Ба сатри дигар кучонидани хиссаи калима, аз сатр ба сатр гузаронидани калима
Ба сатри дигар кӯчонидани ҳиссаи калима аз рӯйи қоидаи зер воқеъ мегардад:
1)Ҳангоми кӯчонидани ҳиссаи калима яклухтии ҳиҷо нигоҳ дошта мешавад: бод-бон, ба-ро-дар, дӯс-тӣ, та-бас-сум, лаъ-лӣ.
2)Як ҳарф ҳиҷоро ташкил кунад ҳам, ба сатри дигар кӯчонида намешавад: а-роба не, балки аро-ба, о-ромӣ не, балки оро-мӣ.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Дар мавриде, ки як ҳарф (бештар, ҳарфи садонок) пеш аз аломати сакта (ъ) меояд, ҳиҷои дуюми он ба сатри дигар кӯчонида мешавад: аъ-ло, эъ-лон.
ШОЯД ИНҲО ҲАМ БА ШУМО ЛОЗИМ БОШАНД:
- Ҳиҷо ва хелҳои он
- Ходисахои савти (ходисахои фонетики, овози)
- Имлои ҳарфи У ва Ӯ
- Алифбо (Алфавит) – Алифбои забони тоҷикӣ