Дар ин мақола маълумоти пурра дар бораи Чумлаи мураккаби тобеъ оварда мешавад.
Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як ҷумлаи содда ба зарурати пуррашавии маъно аз мазмуни ҷумлаи соддаи дигар зикр мегардад: Пётр, пеш аз он ки равад, хотири ҳанӯз осуда нагаштаи ятими бекасу кӯйро ҷамъ карданӣ шуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст ҷумлаҳои содда нисбатан баробарҳуқуқунд. Аммо дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як ҷумлаи содда ба ҷумлаи соддаи дигар тобеъ аст.
Ҷумлаи тобеъкунанда сарҷумла буда, ҷумлаи тобеъшаванда, ҷумлаи пайрав мебошад, ки сарҷумларо аз ягон ҷиҳат: тарзи иҷрои амал, замону макон, сабабу мақсад ва ғайра шарҳу эзоҳ медиҳад. Дар наҳви ҷумлаҳои содда, чунон ки аз назар гузаронидем, сараъзоҳо ва аъзоҳои пайрав мавҷуданд. Дар наҳви ҷумлаҳои мураккаб вобаста ба он сараъзоҳо ва аъзоҳои пайрав ҷумлаҳои пайрав мушоҳида мегарданд.
Агар аъзоҳои пайрав ба воситаи калима, таркиб ё ибораҳои гуногун ифода ёбанд, ҷумлаҳои пайрав бо ҷумлаҳои содда ифода ёфта, ба сарҷумлаҳои худ тобеъ мегарданд. Ин ду ҳиссаи наҳвӣ ҳамфарқ доранду ҳам умумият. Умумияташон ин аст, ки ба як хел савол ҷавоб мешаванд, фарқашон ин аст, ки яке дар таркиби ҷумлаҳои содда меояд, дигаре дар таркиби ҷумлаи мураккаб.
Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ панҷ хели воситаи алоқа мушоҳида мегардад, ки ҷумлаҳои пайрав тавассути онҳо ба сарҷумлаҳо тобеъ мегарданд: Пайвандакҳо, мутобиқати шаклҳои феълӣ (хабари сарҷумлаҳо ва ҷумлаи пайрав), калима ва таркибҳои ҳамнисбат, оҳанг ва ҷои сарҷумлаҳою ҷумлаҳои пайрав.
ИНЧУНИН ХОНЕД >>