Алоқамандии сиёсатшиносӣ бо фанҳои дигар

Объект ва предмети сиёсатшиносӣ мураккаб ва гуногунпаҳлу буда, онро бо илмҳои дигари ҷомеашиносию гуманитарӣ алоқаманд мегардонанд. Бинобар ин, барои муайян намудани ҷойгоҳи сиёсатшиносӣ дар низоми донишҳои ҷомеашиносию гуманитарӣ алоқамандии он бо илмҳои дигар бояд муайян карда шавад.

Сиёсатшиносӣ, пеш аз ҳама, бо фалсафа алоқамандии зич дорад. Зеро фалсафа барои ҳамаи илмҳо асоси методологӣ ба шумор рафта, дар бораи ҳаёти сиёсии ҷомеа тасаввуротҳои умумӣ ба вуҷуд меоварад. Дар замони муосир дар заминаи фалсафа ва сиёсатшиносӣ фанни нав бо номи фалсафаи сиёсат ташаккул ёфтааст, ки он масъалаҳои умуминазариявии сиёсатро таҳқиқ намуда, омилҳои гносеологию онтологии сиёсат ва ҳокимияти сиёсиро баррасӣ менамояд.

Инчунин, сиёсатшиносӣ бо сотсиология низ алоқамандии зич дорад. Дар раванди таҳқиқоти сиёсӣ методҳои сотсиологӣ (пурсишномаҳо, назарпурсиҳо ва ғ.) ба таври васеъ истифода гардида, барои мушаххас намудани сохтори иҷтимоии ҷомеа ва динамикаи рушду инкишофи он, инчунин таҳлили таркиби иҷтимоии сиёсат ва ҳокимият сиёсатшиносӣ ба маълумотҳои сотсиологӣ такя менамояд. Ҳамин тариқ, дар заминаи сиёсатшиносӣ ва сотсиология фанни нав бо номи сотсиологияи сиёсӣ пайдо мегардад, ки он алоқаҳои мутақобила ва муносибатҳои мутақобилаи сиёсат ва муҳити иҷтимоиро мавриди омӯзиш қарор дода, таъсири сиёсат ба рушди инсонро муайян менамояд.

Сиёсатшиносӣ бо илмҳои иқтисодӣ низ алоқамандӣ пайдо намуда, иқтисоди сиёсиро ташаккул медиҳад. Дар доираи иқтисоди сиёсӣ асосҳои иқтисодии сиёсат баррасӣ гардида, муборизаи синфӣ ва муборизаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои иқтисодии худ объекти омӯзиши ин фанро ташкил медиҳанд. Бо назардошти қонуниятҳои иқтисодии рушди ҷомеа, сиёсатшиносӣ вазъияти иқтисодии мамлакатро баҳогузорӣ намуда, асосҳои илмӣ ва меъёрҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлатро ташаккул медиҳад.

Ғайр аз ин, сиёсатшиносӣ бо назарияи давлат ва ҳуқуқ алоқаи наздик дорад. Чунин алоқамандӣ бо он асоснок мегардад, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ танҳо дар партави ҳокимияти сиёсӣ хусусияти ҳатмӣ пайдо менамоянд ва дар навбати худ ҳокимияти сиёсӣ низ, ба асосҳои ҳуқуқӣ ниёзмандии зиёд дорад. Дар аксар маврид илмҳои ҳуқуқшиносӣ меъёрҳои муҳимми худро дар заминаи асосҳои методологии сиёсатшиносӣ ташаккул медиҳанд. Ҳамзамон, ҳангоми коркард ва амалигардонии қарорҳои сиёсӣ аз механизмҳои ҳуқуқӣ низ ба таври васеъ истифода менамоянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Алоқамандии сиёсатшиносӣ ва таърихи сиёсиро ба таври зерин асоснок намудан мумкин аст: аввал ин ки сиёсатшиносӣ асосҳои назариявию методологии таҳқиқоти таърихиро ташаккул медиҳад ва дар ин самт шаклҳои мушаххаси ҷаҳонбинии таърихиро ба вуҷуд меоварад; дуюм ин ки таърихи афкори сиёсӣ дар як вақт метавонад ҳам ба сифати илми мустақил баромад намояд ва ҳам ҷузъи таркибии сиёсатшиносӣ ва таърих маҳсуб ёбад; сеюм ин ки таърих то дараҷае асосҳои эмпирикии сиёсатшиносӣ ба шумор меравад; чорум ин ки таърих ҳамчун фарогири натиҷаҳои сиёсати амалӣ меъёри муайянкунандаи хулосаҳои назариявии илмҳои сиёсӣ ба шумор меравад. Дар маҷмӯъ, таърих сиёсати замони гузашта буда, сиёсат бошад, таърихи замони ҳозира мебошад.

Алоқамандии сиёсатшиносӣ бо психология ба осонӣ мушоҳида мегардад. Зеро омилҳои субъективӣ дар сиёсат мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Бинобар ин, бе донистани қонуниятҳои психологӣ дарки чунин масъалаҳо, аз қабили сабабҳои бавуҷудоии шаклҳои гуногуни рафтор, психологияи шахс, психологияи гурӯҳ, эҳсосот ва ҳиссиёти одамон хеле мушкил мегардад, ки дар чунин шароит таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти сиёсӣ номумкин мебошад. Бояд гуфт, ки дар заминаи сиёсатшиносӣ фанни нав бо номи психологияи сиёсӣ ташаккул ёфтааст, ки дар доираи таҳлилҳои он психологияи сарвари сиёсӣ, назарияи идоранамоӣ, моҳияти низоъҳои иҷтимоию сиёсӣ баррасӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки муҳити ҷуғрофӣ, мавқеи ҷуғрофии мамлакат ва иқлими табиӣ ба сиёсат таъсири амиқ мерасонанд. Аз ин рӯ, ҷуғрофияи сиёсӣ асосҳои табиии сиёсатшиносиро ташкил медиҳад. Дар сиёсатшиносии Ғарб ин қисми таркибии сиёсатшиносӣ «геополитика» номида мешавад. Ҳарчанд этимологияи мафҳуми «геополитика» аз калимаҳои юнонии geo- замин ва politike – сиёсат пайдо шуда бошад ҳам, имрӯз он на танҳо фазои хушкӣ ва обии кураи замин, балки фазои ҳавоӣ, кайҳонӣ, иттилоотию виртуалӣ, фарҳангию идеологиро низ дар бар мегирад. Дар геополитикаи замони муосир раванди афзун гардонидани афзалиятҳои иттилоотӣ, кайҳонӣ, ҳавоӣ, баҳрӣ ва хушкии давлатҳои алоҳида ба мушоҳида мерасад.

Ҳамин тариқ, сиёсатшиносӣ бо як қатор илмҳои гуманитарӣ сарҳади хеле наздик дорад. Аз ин рӯ, як гурӯҳ муҳаққиқон ба хулосае омадаанд, ки таҳқиқи масъалаҳои алоҳидаи ин ва ё он фан, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, байнифаннӣ мебошад ва дар доираи донишҳои як фан имконнопазир аст. Масалан, агар мо хоҳем, ки дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ дониши пурра ва мукаммал дошта бошем, пас моро зарур аст, ки таркиби иҷтимоӣ ва демографии ҳизбро, ки электорати онро ташкил медиҳад (предмети сотсиологияи сиёсӣ), сохтори ташкилӣ ва меъёрҳои амалишавии он (назарияи институтҳои сиёсӣ), психологияи сарвари сиёсӣ ва аъзоёни қатории он (психологияи сиёсӣ), таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ҳизбӣ (таърихи сиёсӣ) ва монанди инҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳем.

ҚаблӣСохтори сиёсатшиносӣ
БаъдӣВазифаҳои сиёсатшиносӣ