Банақшагирӣ ва пешгуии молиявӣ

Ба сифати яке аз асбобҳои идоракунии молиявӣ банақшагирӣ баромад менамояд. Мафҳумҳои гуногуни банақшагирӣ мавчуд аст. Лекин баъзе нишонаҳоеро ҷудокардан мумкин аст, ки ин фаъолиятро тавсиф менамоянд. Ба инҳо дохил мешаванд:

  • танзимпазирӣ (ҷараёни мураттаб);
  • робита бо коркарди ахборот;
  • равонагӣ барои ноил гардидан ба мақсадҳои муайян;
  • характери муваққатӣ доштан.

Банақшагирӣ гуфта ҷараёни таҳия ва қабули муқаррароти мақсадноки характери миқдорӣ ва сифати дошта ва муаяйн намудани роҳҳои нисбатан самараноки ба даст овардани онро мефаҳманд.

молия, бо забони точики

Натиҷаи банақшагирӣ нақша ё низоми нақшаҳо мебошанд. Нақша натиҷаи ба тартиб даровардашудаи ҷараёнест, ки дар он бузургиҳои дар оянда ноил гардидани мақсад муайян карда мешавад. Назарияи банақшагирии молиявӣ таҷассумгари маҷмӯи ҷамъбасти фундаменталиест, ки мақсад, вазифаҳо, давраҳои гузаронидан, аҳамият, мақом ва нақши ин ҷараёнро дар ташкили молияи ҳамаи зинаҳо дарбар мегирад. Назарияи банақшагирии молиявӣ нисбати зинаи аввалаи хоҷагӣ қисми муҳими таркибии назарияи молияи корхона мебошад. Номбурда дар худ на танҳо тавсифи моҳияти категорияро инъикос менамояд, балки бо ҷанбаи идоракунӣ низ зич алоқаманд ме­бошад. Ҷабҳаи идоракунии категорияи молия ин ба воситаи мазмун ва ташкили амалӣ молия инъикоси дар амал ҷоришавии нақши категория мебошад.

Банақшагирии молиявӣ ин қисми таркибии ҷараёни банақшагирии фаъолияти молиявию хоҷагии корхона мебо­шад. Он даври хотимавии низоми нақшаи тиҷоратии корхона мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Объекти асосии банақшагирии молиявӣ захираҳои мо­лиявӣ мебошанд, ки байни субъектҳоӣ алоҳидаи низоми мо­лиявӣ аз нав тақсим карда мешаванд. Мавқеи марказиро дар низоми нақшаи молиявӣ буҷетҳои давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) ишғол менамоянд. Дар онҳо шаклҳои ташаккул ва истифодаи фонди воситаҳои пулӣ барои таъминоти молия­вии иҷрои вазифаҳои идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ инъикос мегарданд.

Дар баробари буҷет дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ фон­дҳои мақсадноки давлатӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ низ барпо карда мешаванд. ҳаракати воситаҳои пулӣ дар ин фондҳо мувофиқан дар сметаӣ даромад ва хароҷоти онҳо инъикос меёбанд. Ин сметаҳо ҳамчун нақшаи молиявии фондҳои номбурда мебошанд.

Дар зинаҳои умумидавлатӣ ва минтақавӣ нақша-пешгуии дурнамо таҳия карда мешавад. Нақша-пешгуии молиявии дурнамо барои се сол таҳия карда мешавад: барои соли якум буҷет тартиб дода мешавад ва барои ду соли оянда, ки давраҳои нақшавию пешгуикунанда мебошанду дар давоми он натиҷаҳои аслии сиёсати молиявию иқтисодии эълоннамуда назорат кар­да мешавад, нақша-пешгуӣ таҳия мегардад. Нақша-пешгуии молиявии дуранамо ҳар сол бо назардошти нишондиҳандаҳои   аниқгардидаи пешгуӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии дав­раи нишондодашуда ислоҳ карда шуда бо ҳамин давраи нақша-пешгуӣ ба як сол пеш мегузарад.

Барои тартиб додани лоиҳаи буҷети соли оянда сохторҳои молиявии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар асоси Тавозуни ҳисоботии захираҳои молиявӣ дар соли гузашта бо истифодаи нишондиҳандаҳои пешгуишудаи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ тавозуни захираҳои молиявӣ тартиб медиҳанд. Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҳияи тавозуни муттаҳидаи захираҳои молиявӣ аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Ва­зорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад, ки он дар шакли барномаи миёна муҳлати хароҷоти давлатӣ барои се соли дар пешистода таҳия ва бо қарори Ҳукмати ҷумҳурӣ тасдиқ карда мешавад. Тавозуни молиявии муттаҳида имконият медиҳад, ки:

  • мутаносибии моддӣ ва молиявии хоҷагии халқ мувофиқ карда шавад;
  • манбаҳои маблағгузории чорабиниҳои дар пешгуии руш­ди иҷтимоиву иқтисодии давлат муайян карда шаванд;
  • захираҳои иловагии захираҳои молиявӣ ошкор карда ша­ванд;
  • ҳисоби пешгуиҳои молиявӣ гузаронида шуда самтҳои си­ёсати молиявӣ дар оянда саҳеҳ карда шавад.

Яке аз унсурҳои банақшагирии молиявӣ тавозуни даро­мад ва хароҷоти пулии аҳолӣ мебошад, ки ҳаракати захираҳои пулии аҳолиро дар шаклҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ таҷассум ме­намояд. Тавозун аз ду қисм: даромад ва хароҷот иборат аст.

Даромади пулии аҳолӣ аз се гурӯҳ сарчашмаҳо ба вуҷуд меояд:

  • музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар;
  • даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ;
  • ёрдампулиҳои иҷтимоӣ (нафақаи давлатӣ, кумакпулиҳо, стипендия ва дигарҳо).

Хароҷоти пулии аҳолӣ дар тавозун низ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  • хароҷоти истеъмол;
  • хароҷот оид ба уҳдадориҳои молиявӣ ва пардохтҳои ихтиёрй;
  • пасандозҳо ва ғункуниҳои пулӣ.

Тавозуни даромад ва хароҷоти пулии аҳолӣ барои банақшагирии гардиши пули нақд, воридоти андозӣ, захираҳои қарзӣ ва дигарҳо истифода бурда мешавад. Вай дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ тартиб дода мешавад.

Барои банақшагирии молиявӣ аҳамияти махсусро ахбороти пешгуикунанда, яъне пешгуии эхтимолияти тасаввурот оид ба руйдодҳои оянда, ки ба мушоҳидаҳо, ҷамъбасткуниҳои назариявӣ ва дигарҳо асос ёфтаанд, мебозад.

Мақсади асосии пешгуии молиявӣ муайян намудани имконияти ҳакиқии ҳаҷми захираҳои молиявӣ дар давраи пешбинишуда мебошад.

Пешгуиҳои молиявӣ рукнҳои зарурӣ ва ҳамзамон давраи ҷамъбасти сиёсати молиявӣ мебошад. Дар назария ва амалия усулҳои гуногуни пешгуӣ истифода бурда мешаванд, ки асоситаринашон инҳо мебошанд:

  • баҳодиҳии экспертӣ;
  • коркарди маҷмӯаҳои масоҳатӣ ва вақтӣ (муҳлатнок); -таҳлил ва пешгуии ҳолатӣ;
  • вобастагии муттаносибии нишондиҳандаҳо.

Шакл ва усулҳои банақшагирии молиявӣ дар сатҳи субъектҳои хоҷагидорӣ аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, тобеияти соҳавӣ ва омилҳои дигар вобаста мебошад.

Нақшаҳои молиявии стратега ва ҷорӣ, дарозмуддат ва кутохмуддатро фарқ мекунанд. Нақшаи молиявии стратеги бо мақсади бурдани бизнес бо назардошти ҷараёнҳои макроиқтисодӣ дар иқтисодиёт, сиёсати молиявии давлат таҳия карда ме­шавад. Чун қоида нақшаҳои стратеги сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидориро ташкил менамоянд.

Нақшаҳои ҷории молиявӣ дар шакли тавозуни даромад ва хароҷот, ки дар он ҳамаи ҷабхаҳои фаъолияти хоҷагиву молиявии корхона акси худро меёбанд, таҳия карда меша­ванд.

Вазифаҳои асосии банақшагирии ҷории молиявӣ аз инҳо иборатанд:

  • муайян намудани ҳаҷм ва сарчашмаҳои захираҳои молиявӣ;
  • банақшанирии самтҳои истифодаи захираҳои молиявӣ;
  • банақшагирии хароҷоти истеҳсолот ва фуруши маҳсулот (корҳо, хизматрасонихо);
  • банақшагирии ҷараёни пулӣ;
  • банақшагирии фоида аз фаъолияти хоҷагидорӣ молиявӣ;
  • банақшагирии сармоягузорӣ ва самаранокии он;

Банақшагирии дурнамои молиявӣ давраҳои дарозро (зиёда аз як сол) дарбар мегирад, ки дар он нишондиҳандаҳо характери пешгуикуниро доранд. Нақшаҳои ҷории молиявӣ инҳо нақшаи барои муҳлатҳои мушаххас (то як сол) бо нишондиҳандаҳои мушаххаси таъмини фаъолияти молиявии корхона.

Низоми ҳозираи банақшагирӣ ба сифати яке аз рохҳо таҳияи «Бизнес-нақша» мебошад, ки он мазмуни намунаи амалӣ гардонидани ғояҳо, барномаҳо, лоиҳаҳои муайянро дорад. Қисми ҷудонашавандаи «Нақшаи корчалониро» «Нақшаи молиявӣ» ташкил менамояд.


Банакшагири ва пешгуии молияви, Накшаи молияви, Бизнес-накша

ҚаблӣДуш сармаст ба гулгашт саҳаргаҳ шуда будам (174 калима дар 4 мисраъ)
БаъдӣМоҳият ва шаклҳои назорати молиявӣ