Бофти матоъ. Кори амалии №19

Бофти матоъ. Кори амалии №19.


Таҷҳизот: коғаз, ширеш, қайчӣ, ҷадвал.

  1. Қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатариро дар вақти кор бо таҷҳизоти зарурӣ риоя кунед.
  2. Ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, коллективона як намуди бофтро иҷро кунед, шакл ва ҳолати коғазро муайян намоед. Нақшаи корӣ тартиб диҳед, корро байни худ тақсим кунед.
  3. Интихоби коғаз: ду хел коғази ранга – якум барои тор, дуюм барои пуд.
  4. Ба ҳар як коғаз аз тарафи чапаш хат кашед, васеъгиашро ба ягон андоза – 0, 5 – 1 см ё 1, 5 см муайян карда, хат кашед.
  5. Барои риштаи тор ҳамаи коғазҳоро бо шакли росткунҷаи дароз буред.
  6. Ба коғазе, ки андозаи риштаи пудро муайян мекунад, аз тарафи чапаш нишона гузоред ва ҳар нишонаро аз охири коғаз 2 см монда, буред.
  7. Баъд якто-якто байни тору пуд шумораи риштаҳои муайянро гузоред.
  8. Риштакоғазеро, ки шумораи бофт муайян кард, бо ширеш пайваст кунед. Баъд риштаи пудро даст гирифта, коғази риштаи торро аз мобайни риштаи пуд ба шумораи муайян гузаронед.

Бо ҳамин тарз ҳамаи риштаҳои тор ва пудро шуморида бофед.

Тарзи бофти матоъ аз коғазҳои ранга
Тарзи бофти матоъ аз коғазҳои ранга

Фикр кунед, ҷавоб диҳед, иҷро кунед

  1. Боэҳтиёт, сарфакорона истифода бурдан чӣ маънӣ дорад?
  2. Барои кор кадом маҳсулот ва таҷҳизоти заруриро мегиред?
  3. Истифодаи оқилонаи маҳсулотро чӣ хел мефаҳмед?
  4. Оё шумораи бофтҳои додашударо зиёд кардан мумкин аст ё не?
  5. Барои кор чанд намуди коғази рангаро интихоб мекунед?
  6. Аввал кадом риштаи бофтро ба назар мегиред, тор ё пудро?
  7. Риштаи торро чӣ хел гузаронидан лозим аст, ки шакли бофт вайрон нашавад?
  8. Росткунҷаҳои дарозро чӣ хел зуд ва дуруст буридан мумкин аст?
  9. Оё коғазеро, ки риштаи пудро нишон медиҳад, то охир буридан лозим аст?
  10. Коғазеро, ки риштаи пудро нишон медиҳад, муайян кунед.

Савол

  1. Чанд намуди бофтро медонед?
  2. Барои бофтани нахи абрешим кадом намуди бофтани матоъро истифода мебаранд?
  3. Кадом намуди матоъҳо ба бофти атласӣ ё сатинӣ дохил мешавад?
ҚаблӣБофтани матоъҳо
БаъдӣМаълумот дар бораи таҷҳизоти дӯзандагӣ