Бозори молиявӣ ва таркиби он

Бозори моливӣ – ин бозорест, ки дар он азнавтақсимкунии сармояҳои пули озод ва пасандозҳо дар байни субъек­тҳои иқтисодии гуногун бо роҳи гузаронидани доду гирифт ба воситаи дороиҳои молиявӣ (пул, қоғазҳои қимматнок тилло, металлҳои қиматбаҳо, ва дигарҳо) ташкил карда мешавад. Дар бозори молиявӣ бархурди талаботу таклифот, воситаҳои пулӣ ва сармояҳо ва ташаккули нархи дороиҳои молиявӣ су­рат мегирад.

Пешниҳоди воситаҳо дар бозори молиявӣ асосан аз хоҷагиҳои хонаводагӣ бармеоянд, лекин воситаҳои пулии мувақатан озод дар ҷараёни гирдгардии сармоя дар корхонаҳо ва дар вақти ташаккул ва истифодабарии фондҳои пулии марказонида шудаи дар ихтиёри давлат буда низ ташаккул меёбанд. Дар ин ҷо аксарияти пасандозҳо ба хоҷагиҳои хонавода ва аксария, ти сармоя ба корхонаҳо рост меоянд.

Мавод ба сомонаи Donishju.Net тааллуқ дорад.

Инчунин хонед:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бозор, шароит ва принсипҳои ташкили он

Омузиш ва таҳлили фаъолияти бозорҳои молиявӣ талаб менамояд, ки онҳо тибқи аломатҳои алоҳидаашон қисматбандӣ ё гурӯҳбандӣ карда шаванд. Дар адабиёти иқтисодӣ гурӯҳбандии бозорҳои молиявӣ тибқи стандартҳои байналмиллалии умумӣ эътирофшуда мавҷуд нест, зеро вобаста ба мақсади таҳлил ва хусусиятҳои хоси рушди намудҳои алоҳидаи бозори молиявӣ муносибати гуногуни гурӯҳбандии онҳо истифода бурда мешаванд. Бинобар ин аз муалиф яке аз гурӯҳбандии нисбатан айён ва имконпазири бозорҳои молиявӣ пешниҳод менамояд, ки он бо нишондиҳандаҳои нақшаи 3 тавсиф карда мешавад.

Бозори пулӣ – ин бозор нисбати амалиётҳои кутоҳмуддат (то як сол) буда, дар он азнавтақсимкунии дороиҳои бозоргир, яъне пулҳои нақдии озод амалӣ мегарданд. Дар он додугирифт бо дороиҳои дар шакли бозорпазир метавонанд ба сифати воситаи пардохт барои пӯшонидани уҳдадориҳои гуногуншакл истифода бурда шаванд. Дороии аз ҳама бозоргир пул, дар шакли банкнота ва бақияи дар суратҳисоби бонкӣ мебошад.

Олотҳои бозори пулӣ дар навбати якум барои таъми­ни воситаҳои бозорпазири корхона ва соҳаи бизнес хизмат менамояд, ҳол он ки олотҳои бозори сармоя ба ҷараёни пасандоз ва сармоягузорӣ вобаста мебошад. Бинобар ин дар аксари давлатҳои сатҳи иқтисоди бозори мутараққӣ ҳисоб мекунанд, ки агар муҳлати гардиши олотҳои молиявӣ аз як сол кам бошанд, пас онҳо олоти бозори пулӣ мебошанд. Олотҳои дарозмудат (зиёда аз як сол) ба бозори сармояҳо мансубанд.

Мисоли олотҳои бозори пулӣ векселҳои хазинадорӣ, аксияҳои бонкӣ, сертификатҳои депозита бонкӣ шуда метавопанд. Дар фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ барои таъмини бозорпазирии ҷории онҳо нақши муҳимро бозори пулӣ мебозад, ки он олотҳои зеринро дарбар мегирад: бозори дисконтӣ, бозори қарзҳои байнибонкӣ, бозори асъори Аврупо (евровалюта) ва бозори сертификатҳои депозитӣ.

Бозори дисконтӣ – як намуди бозори пулиест, ки дар он хариду фуруши векселҳо мегузарад. Иштирочиёни бозори дисконтӣ бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва бонкҳои тиҷоратӣ ме­бошанд.

Бозори қарзҳои байнибонкӣ – яке аз намудҳои бозори пулиест, ки дар он бонкҳои тиҷоратӣ ба якдигар қарз медиҳанд. Қарзҳои байнибонкӣ дар шакли фуруши воситаҳои пулии бонкҳои тиҷоратӣ, ки дар ҳисоби захиравӣ дар бонкӣ марказӣ (миллӣ) ба маблағи зиёда аз андозаи захираи ҳатмӣ, ки аз тарафи қонун муайян карда шудааст ва дар шакли доду гирифт «репо», яъне фуруши қогазҳои қимматнок бо шарти баргашта харида гирифтан ба роҳ монда мешавад.

Бозори асъори евро (евровалюта) – як қисми бозори пу­лиест, ки дар он фурӯши олотҳои молиявии бо асъори Аврупо евро гардонида шудаанд, ба роҳ монда мешавад. Асъори евро (евровалюята) мафҳуми умуми барои ишораи асъорҳои дар давлатҳои ғайри барорандаи он гардиш дорад, яъне дар бозорҳои байналмиллалӣ дар амалиётҳои қарзӣ, депозита ва дигарҳо васеъ истифода бурда мешавад. Ба ин асъор еврои Иттиҳоди Аврупо, доллари ИМА, маркаи немисӣ, фунт-стерленги англисӣ ва баъзе асъорҳое, ки эътирофи умумӣ доранд, дохил мешаванд.

Бозори сертификатҳои депозитӣ – шаҳодатдиҳандаи пасандозҳои бузурги муҳлатнок дар бонкҳост, ки қоғазҳои қимматнок мебошанд. Муҳлати гардиши сертификатҳоӣ депозитӣ мувофиқи қоида аз як сол зиёд нест ва барои ҳа­мин ҳам ин қоғазҳо ҳамчун олотҳои бозори пулӣ ба ҳисоб мераванд.

Бозори сармоя – ин бозорест, ки дар он азнавтақсимкунии сармояҳои озод, сармоягузории онҳо ба дороиҳои молия­вии даромадноки гуногун ташкил карда мешаванд. Фарки асо­сии байни бозори пулӣ ва бозори сармояҳо дар вазифаҳое, ки онҳо иҷро менамоянд, инъикос меёбад.

Вазифаи бозори сар­мояҳо ташаккул ва аз нав тақсимкунии сармояҳои агентҳои иқтисодӣ, ташкили назорати корпоративӣ, маблағгузории сармояҳо барои тараққиёт ва гузаронидани амалиётҳои қаллобӣ, ки олоти таъмини тавозуни устувори бозор аст, дарбар мегирад.

Чӣ тавре маълум аст дар бозори доду гирифт ба воситаи олотҳои молиявӣ ба роҳ монда мешавад. Вобаста аз намуди олотҳои молиявӣ хариду фуруши чор қисмати бозори моли­явиро фарқ мекунанд: бозори асъорӣ, бозори қарзӣ, бозори қоғазҳои қимматнок; бозори тилло.

Инчунин хонед:

https://donishju.tj/omil-oi-iste-solot-shakl-va-hususijat-oi-on-o/

Бозори асъорӣ – бозорест, ки дар он мол обтъекте мебо­шад, ки арзиши асъорӣ дорад. Ба арзишҳои асъорӣ мансубанд:

-асъорӣ хориҷӣ (тамғанои пулӣ ва воситаҳои дар ҳисобҳо буда, ки дар тамғаҳои пулии давлатҳои хориҷа ё воҳидҳои байналмилалӣ ва ё воҳидҳои барои ҳисоб ифодаёфта);

-қоғазҳои қимматнок (чекҳо векселҳо), арзишҳои фондӣ (саҳмия, вомбарг) ва уҳдадориҳои дигари қарзӣ;

-металҳои қимматбаҳо (тилло, нуқра, платина, палладий, иридий, радий, рутений, осмий), сангҳои қиматбаҳои табиӣ (алмос, лаъл, зумрад, сапфир, александрит, марворид).

Субъекти бозори асъорӣ бонкҳо, биржаҳо экспортёр ва импортёрҳо, ширкатҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ, ташки­лотҳои давлатӣ баромад мекунанд.

Бозори қарзӣ ин як намуди бозори молиявиест, ки дар он додугирифт оид ба додани воситаҳои пулии муваққатан озод ба қарз аз тарафи як субъекти иқтисодӣ ба дигарон таш­кил карда мешавад. Қарзҳо метавонанд аз тарафи корхонаҳо бевосита ба ҳамдигар (қарзҳои байнихоҷагӣ), аз тарафи бонкҳо ба ҳамаи субъетҳои иқтисоди (бозори қарзҳои бонкӣ), бевоси­та ба давлат (бозори қарзи давлатӣ) ба аҳолӣ (бозори қарзҳои истеъмолӣ) дода шаванд

Бозори қогазҳои қимматнок – ин чунин намуди бозори молиявиест, ки дар он додугирифти байни дорандагони қоғазҳои қимматнок ва сармоягузорон асосан бо кумаки миёнаравон иштирокчиёни касбии бозор ба роҳ мон­да мешавад. Олотҳои асосии бозори қоғазҳои қимматнок олотҳои пулӣ (қоғазҳои қимматноки бозорпазири кутоҳмудат), маблағгузории асосӣ (бозори сохтмони асосии худӣ), маблағгузории қарзӣ (бозори уҳдадориҳои қарзӣ) ба ҳисоб мераванд.

Бозори тилло – намуди бозори молиявиест, ки дар он фу­рӯши тилло ва сангу металлҳои дигари қиматбаҳо гузаронида мешавад.


Бозори молияви ва таркиби он, Бозори моливи чист?

Бозори пули, Бозори дисконти точики, Бозори карзхои байнибонки, Бозори асъори евро, евровалюта бо забони точики, Бозори сертификатхои депозити, Бозори сармоя чист? Бозори асъори, Бозори когазхои кимматнок, Бозори тилло чист?

ҚаблӣМиёнравии молиявӣ ва миёнравони молиявӣ
БаъдӣОмӯзиши забони англисӣ — Муроҷиат ба шахси ношинос