Барномаи компютерӣ

Тавре маълум гашт, барои ҳалли масъалаи дилхоҳ дар компютер дастуру супоришҳои дар шакли махсус тайёркардашуда зарур будааст. Маҷмӯи дастуру супоришҳои (амру фармонҳои) компютериро одатан барномаи компютерӣ мегӯянд. Барномаи компютерӣ бояд ҳамаи марҳалаҳои ҳалли масъаларо ба таври возеҳ, аниқ ва қатъӣ фаро гирад. Миқдори дастурҳои барномавӣ бояд охирнок бошад. Компютер дастури якуми барномавиро иҷро карда, ба таври худкор, пай дар пай, ба иҷрои дастурҳои навбатӣ мегузарад.


Барнома чист?

Пайдарпайии охирноки дастурҳои барои компютер пешбинишударо барномаи компютерӣ мегӯянд.

Дар асл компютер танҳо дар асоси барномаҳои дар забони мошинӣ навишташуда (рамзҳои дуӣ) кор мекунад. Ин гуна барномаҳо якранг буда, барои инсон бисёр дилгиркунандаанд. Бинобар ин барномасозон қариб тамоми барномаҳои компютериро бо ёрии забонҳои алгоритмӣ тартиб медиҳанд.

Дар таркиби нармабзори компютерӣ барнома-тарҷумонҳое ҷой дода шудаанд, ки онҳо ба таври худкор ин гуна барномаҳоро аз забонҳои алгоритмӣ ба забони мошинӣ тарҷума мекунанд. Пас аз иҷрои барнома онҳо матни барномаву натиҷаҳоро аз нав ба забони алгоритмӣ бармегардонанд. Барнома-тарҷумонро транслятор (translator — тарҷумон) мегӯянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Барномасозӣ чист? (Барноманависи)

Раванди навиштани барномаҳои компютериро барномасозӣ мегӯянд.

Нармафзорҳои муосир миллионҳо барномаи гуногунро дар бар мегиранд. Баъзеи ин барномаҳоро барномаҳои системавӣ, қисми дигарашонро барномаҳои татбиқӣ, сеюминашонро забонҳои барномарезӣ ва ғайра номгузорӣ кардаанд.

Истифодабарандаи компютер метавонад аз барномаҳои тайё баҳра бардорад ё худаш чунин барномаҳоро созад. То имрӯз маҷмӯи (бастаи, пакети) калони барномаҳои гуногун руйи кор омада, дар ҳалли масъалаҳои мухталиф мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бо ёрии барномаҳо ҳам бозиҳои ҷанги кайҳониро идора кардан ва ҳам масъалаҳои душвортарини математикиро ҳал намудан мумкин аст. Онҳо дар гузаронидани амалиёти бонкӣ, молиявӣ, тайёр кардани санадҳо, намоишномаҳо ва ғайра ба таври васеъ истифода мешаванд. Ҳоло соҳаеро ном бурдан мушкил аст, ки дар он барномаҳои компютерӣ татбиқ наёфта бошанд.


Нармабзор (нармафзор) чист?

Маҷмӯи барномаҳои дар компютер истифодашавандаро таъминоти барномавии компютер ё нармабзор меноманд.

Вобаста ба вазифаҳои барои компютер пешбинишуда дастурҳои дар барномаҳо овардашуда метавонанд сода ё мураккаб бошанд. Масалан, барои он ки дар экрани компютер калимаи «Тоҷик» пайдо шавад, кифоя аст, ки ду-се дастур истифода шавад. Вале барои сохтани ягон бозии электронии одӣ истифодаи ҳазорон дастур лозим меояд.

Яке аз хосиятҳои муҳимми барномаҳо ва раванди барномасозӣ аз он иборат аст, ки як масъаларо як маротиба барномарезӣ карда, аз он дилхоҳ маротиба истифода бурдан мумкин аст. Барои ин кифоя аст, ки барномаи сохташударо дар ягон барандаи иттилоот, масалан диск, сабт, нусхабардорӣ ва ё паҳн кунем.


Саволҳо:

  1. Барномаи компютери чист? Барномасози чист? Барноманвиси чист?
  2. Таъминоти барномавии компютерро кадом гурӯҳҳои барномаҳо ташкил медиканд?

Файлҳои барномавӣ ва маълумотӣ

ҚаблӣШеър дар бораи гариби
БаъдӣШеър дар бораи устод Абуабдулло Рудаки

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед