Ба Хиндустон омадани кабилахои ориёи

Ба Ҳиндустон омадани қабилаҳои ориёӣ.

Дар бораи дар Ҳиндустони қадим паҳн гардидани қабилаҳои ориёи ёдгориҳои маданияти хаттии ҳиндустон ва махсусан «Ригведа» маълумот медиханд. Дар 1000 солаи II пеш аз милод қабилаҳои ориёӣ аз Ғарб ба ҷониби шимол ва Шарқи Ҳиндустон ҳаракат мекунанд. Ин раванд давраи дуру дарозро дар бар гирифтааст. Солҳо ва асрҳо мегузаштанд. Дар ин давра қабилаҳои ориёӣ дар Ҳиндустони қадим сокин шудан гирифтан. Дар Панҷоб қабилаҳои Дравидҳо, қабилаҳои дигари ориёӣ дар маҳалҳои Ҳиндустони Шимолӣ Шарқӣ сокин шуданд. Қабилаҳои маҳҳалӣ ва муҳоҷирони ориёӣ муқобилияти сахт нишон медоданд. Дар ин сурат ориёихо маҷбур мешуданд, ки аз қувва истифода баранд. Дар ноҳияҳои шарқии мамлакат қабилаҳои маҳаллии мундҳо сокин буданд. Онҳо ба муқобили ориёиҳо бархостанд дар ин ҷанг ориёиҳо дастболо шуданд. Онҳо мундҳоро ба ҷониби ҷангалзор танг карда буданд. Қабилахои ориёӣ бо мурури замон ба қабилаҳои маҳаллӣ омезиш ёфта, халқӣ ҳиндухоро ташкил намуданд.

  Ин халқ минбад маданияти худро ба вуҷуд овард.

  Ҷомеъаи Ҳиндустони 1000 солаи II ва нимаи авали 1000 солаи I пеш аз милодро ҷомеъаи ведои меноманд, ки он аз руи ёдгории маданияти хаттии он давраги ҳиндуҳо-«Ведҳо» бармеояд.

Машғулияти аҳолӣ. Шуғли кишоварзӣ аз аҳолӣ талаб мекард, ки ба зиндагии муқими гузарад. Кишоварӣ инчунин ба истифодаи олоти кори бо ҳамин сабабгор шуд. Олоти кори аз оҳан сохта шуда нисбат ба олоти миссию биринҷи мустаҳкамтар ва сермаҳсулоттар буд. Ба воситаи олоти оҳанин аз худ кардани заминаҳои серҷангали води дарёи Ганг осонтар шуд. Оҳан, ғайр аз ин ба обёрии зироату боғҳо кумак мерасонад. Аҳолии давраи Ведои Ҳиндустон ҷав, гандум, шоли, зироатҳои лубиёги парвариш мекарданд. Шоли ба ориёиҳо то ба Ҳиндустон омаданашон маълум набуд. Парвариши онро ориёиҳо аз қабилаҳои маҳали омухтанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Авдиев В.И «История деревного Востока» Москва 1953 с


Мардуми ҷомеаи Ведои ва чорводори, обчакори ва боғу токпарвари машғул буданд.

Давлатҳои аввалин. Нобаробарии молу мулки дар Ҳиндустон ба пайдоиши табақаҳо сабаб мешавад. Пайдоиши табақаҳо, дар навбати худ, давлатро ба вуҷуд овард.

  Қабилахои ведои аввал дар ганҳо зиндаги мекарданд, ки онҳо ҷамоатҳои авлодию қабилави буданд. Баътар онҳо дар ҷомеаҳое зиндаги мекарданд, ки хусусияти табақави доштанд.

Қиссаҳои қадимаи ҳиндӣ, ки дар бори ба вуҷуд омадани ҳокимияти шоҳи шаҳодат медиҳанд, ҷолиби диққаттанд. Мувофиқи яке аз ин қисаҳо дар ҷомеаи ведоӣ аввал шоҳ вуҷуд надоштааст, ҳама баробар буданд. Ахлоқро ҳама ҷиддан риоя мекардаанд. Сипас аксарияти аъзои ҷомеа ва хусусан одамони доро ахлоқро вайрон мекарданд. Одамони зуровар одамони камқуватро мехурдаги мешаванд. Баъди ин кор Худои асоси Брахма ҳокимияти шоҳ ва илми ҷазодиҳиро таъсис мекунад. Мувофиқи қисаи дигар одамон худашон шоҳро интихоб мекарданд, ки онҳоро муҳофизат кунад.

  Аз рӯи ибтидоии матни ведои аввал роҷаҳоро худи халқ интихоб мекардааст. Дар «Ригведа» ва «Атхарваведа» сурудҳое ҳастанд, ки ба интихоб гардидани шоҳ бахшида шудаанд. «Халқ туро интихоб мекунад, ки дар идора кунӣ», гуфта мешавад. Дар яке аз сурудҳои «Атхарваведа». Дар ҷомеъаи ведоии Ҳиндустон давлатҳои бисёре вуҷуд доштанд. Кошала, Каши, видеха Магатҳа аванти аз қабили давлатҳои қадимтарини онҳо мебошанд.

Сохти кастагӣ. Гуруҳи одамонеро, ки дар дохили ҷомеа ҳуқуқҳояшон маҳдуд карда шудаанд, дар Ҳиндустони қадим «Ҷати» меномиданд. Дар ончо инчунин табақаҳо – Ватна (яъне каста)-ҳо ба вуҷуд меоянд. Онҳо Барахманҳо, Кшатриҳо, Вайштҳо ва Шудраҳо мебошанд. Ҳар кадоми онҳо дар ҷомеаи ведои мақоми худро дошт. Ашрофи ҳарби Варнаи кшатриро ташкил мекарданд, коҳинон – Барахманҳоро, ҷамоатчиёни озод=вайшҳо ва варнаи шудраҳо зинаи аз ҳама пасти ин ҷомеаро ташкил менамуданд.

  Мансаби шоҳиро танҳо намояндагони варнаи кшатриҳо ишғол карда метавонистанд. Дар он лашкар ва вазифаҳои муҳимтаринро кшатриҳо соҳиби мекарданд. Чи тавре ки дидед, бараҳманҳо ва кшатриҳо дар ҷамъият мавқеи имтиёзнок дошта, онҳо ҳар ду ба табақаи ҳукумронро ташкил менамуданд. Онхо аз ҳисоби меҳнаткашон рӯз мегузарониданд. Аз ҳама корҳои вазминтаринро шудраҳо иҷро мекарданд. Ҳуқуқҳои ин табақа нихоят паст буданд.

Маданияти давраи ведоӣ

Маданияти давраи ведоӣ. Матнҳои ведоӣ имконият медиҳанд, ки ба дини давраи қадими шинос шавем. Дини хиндуёни кадим дар тулии чандин аср ташакул ёфтааст. Мувофиқи нишондоди дини ведоӣ мардуми ҳинду ба Худоҳои зиёде этиқод доштанд. Яке аз Худоҳои машҳуре, ки ба воқеаҳои табиат алокаманд аст, Индра мебошад. Худо Индра ҳимоятгари тартиботи ҷаҳони низ ба ҳисоб мерафт. Осмон дар ихтиёри Худо Варуна буд. Гуё ки у да руз ба аробааш савор шуда, дар осмон сайру гашт мекунад. Худоҳо ба некхоҳ ва бадхоҳ тақсим мешуданд. Худои раъду барк ва туфон Рудра хислатҳои манфи дошт. Ӯ бо Худоҳои дорои хислати мусбат муқобил гузошта мешуд.

  Адабиёти ведои ёдгории қадимтарини хаттии Ҳиндустон мебошад. Ба он матнҳои давраҳои гуногуни таърихи Ҳиндустон дохил карда шудаанд. Чанд маҷмӯаи онро ном мебарем. Маҷмуаи сурудҳо-самхитҳо: «Ригведа»(маҷмуаи сурудҳо), «Смаведа»(маҷмуаи сурурӯдхони), «Ячурведа» (маҷмуаи усулҳои қурбони кардан).Баъди ин «Бараҳманҳо»-шарҳи матни расму оинҳо ва самхит – «Араняки»(китоби ҷангали) ва «Упанишадҳо» – рисолаҳои динию ахлоқи дар  охирҳои 1000 солаи II пеш аз милод тартиб дода шуда, аз 1028 суруд иборатанд. «Махабхарата» ва «Рамаяна» дар охирҳои асри IV пеш аз мелод ва то асри IV милодӣ офарида шудаанд. Дар «Рамаяна» воқеъаи Ҳиндустон ворид шудани қабилаҳои ориёӣ инъикос ёфтааст. Ин қиссаҳо хеле бузурганд. «Махабхарата» аз 100 ҳазор шлок «Рубоӣ» ва «Рамаяна» аз 2400 шлок иборат мебошад.

ҚаблӣБа вучуд омадани давлатхо дар Хиндустони кадим
БаъдӣДавлатхои Хиндустони кадим