Ҷамъият. Моҳияти мафҳуми ҷамъият. Ҳамбастагии ҷамъият ва табиат

Хусусияти баррасии фалсафӣ ва методологии масоили баҳамтаъсиррасонии табиат ва ҷомеа ба зарурияти дарки масъалаҳое алоқамандӣ дорад, ки онҳоро дар маҷмӯъ метавон дар шакли зерин тасвир намуд: мақоми ҷомеа дар ташкил ва рушди материя; характер ва қонуниятҳои умумии равобити байни табиату ҷомеа; таносуби қонуниятҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ дар равобити байниҳамдигарии ҷомеа ва табиат; тамоюлҳои таърихӣ дар рушди муносибатҳо миёни табиату ҷомеа; вежагиҳои робитаҳои байниҳамдигарии миёни онҳо дар формацияҳои гуногуни ҷамъиятӣ- иқтисодӣ; зиддиятҳои миёни табиату ҷомеа чун омили рушди ҷамъиятӣ; гуногунрангии аҳамияти (арзиши) табиат барои инсон, аҳамияти он барои падидаҳои мухталифи иҷтимоӣ: табиат ва истеҳсолот, табиат ва илм, табиат ва санъат, табиат ва тандурустӣ ва ғ.; робитаи байниҳамдигарии омилҳои табиат ва иҷтимоӣ дар рушди истеҳсолот; таносуби табиият ва бошууронагии амали одамон дар муносибатҳо байни табиат ва ҷомеа; ноосфера (соҳаи хирад) чун ифодаи ваҳдати ҳаводиси табиӣ ва ҷамъиятӣ; қонунияти ташаккул ва рушди ноосфера.

Ин номгӯро метавон идома бахшид ва муфассалтар кард. Вале муҳим  ин аст, ки бе дарки мукаммали масъалаи баҳамтаъсиррасонии табиат ва ҷомеа тавзеҳи дурусту ҳамаҷонибаи бисёр масъалаҳои фалсафӣ, ба мисли моҳияти масъалаи асосии фалсафа, ваҳдати моддии олам, ташкили сохтори материя, қонуниятҳои рушди материя, озодӣ ва зарурат, масъалаҳои марбут ба назарияи маърифат ва бисёр дигар масоили методологии табиатшиносӣ имконнопазир аст. Дар ҳоли ҳозира мафҳуми табиат дар ҳар ду маъно истифода мегардад: аввалан, чун муродифи умуман олам, коинот, материя дар ҳама шаклҳои зуҳуроти он; сониян, ҳамчун ҷузъи олам, ки илмҳои табиӣ онро меомӯзанд. Дар ҳамин истифодаи ахирии мафҳум бештари маврид проблемаи баҳамтаъсиррасонии табиату ҷомеа мавриди дарку баррасӣ қарор мегирад. Ин ҷо табиат ва ҷомеа ҳамчун ду ҷузъи томи воҳид, яъне материя баромад мекунанд, ки дар ҳадҳои ваҳдати моддии олам зич пайванданд. Ҳамрадиф бо кулл, ки ҳам табиату ҳам ҷомеа хусусиятҳои хоси худро дороянд, ки онҳоро ҳамчун сифатҳои худхосса тавсиф медиҳад (сифатҳое, ки дар онҳо хосиятҳои материя ба тарзи худ ифода мешаванд, қонуниятҳои умумии он ба тарзи вежа зоҳир мегарданд).

Асоси ба ҷомеа ҳамчун ба ҷузъи табиат назар афкандан ба он алоқаманд аст, ки кулли ҳаёти ҷамъиятӣ ва қабл аз ҳама истеҳсолот, худи инсон, шуури ӯ дар асосии омилҳои табиӣ мавҷуданд ва дар алоқамандӣ бо қонуниятҳои табиӣ ташаккул меёбанд. Дар ин иртибот ҷомеа яқинан ҷузъи табиат аст ва ин проблемаро (чуноне ки дар мавриди баррасии муносибатҳои шаклҳои ҳаракти материя буд) бо ба асос гирифтани принсипи вобастагии шаклҳои оддитарини ҳаракати материя аз шаклҳоии олии ҳаракати материя ва ҳамзамон расонданашавандагии олӣ ба паст ҳаллу фасл карданд.

Он қисмати ташкили ҷамъиятӣ, ки аз равандҳои физикӣ, химиявӣ ва биологӣ иборат аст, ҷузъи табиатро ташкил медиҳад. Аммо сухан дар ин ҷост, ки на ҳамин равандҳо қабл аз ҳама ҷомеаро тавсиф медиҳанд. Ҷомеа бар масолеҳи табиат бунёд шудаю қонуниятҳои онро истифода карда соҳиб ба моҳияти худ аст ва бо равандҳою сохторҳояш ҳолати худ хоси материя мебошад. Ҷомеа ин сатҳи ташкили материя, равандҳои меҳнатии дар рафти коркард аз ҷониби ҳайвонот пайдошуда, шуури дар ин маврид кушодаю рӯшаншуда аст, ки ба равандҳои меҳнатӣ имконияти характери мақсаднок ва мувофиқ ба ин муқарарсозии муносибатҳои хоса ҳам миёни аъзоёни ҷомеа ва ҳам байни ҷомеа ва табиати иҳотакарда медиҳад. Ҷомеа ин материяест, ки то идроки ҳастии худ рушд кардааст. Табиат бошад, ин материяест, ки ҳастии худро дарк накардааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чамъият. Мохияти мафхуми чамъият. Хамбастагии чамъият ва табиат

ҚаблӣҶамъият ҳамчун воқеъияти фароуттабиӣ. Сотсиум
БаъдӣАсосҳои табии ҳаёти ҷамъият