Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Табоия

Дар хусуси усули фалсафаи табоия Носири Хусрав чунин овардааст: «Аҳли табоеъ мар оламро азалӣ гуфтанд ва гӯянд, ки чизҳо аз ин чаҳор табъ ҳамебуда шавад, чун гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкӣ, бе он ки тадбире ва тақдире аз ҷуз эшон ҳалле бад-эшон пайванданд. Ва ҳамегуянд: Ин чаҳор чиз, ки ёд кардем, сифатро аз мавсуф чора нест, то бар ӯ падид ояд. Он мавсуф, ки мар ин чаҳор сифатро дар бар гирифтааст, ҷисм аст, мар ӯро ҳаракати касрӣ аст ва гаштани аҳвол ва маконгиру қисматпазир аст» (Носири Хусрав. «ҷомеъ-ул-ҳикматайн», саҳ.97).

Аз чунин гузориши табоиён бармеояд, ки бисёр нукоти усули фалсафиашон бо назариёти даҳрия ҳамоҳанг мебошад. Зеро, онҳо низ чун даҳриён, оламро ҷисмонӣ ва дар тағйироти доимӣ дониста, барои он Офаридгоре қоил нестанд.

Дар баёни масъалаи ҷавҳар ва араз ҳам табоиён тамоюлоти озодандеширо таҳким бахшиданд. Ба андешаи онҳо, ҷавҳар дар ҳастии худ ба араз эҳтиёҷманд нест, вале араз дар ҳастияш ба ҷавҳар ниёзманд мебошад. Тавре ки аз таҳлили назариёти зурвония, даҳрия ва табоия бармеояд, манбаъҳои иттилоотӣ роҷеъ ба усули ҳастишиносии ин мактабҳои фалсафӣ баҳс ба миён гузошта, аз баён ва интиқоди ақоиди маърифатии онҳо сарфи назар намуданд.

Фалсафаи асҳоби ҳаюло ҳикмати он мутафаккиронест, ки ҳаюлоро қадим медонанд ва мӯътақиданд, ки тамоми вуҷудоти олам аз ҷузъҳои ҷудонопазир таълиф ва таквин мегарданд. Ин мактаби фалсафӣ, ба иттилои манбаъҳо, тақрибан дар охири асри IX ва ибтидои асри X-и мелодӣ зуҳур кардааст. Фалсафаи асҳоби ҳаюло самти асосии фалсафаи даҳриёну табоиёнро идома додаст.Забардастарин намояндагони он Ибни Ровандӣ ва Эроншаҳрӣ маҳсуб мешванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣФалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Даҳрия
БаъдӣФалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Ибни Ровандӣ