Достони «Панҷи ноором»-и Мирсаид Миршакар (иншо)

Достони «Панчи ноором»-и Мирсаид Миршакар

Нақша:

Муқаддима

1.Зиндагиномаи Мирсаид Миршакар

2.Таҳлили ғоявӣ ва бадеии достон

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хулоса

Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, соли 1912 дар деҳаи Синдев ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоии хешро дар мактаби деҳаи Поршнев ва сипас дар мактаби интернати шаҳри Хоруғ гузаронидааст.

Шоир дар мактаби ҳизбии шаҳри Душанбе низ таҳсил намудааст. Мирсаид Миршакар дар муассисаҳои ҷумҳуриявию ҳукуматӣ адои вазифа намудааст. Мирсаид Миршакар дар тӯли кору фаъолияти худ бо чандин ордену мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст. Эҷодиёти баъдиҷангии шоир асосан маҷмӯаи достонҳои ӯро ташкил медиҳад. Достоннависӣ дар мероси адабии ӯ мавқеи муҳимро пайдо карда буд.

Яке аз достонҳои бузурги баъдиҷангии ӯ достони «Панҷи ноором» мебошад. Шоир дар достон ҳаёти хушбахтонаи колхозҳои сарҳадӣ, ҳаёти озоди одамон, сарҳадчиён ва бодиққат посбонӣ кардани онҳо обу хоки Ватанро, ҳаёти мазлумонаи халқҳои машриқзаминро ба қалам додааст. Қаҳрамонони мусбати достони «Панҷи ноором» шахсони гуногун буда, аз сарҳадчиён, сарбозон, коргарони кон, духтарони меҳнатдӯсти кӯҳистонӣ, колхозчиён иборат мебошанд.

Дар достон, ҳамчунин муносибати софдилона ва самимонаи ишқу муҳаббати ҷавонон тасвир ёфтааст. Кору фаъолият ва муваффақияти кӯҳии Тоҷикистонро дар симои сарҳадчиён инъикос кардааст. Достон аз шаш қисм иборат мебошад. Дар бахшҳои гуногуни достон манзараҳои табиати кӯҳистон, ҳаёти мардум, меҳнати колхозчидухтарон, симои қишлоқи колхозӣ, шодию сурури онҳо, ҳаёти озодонаи онҳо тасвир ёфтааст. Достон аз қисмҳои ҷудогона иборат ёфта, ҳар як бахши он мақсаду мароми муайянеро ифода менамояд. Ҳар як қисми достон чунин оғоз меёбад:

Мевазад боди тозаву форам,
Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он:

Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам,
Ин суруди қадими кӯҳистон:

«Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором,
Мезанад доду мезанад фарёд

Меравад худсарона, лекин ром,
Ҳеҷ касро намешавад, Ҳайҳот!»

Шоир достонро бо забони содаву равон нақл мекунад. Барои равшании фикр бошад, аз санъатҳои бадеӣ фаровон истифода намудааст.

Яке аз мавзӯъҳое, ки дар байни мавзӯъҳои дигари достон мавқеи муҳим дорад, ин мудофиаи сарҳади Ватан тавассути сарҳадчиён ба таври воқеӣ инъикос ёфтааст. Хулоса, муаллифи достон тарзу тариқи содаву равони баёни фикрро интихоб кардааст, ки хеле ҷолиб мебошад. Чунин тарзу тариқи нигориш ба забон ва воситаҳои тасвири асар таъсири мусбат бахшидааст.


Калидвожаҳо: иншо дар мавзуи Достони «Панчи ноором»-и Мирсаид Миршакар, Тахлили гояви ва бадеии достони Панчи ноором. Достони «Панҷи ноором»-и Мирсаид Миршакар (иншо эссе).

ҚаблӣДостони «Ливои зафар»-и Мирсаид Миршакар (иншо)
БаъдӣРомани «Шуроб» – и Раҳим Ҷалил / Рахим Чалил