаё,
Зеби дастам, аллаё.
Шири ман ошат шавад,
Ширмастам, аллаё.


Хоб кун эй булбули ширин суханам Аллаё
Эй писар гулгунчаи богу чаманам Аллаё

Шаб расид бозичахо дар хоби ноз
Мохи нави ситорахо дар хоби ноз

Хоб кун, эй чони модар хоби хуш
Эй писар, эй чони модар хоби хуш

Хоб кун эй булбули хушгуи ман Аллаё
Эй писар, гулгунчаи хушбуи ман Аллаё

Орзу дорам ки хандон бинамат
Доимо хушбахти даврон бинамат
Эй давоми орзухои дилам
Фахри ёрону азизон бинамат

Хоб кун эй чони ширин, аллаё, аллаё
Эй чигарбанди дили ман, аллаё, аллаё

Шаб расид бозичахо дар хоби ноз
Мохи нави ситорахо дар хоби ноз
Хоб кун эй чони модар хоби хуш
Эй писар эй чони модар хоби хуш

Хоб кун эй булбули ширин суханам, аллаё
Эй писар гулгунчаи богу чаманам, аллаё, аллаё, аллаё, аллаё!!!

ҚаблӣНасихати модар ба фарзанд, ки оиладор мешавад
БаъдӣШеър дар васфи Падар ва модар

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед