Дубайтиҳо – шеър аз шоира Гулрухсор

Дубайтиҳо аз устод Гулрухсор, шеърхо аз шоира Гулрухсор >>

Дубайтиҳо – шеър аз шоира Гулрухсор

Туро бо ҳар нигоҳам дӯст дорам,
Туро бо ишқу оҳам дӯст дорам.
Зи бас шому пагоҳи ман туӣ, ту,
Туро шому пагоҳам дӯст дорам.

Зи сад ошиқ дуъо дорад дили ман,
Зи сад ориф сано дорад дили ман.
Ба сони мушти ман хурдаш набинед,
Ҷаҳон дар хеш ҷо дорад дили ман.

Агар савдо набошад сар чи ҳоҷат,
Агар дунё набошад дар чи ҳоҷат.
Ту дил дорӣ, валекин сарду бедард,
Дили беишқу беахгар чи ҳоҷат.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Агар дар дил набошӣ, дар забонӣ,
Агар оқил набошӣ, шодмонӣ.
Агар боре зи ғам хандида бошӣ,
Ту дарди хандаҳои ман бидонӣ.

Баробар бо қади худ ёр дорӣ,
Надорӣ ғам, вале ғамхор дорӣ.
Ту, кӣ аз худ гурезӣ чун зи оташ,
Куҷо парвои Гулрухсор дорӣ.

Ба боғи ғам гули савсан нарӯяд,
Ба сӯзи нав ба ҷуз шеван нарӯяд.
Ба марзи барфбоди номуродӣ,
Гарам доне фитад, бе ман нарӯяд.

Зи худ пеши Худо бояд гиристан
Хамӯшу бесадо бояд гиристан.
Барои мурдаҳо ашкам намонда,
Барои зиндаҳо бояд гиристан.

Барои аз мақолаҳои нави мо хабардор шудан