Аввалин экспедитсияи гирди олам ва кашфи материкҳои Австралия ва Антарктида

Баъди кашфи қитъаи Амрико маълум гардид, ки он аз шимол ба ҷануб тӯл кашидааст ва монеаест дар байни Аврупо ва Осиё. Баъд саволе ба миён омад, ки оё ин хушкиро давр зада, ба ғарб шино кардан мумкин аст ё не? Ин муамморо Фернан Магеллан ҳал кард. Ӯ соли 1519 бо панҷ киштӣ ба нахустин сафари гирди олам баромад. Киштиҳои ӯ уқёнуси Атлантикро гузашта, ба воситаи гулӯгоҳ Амрикои Ҷанубиро давр зада, ба уқёнуси Ором ворид гардиданд. Ҳоло ин гулӯгоҳ номи Магелланро дорад. Магелланро соли 1521 дар яке аз ҷазираҳои Филиппин ба қатл расониданд. Соли 1522 аз панҷ киштии он экспедитсия фақат як киштӣ ба Испания баргашт. Ин экспедитсия курашаклии Заминро тасдиқ кард. Бузургии сатҳи Замин, ягонагии Уқёнуси Олам ва аз об иборат будани қисми зиёди сатҳи Замин маълум гардид.

Кашфи материкҳои Австралия ва Антарктида

Дар харитаҳои олами асрҳои миёна дар ҷануби уқёнуси Ҳинд хушкие бо номи Замини Ҷанубӣ акс ёфта буд. Соли 1606 ба қисмҳои шимолии Австралия ҳоландӣ Вилям Янсон қадам гузошта, дертар ҳолландиҳо барои муайян кардани он экспедитсия ташкил карданд. Онро сайёҳ ва баҳрнаварди машҳур Абел Тасман сарварӣ мекард. Соли 1642 ӯ соҳилҳои шимолӣ ва шимоли ғарбии Австралияро тадқиқ намуда, дар самти ҷанубии он ҷазираеро кашф кард, ки онро баъдтар Тасмания ном гузоштанд. Экспедитсияи Тасман муайян кард, ки Австралия материки алоҳида буда, он қадар калон нест.

Кашфи Амрико ва роҳи баҳрӣ ба Ҳиндустон

Материки Антарктидаро русҳо кашф карданд. Соли 1819 ду киштӣ бо сарварии Ф. Ф. Беллинсгаузен ва М. П. Лазарев аз Петербург баромада, ба тарафи доираи Қутби ҷанубӣ шино карданд. Онҳо 16 январи соли 1820 ба соҳилҳои Антарктида наздик шуда, аз дур нишонаи наздик будани заминро мушоҳида карданд. Ин рӯзро олимон санаи кашфи Антарктида мешуморанд. Ҳамин тавр, тавассути саёҳатҳои бузурги географӣ материкҳо ва уқёнусҳои нав кашф карда шуданд. Дониши одамон оид ба Замин афзун гардид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тадқиқотҳои муосири географӣ. Қисмҳои калони рӯйи Замин –материкҳо ва уқёнусҳо тадқиқ карда шудаанд. Вале табиати дохили материкҳо, уқёнусҳо, қутбҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҳоло пурра омӯхта нашудаанд. Бинобар ин олимони география дар замони мо ҳам тадқиқотро дар ин самт идома медиҳанд. Аз ҷумла барои омӯхтани табиати қисмҳои алоҳидаи материкҳо ва уқёнусҳо экспедитсияҳо ва марказу нуқтаҳои мушоҳидакунии доимӣ ташкил кардаанд. Барои мушоҳида ва ҳисоб кардани маълумот аз асбобу мошинҳои ҳозиразамон истифода мебаранд. Натиҷаи тадқиқотҳои географиро дар харита, аз ҷумла харитаҳои электронӣ акс намуда, барои ташкил ва инкишофи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёт истифода мебаранд. Расмҳои аз кайҳон гирифтаро таҳлил ва аз натиҷаҳои он хулоса мебароранд. Масалан, дар Туркманистон барои ба иқлими биёбон мутобиқ кунонидани дарахтони мевадиҳанда ва ғайра таҷриба гузаронида мешавад. Натиҷаи онро мамлакатҳое, ки дар минтақаи биёбон ва баландкӯҳ ҷойгир шудаанд, истифода хоҳанд бурд.

Қатъи назар аз ин ҳоло ҳам дар табиати сатҳи Замин ва зери уқёнус сиру асрори зиёде ниҳон аст. Як қисми онҳо ба ҷангалзорҳои тропикӣ вобаста мебошад.

Дар ин ҷангалзорҳо ҳоло ҳам қабилаҳои одамон ва намудҳои набототу ҳайвоноте вуҷуд доранд, ки пурра омӯхта нашудаанд. Дар рӯйи Замин ва зери уқёнус миқдори зиёди ғорҳо мавҷуданд, ки ба онҳо пойи одам нарасидааст. Барои тадқиқ кардани қаъри уқёнус дар асри XX асбобу дастгоҳҳои махсус ихтироъ карда шуд. Ба воситаи онҳо на фақат объект ва ҳодисаҳои зери уқёнусро меомӯзанд, онҳоро инчунин барои гузаронидани қубурҳои нафт ва газистеҳсолкунии зериобӣ истифода мебаранд.

Як қисми тадқиқотҳое, ки дар сатҳи Замин гузаронида шудаанд ва минбаъд гузаронида мешаванд, бо кашфиёти коинот алоқаманд мебошанд. Ин буд, ки соли 1957 Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷаҳон аввалин асбоби тадқиқотиро ба коинот сар дод, ки фақат аз радиошунавонак иборат буд. Ин асбоб ба имконияти ниҳоят маҳдуди худ нигоҳ накарда, ба давраи тадқиқоти коинот асос гузошт. Радифҳои маснӯи Замин, ки бо мақсадҳои гуногун ба коинот бароварда шудаанд, ба лабораторияи илмӣ монанд мебошанд. Тавассути онҳо ҳодиса ва объектҳои сатҳи Замин, сарватҳои он тадқиқ карда мешаванд. Дар дохилу беруни онҳо таҷрибаҳои гуногун мегузаронанд, ки барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заруранд.


Саволҳо

  1. Экспедитсияи Магеллан кай ва бо кадом максад ташкил карда шуда буд?
  2. Экспедитсияи Магеллан чи натича дода буд?
  3. Материкхои Австралия ва Антарктидаро кихо кашф кардаанд?
  4. Омузиши коинот аз чи ибтидо ёфт?
  5. Омузиши коинот ба омузиши Замин чи вобастаги дорад?

Аввалин экспедитсияи гирди олам ва кашфи материкхои Австралия ва Антарктида, Кашфи материкхои Австралия ва Антарктида, Материки Антарктидаро ки кашф кардааст? Тадкикотхои муосири географи, кашфи материки Австралия, кашфи материки Антарктида, бо забони точики

ҚаблӣКашфи Амрико ва роҳи баҳрӣ ба Ҳиндустон
БаъдӣМусоҳиба бо забони англисӣ – What? – Чӣ?