Ғазале барои номат (ошиқӣ)

Ту лаҳзаҳои парешони дардманди манӣ,
Табар ба шохаи имони банд-банди манӣ.
Ҳазор қомати болобаландро дидам,
Вале ҳанӯз ту болотарин баланди манӣ.
Ба боғҳои тиҳимонда аз суруду сухан
Чаман-чаман гули уммеди ман, паранди манӣ.
Дилам гирифта зи оёти нотамому тамом,
Маҷусиям, ту Авестои ман, ту Занди манӣ.
Ғариб монда ба тақвими талхи пойизам,
Ту фасли сабзи шукӯҳӣ, ту чуну чанди манӣ.
Кунун, ки монда зи роҳам, ба хоб мебинам:
Ба шаҳри руста зи руъё ту шаҳрванди манӣ.
Варақ-варақ ғазалу маснавии девонро
Чу бӯи санҷиду себӣ, ту чун сипанди манӣ!

Муҳиби Бориш


Ғазал/шеър дар бораи Тоҷик


газале барои номат, шеъри ошики

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣЭй дӯст (шеър барои дуст)
БаъдӣБа дунболи ту мегардам (шеъри ошики)