Андешаҳои бузургон оид ба мақоми забон, сухан ва забони модарӣ

Андешахои бузургон оид ба макоми забон, сухан ва забони модари.


Бузургони хирад ва шеъру адаби тоҷик, чи клоссикон ва чи муосир дар мавзӯи забон, эҳтироми забон, арҷгузорӣ бар он ва поянда нигоҳ доштани он суханҳои шоиста ва арзанда бисёр гуфтаанд. Ба вижа, дар осори шоирони клоссик ин мавзӯъ бештар ба назар мерасад. Масалан, Саъдии Шерозӣ беҳтарин шеърро дар ин мавзӯъ гуфтааст:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар!
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пиллавар?!

Ба ақидаи ин шоири баландфикрат, забон дар даҳони инсон ҳамчун калиди ганҷи ӯст ва ганҷ ҳунару истеъдоди инсон ва, умуман, худи инсон аст. Бо кушодани хизонаи ин ганҷ, яъне бо сухан кардани инсон, дар ботини инсон чи қадар ганҷ будан аён мешавад. Вале, агар инсон ин хизонаи худро накушояд, яъне сухан нагӯяд, ганҷи дохили он ниҳон мемонад ва касе натавонад донист, ки дар дохили он ганҷ нуҳуфтааст ё пилла, соҳиби он ҷавҳарфурӯш аст (яъне: хирадманду оқил аст)ё як деҳқони пиллакор (яъне: бехираду нодон).

Шоири номдори асри XV1, Калими Кошонӣ нирӯ ва қудрати эъҷозофарини забону суханро бисёр олӣ дар риштаи назм гирифтааст. Ба андешаи ӯ, мақоми сухан болотар аз ҷойгоҳи офтоб аст ва гармиву нурафкании он бисёртар аз гармиву танаввури офтоб аст. Агар офтоб шабро бубинад, сухан шабро нахоҳад дид, зеро «бозор»- и сухан доимо «гарм»- у «чароғон» аст. Девори сухан ҳамеша баланд аст, инсоният- ҳама дар зери ин деворанд. Ҷойгоҳи сухан, офтоб куҷо, аз арш ҳам баландтар аст. Ҳатто, ба андешаи шоир, арш барои он ки аз «гулзор»- и сухан «гул»- е бичинад, дар зери «пой»- и худ курсӣ мегузорад, ки дасташ бар сухан бирасад. Агар ҳар дину мазҳаб мункирон (инкоркунандагон)- и худро дошта бошад, сухан ҳеч вақте мункире надорад, чун он тарбиятгар ва зебоибахши рӯҳу ботини инсон аст. Аз ин ҷиҳат, барои ҳунар ва бозуи ҳунарманд ҳеч туморе таъсирбахштар аз сухан нест:

Давоми матн пас аз блоки реклама

Матни 2
Ибни Сино

Олими бузурги асримиёнагии форсу тоҷик, ки дар доираи илми кимиё ва тиб саҳми ниҳоят калон гузоштааст, Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соҳаи тиб бо номи лотинишудаи «Авитсенна» маъруф аст. Ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ дар соҳаи химия низ ҳамчун «Падари химия тоҷик» шинохта шудааст. Фикру андешаҳои илмии Абӯалӣ ибни Сино оид ба моддаҳои химиявӣ ва табдилоти онҳо дар асари ӯ «Рисолаи кимиё» гирд оварда шудаанд. Олим дар ин рисолаи мазкур нисбат ба моҳияти ҳаракат дахл намуда, онро ба се навъ: аразӣ, касрӣ ва табиӣ ҷудо кардааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар рисолаи худ ҳамаи моддаҳои минералиро ба чаҳор гурӯҳ: чангҳо, карбитҳо, металлҳо ва намакҳо ҷудо мекунад ва оид ба яке аз қонунҳои асосии фалсафа – қонуни «Гузаштани тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ» изҳори ақида карда, қайд менамояд, ки дар вақти аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани моддаҳо тағйироти куллӣ (реаксияи химиявӣ) ба амал меояд, ки ин се хел мешавад: тағйироти сифатӣ, тағйироти миқдорӣ ва тағйироти маконӣ.


Супориши 1. Калима ва ибораҳои тахассусии матнро ба дафтар навишта, маънидод ва аз ёд кунед.

Модда, касрӣ, карбит, табиӣ, металл, минерал, табодул, ҳаракат, чанг, намак, реаксияи (тағйирот) химиявӣ, тағйироти сифатӣ, тағйироти миқдорӣ, тағйироти маконӣ
Шарҳ.

  1. Касрӣ – арабӣ, як қисм аз чандин қисми воҳид, ададе, ки камтар аз воҳиди пурра бошад. Масалан, даҳяк, садяк, аз чор се ҳисса.
  2. Аразӣ – арабӣ, аз вожаи араз -аломати зоҳирии ашё, ки бо зоти худ қоим намебошад, масалан, ранг ба матоъ, муқобили гавҳар.

Супориши 2. Порчаҳои назмӣ ва насри зеринро ҳифз намоед.

Арзиши сухан дар китоби муқаддаси «Қуръон»-и Маҷид таъкид ёфтааст. Аз ҷумла омадааст:
– Аз Худо битарсед ва сухан дуруст бигӯед.
Сураи “Аҳзоб”
– Он касоне…, ки аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд, …. Худо ҳидояташон карда ва инон хирадмандонанд.