Давлатҳои Ҳиндустон. Дар таърихи Ҳидустони қадим яке давраҳои муҳимтарин оғоз меёбад. Давлатчаҳои сершумори он ба давлати марказиятноки ягона муттаҳид мешаванд.Он давраи Магаду Маврҳо ном дошта, қариб 4 аср давом кардааст.
Давлати Магадхо
Давлати Магадҳо. Асосгузори сулолаи Хариакҳо Бамбисар дар нимаи дуюми асри VI-аввали асри V пеш аз милод давлати Унуро ба давлати худ мутаҳид кард. Дар давраи ҳукумрони писари Бамбисар Аҷаташатра давлати магатҳо ба давлати пуриқтидортарини води дарёи Ганг табдил меёбад.Ба Аҷашатра лозим омад,ки бар зиди давлати Личханҳо мубориза баранд.Аҷаташатра оқибат ба он ғолиб мебарояд. Баъди ин навбат ба давлати дигари пурзур Аванти мерасад, ки дар Ҳиндустони ғарби вокеъ буд ва онро хам маглуб намуда ба мамлакати худ ҳамроҳ мекунад. Барои мустаҳкам кардани иқтидори давлатӣ Магатҳо писари Ачаташатра Удаин (солҳои ҳукумрониаш 461-446) пеш аз милод, ки шоҳи навбатии ин сулола буд, пойтахти давлатро аз Раҷагриха ба Паталипутра кучонд. Ин шаҳр да оянда ба маркази калонтарини Ҳиндустони қадими табдил ёфт.
Давлати Нандхо
Давлати Нандҳо. Дар давраи лашкаркашиҳои Искандари мақдуни дар паталипутра солҳои 345-317 сулолаи Нандҳо ҳукумрони мекард. Дар рафти лашкар каши Искандари Макдуни ба давлати ҳуҷум кардани мешавад. Дар ин вакт дар Нанд Аграмас ном шоҳ ҳукумрони мекард. Ҳокимони маҳалие, ки мухолифони нандхо, буданд ба Искандар дар бораи қувваҳои ҳарби он давлат хабар мерасонанд.
Искандар аз ҳамин сабаб бе талафоти калон давлати Нандҳоро забт мекунад, вале дар он ҷо намемонад.
Аграмас ҳукумрониашро дар нанд давом медиҳад. Нандҳо лашкари пурзури дорои қариб 200 ҳазор пиёда Аскар, 20 ҳазор савора, 2 ҳазор аскари савори аробаи ҷанги ва 3-4 ҳазор фили ҷанги ташкил карда буданд. Чунин лашкарро таъмин карда кори осон набуд. Барои ҳамин Нандҳо ба халқ андозҳои вазмин бор карда, дар Айни замон бар зидди ҳокимони маҳалии саркаш мубориза мебурданд ва онҳоро мағлуб карда, ба итоати худ медароранд.
Ин кор барои ба вуҷуд омадани давлати нави марказиятноки ҳинди-маврҳо замина мегузорад.
Империяи маврхо
Империяи маврҳо. Шоҳи аввалини сулолаи Маврҳо Чандра Гупта мебошад. Дар бораи давраи ҷавонии ӯ сарчашмаҳои буддоӣ накл мекунанд. Гӯц\ё ки ҷандра Гупта ҳангоми таҳсил бо устоди мушовири ояндаи худ –Чанак вомерурад. Чандра Гупта ҳамроҳи Чанак нақшаи соҳиб шудани тоҷу тахти Нандҳоро мекашад ва бо ёрии ӯ онро амалӣ мекунад.
Муборизаи Чандра Гупта бар зиди Нандҳо дуру дароз ва ниҳоят мушкил буд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда зиёда аз 1 милион ҷанговар, талаф шуд. Оқибат Чандра Гупта ба тахти подшоҳии давлати Маврҳо менишинад. Ӯ ин корро барвақтар карда метавонист, вале Искандари Мақдунӣ, ки ба Ҳиндустон ҳамла карда буд, халал расонд. Чандра Гупта дар империяи Маврҳо ҳукумро буд ва барои мустаҳкам кардани ин давлат ҷидду ҷахди бисёре кардааст. Баъд аз сари Чандра Гупта ҳокимият ба писари ӯ Биндусар мегузарад, ки ӯ солҳои 297-272 ҳукумронӣ кардааст. Дар давраи ҳукумронии Биндусар давлат ноором буд. Дар он шуришҳо Сар зада, ҳокимияти шоҳро суст мекарданд. Баъд аз вафоти Биндусар дар байни писарони ӯ барои тоҷу тахти давлатӣ мубориза Сар шуд. Оқибат дар Паталипура солҳои 272 пеш аз милод ба ҳокимият Ашок соҳиб мешавад. Салтанати ӯ дар империяи Маврҳо то соли 232 пеш аз милод давом мекунад. Дар давраи ҳукумронии Ашок давлати Маврҳо ба дараҷаи баландтарини тарақиёти худ мерасад. Ба Ашок лозим омад, ки ба давлати пуркуввати Калинга, ки дар соҳилҳои халиҷи Бангола вокеъ буд, ҷанг кунад. Дар ин ҷанг Ашок 150 ҳазори ҷанговари душманро асир гирифта, 100 хазори дигарро мекушад. Калинга ба давлати Маврҳо ҳамроҳ карда шуд. Бо ин Иаврҳо роҳи мухимтарини обиро ба даст дароварданд. Ашок дар давлатдорӣ маҳорати баланд дошт. Ӯ бо шоҳҳои давлатҳои бисёре, масалан, бо шоҳи Селевкиён Антиоҳ, ҳокими Миср Плотимей, шоҳи Македония Антигон Гонат ва дигарон муносибатҳои дӯстона барқарор кард. Сафирони Ашок ба давлатҳои зиёди дуру дароз сафар карда, супоришҳои подшоҳро иҷро мекарданд.
Давлати Маврҳо соли 206 пеш аз милод аз тарафи шоҳи Селевкиён Антиохи Бузург барҳам зада шудааст.
Чумхуриятхои Хиндустон
Ҷумҳуриятҳои Ҳиндустон. Дар давраи Магадаҳою Маврҳо давлатҳои ҷумҳуриявие, ки дар сарчашмаҳои қадимаи Ҳиндустон бо истилоҳи «гана» ва «сингха» ишора шуданд, мавҷуд буданд. «Ганаҳо» ва «сингхаҳо» дар идоракунии давлат мақоми калон доштанд. Дар сарчашмаҳои қадима якчанд намуди давлатҳои ҷумҳурияивии Ҳиндустон ном бурда мешавад.
Дар сарчашмаҳои хаттии будоӣ дух ел давлат нишон дода шудааст-мутлақият дар зери ҳокимияти шоҳ ва мамлакатҳое, ки ба воситаи «ганаҳо» ё худ «сингхаҳо» идора карда мешавад. Ганаҳо ва сингхаҳо тарақикардаи давраи Маврҳо давлатҳое буданд, ки дар онҳо ҳокимияти ягонаву мутлақи шоҳ вуҷуд надошт, яъне онҳо ҷумхурӣ буданд. Дар чунин давлатҳо ҳокимияти шоҳӣ мероси набуд. Сардори давлат интихоб ва ё аз тарафи «гана» ё «сингха» -ҳо таъин карда мешуд. Барои интихоб ва ё таъйин шудан ба вазифаи шоҳӣ меъёри асосӣ хизматҳои номзад буд. «Гана» ё «сингха» дар сурати зарури метавонист шоҳро аз вазифааш озод кунад.
Иҷрои қарорҳои қабулкунандаи ганаҳо ва сингхаҳо аз тарафи ҳама ҳатмӣ буд. Ба онҳое, ки қарорҳои Гана ё сингхаро иҷро намекарданд, ҷаримаи калон меандохтанд. Баъзан дар ҳаққи гунаҳгор ҳукми қатлро ба кор мебурданд. мансабдорони давлатиро ҳам Гана ва сингха таъйин мекард. Бинобар ин, онҳо намояндаи Гана ва сингха ҳисобида мешуданд.
Хулас, идоракунии давлатҳои ҷумҳуриявии Ҳиндустони қадим давраи Магадҳо ва Маврҳо дорои унсурҳои демократии идоракунӣ бӯд. Лекин, чи тавре ки дидем, он унсурҳои ғайридемократӣ ҳам дошт.