Баъзе омилҳои таърихию сиёсии истиқлолияти Тоҷикистон

Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки ба ҷараёни рушди мамлакат нақши худро гузоштааст, аз бисёр ҷиҳат ба мустақилияти он вобастагӣ дорад. Гуногуншаклии миллӣ ва фарҳангӣ дар нақшаи дурнамои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бартарии амиқе буд.

Маълум аст, ки ғайриклассикӣ будани раванди таърихии мамлакати мо ва ба таърихи он хос будани ирратсионализму дар он ҷой доштани ҳама гуна «хаёлоти хом» (химер) Тоҷикистонро давра ба давра аз система берун намуд. Чунин ба назар мерасад, ки сабаби асосии давраи таърихии (форматсионии) доимо бозгаштани таърих ба шаклҳои консервативӣ ва инкишофи суст дар Тоҷикистон, ин хеле пурзӯр будани решаҳои падаршоҳӣ мебошад, ки сохторҳои анъанавии куҳнаро аз нав ба вуҷуд меоваранд. Сабаби дигараш шояд ин дур мондан аз ҳаёти сиёсии пурраи мустақил ва дар зери тасарруфи ҳамсоягону ҳомиёни нисбатан пурқудрат будану аз онҳо вобастагӣ доштан аст.

Дар воқеъ, пас аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён, тоҷикон қариб ҳазор сол давлати миллии худро аз даст дода буданд. Онҳо дар ҳаёти сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди давлатҳои салтанатронии ғайритоҷикӣ умр ба сар бурда бошанд ҳам, намояндагони оқилу бофарҳанги он танҳо ба сабаби маърифати баланди илмӣ, воқиф будан аз сиёсату маорифпарвариашон ба сифати кормандони зеҳнӣ мисли муфтию қозиҳо, домуллоҳо ва роҳбаладони давлатӣ фаъолона иштирок менамуданд, аммо барои амалӣ намудани иродаи худ дар ҳаёти давлатӣ, онҳо имконияти васеъ надоштанд.

Хулоса, таърихи кишварамонро мисли занҷири гузаришҳо аз як давраи мушкил ба давраи дигари вазнин тасаввур кардан мумкин аст. Ҳамзамон, дар ин раванд ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки ин мушкилиҳо бартараф карда шаванд. Ин мақсад ҳам дар бисёр ҳолатҳо таҳти сарпарастии бегонагон анҷом дода мешуд. Таҳқиқотҳои зиёди олимони мамолики гуногун арзи вуҷуд доранд, ки аз асли масоили дахлнамудаи мо гувоҳӣ дода, воқеияти ҷойдоштаро тасдиқ менамоянд. Ҳоло имконияти асосӣ барои ҳамчун миллат боқӣ мондани тоҷикон, ин қобилияти дар халқ зуҳур ёфтани мустақилона муайян намудани тақдири худ, доштани иродаи матин ва пурра бартараф намудани мухолифати дохилимиллӣ мебошад.

Бозсозие, ки соли 1985 дар Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ карда шуд, барои истиқлолияту озодии халқҳои зиёде аҳамияти бузурги ҳаётӣ дошт. Истилоҳи «бозсозӣ» наметавонад, тамоми ҳаҷми тағйиротеро ифода, намояд, ки дар натиҷаи он ба амал оварда шуд. Ҳатто худи «меъморон»-и бозсозӣ дар ибтидо гумон надоштанд, ки ташаббуси ба мақсади наҷот додани сохтори фармонфармоию маъмурӣ сар кардаашон, аз зери назорат мебарояд. Он на ба бозсозӣ, балки ба гузаронидани тағйиротҳои аксулинқилобии ҳаёти халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт. Дар таърихи инсоният таркишҳои иҷтимоие ба назар мерасанд, ки ба ҳаёти мардумон таъсири гуногун расонидаанд. Сабаби асосии ба вуҷуд омадани таркишҳои иҷтимоӣ, чи дар гузашта ва чи дар замони мо, ин амиқ дарк накардан ва ё муносибати хунукназарона намудан ба ҳалли проблемаҳое буд ва мебошад, ки ҷомеаро ба ташвиш меоварданд.  Фаҳмиши имрӯзаи равандҳои рушди ҷамъият такмили усулҳои пай дар пайи ҳамаи масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, маънавию иқтисодӣ ва идораи мамлакатро тақозо мекунад. Танҳо дарки объективии ҳамин масъала сиёсати ислоҳотҷӯёнаи як қатор давлатҳоро муайян кард ва ба онҳо имконият дод, ки мухолифатҳои иҷтимоии дохилиашонро нисбатан дуруст ҳал намоянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қобили зикр аст, ки ҳамин гуна тағйироти иҷтимоӣ дар бисёр давлатҳои собиқ низоми сотсиалистӣ пешбинӣ шуда буданд. Тағйирёбии сиёсати берунии Иттиҳоди Шӯравӣ барои рушду инкишофи равандҳои инқилобию бозсозӣ дар он мамлакатҳо низ имконияти мусоид фароҳам овард. Халқҳои ин давлатҳо дар давоми таърихи нимасраи худ ба хубӣ дарк карданд, ки модели сиёсию иқтисодии собиқ барои ҳаёти ояндаи онҳо тағйирот металабад. Далели ин гуфтаҳо таҷрибаи Ҷумҳурии Демократии Олмон ва Олмони Федеративӣ ба шумор меравад, ки яке бо роҳи шӯравӣ ва дигаре бо роҳи классикӣ инкишоф ёфтанд. Тағйиротҳо ба давлатҳои собиқ сотсиалистии Аврупои Шарқӣ бо суръати бисёр баланд ба таври ҷиддӣ таъсири худро расониданд.

Бозсозие, ки дар давраи бадбахттарин роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Горбачёв М.С. шурӯъ гардида буд, ба як қатор душвориҳо ва монеаҳо дучор гардид, зеро дар нақшаи пешакии чорабиниҳои характери субъективидошта, аз ҳаёти воқеӣ дурбуда ва психологияи мардуми шӯравиро фаронагиранда камбудиҳо хеле зиёд ҷой доштанд. Маҳз ҳамин душворию монеаҳо ва нодиданиҳои ояндаи мамлакат ҷомеаро ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф ҷудо намуданд.

Гурӯҳи якум: ҷонибдорони бозсозӣ, ки тағйироти қатъии тамоми сохтори ҷамъиятро талаб намекарданд. Тезиси асосиашон: гузаронидани ислоҳот дар сохтори сотсиалистӣ, федератсия ва бозори танзимшаванда.

Гурӯҳи дуюм: ҷонибдорони бозсозии қатъӣ, ки пурра шикастани системаи фармонфармоию маъмурӣ, даст кашидан аз мақсадҳои афсонавӣ, эътироф намудани ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо ва ташкили иттиҳоди озоди давлатҳои мустақилро талаб мекарданд. Дар иқтисодиёт бошад, онҳо дар ҷойи асосӣ бозори озод ва мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликиятро мегузоштанд.

Гурӯҳи сеюм: мухолифини бозсозӣ, ки баъзан рӯирост ва бештар пардапӯшона баромад мекарданд. Мақсади онҳо возеҳу равшан буд: бо роҳҳои гуногун нигоҳ доштани системаи фармонфармоию маъмурӣ, роҳ надодан ба гуногунандешии ақидаҳо, нигоҳ доштани нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ дар системаи сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳимояи номенклатураи давлатӣ ва ғайраҳо[1].

Албатта, дар раванди бозсозӣ ба вуҷуд омадани ин гуна гурӯҳҳо рушду инкишофи ҷамъиятро мураккабтар гардонид. Давлатҳои аврупоии собиқ қаноти сотсиалистӣ ба зудӣ аз масъалаҳое, ки рушду инкишофи ҷамъиятро бозмедоштанд, халос шуданд ва ба ҳаллу фасли амалии масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шурӯъ намуданд.

Қувваҳои мухолифи бозсозӣ, ки ақоиди бузургдавлатиро ҷонибдорӣ мекарданд, камбудиҳо ва мушкилиҳои масъалаи миллиро моҳирона истифода бурданд. Ба онҳо ҳаллу фасли ин масъала аз он сабаб даст додааст, ки дар давоми 70 соли мавҷудияти сохтори шӯравӣ мақомоти марказӣ на танҳо масъалаи миллиро ҳал накарданд, балки ин масъаларо бемасъулиятона баррасӣ намуданд. Дар замоне ки ҷонибдорони бозсозӣ нақшаи амиқи бозсозии ҷомеаи баъдишӯравиро тариқи усули озмоиш ва бо назардошти хатогиҳо месохтанд, мухолифони тағйиротҳои бузург баръакс фаъолона аз пайи кор шуданд.

Ба сифати ҳадафи аввалин Қаробоғи Кӯҳӣ интихоб карда шуд. Баъд аз ин бо истифодаи фаҳмиши дурӯғини масъалаҳои миллӣ ва дарки худшиносии миллӣ, ки танҳо шурӯъ шуда истода буд, хунрезиро дар байни ӯзбекону туркҳои месхетӣ дар Фарғона барангехтанд. Дар Молдова ақидаи сохтмони республикаҳои сотсиалистии Гагауз ва Приднестровро пешниҳод намуданд. Ва ҳатто дар ҳамон вақте ки уқёнуси даҳшату ваҳшоният қариб дар тамоми фазои Иттиҳоди Шӯравии собиқ пош хӯрд, Тоҷикистон бо хусусиятҳои ба худ хос аз дигар ҷумҳуриҳо фарқ мекард. Тоҷикистон ягона ҷумҳурие буд, ки пурра ба ақидаҳои коммунистӣ дода шуда буд ва кӯр-кӯрона онро пайгирӣ мекард. Халқҳои ҷумҳуриҳои Наздибалтик, Украина, Гурҷистон ва Арманистон ба таври назарнорас бошад ҳам, баъзан норозигии худро аз сиёсати тоталитарии ҳамонвақта нишон медоданд.

Тоҷикистон ҷумҳурии «иҷрочӣ» ва нисбатан ором буд. Ақидаҳои демократӣ ва озодихоҳона дар Тоҷикистон танҳо дар ибтидои бозсозӣ ва он ҳам бошад, таҳти таъсири сахти ақидаҳои нави озодихоҳонаи Русия ва ҷумҳуриҳои Наздибалтик пайдо шуданд. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки дар Тоҷикистон ин раванд нисбат ба Литва, Латвия ва Эстония, ки аллакай то Иттиҳоди Шӯравӣ анъанаҳои демократӣ доштанд, бо душвориҳои хеле зиёд ба амал омад.

Ҳаракатҳои аввалини озодихоҳона дар атрофи мақоми забони тоҷикӣ ва анъанаҳои миллӣ ба вуҷуд омаданд. 22 феврали соли 1990 гирдиҳамоии сокинони шаҳри Душанбе барпо гардид ва онҳо талаб карданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ҳамин тавр, ҷомеаи аз ҳама ором пас аз 4 соли бозсозӣ якбора ба ҷӯш омад. Гирдиҳамоӣ ва маҷлисҳо яке аз паси дигаре дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мегузаштанд, то он лаҳзае ки ба мақсади гузошташуда ноил нашуданд. Дар бораи сифати ғалаба ва натиҷаҳои он чизе намегӯем.

Дар давраи бедоршавии сиёсӣ яке аз паси дигаре ташкили ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсии ҷонибдорони бозсозӣ шурӯъ гардид. Соли 1988 аллакай дар Ӯротеппа ва Конибодом ҳаракати ҷамъиятию сиёсии «Ваҳдат» ва дар Кӯлоб «Ошкоро» ташкил карда шуд. Феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе зиёиёни пешқадам ҷамъияти «Маърифат»-ро ташкил намуданд. Моҳи майи ҳамон сол клуби сиёсии «Рӯ ба рӯ» ташкил карда шуд, ки дар байни аҳолӣ нуфуз пайдо кард. Клуб ба маркази тарбияи сиёсии ҷавонон табдил ёфт. Сентябри соли 1989 маҷлиси муассисони ҳаракати ҷамъиятию сиёсии «Растохез» баргузор шуд. Фаъолнокии сиёсии омма бо ин маҳдуд нагардид. Аз ташкили ҳаракатҳо ба дараҷаи баландтаре ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ гузаштанд. Ҳамин тавр, Ҳизби демократии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳизби сиёсии дигар-Ҳизби назҳати ислом аз мавҷудияти худ хабар дод. Дар ҷумҳурӣ мунтазам ҳаракатҳои гуногун ташкил карда шуданд, ки хусусияти маҳалчигӣ доштанд. Аксар вақт ташаббускори таъсиси ҳамин гуна ҳаракатҳо номенклатураи минтақавӣ буд, ки мансабҳои роҳбарикунанда ва таъсири идории худро ба омма аз даст дода буд. Мақсад маълум буд – ба ҳаракату ташкилотҳои маҳаллӣ такя намуда, бозгаштан ба ҳаёти сиёсӣ. Минтақаеро дар мамлакат номбар кардан душвор аст, ки дар он гурӯҳҳои гуногуни ташаббускор, шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ, ҳаракатҳои гуногуни мустақил ва ҳаракату ассотсиатсияҳои гражданӣ амал намекарда бошанд. Воситаҳои нави ғайрианъанавии ҷалб намудани гурӯҳҳои иҷтимоии гуногуни аҳолӣ ба системаи муносибатҳои сиёсӣ, ки то ба ҳол номаълум буданд, ба вуҷуд омаданд.

Дар вилояти Хатлон чун дар тамоми Тоҷикистон якбора дараҷаи фаъолияти иҷтимоию сиёсии одамон боло рафт. Дар шаҳри Кӯлоб ва як қатор ноҳияҳои вилоят конфоронси муассисони Ҳизби демократии Тоҷикистон гузаронида шуд. Чуноне ки зикр гардид, аввалин ҷамъиятҳои мустақил соли 1989 дар вилояти Хатлон таъсис дода шуданд. Онҳо масъалаи вилояти Кӯлобро, ки каме пештар барҳам хӯрда буд, манъи сохтмони заводи аккумляторсозиро дар шаҳри Кӯлоб ва бартараф намудани қафомонии иқтисодию фарҳангии шаҳру навоҳиро гузоштанд. Замонавӣ будани масъалаҳои бардошташуда ва ҷонибдории аҳолӣ дар муддати кӯтоҳ онро ба ҳаракати муташаккил мубаддал гардонид. Аввалан клуби ҷамъиятию сиёсии «Ошкоро» ташкил карда шуд, ки ба он намояндагони тамоми табақаҳои аҳолии шаҳру навоҳӣ ворид гардиданд. Агар қисми зиёди аъзоёни клуб бо нияти нек ба он дохил шуда бошанд, пас як қисми алоҳидаи ба ҳама маълум бо шиорҳои қолабӣ, худро чун «ҳимоятгарони халқ» намоиш доданд.

Дар байни онҳо ашхоси «ҷабрдида» низ буданд, ки дар вақтҳои гуногун худро беобрӯ гардонидаанд ва онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд, то худро дар назари мардум сафед намоянд. Дар баромадҳояшон асосан дар бораи бо кор таъмин набудани қисми муайяни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, далелҳои маҳалгароӣ, камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти ҳизбию шӯравӣ ва баррасии сусти масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят сухан меронданд.

Демократияю ошкорбаёнӣ ва қонуни қабулнамудаи собиқ Шӯрои Олии ИҶШС «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» ба ташкилотҳои динӣ ва намояндагони рӯҳониён роҳи васеъ кушод. Қисмати муайяни рӯҳониён, ки дар мавқеи фундаментализм ва қувваҳои тахрибкунандаи ба онҳо ҳамроҳшуда меистоданд, кӯшиш мекарданд, ки дар роҳи минбаъдаи инкишофи ҷамъиятию сиёсии вилояту ҷумҳурӣ нуқтаи назари худро таҳмил намоянд.

Июни соли 1990 дар Астрахан анҷумани муассисони Ҳизби назҳати исломӣ шуда гузашт, ки яке аз сокинони ҷумҳуриамон муовини амир интихоб гардид. Дар таъсиси ҲНИ намояндагони тамоми минтақаҳои калони мусулмонии ИҶШС иштирок карданд. Воқеан ҳам ҳизб умумииттифоқӣ буд, аммо ин таъйинот расман дар номи расмиаш сабт нагардида буд. ҲНИ-и умумииттифоқӣ ба худ вазифаи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои тамоми иттиҳодияҳои мусулмононро дар ИҶШС барои анҷом додани мақсадҳои умумӣ гирифта буд. Ба сифати мақсадҳои умумӣ пешниҳод шуда буданд:

– муттаҳид намудани мусулмонон;

– эҳёи ислом;

– аз ҷиҳати сиёсӣ бедор намудан ва амалӣ намудани ҳуқуқи ҳар як мусулмон барои ташкили ҳаёташ дар асоси Қуръон ва суннат. Инчунин, зикр карда шуда буд, ки ҳизб «дар интихоботи тамоми мақомоти давлатӣ иштирок мекунад…».[2]

Октябри соли 1990 иҷлосияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки мутобиқи он дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияти шуъбаи тоҷикистонии ҲНИ-и умумииттифоқӣ манъ карда шуд, чунки барномаи он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф буд. Сарфи назар аз ин, 6 октябри соли 1990 дар деҳаи Чортути собиқ ноҳияи Ленин кумитаи ташкилӣ конфоронси муассисонро гузаронида, роҳбарияти шуъбаи ин ҳизбро интихоб намуд.

Қисмати дигари ашхоси рӯҳонӣ мақсадҳои барномавӣ ва оинномавии Ҳизби исломиро оид ба масъалаҳои мураккаб дар соҳаҳои маънавӣ ва фарҳангӣ маъқул надонистанд ва рӯирост таъсиси ҳизберо, ки тантанаҳои ақоиди исломро тариқи муборизаи озод бо сохти мавҷуда вазифаи асосии худ ҳисобидааст, маҳкум намуданд.

Ҳамин тавр, хусусияти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон боиси як қатор омилҳо гардид. Пеш аз ҳама, мухолифатҳои дохилимиллӣ дар ҷумҳурӣ то ибтидои соли 1991 дар шакли низоъ ба амал наомада буданд. Сониян, низоми сиёсии ҷумҳурӣ ба вуҷуд наомада буд. Таъсисёбии аҳзобу ҳаракатҳо давом доштанд. Шумораи субъектҳои низоми сиёсӣ, ки аксар вақт ягон манфиати наверо инъикос намекарданд, зиёд мегардиданд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кӯшиш ба харҷ медоданд, ки расман сарвар гарданд ва фаъолияти худро ба интихоботҳои дарпешистода ба мақомоти намояндагии ҳокимият равона карда буданд.

Бозсозии ҷамъияти шӯравӣ бевосита на танҳо ба ислоҳоти империя, балки ба тезутунд ва рӯирост гардидани камбудиҳою беадолатиҳо оварда расонид. Вақте ки муборизаҳо барои озод гардидан аз фишорҳои марказ сар шуд, ҷумҳуриҳои Наздибалтик бисёр чиз талаб намекарданд. Мақсади ягонаи онҳо ба озодии иқтисодӣ ноил гардидан буду халос. Аммо маркази империя медонист, ки аз даст додани фишангҳои иқтисодӣ иқтидори иқтисодӣ ва обрӯи сохти Шӯравиро мекоҳонад. Аз ин рӯ, ҳимоятгарони империя, ки такягоҳашон Ҳизби коммунист буд, муқовимати шадид нишон медоданд ва ба ҳар роҳ кӯшиш ба харҷ медоданд, то дар давлатҳои Наздибалтик иғво андозанд ва бо ин роҳ барои ба мақсадҳояшон ноил гардидан халал расонанд. Аммо халқҳои ин ҷумҳуриҳо, ки дараҷаи кофии донишҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи муҳорибаи сиёсӣ доштанд, ба ин иғвоҳо бо фаъолнокии умумимиллӣ ҷавоб доданд, ки инро воқеаҳои январии соли 1991 дар Литва нишон дод. Фитнаангезии маркази империя ба он овард, ки халқҳои ин ҷумҳуриҳо аввалин шуда истиқлолияти миллӣ ба даст оварданд. Мунтазам дигар ҷумҳуриҳо низ дар бораи истиқлолияташон эълон карданд ва нуқтаи баландтарини он аз ҷониби Шӯрои Олии Федератсияи Русия моҳи маи соли 1991 қабул гардидани ҳуҷҷат дар бораи истиқлолияти давлатӣ буд. Баъд аз ин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ дар бораи истиқлолияташон эъломияҳо қабул карданд. Аммо ин ҳуҷҷатҳо ба таври расмӣ мавҷуд буданду аз истиқлолияти воқеӣ шаҳодат намедоданд.

Дар он вазъияте, ки ҷумҳуриҳои шӯравӣ қарор доштанд, сарварони сиёсии Ҳизби коммунист худашонро гум карданд ва бо ҳар роҳ кӯшиш ба харҷ медоданд, то империяро наҷот диҳанд.

Гурӯҳи якум таҳти роҳбарии Елсини ноуҳдабаро, ки онро Горбачёви софист низ тарафдорӣ мекард, ҷонибдори қабули созишномаи нав буд, ки бояд ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравиро ба Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Мустақил муттаҳид мекард.

Гурӯҳи дуюм, ки ба он Раиси парламенти ИҶШС Лукянов, Крючков ва дигарон роҳбарӣ мекарданд, мехостанд бо роҳи диктатура ИҶШС-ро аз парокандашавӣ нигоҳ доранд.

Гурӯҳи сеюм, ба мақсади пешгирӣ намудани созишномаи нав 18-уми августи соли 1991 бо роҳи зӯрӣ Горбачёвро аз ҳукумат маҳрум карданӣ шуда, даст ба табаддулоти давлатӣ заданд. Аммо онҳо ба мақсади гузоштаашон нарасиданд. Ташаббуси онҳо аз ҷониби қувваҳои гуногун ба муқовимати рӯирост дучор шуд. Ҳамин тавр, воқеаҳои августӣ имконоти камтарини нигоҳ доштани якчанд ҷумҳуриро дар ҳайати давлати конфедеративӣ аз даст дод ва ҳамин тариқ, ба пурра барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мусоидат намуд. Дар роҳбарияти Тоҷикистон чунин ранг гирифтани ҷараёни рушди воқеаҳоро интизор набуданд ва ҳатто кӯшиши табаддулоти давлатиро ҷонибдорӣ намуданд. Аммо, пеш аз он ки истиқлолияти сиёсии Тоҷикистонро расман эълон намоянд, намояндагони халқ ба роҳбари ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Маҳкамов Қ.М. нобоварӣ эълон карданд.

9-уми сентябри соли 1991 таҳти фишори «қувваҳои демократӣ» Парламенти Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ декларатсия қабул намуд. Ин рӯз дар таърихи халқи тоҷик чун Рӯзи истиқлолият ворид гардид. Тоҷикистон чун давлати мустақил ба арсаи олам ворид гардид ва зиёда аз 110 давлати ҷаҳон истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуд, ки дар байни онҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин мебошад. Мутобиқи Конститутсия интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  иштироки қувваҳои гуногуни сиёсӣ гузашт ва Раҳмон Набиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Намояндаи «қувваҳои демократӣ» Д. Худоназаров аз байни 9 нафар довталаби мақоми президентӣ ҷойи дуюмро ишғол кард. Аммо, мутаассифона, интихоботи президентии ҷумҳурӣ ба ризоияти миллӣ мусоидат накард ва баръакс ба ғаму ғурбати нави миллӣ ибтидо гузошт.

Муборизаро барои ҳокимият ва таъсирро дар байни қавмҳои минтақа дар Тоҷикистон падидаҳои зерин мураккаб гардониданд:

– шиддати этномиллӣ дар муносибати байни бюрократияи тоҷикони шимолӣ ва кӯҳистони Бадахшон;

– фаъолияти гурӯҳҳои зиёиёни душанбегии рӯҳияи баланди миллидошта (бо даъвоҳои территориявӣ ба Ӯзбекистону Қирғизистон баромад карданд);

– даъвои ҳокимият намудани табақаи болоии рӯҳониёни мусулмони маҳаллӣ (муллоҳо).

Ин мубориза пас аз эълон намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле тезутунд гардид. 11-уми майи соли 1992 Президент Раҳмон Набиев таҳти фишори мухолифин бо иштироки онҳо ба таъсиси ҳукумати муросои миллӣ розӣ шуд. Намояндагони мухолифин бояд сеяки мансабҳои вазириро соҳиб мешуданд. Аммо бо ин мубориза хотима наёфт. 7 сентябри соли 1992 Раҳмон Набиевро маҷбур намуданд, ки ба аризаи истеъфояш имзо гузорад.

16 ноябри соли 1992 дар Хуҷанд иҷлосияи махсуси Шӯрои Олиро гузарониданд ва Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. 6 декабри соли 1992 муборизаи яроқнок барои Душанбе сар шуд, ки пас аз як ҳафта бо бартарии қувваҳое, ки Эмомалӣ Раҳмоновро пешниҳод намуда буданд, анҷом ёфт. Аммо роҳбарони мағлубгардидаи оппозитсионии Қӯрғонтеппа, Ғарм, Бадахшон ва табақаи болоии рӯҳониёни мусулмон яроқҳои худро нагузоштанд. Намояндагони зиёди мухолифин ба хориҷа ҳиҷрат карданд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон давом мекард[3].

Умеди он ки пас аз ба даст овардани истиқлолият рушду тараққиёти ҷумҳурӣ ба зинаи сифатан нав мебарояд, ҳамин тавр мисли орзу боқӣ монд. Ба ғайр аз ин дар худи Тоҷикистон бархӯрдҳои сиёсӣ ва мухолифатҳои гуногуни гурӯҳҳои этникӣ ба фоҷиаи воқеии иҷтимоӣ оварда расониданд. Дар ин бора ҳисоботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ибтидои соли 1993 паҳн карда шуда буд, шаҳодат медиҳад. Дар натиҷаи муҳосираи дурударози роҳҳои оҳан ва мошингард, набудани захираҳои моддию техникии зарурӣ ва хеле зиёд гаштани кӯчбандии аҳолӣ, иқтисодиёти мамлакат фалаҷ гардид. Маблағи умумии зарари иқтисодӣ зиёда аз 200 млрд рублро ташкил дод.

Истеҳсоли молҳои саноатӣ якбора паст гардид, истеҳсоли молҳои талаботи ҳаррӯза дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 1992 24,5% поён омад. Ҳамон вақт дар вилояти Қӯрғонтеппа задухӯрдҳои хунин оғоз гардиданд. Дар он ҷо молҳои саноатӣ ба маблағи 1,5 млрд рубл истеҳсол нагардиданд. Ҷанг ба нақлиёти ҷумҳурӣ низ зарари калон расонид (танҳо шумораи мошинҳои дуздидашуда ва нобудкардашуда ба 5000 ҳазор адад мерасид), мошинҳои боркаш ва вагонҳои мусофиркаши зиёде аз кор бароварда шуданд. Маблағи умумии зарар дар ин соҳа ба 4 млрд рубл мерасад. Аз ҳама зарари бештар ба соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ расонида шуд. Ҳосил пурра ғундошта нашуд, фондҳои асосӣ ғорат карда шуданд ва маблағи зарар 29 млрд рублро ташкил дод. Ҷанги шаҳрвандӣ кӯчбандии дохилӣ ва хориҷии аҳолиро пурзӯр намуд. Дар ҷумҳурӣ дар як муддати кӯтоҳ ба таври расмӣ 537 ҳазор паноҳандагон ба қайд гирифта шуданд. Танҳо дар Душанбе шумораи паноҳандагон ба 120 ҳазор нафар мерасид. Роҳи ҳалли дигари масъаларо наёфта, як қисми аҳолӣ маҷбур шуданд, ки қаламрави ҷумҳуриро тарк намоянд.[4]

Албатта, фоҷиаи асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин қурбон гардидани одамон мебошад. Ҷанги бародаркуш ҳаёти «қариб сад ҳазор одамонро» нобуд намуд (бештар аз ҷанги соли 1945 бо Ҷопон ва тақрибан чор маротиба камтар аз ИМА дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон).[5]

Шумораи дақиқи қурбоншудагон то ба ҳол маълум нест. Дар ҷумҳурӣ аз 20 то 80 ҳазор адад яроқи оташфишон дар дасти аҳолӣ мавҷуд буд. Ба қабули қонунҳои қатъӣ ва кӯшишҳои қувваҳои ҳукуматӣ, ки ба бесилоҳгардонии аҳолӣ машғул буданд, нигоҳ накарда, то ба ҳол шумораи хеле ками яроқ супорида шудааст. «Танҳо ибтидои соли 1996 дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сарҳадбонон 19 ҳодисаи вайрон кардани сарҳадро бартараф намуданд ва 28 вайронкунандаи сарҳадро боздошт намуданд. Дар ин давра сарҳадбонон 750 кг маводи мухаддир ва 159 кг афюнро ошкор намуда, мусодира намуданд».[6]

Гузашта аз ин, дар доираҳои гуногун чунин саволе ба миён меояд: «Кадом амалҳо сабаб гардиданд, ки Тоҷикистон ба ин воқеаҳои хунин ва фоҷиавӣ рӯ ба рӯ гардид?» Ба ин савол вобаста ба назари сиёсӣ ва ҷонибдорӣ ба ин ё он ҷониб ҷавобҳои зиёде ҳастанд, вале ҷавоби асосӣ дар паси якбора соҳиби истиқлолият гардидан ва озодии сиёсиро дарк карда натавонистани тоҷикистониён пинҳон мемонад. Тоҷикистониён якбора туҳфаи ғайриинтизорӣ гирифтанд, ки ба он тайёр набуданд.

Имрӯз ҳар як давлати соҳибистиқлол роҳи инкишоф ва тараққиёти худро муайян мекунад. Ин роҳ бояд ба талабот, таърих, хусусият ва шароитҳои ҷуғрофии мардум мувофиқат намояд. Ҳодисаҳои дар боло зикргашта боз як бори дигар тасдиқ мекунанд, ки дар ин роҳ қатъият ва ҷуръатнокӣ зарур аст. Чи тавре ки таҷрибаи талхи таърихии мо нишон дод, набояд ба сиёсатмадорони ҳавобаланду софист тобеъ шуд, чунки онҳо барои нигоҳ доштан ва ноил гардидан ба манфиатҳои шахсиашон халқро ба мушкилҳои гуногун ва азобу шиканҷа рӯ ба рӯ мегардонанд.

Бунёдгароёни исломӣ ва баъзе ҳаракатҳои нави сиёсӣ барои ташаккул додани теъдоди зарурии афкори ғаразнокашон дар таърихи давлати соҳибистиқлолу озод татбиқи пешинаи аз ҳама душвори давраи гузаришро пеш гирифтанд. Ин даврае буд, ки асос ва бунёди ҷамъияти пештара барҳам мехӯрд. Аммо ҳукумат, ки халқ роҳбариро ба он бовар карда буд, аз озмоиш нагузашт ва нотавонии худро нишон дод. Ҳукумат вазъиятро назорат карда натавонист, гузашт намуд ва қатъият нишон надод. Воқеаҳои хунини Тоҷикистон боз як бори дигар нишон доданд, ки мавҷудияти қонунҳои хуби демократӣ маънои онро надорад, ки чизи аз ҳама асосӣ-риояи қонун аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Дар вазъияте, ки қонунҳо амал намекунанд, шаҳрвандон аз доираи амали қонун берун мондаанд ва аз дасти ҳукумат амале намеояд, тақсимшавии ҷомеа ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф ва тезутунд гардидани мухолифати дохилӣ ба вуҷуд меояд.

Бунёдгароён дар ибтидои истиқлолият бо истифода аз шиорҳои иғвогаронаи худ, ки ба паҳлуҳои аз ҳама душвори ҳаёти халқи одӣ дахл мекарданд, диққати мардумро аз ҳалли масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ дур намуданд ва онҳоро ташвиқ намуданд, ки яроқ ба даст гиранд. Агар сохтори сиёсии давлатӣ коршоям мебуд, имкони гирифтани пеши роҳи фоҷиаи хунин аз эҳтимол дур набуд. Вале аз сабаби вуҷуд надоштани чунин дурнамо мақсадҳои ҳукуматдорон барои оммаи васеи аҳолӣ норавшан буд ва онҳоро ба худ ҷалб намекард.

Воқеаҳои Тоҷикистон равшану возеҳ нишон доданд, ки дар Осиёи Марказӣ гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ бо як ҷаҳиш анҷом наёфта, он бояд зина ба зина анҷом ёбад. Бунёдгароёни исломӣ ва «демократҳо» мақсад доштанд, ки аз рӯйи принсипи инқилобӣ амал намоянд, вале ин ба онҳо муяссар нашуд. Онҳо қонунҳои тараққиёти ҷомеаро барои тоҷикистониён бо қимати хеле баланд пардохт намуданро талаб  намуданд. Аз ҳама фоҷианокаш он аст, ки озодӣ ва истиқлолиятро на аз душмани беруна, балки аз бародари тоҷикистонии худ гирифтан мехостанд.

Аммо баробари дар мамлакат барқарор гардидани сохтори нави конститутсионӣ низои дохилимиллӣ роҳи ҳалли худро наёфт. Аз ин сабаб  як қисми мухолифин бар асари даргирии ҷанги шаҳрвандӣ ба давлати ҳамсояи Афғонистон фирор карданд.

Соли 1994 қувваҳои мухолифин интихоботи Президент ва қабули Конститутсияи нав, моҳи феврали соли 1995 интихоботи парламентро бойкот эълон карданд. Онҳо нигоҳ доштани шиддатро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дар ноҳияҳои Тавилдараю Ғарм, ки дар қисмати ҷанубу шарқии мамлакат ҷойгиранд, раво донистанд. Ҳукумат таҳти назорати СММ якчанд давраҳои гуфтушунидро гузаронид, ки он ба ивази гаравгонон ва ба имзо расонидани оташбаси муваққатӣ имконият дод. Инчунин, комиссияи муштарак оид ба масъалаи паноҳандагон ва гурӯҳи нозирони СММ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Оташбас аз 20 октябри соли 1994 сар шуда буд, агарчи ҷонибҳо онро доимо риоя намекарданд. Нарасидани маводи озуқа моҳҳои октябру ноябри соли 1994 ба мушоҳида мерасид. Ҳукумат ва ҷонибдорони он пай дар пай аз боварии халқ баромадан гирифтанд, обрӯи пешинаашон устувор нагардид.

Вайрон кардани ҳуқуқҳои асосии инсон, куштори ваҳшиёнаи беҷазои ходимони сиёсӣ, ҷамъиятӣ, журналистон, соҳибкорон ва ҳуқуқшиносон давом мекард. Ташкилкунандагони ин кушторҳо на танҳо исломиёни демократ буданд, балки аъзои он гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳам буданд, ки дар ташкилу барқароркунии сохтори конститутсионии мамлакат ширкат варзида буданд, аммо аз сабаби сустии назорати умумидавлатӣ яроқ барои онҳо манбаи даромад ва маънои аслии зиндагиашон гардида буд. Ҳукумат кӯшиш ба харҷ медод, ки ин гурӯҳҳоро муттаҳид созад, аз болои онҳо назорат барқарор намояд ва онҳоро ба ҳайати гурӯҳҳои навтаъсисгардидаи Қувваҳои мусаллаҳ ворид намояд, аммо ҳалли ин масъала бисёр мушкил буд. Гуфтан зарур аст, ки ин гурӯҳҳои таҳти назорат қарорнадошта бештар вақт вазъиятро муташанниҷ месохтанд.

Тавассути кӯшишҳои муштараки Комиссариати Олии СММ оид ба паноҳандагон ва Ҳукумат ҷараёни бозгашти паноҳандагони тоҷик аз Афғонистон тезонида шуд. Масъалаи дигар авҷ гирифтани ҷинояткорӣ буд. Дар гузаштаи начандон дур ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ кам набуд, аммо бо барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҳодиса ба машғулияти ҳаррӯзаи қисме аз шаҳрвандон табдил ёфт ва бесабаб набуд, ки ҳатто аҳолӣ ҳам дигар ба он аҳамият намедод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нотавонии худро зоҳир мекард. Агар пештар дар бораи амалҳои алоҳида ё баъзан гурӯҳи ҷинояткорон сухан мегуфтанд, пас дар солҳои 1995-96 амалҳои ҷинояткоронаи минтақавию мазҳабӣ ба амали муқаррарӣ табдил ёфта буданд.

Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон то соли 1993 на ҳизбҳо ва на ҳаракатҳои ҷамъиятӣ натавонистанд фаъолияти босамар дошта бошанд, ба омма таъсир расонанд, зеро барномаи миллии дақиқ ва тадбирҳои амалӣ намудани онро соҳиб набуданд.

Аз ин рӯ, сиёсати миллӣ мазмунан бояд ба инкишоф додани арзишҳои умумиинсонӣ дар муҳити миллӣ, аз қабили ҳуқуқи умумии интихоби ҳар як халқ самти тараққиёт ва рушди миллии худро дошта бошад. Ҳуқуқи интихобот амалан бо ҳуқуқи худмуайянкунӣ, мустақилияти иқтисодӣ ва ҳалли сиёсӣ бо озодии шахсият ва миллатҳо вобаста мебошад. Анҷом додани худмуайянкунии миллӣ бояд ҳуқуқи ҳамаи халқҳоро барои интихоби шакли давлати миллӣ мутобиқи имкониятҳои воқеии қавми мазкур дар бар гирад.

Яке аз таъйинотҳои сиёсати миллӣ дар шароити давлати сермиллат, ин омили танзим ва бартараф намудани низоъҳои байнимиллӣ, таҳияи роҳҳои ҳаллу фасли онҳо бо воситаҳои нисбатан одӣ мебошад. Низои яроқнок, истифодаи қӯшун барои ҳаллу фасл намудани низоъҳои миллӣ на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар дохили ҳама гуна давлати дигар бояд пурра барҳам дода шавад. Аз рӯйи «маълумоти экспертҳо то солҳои 1995 дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 170 минтақаи низоӣ мавҷуд буд. Аз онҳо 30 низоъ дар шакли фаъол ва дар 10 низоъ кор то истифодаи қувва расида буд»[7].

Ҳамин тавр, дар шароити тезутунд гардидани шиддати байнимиллӣ ва дохилимиллӣ нақш ва методҳои сиёсии ин низоъҳо ва имкониятҳои ин муносибатҳо афзун мегардад. Барои он ки низои дохилимиллӣ дар Тоҷикистон ҳалли худро ёбад, ҳарду ҷониб корҳои зиёдеро анҷом доданд. Роҳбарияти мамлакат қонунгузории муайянеро таҳия намуд, ки барои шахсони ба ватан баргашта амният кафолат дода мешуд. Ҳама хоҳишмандоне, ки хоҳиши дар муборизаи сиёсӣ иштирок карданро доранд, метавонанд бо тартиби муқарраршуда ҳизбу ҳаракаташонро ба қайд гиранд ва тариқи методҳои сиёсӣ мубориза баранд. Ин роҳи ягонаи ҳалли масъала мебошад.

Ҳамзамон, шарти асосии бошууронаи ҳалли сиёсии низои дохилимиллии Тоҷикистон ин таҳлили сабабҳои ба вуҷуд омадани он ва динамикаи фаъолияти муштараки ҷонибҳои мухолиф аст. Раванди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар шароити вайрон гардидани системаи тоталитарӣ хеле душвор мегузашт. Дар ин ҷо вазъият-сабаб нақши асосӣ бозидааст: тезутунд гардидани буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ, маъюсӣ аз арзишҳои маънавию идеологии пешина, васеъ гардидани ошкорбаёнӣ ва озодии маънавӣ. Бедор шудани ранҷишу озорҳои даҳсолаҳо ҷамъгардида ва рӯпӯшкардашуда, пурзӯр гардидани рӯҳафтодагӣ, пайдо шудани талабот ба такягоҳи маънавии дигар, ки ақоиди эҳёи миллиро инъикос менамояд, аз шумораи ин сабабҳо буданд. Дар ҳамин гуна фазо таркиши худшиносии миллӣ дар Тоҷикистон шакли ғайритамаддуниро ба худ гирифт. Минтақаи бузурги низоӣ ба вуҷуд омад.

Иқтидори низоӣ, ки солҳо дар ҳолати сардӣ буд, озод гардида, андоза ва зуҳуроте ба даст овард, ки доир ба суст шудани худшиносии миллӣ дар ҷомеаи тақсимгардидаи дорои падидаҳои миллию минтақавӣ ва маҳаллӣ гумон кардан мумкин буд. Тоҷикон, ки дар давоми таърихи дурударози худ ҳаёти сиёсии комил надоштанд ва якбора соҳиби истиқлолият гардиданд, ба ҳаёти мустақилона, чи дар дараҷаи сиёсӣ ва чи дар дараҷаи психологӣ тайёр набуданд. Ҳоло имконияти рушду инкишофи тоҷикон ҳамчун миллат ин ташаккул додани арзишҳои дақиқи умумимиллӣ, бартараф намудани ба маҳалҳо тақсимшавӣ ва таҳияи идеяи миллии худӣ мебошад, ки бе он давлат вуҷуд дошта наметавонад.


[1] Холиқзода А. Таърихи сиёсии тоҷикон. – Душанбе, 1994. – С.111.

[2] Мусульмане в инокофессиональной среде. – М., 1995. – С.27.

[3] Ганковский Ю.В. События в Таджикистане и их резонанс в мире. – М., 1995. – С.69-70.

[4] Ниг.: Садои мардум. – 1994. – 15 март.

[5] Жизнь наиональностей. – 1993. – №3-4. – С.5.

[6] Московский комсомолец. – 1996. – 24 апреля. – С.3

[7] Лысенко В. Развитие федеративных отношений в современной России. – М., 1995. – С.152.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, истиклолият, истиклолияти сиёси, истиқлоляити сиёсӣ, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси

ҚаблӣИстиқлолият ҳамчун назарияи сиёсӣ
БаъдӣМафҳум ва моҳияти системаи сиёсӣ