Андешаи ман оид ба ифтихори миллӣ

Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузӯрги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.

Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузашгони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накаши- даанд. Баръакс ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.

гимн, гимни точикистон, суруди милли, иншо,

Сафари шуарои дурандеши мо, мисли Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш далели андешаи болост. Онҳо аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.

Аз шоирони муосири тоҷик устод Мирзо Турсун- зода ин амали шоистаро идома дода, бо абёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо фарорасии фазоӣ мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо бо тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳадати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, робита бо мамлакатҳои пешрафтаи дунё ниёз дорад. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар меъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Қисмат кардани Тоҷикистон қисмат кардани модар аст. Дар ин маврид шоири шинохта Камол Насрулло гуфтааст:

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.

Модареро чун тавон қисмат намуд,

Пора-пора байни фарзандон?

Мо тоҷикон, ки яке аз рукнҳои тамаддуни ҷаҳон ҳастем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем. Агар мо, махсусан ҷавонон, ки ояндаи ҷумҳурӣ дар дасти мост ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошем, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем.

Ниёгони мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Хайём, Мавлонои Балх, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффурову Мирзо Турсунзода ва бисёр дигарон маҳз ҷавононро ба рафтору кирдори нек донистани таъриху маданияти худ ва пеш аз ҳама ба худшиносӣю ифтихорӣ миллӣ даъват намудаанд.

Ба андешаи ман мо бояд ҳисси баланди худши- носӣ ва ифтихори миллии тоҷикӣ дошта бошем, ба мисли ниёгонамон барои эҳё ва ободии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки тоҷик ҳастем, як замин, як забон, як Ватан дорем, ки он Тоҷикистон аст.


Калидвожаҳо: иншо дар мавзуи ифтихори милли, иншои озод, 

ҚаблӣАз дӯсти нодон душмани доно беҳтар аст
БаъдӣДушанбе – пойтахти Тоҷикистон (иншои озод)