Китоби Дизайни барномавӣ дар ЗБ PascalABC.Net, А. Назаров

дизайни барномави дар забони барномасозии Паскал АБС

Номи китоб: Дизайни барномавӣ дар забони барномасозии PascalABC.Net
Муаллиф: Назаров Аҳтам Пулотович

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


САРСУХАН

Асри XXI асри технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ буда, дар он омӯзиши забонҳои барномасозӣ ва сохтани барномаҳо нақши бениҳоят муҳимро мебозанд. Тавре медонем, забонҳои барномасозӣ аз системаи аломатҳо, нишонаҳо ва маҷмӯи калимаҳои калидие иборат мебошанд, ки амали муайянеро ба компютер нишон дода, барои фаҳмонидани алгоритм ба компютер истифода карда мешаванд.

Ба калимаҳои калидӣ функсияҳо, операторҳо, фармонҳо ва дигар мафҳумҳои барномасозӣ дохиланд. Ҳар як забони барномасозӣ қоидаҳои синтаксисӣ ва калимаҳои калидии (хизматӣ) худро дорост. Қоидаҳо ва калимаҳои калидӣ дар вақти сохтани барнома барои компютер истифода бурда мешаванд. Синтаксис ва калимаҳои калидӣ ба барномасоз имкон медиҳанд, ки чӣ тавр бо истифода аз онҳо барномаи ҳалли масъаларо созад. Инчунин, дақиқан муайян намояд, ки бо истифода аз барномаи сохташуда компютер дар кадом ҳолат қарор мегирад, иттилоот чӣ тавр коркард мешавад, чӣ тавр сабт ва интиқол дода мешавад ва ниҳоят барнома бояд кадом натиҷаро диҳад.

Истифодабарандаи барнома бошад, аз нуқтаи назари худ баҳо медиҳад, ки дизайни барнома чӣ гуна аст ва чӣ тавр коркард шудааст.

Рушди босуръати имрӯзаи барномасозӣ ва забонҳои барномасозӣ донишҷӯён – барномасозони оянда ва худи барномасозони касбиро маҷбур месозад, ки ҳар рӯз ба омӯзиш машғул бошанд, забонҳои нави барномасозӣ ва вариантҳои нави такмилёфтаи онҳоро азхуд кунанд. Зеро дар асри XXI барномасозӣ бо як суръати бениҳоят баланд инкишоф ёфта истодааст. Дар баробари рушди барномасозӣ дизайни барномавӣ низ рушду инкишоф ёфта истодааст.

Амалияи барномасозӣ худ нишон додааст, ки агар яке аз забонҳои барномасозиро омӯхта, дар амал татбиқ карда тавонем, пас омӯхтани дигар забонҳои барномасозӣ осон мегардад. Дар ин китоб ҷузъҳои идоракунии яке аз забонҳои насли нави барномасозӣ – забони барномасозии PascalABC.Net дар реҷаи визуалӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Забони барномасозии PascalABC.Net системаи нави барномасозӣ буда, бо ёрии он барномаҳои дараҷаашон гуногун – содаю миёна ва мураккабро сохтан мумкин аст. Бо истифода аз ин забон на танҳо барномаҳои одӣ, балки замимаҳо барои Windows-ро низ бо осонӣ сохтан имкон дорад ва мақсади асосии таҳияи китоб ҳам ба ҳамин равона гардидааст. Яъне, ба омӯзиши реҷаи визуалии забони барномасозии мазкур бахшида шудааст. Вале бояд дар назар дошт, ки ҳангоми сохтани лоиҳаи барномаҳо дар реҷаи визуалӣ, донишҳо оиди ин забон дар реҷаи консолӣ заруранд. Забони барномасозии PascalABC.Net аз забонҳои барномасозии оилаи Паскал замина мегирад, вале тарзи кори ин забон ва имкониятҳояш аз вариантҳои пештараи он ба куллӣ фарқ доранд.

Забони барномасозии PascalABC.Net соли 2003 бо ташаббусси олимони Донишгоҳи Федералии ҷанубии шаҳри Ростов-на-Донуи Федератсияи Россия зери роҳбарии Михалкович С.С., Погорелов А., Волошин Б., Бурмистров А. ва як нафар аз Олмон Иван Бондарев сохта шудааст. Дар аввал онҳо ба нақша гирифта буданд, ки воситаи таълимии барномасозии Pascal5 ABC –ро созанд, ки дар номи он ABC (эй-би-си) маънои “алифбо”-ро дорад ва ҷудо навишта мешуданд. Ин воситаи таълимии бепул буда, варианти алтернативии оилаи забонҳои барномасозии Паскал, ки пулакӣ мебошанд, ба ҳисоб мерафт. Вале воситаи барномасозии Pascal ABC зуд инкишоф ёфта, дар аксар донишгоҳою донишкадаҳои ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ҳамчун воситаи таълимии барномасозӣ маъруфу машҳур гашт. Ин худ ба оилаи забонҳои барномасозии Паскал умри дубора бахшид ва муаллифони лоиҳа дар назди худ боз нақша гузоштанд, ки воситаи барномасозии Pascal ABC –ро ба забони пурқуввати барномасозӣ бо реҷаи визуалӣ ва дар платформаи Microsoft.Net FrameWork табдил диҳанд. Мақсад гузошта буданд, ки барномаҳои миқдори сатрҳояшон зиёдро ба миқдори сатрҳояшон кам табдил диҳанд.

Муаллифон ба мақсадашон ноил гашта, соли 2009 аввалин лоиҳаи кушодаи забони барномасозии PascalABC.Net –ро сохтанд ва он варианти 1.2 буд. Акнун ин забон ҳам дорои реҷаи консолӣ ва ҳам реҷаи визуалӣ гардид. Дар вақти навиштани ин китоб аз варианти 3.4.2 истифода кардаем …

Бояд қайд кард, ки китобҳо ва дастурҳо оиди омӯхтан ва донишгирӣ доир ба забони барномасозии PascalABC.Net бениҳоят каманд, аз ҷумла бо забони русӣ. Бо забони тоҷикӣ бошад, то ҷойе бароямон маълум гардид, умуман китоб навишта нашудааст.

Китоб ва дастурҳое, ки ба вариантҳои пештараи забонҳои барномасозии Паскал бахшида шудаанд, ба ин забон мувофиқ намеоянд. Ин ҳама аз таҳлили адабиёти таълимӣ ва дигар дастурҳо, инчунин аз маводи сомонаҳои шабакаи Интернет бармеояд.

Китоби мазкур бори аввал рӯи чоп меояд ва шояд он аз камбудиҳо холӣ набошад. Бинобар ин, аз ҳама истифодабарандагон, алалхусус донишҷӯён – барномасозони оянда хоҳиш менамоем, ки фикру мулоҳизаҳои худро ба суроғаи электронии муаллиф ahtam_69@mail.ru ирсол намоянд.

Умед дорем, ки ин китоб боиси афзудани завқи хонандагон ва донишҷӯён нисбати омӯзиши барномасозӣ дар реҷаи визуалӣ гардида, барои тарбия ва ба воя расидани барномасозони болаёқат ва соҳибистеъдод мусоидат мекунад.


Номи китоб: Дизайни барномавӣ дар забони барномасозии PascalABC.Net
Муаллиф: Назаров Аҳтам Пулотович

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)

 


Мундариҷа

Сарсухан

Муҳити кории реҷаи визуалии забони барномасозӣ. Мафҳуми лоиҳаи барнома

Шиносоӣ бо забони барномасозии PascalABC.Net ва муҳити кории он. Сохтани лоиҳаи нав

Шакли муколамагӣ ва хосиятҳои он

Ҷузъҳои идоракунии нишонаҳо

Ҷузъҳои идоракунии майдонҳои матнӣ

Ҷузъи идоракунии тугмаи амрӣ

Ҷузъи идоракунии рӯйхати омехта

Ҷузъи идоракунии рӯйхати сода

Ҷузъҳои идоракунии байрақчаҳо ва рӯйхати байрақчаҳо

Ҷузъи идоракунии матн аз рӯйи формат

Ҷузъи идоракунии таърихи рӯз ва тақвим

Баъзе ҷузъҳои идоракунии ғайривизуалӣ

Ҷузъҳои идоракунии TrackBar, NumericUpDown ва DomainUpDown

Ҷузъҳои идоракунии HScrollBar, VScrollBar ва ProgressBar

Ҷузъҳои идоракунии иловакунии тасвирҳо ва рӯйхати тасвирҳо

Ҷузъҳои идоракунии гурӯҳбандӣ ва калид

Ҷузъи идоракунии WebBrouser

Ҷузъҳои идоракунии додаҳои ҷадвалӣ

Ҷузъи идоракунии сафҳасозӣ

Ҷузъҳои идоракунии менюсозӣ

Ҷузъи идоракунии сохтани лавҳаи афзорҳоро

Дизайнерҳои забони барномасозии PascalABC.Net

Технологияи сохтани лоиҳаҳо дар забони барномасозии PascalABC.NET

Робитаи забони барномасозии PascalABC.NET бо дигар барномаҳои беруна

Адабиёт ва сарчашмаҳои тавсияшаванда


Номи китоб: Дизайни барномавӣ дар забони барномасозии PascalABC.Net
Муаллиф: Назаров Аҳтам Пулотович

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Китоби мазкур бо мусоидати худи муаллиф дар сомона нашр мешавад. Аз ин ҷиҳат мудирияти сомона ба муаллиф изҳори миннатдорӣ мекунад.

ҚаблӣКитоби Асосхои технологияи компютери, А. Назаров
БаъдӣКитоби Маҷмӯаи масъалаҳо барои барномасозии компютерӣ