Оид ба давраҳои асосии инкишофи фарҳанг ва тамаддуни халқи рус дар байни муҳаққиқон фикру ақидаҳои мухталиф мавҷуд аст. Як гурӯҳи олимон чунин ақдда доранд, ки мувофиқи он аз асри IX cap карда то имрӯз дар тамоми сарзамине, ки имрӯз Россия номида мешавад як тамаддун вуҷуд доштааст.
Тадқиқотчиёни дигар бар он ақидаанд, ки то асри VIII дар сарзамини Рус танҳо як тамаддун – тамаддуни «русӣ- европоӣ» ва ё тамаддуни «славянӣ-европоӣ» вуҷуд доштааст ва аз асри XIV cap карда, тамаддуни «европоию осиёгӣ» (евразийская) ва ё «россиягӣ» ба вуҷуд омада будааст. Аз ҳама ақидаи ба ҳақиқат наздиктар он аст, ки халқияти қадими рус дар натиҷаи омезиши славянҳо, мардуми Балтика, финхою угорҳо ташаккул ёфга, германҳою туркҳо ва мардуми Кавкази Шимолӣ низ ба ҷараёни этногенези халқи рус то андозае ворид шудаанд.
Мардуми рус ба гурӯҳи халқҳои славянҳои шарқӣ дохил мешаванд. Ба гурӯҳи славянҳои шарқӣ русҳо, украинҳо, белорусҳо дохил шуда, аз қадимулайём дар соҳилҳои дарёҳои Волга, Днепр, Об, Нева ва ғайраҳо ҳаёт ба cap бурда, ба моҳигирию зироатчигӣ ва ҳунармандию тиҷорат машғул буданд.
Халқи рус дар асрҳои миёна соҳиби аввалин давлатӣ бузурги худ – Руси Киевӣ гардида буд. Онҳо аз асрҳои IX -X cap карда, ба бунёди марказҳои тиҷоратию маданӣ ва фарҳанги оғоз намуда буданд. Дар ташаккули фарҳангу тамаддуни мардуми рус саҳми халқҳои Юнону Рими Қадим ва Византия нихоят бузург аст. Русҳо дини насронӣ ва сантъати меъмориро аз юнониёну римиён ва византиягиҳо қабул намуда, мавриди омӯзишу истифода қарор доданд.
Мардуми рус дар замонҳои қадимтарин мисли дигар халқҳои дунё ба худоҳои зиёде эътиқод доштанд. Князи Руси Кадим Владимир соли 988 дини насрониро қабул карда, онро ба дини давлати рус табдил дод. Қабули дини насронӣ барои мардуми рус воқеаи бузурги таърихи маҳсуб мешавад, зеро ғояи ин дин инкишофи руҳии мардуми русро ба танзим даровард, маҳдудиятҳои минтақавиро бартараф намуд ва барои ташкил додани давлати мутамаркази Рус заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Ҷорӣ гардидани дини насронӣ дар Рус аз ҷихати таъсирнокиаш инқилоберо мемонад, ки хамроҳи худ арзишҳо ва тарзи ҳаёти навро оварда, урфу одатҳои кӯҳнаи қабилавиро пурра шикаста партофт. Баъди қабули дини насронӣ фарҳанги Руси Қадим хеле нашъунамо ёфт. Ин раванд махсусан дар давраи ҳукмронии Ярослав Мудрый суръати нав пайдо намуд. Дар ин давра аз санг сохтани калисоҳо оғоз ёфт. Соборҳои София дар Киев ва Новгород аз санг сохта шуда буданд.
Ба вуҷуд омадани хуруфоти кириллӣ боиси тарҷумаи ёдгориҳои фарҳангӣ, саргузашти мардуми славян ва дастовардҳои фарҳангии онҳо гардида буд.
Дар Руси Қадим бо хуруфоти нав дастхатҳои қадимаи славяниро тарҷума ва руйнавис мекарданд. Дар натиҷа шумораи китобҳо хеле зиёд шуда, боиси ташкил карда шудани китобхонаҳо дар дарбори князҳо ва дар назди ибодатхонаҳои шаҳрҳои маркази гардида буданд. Ба вуҷуд омадани китобнависӣ ва паҳншавии он дар ҳудуди васеъ гувоҳи он аст, ки дар Руси Киевӣ илму фарҳанг хеле нашъунамо ёфта будааст.
Дар ин давра дар Рус нусхабардории китобҳо ва ороиш додани онҳо хеле инкишоф ёфта буд. Бо қабули дини насронӣ дар Рус китобҳо ва асарҳои муаллифони Юнони Қадим ва Византия, китобҳои ибодатии дини насронӣ тарҷума карда, дар дайрҳо (монастирҳо) низоми таълим ташкил карда мешуданд ва бисёр марказҳои маданӣ ба вуҷуд омаданд.
Православия асоси маънавиёти мардуми Рус мегардад. Ягонагии забон, дин ва ҳокимият ба вуҷуд омад, ки дар оянда барои барпо намудани давлати ягонаи марказиятноки рус шароитҳои мусоид фароҳам овард.
Вале ҳуҷуми муғулҳои бодиянишину бефарҳанг ба илму фарҳанги халқи рус зарбаи ҳалокатовар зад. Дар натиҷаи ҳуҷуми муғулҳо ахолии рус кир карда шуда, шахрҳои нозанини онҳо ба харобазор габдил дода шудаанд.
Дар натиҷаи ҳуҷуми муғулҳо алоқаҳои анъанавии Рус бо Византия, Европаи Ғарбӣ, Шарқи мусулмонӣ коста гардида, марказҳои мадании он саросар нест карда шуданд. Дар давраи ҳукмронии худ муғулҳо ба илму фарҳанги мардуми рус таъсири ҷиддӣ расонида натавонистанд, зеро худи муғулҳо аз илму фарҳанг ва тамаддун фарсахҳо дур буданд.
Баъди озод шудан аз зулму истибдоди муғулҳо илму фарҳанги мардуми рус рӯ ба беҳбудӣ оварда, инкишоф ёфт. Шоҳигарии Москва дар ҷаҳон ягона давлатӣ православӣ маҳсуб мешуд. Заминҳои ҷанубиславянӣ ва Византия дар асри XV аз тарафи туркҳо забт карда шуд. Бо вуҷуди ин таъсири Византия ба Рус ҳамоно эҳсос карда мешуд.
Аз охирҳои асри XV cap карда, сарзамини паҳновари Рус ба худ номи Россияи Бузургро гирифт. Дар ин давра халқи рус як зумра санъаткорону ҳунармандони бузургро ба дунё овард, ки бо санъату ҳунари волои хеш Россияро машҳури ҷаҳон гардонидаанд. Дар натиҷа санъати меъморӣ, тасвирӣ, шаҳрдорӣ хеле инкишоф ёфтанд.
Меъмории шахрҳои Киев, Владимир, Москва, Новгород гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд. Меъмории шаҳрҳо ва ибодатгоҳҳои мардуми рус гарчанде хусусиятҳои меъмории Атиқа ва Визашияро дошта бошанд ҳам, вале меъморону санъаткорон бо мурури замон дар онҳо шаклу хусусиятҳои нави миллиро ворид намуда буданд. Аз асри XVII cap карда, муносибатҳои гуногунҷабҳаи Россия бо мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ вусъати тоза пайдо карда буд.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи рус ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст. Илму фарҳанги халқҳои Россия махсусаи дар давраи ҳукмронии Пётри I-ум хеле нашъунамо ёфт. Пётри Кабир бо ислоҳотҳои идориву сиёсиаш тавонист, ки мавқеи Россияро дар арсаи байналхалқӣ хеле мустаҳкам намояд. Ин бошад боиси он гардид, ки робитаҳои тиҷоратию фарҳангии Россия бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои Европа хеле вусъат ёбад.

Ислохотҳои Пётри I барои паҳн гардидани ғояҳои Маорифпарварӣ дар Россия заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Дар давраи ҳукмронии ӯ навъовариҳои зиёде ба вуҷуд оварда шудаанд. Нашри рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, кашидани расмҳои портретӣ ва ғайраҳо ба ин давраи таърихи Россия тааллук доранд.
Ба сарзамини рус ғояҳои фалсафӣ, ҷамъиятию сиёсии мутафаккирони Европаи Ғарби ворид гардидаанд. Дар давраи ҳукмронии Пётри Кабир мавқеи дин ва калисо хеле махдуд карда шуда, нақши давлат хеле боло бурда шуд.
Давлат дар Россия мақому мартабаеро соҳиб гардид, ки дар асрҳои миёна калисо ин мақому мартабаро соҳиб буд. Яке аз воқеаҳои бузурги фарҳангӣ дар ҳаёти халқҳои Россия ин таъсис дода шудани Академияи илмҳои Петербург дар соли 1725 буд. Академияи мазкур бо ташаббуси бевоситаи Пётри Кабир ташкил карда шуда буд. Бо супориши Пётри Кабир дар академия фанҳои механика, физика, математика, таъриху ҷуғрофия таълим дода мешуданд. Омӯзиши ин фанҳо барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, ривоҷу равнақи саноат ва тиҷорат мусоидат намуданд. Пётри Кабир олимони соҳаи физикаю математикаро дар академия худаш интихоб менамуд. Аз хориҷа олимони намоён (ба монанди Леонард Эйлер, Николай ва Даниил Бернуллиҳо)-ро ба Россия даъват карда оварда буд, ки онҳо дар Академияи илмҳои Петербург кашфиётҳо ва асарҳои барҷастаи худро ба анҷом расонидаанд. Дар давраи ҳукмронии Пётри Кабир олимону санъаткорони бyзypгe ба воя расиданд, ки маҳсули эҷодиёти онҳо то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Дар ин давра илму санъат, санъати меъморӣ, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, бадеӣ, адабиёт, таърих ҷуғрофия, фалсафа, ҳуқуқ дин хеле инкишоф ёфта буданд.
Дар Россия мактабҳои олии зиёде татъсис дода шуда буданд, ки дар таъсиси онҳо маорифнарварони бузурги рус М.В.Ломоносов, А.Н.Радищев, Е.Р.Дашкова, В.Н.Татишева ва дигарон саҳхми босазои худро гузошта буданд.
Маорифпарварони рус мақсад доштанд, ки бо роҳи маърифатнок намудани мардум камбудию иллатҳои ҷомеаро бартараф намоянд. Бо кушиши онҳо соли 1755 аввалин Донишгоҳи олии шаҳри Москва ба номи М. В.Ломонов (ҳоло ДДМ) таъсис дода шуда буд. Соли 1783 бошад бо сарварии Е.Р.Дашкова Академияи илмҳои Россия таъсис дода шуд. Дар натиҷа шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон ва ғайраҳо ба маркази илму фарҳанг ва тиҷорати Россия табдил ёфтанд.
Дар инкишофи илму фарҳанги халқҳои Россия саҳми мутафаккири намоёни рус М.В.Ломоносов хеле бузург аст. М.В.Ломоносов ҳамчун энсиклонедист тамоми дониш, ақлу заковат ва ҳастиашро ба манфиати халқу ватанаш бахшидааст. Лз рӯи маълумоти худи Ломоносов ба сатҳи донишу ҷаҳонбинии ӯ ду китоби мутолиакардааш яке «Сарфу наҳв»-и Смотритский ва дигаре «Арифметика»-и Магнитский таъсири бузург расонидаанд. Ӯ дар синни 19-солагиаш барои азхуд намудани забони лотинӣ ба Академияи славянӣ-юнонӣ-лотинӣ дохил шуда, таҳсил намуд.
Барои азхуд кардани сирру асрори химия ва дигар илмҳои табиатшиносӣ М.В.Ломоносов ба Германия рафта, таҳти роҳбарии Христиан Вольф фаъолияти илмиашро давом додаacт. М. В.Ломоносов асарҳои Галилей, Нютон, Декарт, Лейбниц ва дигар мутафаккиронро омӯхта, аввалин асарҳои илмии худро дар ҳамин донишгоҳ эҷод намудааст. Ӯ сабаби ҳодисаҳои гуногуни табиатро дар худи табиат ҷуста, тамоми ақидаҳои динию идеалистиро рад мекард.
Аз нуқтаи назари М.В.Ломоносов материя ва ҳаракат абадӣ мебошанд. М.В.Ломоносов таъкид мекард, ки пеши роҳи дахолати динро писбат ба илмҳои табиатшиносӣ гирифтан лозим аст то ин, ки барои инкишофи ин илмҳо роҳ кушода шавад.
М.В.Ломоносов аҳамияти алоқаи мушоҳидаю назарияро дуруст дарк намуда, ба фикру андешаҳои файласуфон Лукретсий Кар, Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Рене Декарт пайравӣ менамуд. Ӯ қонуни бақои материя ва ҳаракатро дар шакли қонуни асосии табиат эътироф ва таъриф додааст.
Қонуни бақои материя ва ҳаракат нишон медиҳад, ки материя ва ҳаракат бо ҳам вобаста буда, абадӣ мебошанд. М.В.Ломоносовро асосгузори равияи материалистии табиатшиносии рус меноманд.
Мутафаккирони барҷастаи Россия А.Н.Радищев, Белинский, Герцен, Чернышевский, Добролюбов, Г.В. Плеханов ва В.И.Ленин ба ақидаҳои М.В.Ломоносов пайравӣ намуда, онро инкишоф додаанд. Дар инкишофу ташаккули фарҳанги асри XVII-XIX рус саҳми мутафаккирони намоёни ин кишвар А.С.Пушкин (солҳои 1799-1837), Н.В.Гоголь (солҳои 1809-1852), Н.А.Некрасов (солҳои 1821-1870), И.С. Тургенев, Н.Чернышевский (солҳои 1828-1889), Л.H.Толстой (солҳои 1828-1910) хеле бузург аст.
Эҷодиёти ин мутафаккирони барҷастаи Россия дар оянда ба эҷодиёти А.П.Чехов (солҳои 1860-1904), А.М.Горкий (солҳои 1868-1936), Маяковский (солҳои 1893-1930), М.А.Шолохов (солҳо 1905-1990) ва дигарон таъсири амиқ расонидаанд.
Баъди ғалабаи инқилоби октябри соли 1917 дар Россия ҳизби коммунист ва давлати Шуравӣ ба инкишофи илму фарҳанг ва саросар саводнок гардонидани аҳолии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа медод. Дар Россияи Шуравӣ ва умуман Иттиҳоди Шуравӣ аз рӯи нишовдоди ходими барҷастаи давлатию сиёсӣ В.И.Ленин инқилоби маданӣ ба ҳаёт татбиқ карда шуд, ки дар натиҷаи он тақрибан тамоми мардуми Россия ва Иттиҳоди Шуравӣ саросар саводнок гардонида шудаанд.
Давлати Шуравӣ аз ҷиҳати саводнокӣ дар ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввалин қарор гирифт. Вале таассуфовар аст, ки имрӯзҳо баъзе олимони ҷомеашиносу фарҳангшиноси Россия ва кишварҳои дигар аз ин дастоварду муваффакиятҳои фарҳангии давраи Шуравӣ чашм пушида, давраи Шуравиро бо ҳар роҳу восита сиёҳ мекунанд. Ба ақидаи ин ашхос олимон гуё дар давраи Шуравӣ ба инкишофи илму фарҳанг ба таври бояду шояд диққат дода намешудааст ва замони Шуравӣ давраи тирраву торе будааст. Албатта, ин буҳгони маҳз асг. Имрӯзҳо бисёр давлатҳои мутамаддини ҷаҳон аз таҷртибаи фарҳанг офаринии давлати Шуравӣ истифода бурда, ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт ноил гардида истодаанд. Бар замми ин халқӣ бузурги рус ва Россияи Шуравӣ дар ташаккули фарҳангу тамаддуни тамоми халқҳои Шуравӣ саҳми босазои худро гузоштаанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар солҳои ҳокимияти Шуравӣ илму фарҳанги Россияи Шуравӣ бо вуҷуди баъзе монеъаҳо (ҳизбият ва синфият) ба авҷи аълои худ расида буд.
Дар солҳои ҳокимияти Шуравӣ санъати меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Россияи Шуравӣ хеле нашъунамо ёфта буд. Дар меъмории шаҳрҳои Москваю Ленинград меъморон П.И. Ваулин, С.В.Кутин, И.Е.Старой, Д.Кварснги, В.И.Баженов, М.Ф.Казаков саҳми арзанда гузошта буданд.
Ҳунарпешагон ва мусиқишиносони рус Глинка ва Чайковский машҳури ҷаҳон гаштанд. Санъати бадеӣ низ инкишоф ёфт. Дар инкишоф ва ташаккули санъати бадеии муосири Россия Ю.Никулин, Е.Моргунов, Алла Пугачёва, Юлиан Семёнов, К.Симонов, М.Зощенко, Л.Чурсина, М.Исаев саҳми арзанда гузоштаанд.
Хулоса, илму фарҳанг ва тамаддуни халқдои Россия дар солҳои ҳокимияти Шуравӣ ба авҷи баланди инкишофи худ расида буд. Мардуми Шуравӣ аввалин шуда ба кайҳон роҳ кушоданд. Бояд тазаккур дод, ки баъди он, ки СССР хиёнаткорона пароканда карда шуд, илму фарҳанг дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ аз ҷумла, дар Россия низ рӯ ба таназзул ниҳод ва ин раванд то имрӯз идома дорад.
Имрӯзҳо вазифа аз он иборат аст, ки ҳукуматдорон ба инкишофи илму фарҳанг диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт маблағҳои давлатиро дареғ надоранд, зеро таназзули илму фарҳанг ба бадбахтии ин ё он миллату давлат бурда расониданаш мумкин аст. Ҳаёти пуртаззоди имрӯза, касодшавии одобу ахлоқи мардуми сайёра тақозо менамоянд, ки дар ин ҷода чораҳои таъхирноназир андешида шаванд.
Даврахо ва мархилахои асосии ташаккули фарханг ва тамаддуни халки рус, Фарханги халки рус, тамаддуни Руси Кадим, фархангу тамаддуни Россия, реферат, бо забони точики, цивилизация России на таджикском языке.