Анварии Абеварди (зиндагинома)

Анварии Абевардӣ (охири асри ХI – 1187/88). Анвари Абеварди


Авхадуддини Али Анварии Абеварди
Авҳадуддини Алӣ Анварии Абевардӣ

Рӯзгори шоир

Шоири гумноме Анварии Абевардиро дар қасидасароӣ пайғамбар хондааст ва гуфтааст:

Дар назм се тан паямбаронанд
Ҳарчанд ки «лонабия баъдӣ».
Авсофу қасидаву ғазалро
Фирдавсию Анварию Саъдӣ

ва то имрӯз касе ин гуфтаро рад накардааст, зеро ҳақиқати таърихиро тасдиқ намудааст.

Анварӣ тахаллуси шоирии ӯ буда, номаш Авҳадуддини Алӣ бинни Муҳаммад бинни Исҳоқ мебошад. Ӯ тахминан дар охирҳои асри XI дар деҳаи Баднаи Абевард таваллуд шудааст. Аз хусуси он ки вай дар ҷавониаш илмҳои гуногуни замонааш, аз ҷумла мантиқ, мусиқӣ, ҳайат, илоҳиёт, риёзиёт, табииёт, нуҷум, ҳикматро омӯхта будааст, худаш маълумот додааст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мантиқу мусиқию ҳайат бидонам андаке,
Ростӣ, бояд бигӯям бонасибу вофирам.

В-аз илоҳӣ он чи тасдиқаш кунад ақли сареҳ,
Гар ту тасдиқаш кунӣ, бар шарҳу басташ моҳирам.

В-аз риёзӣ мушкиле чандам ба хилват ҳал шудаст,
В-андар он ҷуз воҳиб аз тавфиқи кас не ёвирам!

В-аз табиӣ рамз чанд арчанд бе ташвир нест,
Кашф донам кард, агар ҳосид набошад нозирам.

Нестам бегона аз аъмолу аҳкоми нуҷум,
Дар баёни ӯ бағоят устоду моҳирам.

Чун зи Луқмону Фалотун нестам кам дар ҳикам,
В-ар ҳаме бовар надорӣ, ранҷа шав, ман ҳозирам.

Анварӣ аз рӯзгори ҷавонӣ, ҳангоме ки дар мадраса таҳсил мекардааст, шеър мегуфтааст ва ба шарофати дар гуфтани шеър маҳорат доштанаш ба дарбори султон Санҷари Салҷуқӣ роҳ ёфтааст ва чанд солеро дар он ҷо гузаронидааст. Аз шикоятҳои ҷонгудози шоир дар шеърҳояш, аз он ҷумла дар қасидаҳояш бармеояд, ки зиндагии ӯ дар дарбори султонони давр низ ором ва осуда набудааст. Ба гуфтаи вай дар зимистон либоси пӯшиданӣ, шаб баъзан равғани чароғ, барои навиштан коғаз надоштааст.

Як шабе, ин ҳама шаб дар ғами андешаи он,
К-аз куҷо в-аз кию чун касб кунам панҷ дирам.

Сабаби дар нодорӣ ва қашшоқӣ умр ба сар бурдани Анварӣ, ҳатто дар дарбор, ба шахсияти шоир ва забони тезу тунд доштани ӯ ва бо суханҳои нешдору қабеҳ ҳаҷв гуфтанаш вобастагӣ дорад. Бо истифода аз ин ҳасудонаш муваффақ шудаанд, ки дар назди султонон ӯро бадном кунанд ва ба ин восита лутфу марҳамати онҳоро ба ӯ камтар намоянд. Анварӣ гуфта:

Ҳар балое, ки з-осмон ояд,
Гарчи бар дигаре қазо бошад,
Ба замин норасида мегӯяд:
«Хонаи Анварӣ куҷо бошад?»

Анварӣ тахминан дар байни солҳои 1187 –1188 вафот кардааст.

ҚаблӣТазмин (дар адабиёт)
БаъдӣМероси шоир Анварии Абеварди