Демократия ҳамчун низоми арзишҳо

Демократия ҳамчун шакли ҳокимият, пеш аз ҳама, хусусияти меъёрӣ дорад. Зеро идеалҳои сиёсӣ, арзишҳои ҷамъиятӣ ва ормонҳои инсонӣ мундариҷаи демократияро ташкил дода, меъёрҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба вуҷуд меоваранд. Дар навбати худ, демократия ҳамчун идеали сиёсӣ дониста шуда, чунин арзишҳо, ба монанди озодӣ, эҳтироми шаъну шарафи инсон, баробарӣ, ҳамфикрӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Ҳифзи чунин арзишҳо афзалиятҳои мусбати демократия маҳсуб ёфта, мавқеи онро дар ҷаҳони муосир боз ҳам мустаҳкамтар менамояд.

Ҳанӯз дар Юнони қадим ҳангоми шарҳи демократия арзишҳои ҷамъиятиро ба мундариҷаи он дохил менамуданд. Аммо хусусияти меъёрии арзишҳо низ нигоҳ дошта мешуд. Масалан, «шахси озод» ҳамчун арзиш эътироф нагардида, балки «шаҳрванди озод» ба сифати чунин арзиш баромад менамуд. Ё ин ки баробарӣ дар истифодаи ҳокимият танҳо ба шаҳрвандони озод мансуб дониста мешуд. Бинобар ин, як қатор муҳаққиқон ҳангоми шарҳи демократия ба иштибоҳҳои ҷиддии назариявӣ роҳ медиҳанд. Зеро дар Юнони қадим демократия ҳеҷ гоҳ ҳокимияти аксариятро ифода намекард ва ин буд, ки дар марҳилаҳои минбаъда чунин шакли идоракунӣ ба танқиди шадид гирифтор гардид.

Дар асрҳои минбаъда файласуфон низ демократияро аз низоми арзишҳо иборат донистаанд. Масалан, ба ақидаи Жан-Жак Руссо, демократия ҳокимияти «мардуми мустақил» буда, дар он халқ ҳамчун умумияти сиёсӣ ҳама гуна ҳуқуқҳои фардиро инкор намуда, ҷонибдори иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ мебошад ва ҳамчунин ҳама гуна намояндагиро низ нозарур мешуморад. Марксистон низ арзишҳои демократияи дастаҷамъиро ташаккул дода, ба хотири ҳимояи ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ истисмори ҳуқуқҳои фардиро зарур мешумориданд. Дар ин раванд онҳо ба арзишҳои синфи коргар такя намуда, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои коргарон ташаккули демократияи сотсиалистиро асоснок менамуданд.

Ғайр аз ин, асосгузорони таълимоти либералӣ низ ба масъалаи рушди демократия таваҷҷуҳ зоҳир намуда, идеяи фардро дар маркази диққат қарор медиҳанд. Асосгузорони таълимоти либералӣ Ҷ.Локк, Т.Ҷеферсон ва дигарон дар ҳаёти сиёсӣ ба таври баробар иштирок намудани одамонро тарғибу ташвиқ намудаанд. Дар чунин фаҳмиши демократия давлат институти марказии системаи сиёсӣ дониста шуда, вазифаҳои асосии он аз тарафи шаҳрвандон муайян карда мешаванд ва барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои фардӣ равона мегарданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин тариқ, демократия ҳамчун низоми арзишҳо аз рӯйи иштироки одамон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа дар тӯли таърих дар се шакли асосӣ зоҳир гардидааст:

демократияи аҳди қадим. Дар ин навъи демократия нисфи аҳолии шаҳр-давлатҳо шаҳрвандони озод ба ҳисоб рафта, ҳуқуқи дар ҳаёти сиёсӣ ширкат варзиданро доштанд. Аммо ғуломон, шахсони аз полисҳои дигар омада ва ҳунармандону косибон шаҳрвандони озод ба шумор намерафтанд;

демократияи коллективӣ. Дар чунин навъи демократия ҳамаи ҷомеа як умумият, аниқтараш як синф дониста шуда, ҳуқуқҳои колективӣ аз ҳуқуқҳои шахсӣ ва моликияти коллективӣ аз моликияти шахсӣ боло гузошта мешавад;

демократияи либералӣ. Чунин навъи демократия барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои фард нигаронида шуда, иштироки кулли шаҳрвандони мамлакатро дар ҳаёти сиёсӣ таъмин менамояд. Аммо чунин иштирок танҳо ба хотири ҳимояи манфиатҳои шахсии одамон сурат мегирад.


Калидвожаҳо: Демократия хамчун низоми арзишхо, демократияи ахди кадим.

ҚаблӣМафҳум ва моҳияти демократия
БаъдӣДемократия ҳамчун раванди сиёсӣ