Шеъри Модар – Ба кунчи сандали биншаста шабхо модари пирам

Шеър дар васфи модар ба қалами Лоиқ Шералӣ тааллуқ дорад. Ба кунчи сандали …

Ба модарам

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ.
Чӣ дунёест дунёи умеди ту, аё модар, аё модар!

Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сапедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ,
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ, аё модар, аё модар!

Нарафтӣ берун аз як деҳ, надидӣ рӯи оламро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди деҳа гӯё домани гардун бичаспида,
Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ,
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту, аё модар, аё модар!

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим «Ҳафтяк» мондӣ ба зери болини кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад,
Дили пайғамбарон ғунҷад даруни синаи кӯчак.
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро биғунҷондӣ.
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда пухтӣ кулчаи ширмол,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон, аё модар, аё модар!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,
Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ,
Ба назди остонат дом монад сояи маргат,
Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ,
Матарс аз марг охир безаволӣ ту, аё модар, аё модар!

Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,
Нахӯрдию напӯшидию бо сад ранҷ парвардӣ,
Маро бигрифта зери пар.
Барои он ки дар ман зиндаву ҳозир бубинӣ боз
Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,
Шудӣ хуни ҷигар, модар!
Кунун имрӯз фарзандат – ҷигарбандат ҳунар  омӯхт,
Ки ёбад нони беминнат,
Ба номат дафтаре бикшод,
Дуои хайр гӯ, модар,
Ки бо номи ту ӯ бар роҳи раҳ ҷустан қадам бинҳод.
Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун, аё модар, аё модар!

Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат
Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:
Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ, аё модар, аё модар!

Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро
Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо
Барои субҳи фардо ҳадя месозӣ, сарафрозӣ.
Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту, аё модар, аё модар!

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар,
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз.
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман,
Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош, аё модар!


Ба кунчи сандали биншаста шабхо, модари пирам, пурра шеъри Лоик, модарнома Лоик Шерали шеъри модар аз Лоик Шерали.

Лоик Шерали (зиндагинома, шеърхо)

ҚаблӣШеърхои Фарзона дар васфи Модар
БаъдӣСомонаи DONISHJU.NET беҳтарин сомона аст!

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед