БАНДАРҲО (портҳои компютер, USB, Bluetooth, Wi-Fi)

Иртибот байни сахтафзорҳои гуногуни дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоот бо блоки системавии компютер тавассути слотҳои (портҳои) махсус, ки онҳоро бандар мегӯянд амалӣ мегардад. Барои баъзе сахтафзорҳои аз берун бо компютер пайвастшаванда ҷойҳои махсус ҷудо карда шудааст, ки онҳоро низ бандар мегӯянд. Ин мавзеъҳо одатан дар паси (пушти) блоки системавии компютери фардӣ ҷойгир шудаанд. Дискдонҳои дискҳои чандирии магнитӣ, винчестер ва дискҳои нурӣ (лазерӣ) бошанд асосан дар дохили блоки системавӣ насб карда мешаванд.

Бандарҳои насби сахтафзорҳоро ба ду гуруҳ ҷудо мекунанд: симӣ – параллелӣ ва пайдарпай, USB (юэсби), Fire Wire (файр-вайр) ва бесим – инфрасурх, Bluetooth (блутуз).

Бандарҳои параллелӣ дар иртиботи сахтафзорҳое истифода мешаванд, ки онҳо барои иттилооти ҳаҷми калондоштаро ба масофаи наздик расонидан пешбинӣ шудаанд.

Ба воситаи бандарҳои параллелӣ дар як вақт бо ёрии 8 тор сим якбора 8 бит додаҳо гузаронида мешаванд. Ба бандарҳои параллелӣ чопгар (принтер) ва сканер насб карда мешаванд. Миқдори бандарҳои параллелӣ дар компютер аз як то сето шуда метавонад, ки онҳо мувофиқан LPT1, LPT2, LPT3 (Line PrinTer – хати чопгар) номгузорӣ карда мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бандарҳои пайдарпай барои ба блоки системавӣ насб кардани муш, модем ва дигар сахтафзорҳо хизмат мерасонанд. Ба воситаи торҳои ин бандар додаҳо дар шакли пайдарпай 1 битӣ гузаронида мешаванд. Пайдарпай расонидани додаҳо барои масофаҳои дур мувофиқ аст. Бандарҳои пайдарпайро аксар вақт бандарҳои иртиботӣ низ мегӯянд. Миқдори онҳо дар компютер аз як то чор ададро ташкил карда метавонад, ки онҳо мувофиқан СОМ1, СОМ2, СОМ3 ва COM4 (COMmunication port – бандари иртиботӣ) номгузорӣ карда мешаванд.

Яке аз воситаҳои паҳнгаштатарини замони муосири насби сахтафзорҳои миёнасуръат ва камсуръати иттилоотгузаронӣ дар компютерҳои фардӣ USB-бандар (USB – Universal Serial Bus) ба ҳисоб меравад. Дар USB-бандар усули пайдарпайи интиқоли додаҳо истифода мешавад. Имрӯзҳо бандари нисбатан зудсуръаттари намуди USB 2.0 мақоми хоса пайдо намудааст. Дар компютерҳои фардӣ якчандто ин гуна USB-бандарҳо насб карда шудаанд. Миқдори онҳоро аз ҳисоби USB-консентратҳо боз ҳам имконияти зиёдтар намудан мавҷуд аст. Ҳангоми ба USB-бандар пайваст намудани сахтафзор зарурати азнавборкунии компютер вуҷуд надорад. Драйвери сахтафзор ба таври худкор ин пайвастшавиро таъмин менамояд.

Ба USB-бандарҳо сахтафзорҳои гуногун, аз қабили чопгар, муш, сафҳакалид, флешкорт, дискдонҳо, сканер, телефонҳои ҳамроҳ ва ғайраро насб карда, иртибот барқарор намудан мумкин аст. Ҳамин тариқ, USB-бандар бандари ҳамакор буда сахтафзорҳои навъи гуногунро ба компютер ҳамроҳ менамояд ва имконияти корбарии компютерро якчанд маротиба зиёд мегардонад.

Бандари навъи Fire Wire (IEEE 1394) асосан барои насби сахтафзорҳои зудсуръат (масалан, камераи рақамӣ) истифода мешавад.

Бо ёрии бандари инфрасурхи бесим интиқоли иттилоот аз рӯи хати нурӣ дар фосилаи мавҷҳои инфрасурх ба амал меояд. Айнан бо ҳамин усул пулти таҷҳизоти техникӣ, аз қабили телевизор, радио, конденсионер, қандил ва ғайра кор мекунад. Доираи мавҷпаҳнкунии пултҳои идории фосилавӣ якчанд метрро ташкил мекунад. Барои дастрасии бемонеаи мавҷ дастгоҳҳои мавҷфиристанда ва мавҷқабулкунанда бояд рӯ ба рӯи ҳамдигар ҷойгир карда шаванд. Бандари инфрасурхи бесим бештар барои насб намудани компютери портативӣ бо телефони ҳамроҳ истифода мешавад. Ин бандар имконият медиҳад, ки ба телефони ҳамроҳ Интернет дастрас бошад.

Насби бесим бо модули Bluetooth. Насби ҳамагӣ як адаптери Bluetooth ба компютер имконият медиҳад, ки дар як вақт қариб бо 100 таҷҳизоти дар радиуси то 100 метр ҷойгирбуда робита барқарор намояд. Бо компютере, ки бо модули Bluetooth муҷаҳҳаз мебошад, сахтафзорҳои гуногунро насб намудан мумкин аст.

Масалан, компютери фардии дар масофаи наздик ҷойгирбуда бо телефонҳои ҳамроҳ, чопгарҳо, муш, сафҳакалид ва ғайра робита барқарор карда метавонад. Иртиботи додаҳо тавассути мавҷҳои радиоӣ дар радифи 2,2-2,4Ггс ба амал меояд. Яке аз афзалиятҳои Bluetooth – иртиботи устувори он ба ҳисоб меравад. Устувории он новобаста аз мавқеъи ҷойгиршавии мавҷқабулкунанда ва мавҷпахшкунанда таъмин карда мешавад. Агар дар компютер модули Bluetooth пешакӣ насб карда нашуда бошад, пас модули алоҳидаи онро бо ёрии USB-бандар ба компютер ҳамроҳ намудан мумкин аст. Дар компютерҳои портативӣ Bluetooth ба таври васеъ истифода мешавад.

Модули Wi-Fi. Технологияи «вай-фай» (Wi-Fi – Wireless  Fidelity – садоқати бесим) стандарти иртиботи устувор ба ҳисоб рафта, барои дастрасии бесими шабакаи саросарии Интернет тавассути компютерҳои фардӣ пешбинӣ шудааст. Аксарият компютерҳои портативӣ бо модули Wi-Fi муҷаҳҳазанд. Барои компютерҳои фардии рӯимизӣ бошад, модулҳои алоҳидаи дохилӣ ва берунӣ истифода бурда мешавад. Вазифаи модули Wi-Fi аз ташкил намудани иртиботи байни компютер ва мавҷпахшкунанда (антенна) дар радифи 2,4Мгс бо суръати аз 11Мбит/с то 54Мбит/с иборат аст.


Калидвожаҳо: БАНДАРХО, Bluetooth ва WiFi маълумоти точики, маълумоти тоҷикӣ.
ҚаблӣДАСТГОҲҲОИ САБТИ ИТТИЛООТ
БаъдӣДАСТГОҲҲОИ ХОРИҶКУНИИ ИТТИЛООТ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед