Андешахои тарбиявию ахлокии Абулкосим Фирдавси дар «Шохнома»

Иншо дар мавзуи Андешаҳои тарбиявию ахлоқии Абулқосим Фирдавси дар «Шоҳнома». Андешахои тарбиявию ахлокии Абулкосим Фирдавси дар «Шохнома».


Мавзӯъ: Андешаҳои тарбиявию ахлоқии Абулқосим Фирдавси дар «Шоҳнома»

Хаёт ва фаъолияти Абулкосим Фирдавси

Нақша:

Муқаддима

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Мухтасари шарҳи холи шоир
  2. «Шоҳнома», мундариҷаи асосӣ ва сохти он
  3. Мавзӯъҳои бакоргирифтаи шоир дар «Шоҳиома»

 Хулоса

Абулқосим фарзанди Ҳасани Тусӣ, ки дар таърихи адабиёт бо номи Фирдавсӣ маълуму машҳур гардидааст, аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Абулқосим Фирдавсй соли 934 дар деҳаи Божи шаҳри Тӯс дар оилаи заминдори калон ба дунё омадааст. Шароити хуби хонаводагй сабаб гардид,_ки аз хурдй ба омӯхтани илмҳои замонааш машгул гардад. У дар мактаб ва Мадраса хуб таҳсили илм карда, забонҳои арабй ва паҳлавиро аз бар менамояд. Дар санъат ва ҳунарҳои тирандозй, шамшерзанй, аептозй ва шатранҷбозй дарси маҳорат гирифт. Фирдавсй дар кӯдакй дар дил орзуи навиштани достонҳои қаҳрамониро мепарварид. У, ки соҳиби малакаву истеъдоди баланд буд, аз овони хурдсолӣ ба ҷамъоварии қиссаву ривоятҳо ва асотири халқи худ машғул шуд. Ҳамин тариқ, пас аз марги Дақиқии шоир боа мри Султон Маҳмуди Ғазнавй навиштани «Шоҳнома» ба Фирдавсй вогузор шуд

Абулқосим Фирдавсй барои эҷод намудани «Шоҳнома»-и безавол зиёда аз ей соли умри пурбаракати худро сарф намудааст:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

«Шоҳнома»-и Фирдавсй асари бузург буда, гояҳои асосии он ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ аст, ки он бо фикру андешаҳои пандуахлоқй оро дода шудааст. Достонҳои «Шоҳнома» ҳамчун асари таърихиву қаҳрамонй дорой 60 ҳазор байт буда, аз нигоҳи мавзӯъ ва мундариҷа дар таърихи адабиёти ҷаҳон беназир аст. «Шоҳнома» бо васфу ситоиши хирад, олами ҳастӣ, бо ситоиши пайғамбар ва васфи Султон Маҳмуд оғоз мешавад, ки таърихи шоҳони Эронро аз Каюмарс то Яздигурди III фаро мегирад. «Шоҳнома» асари калонҳаҷм буда, аз се қисм иборат мебошад. Қисми аввали достон қиссаҳои асотирй, паҳлавонй, таърихиро дар бар мегирад. Қисми дуюми достонҳои «Шоҳнома» аз пахлавонй ва корнамоиҳои Рустам ва ҳампешагони ӯ қиссаву ривоят мекунад, ки хеле ҷолиб аст. Қисми сеюми достон ҳодисаву воқеаҳои таърихиро дар бар мегирад, ки дар бораи урфу одат, расму оин ва таърихи шоҳони гузашта накд менамояд.

Фирдавсй дар «Шоҳнома»-и хеш ба ҳама мавзӯъҳо: некиву накӯкорй, лутфу тараҳхум, ғамхорй дар ҳаққи падару модар, донишу хирад, ватандӯстй, муҳофизати ватан ҳифзи марзу бум дахл намудааст. Абулқосим Фирдавсй дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ба сифати яке аз пайгамбарони шеъру адаб эътироф гардидааст. «Шоҳнома»-и ӯ бемуболиға яке аз намунаҳои беҳтарини достонҳои қаҳрамониву таърихй буда, таърихи миллати моро бо тамоми бурду бохташ инъикос менамояд.

Қайд кардан лозим аст, ки Абулқосим Фирдавсй ва достонҳои «Шоҳнома»-и ӯ дар таърихи адабиёти ҷаҳонй шӯҳрати бузург дорад. Фирдавсй дар достони худ ба беҳтарин хусусиятҳои неки инсонй, ба монанди некию накӯкорй, инсондӯстй, ватанпарастию ватандӯстй аҳамият дода, мавзӯи хирад ва хирадмандиро дар ҷойи аввал мегузорад, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо барои наели наврас аҳамияти тарбиявию аҳлоқй дорад: Хирадманд боьиу беозор боги, Ҳамеьиа забонро нигаҳдор боги.

Фирдавсй бо эҷод намудани асари безаволи «Шоҳнома» ба бақо мондани забони миллии мо саҳми босазое гузоштааст. Аз нигоҳи Фирдавсй некй кардан аз хислатҳои беҳтарини инсон ба шумор меравад.

Мо боварй дорем, ки достонҳои «Шоҳнома» ҳамчун асари таърихиву қаҳрамонй дар даврони муосири мо хизмати бузурге хоҳад кард.

ҚаблӣАкидахои маорифпарварии Ахмади Дониш (иншо)
БаъдӣКитоби Зарбулмасалу мақолҳои ҷаҳон – зарбулмасалхои точики