Аттестатсияи муаллимон

Атестатсияи муалим, санчиши муалим.

Дар он кишварҳое, ки санҷиш (тестӣ) гузаронида мешавад, ҳалли масъалаи аттестатсияи педагогҳо нисбатан ба осонӣ мегузарад. Дар хориҷа санҷиши талабагон ва муаллимон мунтазам расму тартиби муқаррарӣ ва одатӣ, то ҷузъиёташ кор карда шудааст. Шубҳае нест, ки мо ҳам бо мурури замон ба чунин санҷиш мегузарем.

Дар хориҷа методикаи муайян кардани сатҳи кордонии педагогӣ хеле паҳн шудааст, муаллифони онҳо мутахассисони кишварҳои гуногун мебошанд. Ин методика мунтазам такомул меёбад. Нишондиҳандаҳои индекси касбии ҳисоббарор дар шакли формулаи зайл намоён мегардад:

Ин= Но-Нс/О

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

ки онҳо чунин маъноҳоро доранд: Ин – индекси касбӣ, Но – натиҷаи санҷише, ки дар марҳалаи охирини омӯзиш гузаронида мешавад, Нс – натиҷаи санҷише, ки дар давраи саршавии омӯзиш мегузарад, О – омӯзандагии талабаҳо. Пай бурдан душвор нест, ки ҳар қадаре фарқияти Но – Нс зиёд шавад, ҳиссаи муайянкунии педагог дар натиҷагирии охирин баланд мегардад. Нишондиҳандаи омӯзандагӣ (О) аз ҷониби тадқиқотчиён ба тарзи гуногун маънидод карда мешавад. Ҳар педагог хуб медонад, ки ин аз бисёр ҷиҳат ба шумораи талабаҳо вобаста аст. Ин хел ҳам мешавад, ки устои бомаҳорат дар синфи суст ба натиҷаҳои муайян ноил мегардад. Интихоби талабаҳои пурҳувват ҳамавақт ба ҳар гуна педагог кафолати пешравӣ медиҳад. Омӯзандагӣ нишондиҳандаи ҳамгирокунӣ, ки бо қисмҳояш қобилиятнокии хонандагон нисбати азхудкунии дониш, маҳорат, малакаҳои аниқро муайян мекунад, «нишондиҳандаи нисбии азхудкунӣ», «нишондиҳандаи муқовимати ботинии омӯзиш» ва баъзеи дигарҳоро муайян мекунад. Аз формула инҳо муайян мегарданд. Ҳар қадаре ки он баланд бошад, моҳияти он ҳамон ҳадар дар индекси касбӣ паст мешавад. Барои омӯзиш хонандагони пурқувват, маҳорати баланд дошта на ҳамавақт зарурият доранд. Аммо агар нишондиҳандаи омӯзандагӣ паст бошад, муаллим метавонад ба комёбии муайян ноил гардад, вай устоди муҳим унвон мегирад.

Дар қоидаҳои нави аттестатсияи муаллимони мо мисли пештара намунаи дузинагӣ гузошта шудааст. Нишондиҳандаи касбӣ тибқи ду қисм – собиқаи кории педагог ва ҳавасмандгардонӣ (мукофот) амалӣ мегардад.

Таъсири тадқиқоти тулонии кор дар муассисаҳои таълимӣ нисбат ба сатҳи касбӣ ҷавоб дода наметавонад, на аз ҷиҳати тобеият ва на аз нигоҳи муносибати байни ин омилҳо. Афзоиши касбӣ бештар дар аввали 5-8 соли меҳнати педагогӣ намоён мешавад, вале барои ҳамин ҳам нуфузи педагог дар ҳамин қисмат бештар ҳавасмандӣ зоҳир мекунад, сипас баландбардории маҳорати педагогӣ суст шудан мегирад ва дар охир ҳаёти муаллимӣ ба тамом ба охир мерасад. Дуруст аст, ки педагог ҳар қадар зиёд кор кунад, ҳамон қадар таҷриба ҳосил мекунад. Таҷриба дар натиҷаи ғуншавии фаъолияти педагогӣ ба вуҷуд меояд.

Ба ақидаи И.П.Подласый соли 1990 намунаи 6 – звеногии бештар ояндадори аттестатсияи педагогӣ пешниҳод шуд. Ба меъёри касби педагогӣ ба таври мутаносиб ин омилҳо комил шуданд:

  1. Сифати машғулиятҳои таълимӣ – 70% (В1) = 0,7)
  2. Фикри талабагон – 5% (В2 = 0,05)
  3. Фикри волидон – 5% (В3 = 0,05)
  4. Баҳои маъмурият – 5% (В4 = 0,05)
  5. Баҳои ҳамкасбон – 5% (В5 = 0,05)
  6. Худбаҳодиҳии педагог -10% (В6 = 0,1)

Дараҷаи ихтисос- 100% К=1,0.

Индекси ихтисос бо формула ба ҳисоб гирифта шудааст: Ик=В1Ф12Ф23Ф34Ф45Ф56Ф6, куҷое, ки Ф1 – Ф6 – омилҳои (қисмҳои) касби педагогӣ, B1 – B6 – вазн (мутаносуби) таъсири ҷудогонаи омилҳо.

Коркарди назарии ин намуна ба оддигиаш нигоҳ накарда аз намунаи пештара дида дар Русияи Федеративӣ натиҷаҳои эътимоднок дод.

Алалхусус, ин намунаи аттестатсионӣ қариб 80% эътимоднок аст. Дар айни замон ба он дигар омилҳоро ҳамроҳ карда 8 – ва 10 – звеногӣ сохтаанд, ки 8 – звеногӣ зиёда аз 80%, 10 – звеногӣ қариб 90% эътимод пайдо кардаанд. Намуди 8 – звеногиро дар нақшаи зайл меорем:

Муаллими мактаби муосир

ҚаблӣФактҳои ҷолиб аз ҳайвонот
БаъдӣШеър дар бораи зан