Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Ҳикмати машшоия.

Машшоъ   вожаи арабист ва маънияш одами   тезгард   ё тезрав мебошад. Чун   истилоҳи фалсафӣ мутафаккирони шарқии пайрави Арастуро   дар шакли машшоиён гӯянд .   Дар маҷмӯъ мактаби гурӯҳе   аз   файласуфони   Юнони   қадим,   ки   масъалаҳои   мураккаби   фалсафиро   бо   роҳи музокираву мубоҳиса ҳал мекарданд. Фалсафаи машшоъ ҳикмати Арасту ва пайравони ӯст.

Бунёдгузораш дар Шарқи исломӣ Абӯюсуфи Яъқуб бини Исҳоқ ал-Киндӣ-файласуфи қарни IX мелодии араб ба шумор меравад. Вале дар Шарқи Миёнаву Наздик фалсафаи машшоъ қабл аз қарни IX низ маълум буд. Масалан, дар Фарҳангистони Гунди Шопур, ки тайи қарнҳои V-VI аз ҷумлаи муҳимтарин маркази илмӣ ва фалсафии давлати Сосониён буд, ин мактаби фалсафӣ нуфузи амиқ ва ҳаводорони зиёд доштааст. Аз пайравони бузурги фалсафаи Арасту метавон Павлуси Форс (асри VI) — файласуфи дарбори Хусрави Аввали Анӯшервонро (531 — 569м.) ном бурд, ки чи дар улуми динӣ ва чи дар улуми фалсафӣ дасти қавӣ дошт, вале ба улуми дунявӣ эътимоди бештаре зоҳир мекард, зеро мӯътақид буд, ки мавзӯи илм чизест ба фаҳми мо басе наздик ва мудрик ба ақл, вале мавзӯи дин чизест бо ақл дарнаёфтанӣ. Дар илм ҷои шак нест, вале дин шакки зиёд ба бор меоварад. Павлуси Форс китобҳои Арастуро ба паҳлавӣ тарҷима кард ва худ чандин таълифоти асил низ эҷод намуд.

Вале вусъати баланди фалсафаи машшоии тоҷику форс ва араб, бешак, ба садаҳои 1Х-ХV рост меояд ва ба фаъолияти файласуфони номвар ал-Киндӣ, ал-Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Мискавайҳ, Умари Хайём, Ибни Рушд, Ибни Боҷа, Ибни Туфайл, Насируддини Тусӣ, Ҷалолуддини Давонӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Афзалуддини Кошонӣ ва дигарҳо сахт марбут аст. ҳарчанд ҳама номбаршудагон аҳли ин мактабанд, вале фалсафаи машшоъ дар таълифоти ҳар яки эшон бозтоби хосса дорад. Масалан, ал-Киндӣ бунёдгузори фалсафаи машшоии Шарқ ҳисоб мешавад, лекин назарияи арастуии азалияти оламро қабул надорад. Форобӣ дар баъзе аз таснифоти худ ба созиш додани фалсафаи Афлотун ва Арасту мутамоил буда, ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ бештар шуғл доштааст. Ибни Сино дар навбати худ аз ҷумлаи ҷонибдорони назарияи арастуии азалият ва абадияти олам буд. Назарияи нузул (фурӯд омадан, поён рафтан) ва тазаккур (баёдоварӣ)-и Афлотунро инкор мекард ва ба созгор додани фалсафаи Афлотун ва Арасту эътимод надошт. Гузашта аз ин, ӯ дар таҳқиқи масъалаи фалсафаи иҷтимоӣ ва ҳикмати маданӣ саъю кӯшиш накарда, ҳама заковату қудрати худро сарфи омӯзиши масоили мантиқ, табииёт ва фалсафаи назарӣ намудааст.

Ибни Мискавайҳ, ки ҳамзамони Ибни Сино буд, аслан масъалаҳои ахлоқро мавриди баррасӣ хос қарор дода, ба ин васила чун муассиси ҳикмати ахлоқии Шарқи исломӣ шӯҳрат ёфтааст. Мутафаккирони минбаъда, чун Насируддини Тусӣ ва ҷалолуддини Давонӣ аз осори ӯ баҳраҳои зиёд бардоштаанд ва дар зери таъсири ӯ ҳикмати ахлоқро рушду такомул додаанд.

Ибни Рушд барои ҳимояи фалсафаи машшоъ зидди Имом ғазолӣ бархоста, сарфи назар аз пуштибонии фалсафаи Ибни Сино, ақоиди ӯро дар бораи тақсими ҳастӣ ба воҷиб-ул-вуҷуду мумкин -ул-вуҷуд ва назарияи вайро дар мавриди ҷовидонии нафси шахсӣ напазируфтааст. Хоҷа Насируддини Тусӣ ҳарчанд аз ҷонибдорони бисёр собитадами фалсафаи машшоъ буд ва ҳикмати Бӯалиро аз ҳамлаи Муҳаммади ғазолӣ, Муҳаммади Шаҳристонӣ ва Фахруддини Розӣ ҷасурона дифоъ кардааст, вале, дар айни ҳол, мавзӯи созиш додани фалсафаи машшоъ бо калом дар осори ӯ возеҳ ба назар мерасад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣАндешаҳои фалсафии Абурайҳон Берунӣ
БаъдӣАз таърих сабақ бояд омӯхт