Аъзои беҳтарин ва бадтарин (ҳикоя)

Луқмони ҳаким дар ҷавонӣ хидматгори хоҷае буд. Хоҷа дар гуфтори вай осори илм ва ҳикмат мушоҳида мекард ва рӯзе хост ӯро имтиҳон кунад.

Гуфт:

–Гӯсфанде бикуш ва беҳтарин аъзои онро назди ман ор.

Луқмон гӯсфандро бикушт ва дилу забонаш пеши ӯ овард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Як рӯзи дигар гуфт:

–Гӯсфанде бикуш ва бадтарин аъзояшро назди ман биёвар.

Луқмон бикушт ва боз дилу забон пеши хоҷа овард.

Гуфт:

–Ин кори ту чӣ маънӣ дорад?

Гуфт:

–Ҳеҷ чиз беҳтар аз дилу забон нест, агар пок бошад ва ҳеҷ чиз бадтар аз он нест, агар нопок бошад.


Аъзои бехтарин ва бадтарин (хикоя), хикояи точики, афсонаи точики дар бораи забон

ҚаблӣТирукамон (Шеър)
БаъдӣЧӣ хел машҳур шавем? (Шеър)