Чинсхои таркиби кишри Замин

Ҷинсҳои таркиби қишри Замин.

Минералхо ва чинсхои кухи

1.Минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ. Дар қишри Замин якчанд ҳазор минерал ва ҷинси кӯҳӣ паҳн гардидааст. Пайдоиши онҳо ба якдигар вобаста мебошанд. Дар зери таъсири ҳодисаҳои берунӣ (гармӣ, хунукӣ, боришот, обҳои равон, бод) ва тағйиротҳое, ки дар дохили қишри Замин (ҳарорат ва фишору тазйиқ) ба амал меоянд, минералҳо аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд. Дар натиҷа минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳии гуногун ҳосил мешаванд, ки ҳар яки онҳо бо таркиби химиявӣ, сохт, сахтӣ, зудшиканӣ, ранг ва дигар хосиятҳо аз якдигар фарқ мекунанд.

Минералҳо якҷинса мебошанд, масалан калсит, кварс, алмос, графит, сулфур (кабрит), тиллои худрӯй. Ҷинсҳои кӯҳӣ асосан гуногунҷинса мебошанд. Масалан, санги хоро аз се минерал таркиб ёфтааст: шпати саҳроӣ, кварс, ақраб. Одатан, масоҳати калони қишри Заминро ҷинсҳои кӯҳӣ ишғол кардаанд. Онҳоро аз ҷиҳати пайдоиш ба се гурӯҳ тақсим мекунанд: магматикӣ, таҳшинӣ ва метаморфӣ.

Чинсхои магматики

2.Ҷинсхои магматикӣ. Ҳарорати қишри Замин дар чуқурӣ меафзояд. Он дар қабати мантия ба дараҷае мерасад, ки тамоми моддаҳои он бояд ба моеъ мубаддал шаванд. Аммо чунин ҳодиса рух намедиҳад, чунки фишори ҷинсҳои кӯҳии қишри Замин ниҳоят зиёд аст. Бинобар ин тамоми моддаҳо дар мантия дар ҳолати часпанда, тафсон, чандир (ёзанда) мемонанд.

Баробари афзудани фишори дохилӣ дар қишри Замин тарқиш пайдо мешавад ва то сатҳи он мерасад. Дар натиҷа моддаҳои чандири тафсон моеъ шуда, ба боло ҳаракат мекунанд. Онро магма (тафта) меноманд. Ҷинсҳои кӯҳиеро, ки пас аз хунук шудани он ҳосил мешавад, ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ мегӯянд. Ба ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ санги хоро, базалт, диорит, пемза (санги чилбур) ва ғайра дохил мешаванд. Дар сурати ба сатҳи Замин баромадани магма вай тез сахт шуда, кристаллҳо қариб пайдо намешаванд. Ин ҷинсҳо бо номи ҷинсҳои баровардашуда (эффузивӣ) маълум буда, ба онҳо: базалт, андезит липарит, пемза мисол мешаванд. Лекин баъзан ин хамираҳои тафсон ба сатҳи Замин набаромада, оҳиста-оҳиста сахт мешаванд, ки кристаллҳои калон доранд. Ба ин ҷинсҳо габбро, диорит, гранит мисол мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чинсхои кухии тахшини

3.Ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ. Ин намуди ҷинсҳои кӯҳӣ дар натиҷаи аз ҳаво ва об таҳшин шудани моддаҳои гуногун ҳосил шудаанд. Онҳо аз ҷиҳати тарзи пайдоиш ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: ҷинсҳои кӯҳии шикаста, органикӣ ва химиявӣ.

Аксарияти ҷинсҳои кӯҳие, ки кӯҳҳоро таркиб додаанд, аз қаъри Замин ба сатҳи Замин баромадаанд. Дар фазои кушод бо таъсири гармӣ, сардӣ, рутубат, мавҷудоти зинда, об, бод мунтазам вайрон ва пора шуда, аз нишебии кӯҳҳо ба поён ҷорӣ гардида, ҳар ҷо-ҳар ҷо қабати ғафси ҷинсҳои кӯҳии шикаста ҳосил мекунанд. Шакл ва ҳаҷми онҳо гуногунанд. Аз зарраҳои хурдтарин то сангпораҳои калон. Ин ҷинсҳои шикастаро обҳои равон бурда ба зери дарёҳо, уқёнусҳо, баҳрҳо ва кӯлҳо мехобонанд. Баъд онҳо таҳти фишори қабатҳои нав фишурда шуда, ба ҷинси таҳшинии сахт мубаддал мегарданд: аз ҷумла гил ба варақсанг, регу шағал ва конгломерат (ҷинси таҳшинӣ аз омехтаи гил, рег ва шағал ҳосилшуда) табдил меёбад.

Пайдоиши ин ҷинсҳои кӯҳиро порагӣ меноманд. Дар шаклгирии он чангу ғуборҳое, ки аз ҳаво ба сатҳи хушкӣ, уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо мефуроянд низ иштирок мекунанд.

Пайдоиши ҷинсҳои таҳшинии химиявӣ ба об вобаста мебошад, чунки об бисёр моддаҳоро ҳал мекунад. Дар натиҷаи он маҳлулҳои моддаҳои гуногун ҳосил мешавад. Онҳо таҳшин шуда, ҷинсҳои таҳшини химиявиро ҳосил мекунад. Аз ҷумла, бо ҳамин роҳ намакҳои гуногун, гаҷ, туфи оҳакӣ пайдо шудаанд.

Ҷинсҳои таҳшинии органикӣ аз ҷинсҳои таҳшинии шикаста ва химиявӣ фарқ мекунанд. Дар пайдоиши онҳо боқимондаҳои набототу ҳайвонот нақши асосиро мебозанд (расми 28).

28.Боқимондаҳои наботот ва ҳайвоноти
28.Боқимондаҳои наботот ва ҳайвонот

Баъди аз байн рафтан боқимондаи онҳо дар қаъри кӯлҳо, баҳрҳо ва уқёнусҳо ҷамъ шуда мехобанд ва сатҳи онҳоро моддаҳои таҳшинӣ фаро мегиранд. Таҳти фишори таҳшинҳои аз болои боқимондаи организмҳо хобида онҳо аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд. Аз садафаки организмҳои майдаи баҳрӣ бӯр, аз боқимондаҳои устухони ҳайвонҳои калон ва баъзе рустаниҳо (обсабз) оҳаксанг ҳосил мешавад. Қисми зиёди боқимондаҳои рустаниҳо ба торф ва ангиштсанг табдил меёбанд. Мергел (ҷинси таҳшини оҳакию гилӣ) ҳам пайдоиши органикӣ дорад.


  1. Одамон қишри Заминро бо чӣ мақсад ва бо кадом усулҳо меомӯзанд?
  2. Минералҳо аз ҷинсҳои кӯҳӣ чӣ фарқ доранд?
  3. Ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
  4. Ҷинсҳои кӯҳии магматикӣ ва таҳшинӣ чӣ тавр ҳосил мешаванд?
ҚаблӣЛитосфера. Кабатхои литосфера
БаъдӣЧинсхои кухии метаморфи. Метаморфоза