Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои инфиродӣ

Инсоният ба инкишофи умумӣ ва хусусӣ молик аст. Хусусиятҳои умумии ҳамаи одамон дар синни муайян аз одами алоҳида фарқ мекунад. Одами махсусро фард меноманд, аммо шахсиятро бо ифодаи возеҳ фарди махсус гуянд. Фардият бо маҷмӯи зеҳнӣ, иродавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва дигар хислатҳои шахсияташ ба таври аёнӣ аз дигарон фарқ мекунанд. Табиати саховатманд ҷинси гуногуни одамӣ офаридааст: дар рӯи Замин тамоман одами якхела набуд, нест ва нахоҳад буд. Ҳар одам ягона ва такрорнаёбанда дар фардияти худ аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Фардият бо хислатҳои инфиродии худ ифода меёбад. Пайдоиши хусусиятҳои фардӣ ба он вобаста аст, ки ҳар кас роҳи инкишоф, хислатҳои психологии фаъолияти олии асаби худро дорост. Фаъолияти олии асаб ба пайдоиши сифатҳои гуногун таъсир мерасонад. Ба хусусиятҳои фардӣ ҳиссиёт, дарк, тафаккур, хотира, тасаввурот, хислатҳои шавқмандӣ, майл, қобилият, мизоҷ, хусусиятҳои шахсӣ мансубият доранд. Хусусиятҳои фардӣ ба инкишофи шахсият таъсир мебахшанд. Ташаккулёбии инсон ҳам ба ҳаминҳо вобаста аст.

Оё дар тарбия ва омӯзиш хусусиятҳои фардии талаба ба ҳисоб гирифта мешаванд? Гӯё, ки ҷавоб ба ин савол бояд як маъно дошта бошад. Вале на ин тавр аст. Дар байни мутахассисон ихтилофоти ҷиддӣ ҳаст. Нуқтаи назарӣ аввалин — мактаби оммавӣ наметавонад ва набояд хусусиятҳои фардиро ба ҳисоб гирад, бо як хонанда алоҳида мувофиқат кунад. Ҳамаи кӯдакон бояд як хел аз муаллим тарбия ва таълим гиранд. Дар тарбия ягон фарқият — беғайрату коҳил, боистеъдоду беқобилият, ҳамчунин кӯшишкунанда, илмдӯст ва беэътибор набояд буд. Одаме, ки ин ё он муассисаи таълимиро хатм мекунад, хусусия­ти умумӣ, барои ҳама як хелаи стандартии таълимгирифта ва тарбияёфтаи муассиса қабулкардаи мазкурро мегирад.

Аммо педагогикаи ватанӣ дар мавқеи дигар меистад — тарбия бояд ба фардият такя кунад. «Тарбия як сон аст, валекин истеъдод мухталиф» (Саъдӣ). Муносибати инфиродӣ ҳамчун принсипи мухами педагогика дар идора кардани инкишофи одам, ба амиқ донишдиҳӣ тибқи хусусиятҳои шахсият ва шароити зиндагии он асос ёфтааст. Педагогика дар муносибати фардӣ онро дар назар дорад, ки на мувофикрнидани мақсад ва мазмуни асосии омӯзиш ва тарбияи мактабхони алоҳида, балки мувофиқонидани шакл ва методҳои педагогии таъсирбахш ба хусусиятҳои фардии оне, ки дараҷаи инкишофи шахсияти ба лоихҳ гирифтаро таъмин мегар­донад. Муносибати инфиродӣ бештар барои инкишофи нерӯи фаҳмидагирӣ, фаъолгардонӣ, майлдиҳӣ, истеъдоди ҳар талаба имконият медиҳад ва созгор аст. Ба муносибати фардӣ хусусан тарбиятгирандагони «душвор», мактабхони камқобилият, инчунин кӯдакони, чунон ки ифода мекунанд, инкишофашон нигоҳдошташуда эҳтиёҷ доранд.

Мавзӯи асосӣ->

Хусусияти инкишофи синнусолӣ ва фардӣ


Ба хисоб гирифтани хусусиятхои инфироди

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама