Бозори сармояи карзи ва фоизи карз

Бозори сармояи қарзӣ ва фоизи қарз, омилҳои ба бозори сармояи қарзӣ таъсиркунанда, Бозори сармояи карзи ва фоизи карз, омилхои ба бозори сармояи карзи таъсиркунанда


Субъекти арзаи сармоя хоҷагиҳои хонагӣ мебошад ва онҳо сармояи воқеиро пешниҳод накарда балки маблағхои озоди худро ба соҳибкрон пешниҳод мекунанд ва соҳибкорон бо истифода аз ин маблағхо фондҳои истеҳсоли ба даст меоранд. Пас такозо дар бозори воситаҳои қарзӣ аз тақозо ба сармояи воқеи, ки барои тадбиқи лоиҳахои инвестициони зарур аст вобаста мебошдад. Каҷхатаи такозо Дк ба сармоя дар график майли манфи дорад ва онро қонуни маҳдудшавии ҳосилнокии интиҳоии сармоя муайян мекунад.

Истифодаи омилҳои истеҳсолот мазмуни ба миён овардани ҷараёни истеҳсолотро дорад.

Арзаю тақозо ба омилҳои истеҳсолот тавре ба роҳ монда мешавад, ки истифодаи он омилҳо самаранок бошад.

Фарз кунем агар аз истифодаи омили сармоя ҳаҷми истеҳсол зиёд шуда, яъне ҳаҷми даромад аз ҳаҷми хароҷот ба сармоя баланд бошад, ин қулай ҳисобида мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳар як маҳсулоти истеҳсолшударо минбаъд манфиатнокию даромаднокияш паст мешавад. Барои тавсифи ин ҳолат маҳсулоти интиҳоӣ истифода мешавад (MP).

Маҳсулоти иловагӣ аз ҳисоби захираҳои иловагӣ ҳосилшаванда маҳсулоти интиҳоӣ номида мешавад.

Афзоиши даромадро аз ҳисоби фурушӣ маҳсулоти иловагӣ даромаднокии интиҳои ном дорад. MRP= MP * P

MP – маҳсулоти интиҳоӣ

MR- даромади интиҳоӣ

Мувофиқи маълумоти дар ҷадвал овардашуда, хариди воситахо доими ва баробари 300$ дар як ҳафта муайян шудааст. Нархи ҳар як донна моли фурухташаванда низ доимию баробар ба 500$ қабул шудааст.

Миқдори маҳсулот баробари зиёд шудани воситаҳои истеҳсолот зиёд шуда меравад. Аммо маҳсулоти интиҳоӣ то дами ба истехсолот ҷалб кардани дастгоҳи чорум чорум меафзояд. Дар      айни ҳол даромаднокии интиҳоӣ низ зиёд мешавад.

Воситаҳои истеҳсолот, миқдори дастгоххо Истеҳсоли маҳсулот дар ҳафта Маҳсулоти интиҳоӣ (маҳсулот: микдори дастгоххо) Даромаднокии интиҳоии сармоя (MP * 500) Нархи сармоя (долл) Афзоиши фоида (долл)
0

1

2

3

4

5

6

7

8

9

0

0,8

1,8

3,1

4,3

5,4

6,3

7,0

7,5

7,8

 

0,8

1,0

1,3

1,2

1,1

0,9

0,7

0,5

0,3

 

400

500

650

600

550

450

350

250

150

 

300

300

300

300

300

300

300

300

300

 

100

200

350

300

250

150

50

-50

-150

Аммо афзоиши фоида аз ҷалби дастгохи чорум тамоили пастшавиро ба худ мегирад. Бинобарин, сатҳи баланди фоиданоки ҳамон вақт мушоҳида шуда, пасон торафт паст мешавад. Яъне фирма то хариди дастгоҳи ҳафтум фоидаашро зиёд карда метавонад. Аммо минбъад фоидаи вай барҳам мехӯрад, бинобарон хариди дастгоҳи 8-9 барои фирма зарарнок мебошад.

Ҳамин тавр, аз нақшаи дар боло овардашуда бармеояд, ки истифодаи захираҳои истеҳсолӣ дар ҳамон ҳолат мувофиқи мақсад мебошад, ки агар фирма бо ин роҳи истифодаи ҳиссаи иловагии захираҳо тавонад фоидаи худро афзун гардонад.

Нормаи фоиданоки аз инвестиция ҳамчун нисбати фоида аз инвестиция ба мадлағи инвестиционӣ муайян карда мешаванд. Масалан маблағи инвестиция- 100 дол. даромад – 10дол. Каҷхатаи арзаи сармояи қарзӣ майли мусбӣ дошта бо болоравии фоиз афзоиши арзаро нишон медихад.

Дар тахлили бозори сармояи қарзӣ ва мафҳуми фоиз накши омили вақт муҳим аст. Каҷхатаи Sk далели он аст, ки хоҷагиҳои хонагӣ аз истемоли ҷорӣ пасандози пулии худ дщаст кашида онро барои қарздиҳи пешниҳод мекунанд. Ҳолати номбурда дар назарияи иқтисод муаммои нтихобӣ байни вақти номгузорӣ шудааст. Яъне хоҷагии хонагӣ бояд байни истеъмоли ҷорӣ ва ояндаи дармади пулиаш якеро интихоб намояд. Далели даст кашидан аз истеъмоли ҷорӣ ба даст овардани фоида дар оянда мебошад. Фоиз ин ҳамон нархест, ки соҳиби сармояи қарзи бар ивазааш истифодаи ҷории сармояро ба ихтиёри субъектҳои дигар мегузорад.

Назарияи иқтисод чунин фарзияро истифода мебаранд, ки одамон нисбат ба неъматҳои оянда неъматҳои имрӯзаро афзалтар медонад. Барои он, ки дар соҳиби сармоя ҳиссиёти худдори кардан аз истифодаи ҷории он бедор карда шавад, бояд ӯ барои чунин амал мукофотонида шавад. Онхое, ки имконоти истифодаи ҷории ин сармояро ба даст меорандбояд барои он ба соҳиби сармоя маблағеро пардохт намоянд, ки он фоиз аст.

Фоиз ин нархи худдори аз истифодаи ҷории сармоя аст.

Дар асоси муқоисаи фоидаи бадастомада ба сарнмояи ба қарз додашуда метавонем нормаи фоидаро муайян намоем, яъне Фоиз =фоида/ сармояи қарзи*100

Вобаста ба вазъияти бозори сармоя нормаи фоида метавонад мусбӣ, сифр ва манфӣ бошад. Хулоса хоҷагии хонагӣ дар ҳолати аз истифодаи ҷории ҳаҷми афзояндаи пасандозаш худдорӣ мекунад, ки агар мукофоти ин худдориаш афзояд, яъне нормаи фоиз ба сармояи қарзӣ зиёд шавад.

ҚаблӣТакозо ва арза дар бозори сармоя, ташаккули нарх
БаъдӣМеъёри номиналӣ ва ҳақиқии фоизи қарз дар бозори сармоя