Эраҷ Мирзо (1874-1926)

Эраҷ Мирзо адиби бузурги Эронзамин аст. ӯ дар Табрез соли 1874 чашм ба дунё кушод. Бобоёни ӯ шоҳони қоҷорӣ буданд. Вале ҳаргиз аз гузаштагони худ намеболид ва зиндагии фақирона дошт. Эраҷ Мирзо чунон марди фурутан ва хоксоре буд, ки ҳатто шоир будани хешро инкор ҳам мекард. Адиб дар ин бора чунин гуфта: «Ман ҳамеша шоир нестам ва ба навиштани шеър ҳеҷ гоҳ худро маҷбур намекунам. Баръакс ҳангоме, ки илҳомам меояд, ман ба он итоат мекунам».

Эраҷ Мирзо соли 1926 дар Теҳрон вафот кард. Адиб дар сурудани асарҳои хурди лирики дасти тавоно дошт. Достони «Орифнома»-и Эраҷ панду ахлоқӣ буда, инсонҳоро ба покӣ, поквиҷдонӣ ва дигар хислатҳои хамида ҳидоят мекунад.

Махсусан силсилаи шеърҳои «Модарнома»-и Эраҷ Мирзо шуҳрати чаҳонӣ пайдо кардаанд ва сазовори мукофоти аввали озмуни байналхалқӣ гардидаанд. «Модарнома»-и адиб ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума гардидааст.

Инак ба қироати шумо аз силсилаи Қадри устод, «Модарнома», «Қадри модар»-ро бо ду шеъри дигар пешкаш менамоем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хаёт ва фаъолияти Эрач Мирзо, зиндагиномаи Эрач Мирзо, бо забони точики, на таджикском языке

ҚаблӣМулоқоти якум (Порча аз достони «Чароғи абадӣ»)
БаъдӣҚадри устод (шеър барои устод)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед