Асосхои муносибатхои байналхалкии асъор

Асосҳои муносибатҳои байналхалқии асъор, Асосхои муносибатхои байналхалкии асъор, Шарту шароити хариду фуруши асъор, Танзим ва тартиби анчомдихии амалиёти асъор, Хисоби асъори ва тартиби ифтитохи он реферат, кори курси мавзу


МАВЗУЪ. АСОСҲОИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АСЪОР

 Моҳият ва таснифи амалиёти асъор

  1. Танзим ва тартиби анҷомдиҳии амалиёти асъор
  2. Ҳисоби асъорӣ ва тартиби ифтитоҳи он

1. МОҲИЯТ ВА ТАСНИФИ АМАЛИЁТИ АСЪОР

Гузариш ба иқтисоди бозорӣ барои ҳама шахсони ба фаъолияти хоҷагӣ машғулбуда имконият ва шароити мусоиди ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ машғул шуданро фароҳам овард.

Шикасти инҳисори (монополияи) давлатии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, бевосита ба бозорҳои байналхалқии мол (кор, хизматрасонӣ), қарзӣ ва асъорӣ баромадани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, зарурати ташкили фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, танзим ва таъмини асъорию молиявии онро ба миён меорад. Мазмуну моҳияти ин фаъолият дар амалиёти воридот ва содироти мол (кор ва хизматрасонӣ), хариду фурӯши асъори хориҷӣ ва қарзҳои асъорӣ барои таъмини молиявии ин амалиёт, пардохтҳои байналхалқии пулӣ барои ин амалиёт ифода меёбад.

Фаъолияти иқтисоди хориҷӣ бо анҷомдиҳии амалиёти асъор зич алоқаманд аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Амалиёти асъор – гузариши ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқҳои дигар ба сарватҳои асъорӣ, ҳамчунин амалиёти пардохтӣ, ки ба сифати воситаи пардохт асъори хориҷӣ ё худ ҳуҷҷатҳои пардохтии бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаро истифода мебаранд; амалиёти аз хориҷи ҷумҳурӣ ворид ва интиқол намудан ва ба хориҷи ҷумҳурӣ содир ва интиқол додани сарватҳои асъорӣ, инчунин амалиёти анҷомдиҳии пардохтҳои пулии байналхалқӣ мебошад.

Ба сарватҳои асъорӣ инҳо дохил мешаванд:

а) асъори хориҷӣ;

б) коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ ифодаёфта, ҳуҷҷатҳои пардохт (чек, вексел, аккредитив), дороиҳои гуногуни фондӣ (саҳмия, вомбарг) ва дигар ӯҳдадориҳои қарзии бо асъори хориҷӣ ифодаёфта;

в) филизоти қиматбаҳо: тилло, нуқра, платина ва филизоти дигар (палладий, иридий, радий, рутений ва осмий) дар ҳама гуна ҳолат ва шакл, ба ғайр аз маснуоти заргарӣ аз онҳо ва шикастапораи онҳо;

г) сангҳои табии қиматбаҳо: алмос, ёқут, лаъл, марворид ва ғайра, ба ғайр аз маснуоти заргарӣ аз ин сангҳо ва шикастапораи онҳо.

Аз рӯи мазмун ва моҳияташон амалиёти асъорӣ бо амалиёти асъории ҷорӣ ва амалиёти асъории ба гардиши сармоя вобаста, ҷудо мешаванд.

Амалиёти асъории ҷорӣ чунин амалиётро дар бар мегирад:

1) интиқоли асъори хориҷӣ ба хориҷи кишвар ва баръакс, баҳри ҳисоббаробаркунӣ пардохти содироту воридоти мол, кор ва хизматрасониҳо, бидуни ба таъхир андохтани мӯҳлати иҷрои онҳо, инчунин маблағгузории амалиёти содироту воридот ба мӯҳлати на бештар аз 6 моҳ;

2) гирифтан ва додани қарзҳои молиявӣ ба мӯҳлати то 6 моҳ;

3) ба хориҷи кишвар ва аз хориҷи он интиқол намудани маблағи фоизҳо,  дивиденд ва дигар даромад аз амонатҳо, сармоягузориҳо, қарзҳо ва амалиёти дигари ба гардиши сармоя вобастабуда.

Амалиёти асъории ба гардиши сармоя вобаста инҳоянд;

а) сармоягузории мустақим ё худ саҳмгузорӣ дар ташкил додани сармояи оинномавӣ бо мақсади гирифтани фоида ва ба даст овардани ҳуқуқи иштирок дар идораи корхона;

б) сармоягузориҳои портфелӣ ё худ хариди коғазҳои қиматнок;

в) интиқол ва пардохтҳо бо мақсади соҳиб шудан ба ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои амволи беҳаракат (ғайриманқул);

г) додан ё гирифтани ҳуқуқи ба таъхир андохтани пардохтҳои содирот ва воридоти мол, кор ва хизматрасониҳо ба мӯҳлати зиёда аз 6 моҳ;

д) гирифтан ва додани қарзҳои молиявӣ ба мӯҳлати зиёда аз 6 моҳ;

е) тамоми амалиёти дигари ба амалиёти асъории ҷорӣ тааллуқдошта.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” гузаронидани амалиёти асъории ҷориро бе ягон маҳдудият барои резидент ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Амалиёти асъории вобаста ба гардиши сармоя бошад, ба тартиби аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайяншуда, гузаронида мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон тартиби иҷозати гузаронидани ин амалиётро муайян намудааст, яъне барои анҷоми ин гуна амалиёт ба резидентҳо гирифтани иҷозатномаи махсус зарур аст.


2. ТАНЗИМ ВА ТАРТИБИ АНҶОМДИҲИИ АМАЛИЁТИ АСЪОР

Хусусиятҳои хоси анҷомдиҳии амалиёти асъор ва мавқеи махсуси онҳо дар низоми муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ зарурати танзими алоҳидаи давлатии онҳоро ба миён меорад.

Аз ин рӯ, давлат дар симои Бонкҳои миллӣ (марказӣ) тартибу қоидаи танзиму назорати амалиёти асъориро муайян ва амалӣ мегардонад.

Асосҳои ҳуқуқии танзими асъор ва назорати асъор дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” муайян карда шудаанд.

Дар моддаи 36-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Бонки миллии Тоҷикистон чун мақоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор таъин гардида, иҷрои вазифаҳои ӯро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва қонунҳои дигари ҷумҳурӣ таъмин менамоянд.

Ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзими асъор, ки мазмун ва моҳияти онро ифода менамояд, инҳо дохил мешаванд:

– баровардани санадҳои меъёрӣ оид ба танзими муомилоти асъор, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ ва мақомоти давлатӣ сурат мегирад;

  • додан ва бозхонди иҷозатномаҳо, назорат ва танзими фаъолияти муассисаҳое, ки бо мубодилаи асъор машғуланд (аз ҷумла бонкҳо);
  • муайян кардани меъёрҳои муомилоти асъорӣ барои муассисаҳое, ки бо мубодилаи асъор машғуланд (аз ҷумла бонкҳо);
  • муайян кардани тарзи муқаррарсозии қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори дигар.

Дар банди 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми асосии танзимкунандаи асъор дар ҷумҳурӣ эълон гардидааст.

Бо назардошти ин, Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ин Қонун барои танзими асъор ва амалиёти асъорӣ корҳои зеринро анҷом медиҳад:

– соҳаи истифода ва тартиби муомилоти асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаро дар қаламрави ҷумҳурӣ муайян намуда, санадҳои меъёрие нашр менамояд, ки иҷрои онҳо барои тамоми резидент ва ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист;

– амалиёти асъориеро, ки номгӯӣ онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” оварда шудааст, гузаронида, тартиби аз тарафи резидент ва ғайрирезидентҳо анҷом додани амалиёт ба асъори хориҷӣ ва бо коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаро муайян менамояд;

  • тартиби аз тарафи ғайрирезидентҳо анҷом додани амалиёт бо асъори миллӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори миллӣ ифодаёфтаро муайян ва қоидаи ҳатман ба ҷумҳурӣ интиқол, ворид ва фиристондани асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаи ба резидентҳо тааллуқдошта ва ҳолату шартҳои дар бонкҳои хориҷӣ аз тарафи резидентҳо кушодани суратҳисобҳо бо асъори хориҷиро муқаррар менамояд;
  • қоидаҳои умумии ба бонк, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ додани иҷозатнома (литсензия) оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷиро муайян мекунад ва бо тартиби муқарраргашта ба онҳо иҷозатнома (литсензия) медиҳад;
  • шаклҳои ягонаи ҳисобу китоби муҳосибавӣ, ҳисоботдиҳӣ ва ҳисоботи омории амалиёти асъориро муқаррар намуда, тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди онҳоро муайян месозад;
  • омор ва тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ тайёр ва нашр менамояд;
  • бо мақсадҳои ҳисоббаробаркунӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба асъори миллӣ дар асоси қурбҳои бозорӣ муайян ва нашр менамояд;
  • тартиби аз тарафи ғайрирезидентҳо харидан ва истифода бурдани асъори миллиро муайян намуда, қоидаҳо, тартиб ва мақсади аз бозори дохилӣ харидани асъори хориҷиро барои резидентҳо муқаррар мекунад;
  • тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ ба воситаи бонкҳои ваколатдор ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудаанд, муайян ва тартибу шароити фаъолияти биржаи асъорро муқаррар менамояд;
  • тартиби кушодан ва шароити пеш бурдани ҳисобҳои асъории резидент ва ғайрирезидентҳоро муайян ва тартиби анҷомдиҳии амалиёти асъории вобаста бо гардиши сармояро барои резидентҳо муқаррар менамояд;
  • тартиби кушодан ва шароити пешбурди ҳисобҳои бо асъори миллӣ кушодаи ғайрирезидентҳоро муайян намуда, қоидаю шароити хариду фурӯши асъори хориҷиро дар ҷумҳурӣ барои ғайрирезидентҳо таъин менамояд.

Дар асоси ин талаботи Қонун Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ ва низомномаҳои танзими асъор ва назорати асъорро таҳия ва қабул менамояд.

Дар онҳо тартиб, шарту шароит ва қоидаҳои анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ, ҳуқуқу вазифаҳо, ӯҳдадориҳои резидент ва ғайрирезидентҳо, аз ҷумла бонкҳои ваколатдор муайян карда мешаванд. Ба ғайр аз ин бо мақсадҳои танзими асъор Бонки миллии Тоҷикистон амалияи маҳдудиятҳои асъорӣ ва тадохули (интервенсияи) асъориро истифода менамояд.

Хусусиятҳои хоси амалиёти асъор тартиби махсуси содир намудани онҳоро талаб менамояд. Ин тартиб барои амалиёти асъории вобаста ба гардиши сармоя барои резидент ва ғайрирезидентҳо гуногун аст. Шароити анҷомдиҳии ин амалиёт дар дохил ва хориҷи мамлакат аз якдигар фарқ мекунад.

Пеш аз ҳама қонунгузории асъор воситаи бемаҳдудияти ҳисобу китоби байни резидентҳо будани асъори миллиро муқаррар намуда, танҳо бо воситаи бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии дигари ваколатдор анҷом додани амалиёти асъориро талаб мекунад.

Истифодаи асъори хориҷӣ дар ҳисобу китоби байни резидентҳо маҳдуд мебошад ва номгӯӣ ҳолатҳои ҷой доштани он аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар ҳолатҳои зерин истифодаи асъори хориҷӣ дар ҳисоббаробаркунии байни резидентҳо имконпазир аст:

  • агар резидент-гирандаи пардохт иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи дар дохили ҷумҳурӣ бо асъори хориҷӣ фурӯхтани молро дошта бошад, дар ин ҳолат ҳам резидент-харидор ҳуқуқи бо хоҳиши худ бо асъори хориҷӣ ё бо пули миллӣ пардохт намудани арзиши молро дорад;
  • агар резидент-гирандаи пардохт мувофиқи қарордод супориши резидентҳоро оид ба миёнаравӣ дар харид ё фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ) аз ғайрирезидентҳо иҷро намояд, пардохт аз ҳисоби ҷории асъории миёнарав-резидент амалӣ гашта, ҳаққи хизмати ӯ ба арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) дохил намешавад. Ин маблағ даромади асъории резидент-миёнрав буда, дар ҳисоби ҷориаш нигоҳ дошта мешавад;

3) ҳангоми пардохти хароҷоти ҳамлу нақл, бима (суғурта) ва ҷобаҷо намудани мол, инчунин хароҷоти хизматрасонии бонкҳо, дар ҳолати амалӣ гардонидани амалиёти содироту воридот, агар ин хароҷот бо асъори хориҷӣ пардохта шуда ба арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) дохил шаванд, дар ин ҳолат пардохт аз (ба) ҳисоби ҷории резидент-миёнарав гузаронида мешавад;

4) ҳангоми хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор тавассути бонкҳои ваколатдор, нуқтаҳои мубодилаи асъор ва биржаҳои асъорӣ;

5) ҳангоми пардохти андоз аз фурӯш ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки қонунгузории ҷумҳурӣ муқаррар намудааст;

6) ҳангоми гирифтану баргардонидани қарзҳо бо асъори хориҷӣ ва фоизи онҳо аз бонкҳои ваколатдор ва Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар тамоми ҳолатҳои дигар истифодаи асъори хориҷӣ дар ҳисоббаробарӣ байни резидентҳо бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ҳамаи амалиёти асъории резидентҳо-шахсони ҳуқуқӣ танҳо бо воситаи ҳисобҳои асъории онҳо дар бонкҳои ваколатдор сурат мегирад. Тамоми маблағҳои асъории резидентҳо-шахсони ҳуқуқӣ бояд ҳатман ба ҳисоби асъорияшон дохил шавад.

Ин маблағҳо барои интиқол ва пардохтҳои ба амалиёти ҷорӣ вобастабуда, дар шакли ғайринақдӣ бе ягон маҳдудият истифода мешаванд, нақдина бошад танҳо барои хароҷоти сафарҳои хизматӣ метавонад истифода гардад.

Чунин тартиб барои ғайрирезидентҳо низ муқаррар гаштааст.

Маблағҳои асъории аз хориҷи ҷумҳурӣ ба номи резидент (ғайрирезидентҳо) ба таври ғайринақдӣ интиқолшаванда, бе ягон маҳдудият ба ҳисобҳои асъории онҳо дохил карда мешавад.

Ба ҳисоби асъории резидент (ғайрирезидент) – шахси ҳуқуқи дохил намудани асъори хориҷии нақд дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:

а) агар резидент (ғайрирезидент) ҳуқуқи дар дохили ҷумҳурӣ бо асъори хориҷӣ фурӯхтани мол, иҷрои кор ва хизматрасониро дошта бошад. Ин ҳуқуқро ба ӯ Бонки миллии Тоҷикистон бо иҷозатномаи махсус метавонад бидиҳад;

б) агар  маблағи  нақдинаи  ба  ҳисоби  асъорӣ супоридашаванда мутаносиб ба 500 доллари ИМА бошад;

в) агар маблағи нақдина аз 500 доллари ИМА зиёд бошад, он гоҳ ҳуҷҷати манбаи ин маблағ ва қонуни будани ин нақдинаро тасдиқкунанда пешниҳод мешавад.

Ин ҳуҷҷатҳо: изҳорномаи (декларатсияи) гумрукии воридоти нақдина, маълумотномаи тасдиқкунандаи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ (маълумотномаи ф. № 377) ва ғайра мебошанд;

г) агар ғайрирезидент – харидор тавассути ба ҳисоби асъории резидент-фурӯшанда супоридани асъори нақди хориҷӣ арзиши моли содиротиро пардохт намояд, ғайрирезидент дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаи маблағ ва қонунӣ будани нақдинаро, ки дар боло номбар карда шудаанд, пешниҳод менамояд.

Дар тамоми дигар ҳолатҳо ба ҳисоби асъории ҷорӣ ворид намудани асъори нақди хориҷӣ бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.


3. ҲИСОБИ АСЪОРӢ ВА ТАРТИБИ ИФТИТОҲИ ОН

Резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ҳуқуқ доранд дар бонкҳои ваколатдор ҳисоби асъорӣ кушоянд ва пасандоз дошта бошанд. Тартиби кушодан ва пеш бурдани ин гуна ҳисобҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дастуруламал “Дар бораи тартиби аз тарафи бонкҳои ваколатдор кушодан ва пеш бурдани ҳисобҳои асъории шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии резидент ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 16 сентябри соли 1997 бо протоколи № 51 тасдиқ намудааст) қоидаҳо ва тартиби аз тарафи бонкҳои ваколатдор кушодан ва пеш бурдани ҳисобҳои ҷорӣ ва дигар ҳисобҳои асъории шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии резидент ва ғайрирезидентҳои ҷумҳуриро муайян намудааст.

Ҳисобҳои ҷории асъорӣ барои ба қайд гирифтани тамоми маблағҳои асъории ба манфиати муштарӣ воридшаванда, новобаста аз хусусият, манбаи пайдоиш ва таъиноти онҳо, инчунин барои амали гардонидани ҳама гуна пардохтҳои ӯ таъин шудаанд.

Ҳисобҳои ҷории асъорӣ аз тарафи бонкҳои ваколатдор барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда) якҷоя бо ҳисобҳои сомонии онҳо кушода мешаванд. Агар бонке, ки ҳисоби сомонии онҳоро мебарад ҳуқуқи анҷом додани амалиёти асъорӣ надошта бошад, он гоҳ бо розигии ин бонк ҳисоби асъории ҷорӣ дар яке аз бонкҳои ваколатдор кушода мешавад.

Бонкҳои ваколатдор ҳисобҳои асъории ҷориро барои: иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо; корхонаҳои хурд, ширкатҳо, кооперативҳо ва иттифоқу ҷамъиятҳои онҳо; корхонаҳои муштарак; ташкилотҳои ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғулбуда; мақомоти идораи давлатӣ (вазоратҳо, идораҳо, хукуматҳо, ва сохторҳои ҳисоби хоҷагии онҳо); ширкатҳо ва корхонаҳои хориҷӣ, бахш ва намояндагиҳои онҳо; ташкилотҳои байналхалқӣ, бахшу намояндагиҳои онҳо, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд; шахсони дигари ҳуқуқӣ-резидент ва ғайрирезидентҳо; шахсони воқеӣ, резидент ва ғайрирезидентҳо метавонанд ифтитоҳ намоянд.

Барои кушодани ҳисоби асъории ҷорӣ шахсони ҳуқуқӣ (резидент ва ғайрирезидентҳо) бояд ба бонки ваколатдор ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • ариза дар шакле, ки бонки ваколатдор муайян кардааст;
  • ҳуҷҷатҳои ташкилӣ ва бақайдгирӣ, ки аз тарафи нотариус тасдиқ карда шудаанд (барои ғайрирезидентҳо онҳо бояд ба таври муқарраргашта расмӣ гардонида шуда бошанд), навиштаҷот аз номгӯӣ савдо, барои бонк – иҷозатнома (литсензия) оид ба ҳуқуқи анҷоми амалиёти бонкӣ ва асъор. Ғайрирезидентҳо бо таври илова нусхаи иҷозатномаи бонкҳои марказӣ (миллӣ) ё худ мақоми (шахси) босалоҳияти дигари давлати хориҷиро барои кушодани ҳисоб, ҳуҷҷатҳои мувофиқаи макони ҷойгиршавии намояндагии бахш бо мақомоти маҳаллии ҳокимиятро пешниҳод менамоянд;
  • нусхаи иҷозатнома барои кушодани намояндагӣ, навиштаҷот аз рӯйхати номнависии намояндагиҳои корхонаҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • тасдиқномаи мақомоти андоз оид ба қайд гирифта шудани шахси ҳуқуқӣ дар мақоми андоз;
  • 2 варака бо намунаи имзои роҳбарон ва муҳри корхона ё ташкилот, ки аз тарафи нотариус ё мақомоти болоии онҳо тасдиқ шудааст;
  • тасдиқи хаттии он, ки шахси ҳуқуқӣ дар бонкҳои дигар ҳисоби асъорӣ надорад, ки бо имзои роҳбарони ҳуқуқи имзои якум ва дуввумдошта ва муҳр тасдиқ шудааст.

Кушода шудани ҳисоби асъорӣ бо амри бонки ваколатдор, ба расмият дароварда мешавад. Як нусхаи амрнома ба соҳиби ҳисоб баргардонида мешавад.

Ҳисобҳои асъории шахсони ҳуқуқӣ – резидент ва ғайрирезидентҳо дар ҳолатҳои зерин баста мешаванд:

  • бо аризаи соҳиби ҳисоб;
  • дар ҳолати ба охир расидани мӯҳлати фаъолияти ғайрирезидент, ки он дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст;
  • бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми вайрон намудани қонунгузории асъорӣ, ё худ гузаронидани амалиётҳо бо ин ҳисоб муваққатан манъ карда мешавад;
  • дар ҳолати дар давоми як сол мавҷуд набудани гардиши воситаҳои пулӣ ва бақияи маблағ дар ин ҳисоб. Дар ин сурат бонки ваколатдор вазифадор аст аз ин ҳолат як моҳ қабл соҳиби ҳисобро хабардор намояд.

Барои кушодани ҳисобҳои асъорӣ ва анҷомдиҳии амалиёт бо онҳо, бонкҳои ваколатдор мувофиқи нархномаҳои хизматрасониашон ҳаққи хизмат мегиранд.

Бонкҳои ваколатдор вазифадоранд ба мақомоти андоз дар мӯҳлати 5 рӯз оид ба кушодани ҳисоби асъорӣ хабар диҳанд.

Тартиби зерини пешбурди ҳисобҳои асъории шахсони ҳуқуқӣ (резидент ва ғайрирезидентҳо) муайян карда шудааст.

Ба ҳисоби асъории шахсони ҳуқуқӣ дохил шудани маблағҳои зерин мумкин аст:

  • маблағҳои асъорӣ аз фаъолияти расмии иқтисоди хориҷӣ, аз фурӯши молҳо, кор ва хизматрасонӣ дар дохили ҷумҳурӣ бо асъори хориҷӣ, ки тавассути иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад ва дигар маблағҳое, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои дар назди соҳиби ҳисоб дошта, ворид шудаанд, пардохти ҳисса ба сармояи оинномавӣ, воридоти дигар аз фаъолияти сармоягузорӣ, фоизҳои додаи бонк;
  • қарзҳои асъорие, ки аз бонкҳои ваколатдор, инчунин аз дигар резидент (ғайрирезидентҳо), дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон гирифта шудаанд;
  • асъоре, ки ба воситаи бонкҳои ваколатдор ва дигар мақомоти ваколатдор аз бозори дохилии асъори ҷумхурӣ бо сомонӣ харидорӣ шудааст;
  • маблағи аз ҳисобҳои асъории ҳукумат (буҷет)  интиқолшуда;
  • маблағи хазинаҳои хайрия;
  • маблағҳои аз хориҷи кишвар интиқолшуда;
  • дигар маблағҳое, ки бо роҳи қонунӣ ба даст омада, манбаи пайдоиши расмӣ доранд.

Шахсони ҳуқуқӣ баъди гирифтани маълумоти бонк оиди ба ҳисоб ворид шудани маблағҳои асъории худ, бояд дар мӯҳлати то 10 рӯз ба бонки хизматрасон супоришномаҳои пардохтӣ диҳанд. Ин пардохтҳо дар навбати аввал ба ин самтҳо истифода мегарданд:

  • барои иҷрои ӯҳдадориҳои ӯ дар назди буҷет мувофиқи қоидаҳои амалкунанда;
  • барои пӯшонидани қарзҳо аз рӯи қарзҳои бонкӣ, фоизҳои ҳисобшуда, вале напардохтаи ин қарзҳо, дигар ӯҳдадориҳои кафолатӣ ва бонкӣ;
  • барои пардохти ҳаққи хизмати миёнаравии корхона, ташкилот ва идораҳои ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ машғулбуда;
  • барои пардохти хароҷоти корхонаҳои нақлиётӣ, бима (суғурта), корхонаҳои алоқа, хизмати бонкҳо;
  • аз ҳисоби ғайрирезидентҳо – барои хариди мол ва хизматрасонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, пардохти ӯҳдадориҳои дар назди резидент ва ғайрирезидент мавҷудбуда, пасандоз ва сармоягузорӣ кардан, дигар пардохт ва интиқолҳо.

Баъди ин пардохтҳо боқимондаи маблағҳо ҳамчун воситаҳои худии шахсони ҳуқуқӣ дар чорчӯбаи қонунгузории ҷории асъорӣ, бо назардопгги худи онҳо сарф карда мешавад.

Маблағҳои асъории ғайрирезидентҳо аз ҳисобҳои асъории онҳо дар бонкҳои ваколатдор озодона ба хориҷи мамлакат гузаронида ва ё дар бозори дохилии асъор бо тартиби муқарраршуда фурӯхта мешаванд.

Бонкҳои ваколатдор инчунин барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимият дар маҳалҳо ҳисобҳои асъории мақсаднок кушода метавонанд. Ба ин ҳисобҳо маблағҳое, ки барои ҳифзи муҳити зист, барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ, маблағҳои хайрия, рафъи оқибати офатҳои табиӣ равона шудаанд, дохил мешаванд. Манбаи ин маблағҳо пардохти корхонаю идораҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрвандони алоҳида, инчунин аз хориҷи мамлакат шуда метавонад. Ин маблағҳо ба мақсадҳои дар аризаи кушодани ҳисоби асъорӣ овардашуда харҷ мегарданд.

Ҳисобҳои асъории мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо бо мақсади ворид намудани маблағҳое, ки мувофиқи меъёрҳои муайяншудаи корхона, идора ва дигар сохторҳои фаъолияти иқтисоди хориҷии дар ин маҳал воқеъбуда, ҷудо менамоянд, кушода мешаванд.

Ин ҳисобҳо бо муроҷиати ташкилотҳо барои ворид намудани ҳиссаҳои меъёрии муайяншуда ифтитоҳ мегарданд.

Шахсони воқеӣ-резидент ва ғайрирезидентҳо метавонанд дар бонкҳои ваколатдор ба номи худашон ҳисобҳои ҷорӣ ва амонати бо асъори хориҷие, ки қабул ва гардиши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ аз тарафи Бонки миллӣ иҷозат дода шудааст, кушоянд.

Барои кушодани ин ҳисобҳо муштариён ба бонки ваколатдор ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  • ариза дар шакле, ки бонки ваколатдор муқаррар кардааст;
  • 2 варақа бо нусхаи имзои шахсӣ;
  • тасдиқномаи мақомоти андоз оиди ба қайд гирифтани шахси воқеӣ (резидент, ғайрирезидент) агар ӯ ба фаъолияти соҳибкорӣ (бе ташкил намудани шахси ҳуқуқӣ) машғул бошад.

Ҳуҷҷатҳо бо шиноснома ё ҳуҷҷати дигари ивазкунандаи он тасдиқ карда мешаванд.

Ба ҳисоби ҷорӣ ва амонатии шахси воқеӣ, асъори хориҷӣ аз манбаҳои зерин дохил шуда метавонад:

  • асъори бо риояи қоидаҳои гумрукӣ аз хориҷи мамлакат воридшуда;
  • аз ҳисобҳои асъории шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо супориши онҳо гузаронидашуда, аз ҷумла аз хориҷи кишвар;
  • аз ҳамин ҳисоби асъории пештар кушодашуда;
  • маблағҳои бо воситаи васиятнома гирифташуда;
  • маблағи мерос;
  • дигар маблағҳои асъорӣ, ки пайдоишашон расмӣ мебошад.

Маблағҳои асъории дар ҳисобҳои ҷорӣ ва амонатии шахсони воқеӣ нигоҳдошташаванда, аз тарафи онҳо дар чорчӯбаи санадҳои меъёрӣ ва қонунгузории танзими асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.

Асъори хориҷии дар ҳисобҳо мавҷудбуда бо супориши соҳиби ҳисоб метавонад:

  • ба хориҷи кишвар гузаронида шавад;
  • ба ҳисоби дигар шахсони ҳуқуқию воқеӣ гузаронида шавад;
  • бо асъори нақди хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои ба асъори хориҷӣ ифодаёфта ба соҳибаш баргардонида шавад. Дар ин ҳолат ба муштарӣ маълумотномаи тасдиқкунандаи анҷомдиҳии амалиёти мубодилаи асъор (маълумотномаи
    ф.№ 377) дода мешавад.

Ба бақияи маблағҳо дар ҳисобҳои асъории шахсони воқеӣ фоизи муайян, ки ҳаҷми онро бонки ваколатдор муайян кардааст, дода мешавад.

Ҳисоби ҷорӣ ва амонатии шахси воқеӣ дар мавридҳои зерин баста мешавад:

  • бо аризаи соҳиби ҳисоб;
  • ҳангоми дар давоми 1 сол навиштаҳо ва бақия надоштани ҳисоб. Дар ин ҳолат бонк бояд як моҳ қабл соҳиби ҳисобро хабардор намояд;
  • ҳангоми вайрон кардани қонунгузории ҷории асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди мақомоти назорати асъор.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ-резидентҳо метавонанд дар бонкҳои хориҷӣ ҳисобҳои асъорӣ кушоянд.

Тартиби кушодани ин гуна ҳисобҳоро Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.

Барои кушодани ҳисобҳо дар бонкҳои хориҷӣ резидентҳо бояд иҷозати Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд. Баъди кушодани ин ҳисоб резидент онро бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон аз қайд гузаронад ва ҳар моҳ дар бораи бақия ва ҳаракати маблағҳои асъории аз ин ҳисоб гузаранда ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи пурра диҳад.

Шарту шароити хариду фурӯши асъор. Асосҳои ҳуқуқии хариду фурӯши асъор дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” муайян карда шудааст.

Хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ва беруни асъорӣ сурат мегирад. Бозори дохилӣ бонкҳои ваколатдори бевосита бо муомилоти асъорию мубодила машғулбуда ва нуқтаҳои мубодилаи асъори онҳо, нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ва биржаҳои асъорро доранд, дарбар мегирад.

Хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мустақиман ба воситаи мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад.

Ба хариду фурӯши асъор, асосан бонкҳои ваколатдор машғуланд. Бонке, ки иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷиро дорад, бонки ваколатдор номида мешавад.

Бонкҳои ваколатдор бевосита байни худашон, бо муштариён-шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, дар биржаҳои асъорӣ, бо Бонки миллии Тоҷикистон, бо бонкҳои муросилотии (корреспондентии) хориҷӣ, ба воситаи нуқтаҳои мубодилаи асъори худ амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ва ғайринақдиро гузаронида метавонанд.

ҚаблӣМафхум ва мохияти андоз (реферат андоз)
БаъдӣБарҳам хӯрдани ИҶШС ва ташкил ёфтани ИДМ