Ба волидайн тарғиб намудани донишҳои педагогию психологӣ

Ба волидайн таргиб намудани донишхои педагогию психологи.


Яке аз вазифаҳои басо муҳими мактаб ба шумор меравад. Зимни сӯҳбат, маърӯза, лексия, машварат ба онҳо оиди инкишофу хусусиятҳои хоси тарбияи кӯдакон ва роҳҳои муомилакунӣ бо онҳоро бояд ба падару модарон омӯхт, то ки дар хонадонҳо бо кӯдакон дар ҳар синнну сол чӣ тавр муомила карданро донанд. Дар тарғиботи донишҳои педагогӣ нақши университети донишҳои педагогии умумимактабӣ хеле калон аст. Ба машғулиятҳои он волидайни талабаҳои синфҳои ибтидоӣ низ ҷалб карда мешаванд. Дар машғулиятҳои университети мазкур чунин мавзӯъҳо бояд ба падару модарон баррасӣ гарданд: муносибати калонсолон бо кӯдакон, наврасон ва ҷавонон; ба омӯзиши фарзандон чӣ гуна бояд ёрӣ расонд; танзими низоми санитарию ҳифзиссиҳа дар оила ва ғайра. Ба мутолиаи волидайн пешниҳод кардани адабиётҳои педагогӣ, психологӣ ва ба тарбия мансуб дошта вазифаи ногузири мактабу муаллимон аст. Кори хайр мебуд, агар бо ташаббуси мактаб аз байни падару модарон мутахассисони гуногун ба корҳои алоҳидаи таълимию тарбиявӣ ҷалб карда мешуданд. Онҳо дар мавзӯъҳои тарбияи ахлоқ, тиб, ҳарбӣ – ватандӯстӣ, санъат, меҳнат, маҳфилҳои дуредгарӣ, зардӯзӣ, рассомӣ, ҳунарҳои миллӣ баромад мекарданд.

Тазаккур бояд дод, ки кори роҳбари синф хеле мураккаб ва серпаҳлӯ мебошад. Аз роҳбари синф ташаббускорӣ ва эҷодкориро тақозо мекунад. Дар ин ҷода ба роҳбарони синф директори мактаб ҷонишинҳои ӯ, хусусан ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ, ҳамчунин иттиҳодияи методии роҳбарони синфи мактаб кӯмак расонида метавонанд.

Нақшаи корҳои таълимию тарбиявии роҳбари синф. Роҳбари синф хусусиятҳои хоси талабагонро ба ҳисоб гирифта нақшаи корҳои тарбиявиро тартиб дода, аз тасдиқи маъмурияти мактаб мегузаронад ва дар раванди кор онҳоро амалӣ мегардонад. Мазмуни нақшаи корҳои таълимӣ – тарбиявии ҳар синф (ҳатто дар синфҳои мувозӣ) аз ҳамдигар фарқ мекунад. Нақша аз роҳбари синф дақиқкорӣ, эҷодкориро талаб мекунад. Нақшаи роҳбари синф метавонад чорякӣ ё нимсола бошад.

Бояд нақша иҷрои вазифаҳои асосии таълимӣ ва тарбиявиро дар бар гирад, мақсади муайян дошта бошад ва дар асоси қонунияти ҷараёни тарбия мантиқан андешамандона тартиб дода шавад. Шакли маъмул ва сохти нақша бо «Тавсифи синф» оғоз меёбад, ки дар он вазифаҳои умдаи таълимӣ – тарбиявӣ таҳти даъвати (шиори) ба синф хос, чунончи, «Бо баҳои «4» – «5» мехонем» ва ё «Мақсади мо рафтору одоби намунавӣ» ва ғайра зикр карда мешавад. Илова бар ин дар ҳамин дебочаи нақша оид ба теъдоди талабаҳо, фаъолони синф, аълохонҳо, сустхонҳо, бачаҳои душвортарбия мухтасар маълумот дода мешавад. Сипас нақша тахминан ба қисматҳои зайл тақсим мегардад: 1. Баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон. 2. Тарбияи ахлоқи солеҳу ҳамида. 3. Ташикли корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва шиносоӣ бо касбу пеша. 4. Корҳои оммавӣ – спортӣ дар шакли бозиҳо ва санитарию тандурустӣ. 5. Корҳои тарбиявии якҷоя бо созмонҳои худидоракунии мактаб. 6. Тарбияи эстетикӣ. 7. Кор бо падару модарони талабагон ва ғайраро дар бар мегирад.

Нақшаи овардаи мо ҳамаи вазифаҳои таълимӣ – тарбиявии роҳбари синфро фаро намегирад. Фаромӯш на бояд кард, ки ҳар қисмати дар боло зикрёфта бо назардошти зарурати синф боз ба ҷузъҳои мушаххаси алоҳидаи зиёд тақсим мешаванд. Барои намуна ба қисмати «Тарбияи эстетикӣ» тахминан чунин ҷузъиётҳоро мисол меорем: 1) сӯҳбат дар бораи мафҳуми «эстетика»; 2) тарбияи эстетикӣ ҳангоми таълим; 3) тарбияи зебописандӣ дар корҳои беруназсинфӣ ва берун аз мактаб; 4) иштироки талабагон дар маҳфили санои нафиса; 5) якҷоя тамошо кардани филми ҳунарӣ; 6) мутолиаи асарҳои бадеӣ ва ғайра.

Нақшаи тартиб додаи роҳбарони синф бояд бо нақшаи солонаи умумимактабӣ ва иттиҳодияҳои методӣ мувофиқат кунад, ба санаҳои чорабиниҳои умумимактабӣ мухолифат накунад.

Асосан ҷамъбасти ҳар чоряк ва солонаи натиҷаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ба зиммаи роҳбарони синф аст.


Мавзӯи 23. Мазмуни кори роҳбари синф

ҚаблӣҲамкории муаллимон ва роҳбарони синф бо падару модарон
БаъдӣМавзӯи 24. Ташкили фаъолияти беруназтаълимии талабагон