DONISHJU.NET | 20 март | 1 сол бо Шумо

Имрӯз 20-уми марти соли 2020 аз нашри аввалин мақолаи сомонаи Donishju.net (онвақта Donishju.tj) як сол сипарӣ мешавад. Тасмим гирифтем ин санаро соли таъсиси сомонаи Donishju.Net қабул кунем.


Маълумот дар бораи Сомона

Сомонаи Donishju.net, сараввал дар домени Donishju.tj ва алъон дар домени Donishju.Net фаъолият мекунад. Сомона омӯзишӣ-таълимӣ буда, маводҳои ҷолибу хонданӣ, факту далелҳо, панду насиҳат ва дигар намуди омӯзишро дар бар мегирад. Таълимӣ будани сомона дар он аст, ки мавзӯҳои дарсии сомонаро хонандагон ва донишҷӯён ҳам барои омӯзиш ва ҳам барои истифода дар реферат, кори курсӣ ва семинару баромадҳо истифода баранд. Мавзуҳои дарсӣ, тестҳои ММТ, шеъру ғазалу рубоӣ, мавзуҳо аз фанҳои дақиқ ва дигару дигар маводҳо аз ҷумлаи маводҳои сомона ба шумор мераванд. Фикр мекунем алакай Шумо дар бораи сомона маълумот доред, агар не, инҷо хонед.


Омори 1-солаи сомона | 2019-2020

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар муддати як сол сомона дар 6 бахши омӯзиш мақолаҳои ҷолибу хонданӣ нашр кардааст. Аз 26 фанни таълимӣ мавзӯи дарсӣ нашр кардааст. Сомона дар ин як сол дар умум зиёда аз 1380 мавзӯи дарсӣ ва мақола нашр кардааст.

Дар ин як сол ба сомона зиёда аз 142 500 корбар (посетитель) ва ё 219 300 меҳмон (визит) ворид гардида, саҳифаҳои сомона зиёда аз 447 000 (просмотр) маротиба аз назар гузаронида шудаанд. Аз ин 171 200 шахс бо системаи Android, 34 300 шахс бо Windows, 10 200 шахс бо iOS ва боқимонда бо дигар системаҳои амалиётӣ ба сомона ворид гардидаанд.

Аввалин мақолаи дар сомона нашршуда ин Сароғоз ба ҳисоб рафта, аз ҳама мақолаи серхонандатарин ин Тақвими моҳи шарифи Рамазон” бо 11 000 нигориш мебошад.


Воқеаҳо дар ин муддат

Дар муддати як сол сомона аз ҳама воқеаи хубе, ки буд дар байни сомонаҳое, ки алакай чанд сол боз фаъолият мекарданд мавқеи худро пайдо намуд. Тавонист дар системаҳои ҷустуҷӯии Google ва Якдекс бо дигар сомонаҳо рақобат намояд.

Яке аз воқеаҳои наонқадар хубе, ки сомонаи моро ба поён кашид, ба таври автоматӣ дуздидани тамоми маълумотҳои сомона ва дар сомонаҳои худ нашр кардан аз тарафи сомонаҳои Tojikon ва 14um буд, ки мавқеи сомонаи моро дар чашми хонандагон паст кард ва ҳатто дигар шавқи маъмурият барои ҳуруфчинӣ намудану нашри мавзӯҳои нав аз байн рафт. Мо ҳам метавонистем мисли аксарият сомонаҳо нусхабардорӣ намуданро маҳкам намоем, вале хостем ба донишҷӯён кӯмак карда бошем. Боқӣ дар паноҳи Худо!


Дар охир

Сипос ба Шумо, ки дар ин як сол бо мо будед, корбари гиромӣ. Ҳамавақт мекӯшем беҳтарин маводҳоро баҳри Шумо гирдоварӣ ва нашр намоем. Дар оянда лоиҳа ва нақшаҳо зиёданд. Аз Шумо танҳо хондан ва паҳн кардан дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо. Сипос ба Шумо!

Як солагӣ муборак, DONISHJU.NET

ҚаблӣҚонунҳои зарб
БаъдӣТартиби навишти зарбшавандаи ҳарфӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед