“Биё, то қадри якдигар бидонем” шеъри зебои Мавлоноро дар шакли пурра аз ин саҳифаи сомонаи www.DONISHJU.net бихонед >>
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Чу муъмин оинай муъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рӯгаронем.
Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Фусуни қул аъузу қул ҳуваллаҳ,
Чаро дар ишқи ҳамдигар нахонем.
Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем.
Чу баъд аз марг хоҳӣ оштӣ кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор мурдам, оштӣ кун,
Ки дар таслим мо чун мурдагонем.
Чу бар гӯрам бихоҳӣ бӯса додан,
Рухамро бӯса деҳ, к-акнун ҳамонем.
Хамуш кун мурдавор, эй дил, азеро,
Ба ҳастӣ муттаҳам мо з-ин забонем.
Ҷалолиддини Балхӣ