Асос ва бандак (грамматикаи забони точики)

Ҳиссаи пеш аз бандак омадаи калимаро асос меноманд: китоб-ам, хона-и ман, хонда-ам, омада-аст. Реша, пасванду пешванд асоси калимаро ташкил медиҳанд. Асосҳо сода (гули сурх), сохта (гулдони ман, ҳамкорам), мураккаб (гулдастаи зебо) мешаванд. Асосро бо аломати ишора мекунанд.


Машқи 1. Ҷумлаҳои зерро хонда, асос ва решаи калимаҳоро ҷудо кунед ва фарқи асосу решаро гӯед.

1.Номи аслии ин одам Қорӣ Исмат аст. Аммо баъзеҳо “Қорӣ Исмати Ишкам”, баъзеҳо “Қорӣ Исмати Ишкамба” ва баъзе дигарон кӯтоҳ карда Қорӣ Ишкамба” гуфтан мегиранд. (С.Айнӣ) 2.…Дилгирии аз ин дарсҳо пайдошударо бо шеърхонӣ бартараф мекардам. (С.Айнӣ) 3. Агар мо дар вақти омада мондани фалокат тарсем ё бетадбирӣ кунем, ҳамаамон ба асирӣ меафтем. (С.Айнӣ)


Бандакҳо чор хел мешаванд: бандаки изофӣ, бандакҷонишинҳо, бандакҳои феълӣ ва бандакҳои хабарӣ.


Машқи 2. Матнро нависед. Дар калимаҳои ишоратшуда асос ва бандакро бо аломат ишора кунед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Асос Бандак Намуна: дониши хуб, ба бародар  ам 

Ҳар гоҳ аз Сари ҷӯй баромада ба пайи ин кӯҳпора расед, дар рӯ ба рӯятон монанди “оббурда” як шикофе мебарояд. Дар аввали дидан шумо гумон мекунед, оби борон бо мурури замон аз қуллаи   кӯҳ ба поён шорида, рафта – рафта дили сангро чок карда ин ҷоро кофтааст. Ҳамин ки аз рахна дарунтар меравед, фиреб хӯрдани худатонро мефаҳмед ва мебинед, ки шикоф оббурда набуда, роҳи танги печ дар пече будааст. Гӯё устокорони ҳарбӣ барои пинҳон доштани вай аз чашми душман дар қалъаи ҷангие ин роҳро сохтаанд. Ин роҳи пурпечу хам чунон торик аст гӯё аз бағали кӯҳ нақб зада бошад. (С.Айнӣ)

ҚаблӣПешванд (префикс) (грамматикаи забони точики)
БаъдӣБандаки изофӣ