Хаёт ва фаъолияти Абуали Ибни Сино

Абӯалӣ Ибни Сино (16 – 17 августи 980 – 24 июни 1037). Хаёт ва фаъолияти Абуали ибни Сино. Ҳаёт ва фаъолияти/эҷодиёти Абуали ибни Сино.

Абуали Ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

Абӯалӣ ибни Сино яке аз абармардони илмҳои ҳикмат, мантиқ, илоҳиёт, табииёт, риёзиёт, тиб, ҳайат, забон, улуми адабӣ ва фанни шеър на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб мебошад.

Ин гуна касони фавқулодаро дар Машриқзамин «нобиға» ва дар кишварҳои ғарбӣ «гений» мегуфтанд. Дар феҳристи китобҳои ӯ, ки онро шогирди бовафояш Абӯубайди Ҷузҷонӣ тартиб додааст ва ҳамроҳаш солҳои дароз то вопасин нафасҳояш буд, яксаду чиҳилу ҳашт номгӯй омадааст, ки бисёре аз онҳо ҳар як аз ду то бист-бисту як ҷилд иборат мебошад.

Китоби машҳури ӯ дар илми тиб «АлҚонун фӣ-т- тиб» дар Италия аз тарафи Ҳерарди Кремонӣ дар соли 1180 ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дувумин асарест, ки пас аз китоби муқаддаси яҳудиён «Таврот» ба табъ расида буд ва то асри ХVIII дар донишгоҳҳои ғарбӣ ҳамчун китоби дарсӣ таълим дода мешуд.

Имом Ғазолӣ (охири а. ХI ва ибтидои а. ХII) бо вуҷуди ихтилофи назаре, ки бо Ибни Сино дошт, мардонавор тан додааст, ки «ва ҳар киро муҷаллади (ҷилди) аввали «Қонун» маълум бошад, аз усули илми тиб ва куллиёти ӯ ҳеч бар ӯ пӯшида намонад, зеро ки агар Буқрот (Ҳиппократ) ва Ҷолинус (Ҳален) зинда шаванд, раво бувад, ки пеши ин китоб саҷда кунанд».

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ибни Сино дар Ғарб бо номи «Авитсена» маъруф аст. Ӯ аз ҷумлаи он донишмандони беназири шарқиест, ки дар рушд ва такомули андешаи илмии ғарбӣ нақши муассири бевосита дорад. Таъсири бобаракати таълимоти фалсафаи Ибни Сино дар такомули ҷаҳонбинии андешамандони бузурги ғарбӣ, монанди Роҷерс Бэкон, Сигери Брабантии Гундиславӣ, Петри Испанӣ, Ҳиноними (Вилҳелми) Овернӣ, Моисей Маймонид, Уилям Оккам, Дунс Скотт, Фома Аквинский, Спиноза, Данте ва дигарон ба исбот расидааст. Дар асри X дар шаҳри Шартри Фаронса мактаби фалсафие мавҷуд будааст, ки дар он аз ҷумла таълимоти Ибни Синоро ташвиқ ва тарғиб менамуданд. Дар донишгоҳи Порис бо сардории Сигери Брабантӣ ҳавзаи илмие ба вуҷуд омада будааст, ки асарҳои Ибни Синоро ба лотинӣ бармегардонданд. Ба ивази ду китоби Абӯалӣ ибни Сино ва як китоби Ҳален, ки дар китобхонаи яке аз кардиналҳои дарбори папаи Рим будааст, чунон пули калон додаанд, ки эҳтиёҷи касалхонаи шаҳри Монполеро (Фаронса) таъмин намудаанд. Шуҳрати Ибни Сино дар Аврупо ба дараҷае буд, ки рассоми бузурги Давраи Эҳё Микеланҷело эътироф намудааст, ки «Ҳален ва Авитсенаро тарафдорӣ карда, хато намудан беҳтар аст аз он ки дигаронро дастгирӣ карда ҳақ бошӣ».

Данте – шоири машҳури итолиёӣ дар «Мазҳакаи илоҳӣ» Ибни Синоро дар қатори Суқрот, Афлотун, Арасту, Зенун, Уқлидус, Буқрот, Ҷолинус, Ибни Рушд ва чанде дигар аз доноён, Ҷосер дар «Ҳикояҳои Кентербери», Лопе де Вега дар мазҳакаҳояш ном бурдааст.

Шиносоӣ бо «Рисолаи саргузашт», ки зиндагиномаи боэътимодтарини Ибни Сино мебошад ва аз забони худи ӯ онро шогирдаш Абӯубайди Ҷузҷонӣ ҳамроҳ бо мушоҳидаҳои бевоситааш навиштааст, сарчашмаҳои тавоноии беназири ӯро дар илмҳои гуногун муайян месозад.

Бино бар гуфтаи худи Ибни Сино, падараш марде буд аз аҳли Балх, ки дар рӯзгори Нӯҳ ибни Мансур аз он ҷо ба Бухоро омад ва дар яке аз деҳаҳои бузурги он Хармайсон (ҳоло Рометан) бо корҳои девон машғул шудааст ва аз деҳаи Афшана, ки дар назд икии он буд, модарашро ба занӣ гирифтааст. Ибни Сино ва бародараш дар ҳамин деҳа ба дунё омадаанд. Онҳо баъдан аз он ҷо ба Афшана ва аз он ҷо ба шаҳри Бухоро кӯчидаанд ва Ибни Синоро назди муаллими Қуръон ва адаб гузоштаанд ва ӯ дар даҳсолагиаш Қуръон ва бисёре аз илмҳои адабиро ба таври шигифтовар аз бар карда будааст. Ибни Сино ҳамчунин аз омӯхтани илмҳои ҳисоби ҳиндӣ аз марде, ки сабзавот мефурӯхт, фиқҳ аз Исмоили Зоҳид, фалсафа аз Абӯабдуллоҳи Нотилӣ нақл намудааст. Ибни Сино дар назди Нотилӣ, ки падараш ӯро дар ҳавлиашон ҷой дода буд, ба хондани китоби «Исоғуҷӣ» (Исагоге)-и файласуфи Юнони Қадим Порфирий Тир (232-304) доир ба мантиқ оғоз кардааст.

Ҳар масъалаеро, ки муаллим ба ӯ зикр мекардааст, аз ӯ беҳтар тасаввур менамудааст ва ҷавобҳое медодааст, ки муаллимаш монандашро нашунида буд ва аз шогирди худ бисёр дар шигифт мешудааст.

Ҳамин тавр, Ибни Сино аз рӯйи гуфтааш, чизҳои зоҳирии мантиқро назди Абӯабдуллоҳи Нотилӣ, ки даъвогари фалсафа буд, хондааст, вале нозукиҳои онро мустақилона бо хондани китобҳо ва шарҳҳо аз худ карда, дар мантиқ тавоно шудааст. Чунончи, ӯ омӯхтани китоби Уқлидус (Эвклид), олим ва риёзидони Юнони Қадимро (а. 111 то мелодӣ) дар назди муаллим оғоз намуда, сипас ҳалли бақияи китобро ба уҳдаи худ гирифтааст. Вақте ки ба омӯзиши китоби «Ал-Маҷистӣ» («Ал-Магестум»)-и риёзидон, ситорашинос ва ҷуғрофидони Юнони Қадим Клавдий Птоломей доир ба ҳайат гузаштааст ва аз муқаддамоти он фориғ шудааст, муаллимаш ба ӯ гуфтааст, ки «худат ба хондан ва ҳалли онҳо бипардоз ва сипас чизи хондаатро аз пеши ман гузарон, то дуруст ва нодурусти он ошкор созам». Ибни Сино ҳамин тавр кардааст. Вале аз сабаби он ки худи муаллимаш дар дарки ин китоб устувор набудааст, вай худ ба ҳалли масъалаҳои он шурӯъ кардааст ва дар ин кор ба дараҷае пеш рафтааст, ки ба муаллимаш чандин шакли душвореро аз ин китоб нишон додааст ва фаҳмонидааст. Пас аз ба Гурганҷ (ҳоло Урганҷ) рафтани Абӯабдуллоҳи Нотилӣ Ибни Сино ба омӯхтани китобҳои «Фусусулҳикам»-и Абӯнасри Форобӣ ва шарҳҳои табииёту илоҳиёти Афлотун ва Арасту машғул шудааст.

Сипас Ибни Сино ба илми тиб рағбат кардааст ва ба хондани китобҳои тиббӣ рӯ овардааст ва дар андак муддат дар он ба дараҷае забардаст шудааст, ки донишмандони тиб илми тибро назди ӯ ба хондан оғоз кардаанд ва парастории беморонро низ ба уҳда гирифтааст. Дар ин ҳангом Ибни Сино ҳамагӣ шонздаҳсола будааст.

Дар ҷавонӣ дар омӯзиши илмҳои гуногун ба ин пояҳои баланд расиданашро Ибни Сино дар «Рисолаи саргузашт» равшан баён намудааст. Ӯ гуфтааст, ки дар ин муддат шабе пурра нахуфтааст ва рӯзона низ ба ҷуз омӯхтани илм ба кори дигаре машғул намешудааст. Ҳар гоҳ хоб бар вай ғалаба мекардааст ва ё сустӣ ҳис менамудааст, каме дам мегирифтааст, то неруяш барқарор гардад ва боз ба хондан машғул мешудааст. Ҳар гоҳ ӯро пинак мебурдааст, он масъаларо дар хоб айнан медидааст ва дар хоб паҳлуҳои бисёр масъалаҳо бар ӯ ошкор мегардидаанд.

Боре Ибни Сино китоби Арасту «Мо баъдуттабиа» («Он чи баъди табиат аст»)-ро чиҳил бор такроран хондааст ва онро азбар кардааст, валекин китоб ва мақсади муаллифи онро дуруст нафаҳмидааст ва навмед шудааст, ки «ин китобро ба ҳеч роҳ фаҳмида намешавад». Рӯзе аз рӯзҳо ҳангоми аср дар миёни онҳое ҳозир будааст, ки китобҳоро саҳифабандӣ мекарданд ва даллоле дар даст як ҷилд китобе нидо мекард. Даллол онро ба Ибни Сино намудааст ва ӯ онро ба сахтӣ рад кардааст, зеро бовар доштааст, ки дар ин илм суде нест. Даллол такроран ба ӯ хариданашро исрор намудааст ва гуфтааст, ки «инро аз ман бихар! Ба ту арзон мефурӯшам, ба се дирҳам. Соҳибаш ба баҳои он муҳтоҷ аст. Ибни Сино онро харидааст ва он китоби Абӯнасри Форобӣ « Фӣ ағрози (дар баёни) китоби «Мо баъдуттабиа» будааст. Ибни Сино ба хона баргашта, онро бошитоб хондааст ва дарҳол ғаразҳои он китоб барояш кушода шудааст. Аз он шод шуда, рӯзи дигар барои сипосгузорӣ аз Худой ба бечорагон чизи бисёре садақа кардааст.

Ҳамин заҳмати шабонарӯзӣ ва пайгирӣ ва ҷустуҷӯи ҳамешагӣ дар роҳи илму дониш буд, ки барои Ибни Сино дар ҷавонӣ ҳама чиз ошкор гардид. Ба дараҷае, ки ҳар китоб ё навиштаҷоте, ки ба он менигаристааст, муқаддимаҳои қиёсаш (муҳокимарониҳои мантиқӣ, силлогизмҳояш) барояш маълум мешудааст ва онҳоро дар зимни чизҳои ошкор ба тартиб медаровардааст. Баъд дар онҳо назар мекардааст, ки шояд натиҷа диҳанд ва ба шартҳои муқаддимаҳои он риоя мекардааст, то ки ҳақиқати он масъала ӯро ошкор мегардидааст.

Ибни Сино навиштааст, ки «дере нагузашта ман дар ҳамаи илмҳо тавоно шудам ва ба андозаи қудрати инсонӣ аз онҳо огаҳӣ доштам».

Ҷузҷонӣ нақл кардааст, ки: «Рӯзе Шайх дар ҳуҷраи амир Алоуддавла нишаста буд ва Абӯмансури Ҷаббон – луғатшинос ва забондон ҳам ҳузур дошт. Дар забон масъалае пеш омад, ки Шайх ҳар чӣ ёдаш омад, дар ин бора гуфт Абӯмансури Ҷаббон ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Дарвоқеъ, ту файласуф ва ҳаким ҳастӣ, вале дар забон ту чизе нахондаӣ, ки боиси қабули каломи ту бошад».

Шайх аз ин сухан ба қаҳр омада, ба омӯхтани китобҳои луғат машғул шуд ва дар забон бар пояе расид, ки мисли он кам иттифоқ меафтад. Ӯ се қасида иншо карда, дар зимни онҳо лафзҳои дар луғат камёфтро ба кор бурд ва се китоб навишт: яке ба равиши Ибни Амид, дигаре ба равиши Соҳиб ва севум ба равиши Собӣ. Фармуд, ки онҳоро дар муқоваҳои куҳнаи қадимнамо ҷилд кунанд. Ва амир маслиҳат дод, ки ин ҷилдҳоро ба Абӯмансури Ҷаббон бинамояд ва бигӯяд, ки онҳоро ҳангоми шикор аз саҳро ёфтем. Ту онҳоро бубину ба мо бигӯ, ки дар онҳо чист? Абӯмансур пай мебарад, ки рисола аз таснифоти Шайх аст ва ҷавоб ба он ҳамлаест, ки он рӯз бар зидди вай карда буд. Пас, пушаймон шуд ва бахшиш пурсид.

Ибни Сино дар луғат китобе навишта, онро «Лисон-ул-адаб» ном ниҳод, ки мисли он дар ин фан тасниф нашудааст.

Таъкиди донишманд дар бораи он ки ҳар чӣ дар ҳангоми ҷавонӣ омӯхтааст, «ҳамон аст, ки ҳанӯз медонам ва то имрӯз бар он чизе наафзудааст», бисёр муҳим мебошад ва ба мо сабақ медиҳад, ки илму донише, ки дар ҷавонӣ омӯхта мешавад, ҳаргиз фаромӯш намешавад.

Ибни Синои ҷавон аз бисёр хондан дар миёни пизишкони дарбори Нӯҳ ибни Мансур машҳур будааст, бинобар ин вақте ки подшоҳи Бухороро беморие пеш меояд ва онҳо дар илоҷи он оҷиз мемонанд, ӯро ба дарбор даъват мекунанд. Ибни Сино дар муолиҷаи амири Сомонӣ ба пизишкон ҳамкорӣ менамояд ва ба ҳамин восита ба хидмати вай номзад мешавад. Рӯзе аз амир иҷозат пурсида, ба китобхонааш роҳ меёбад ва ба омӯхтани китобҳои тиб мепардозад. Мувофиқи гуфтаҳои Ибни Сино, китобхонаи амир хонаҳои бисёре дошта, дар ҳар хонае сандуқҳои китоб болои ҳам чида шуда буданд. Дар як хона китобҳои илмҳои арабӣ ва шеър (улуми адабӣ), дар дигараш китобҳои фиқҳ ва ҳамин тавр, дар ҳар хонае китобҳои як илме ҷой дошт. Китобхонаи амир феҳристи китобҳои пешиниёнро низ доштааст ва Ибни Сино аз рӯйи он он чиро, ки ба он ниёз доштааст, ёфтааст. Ӯ таъкид намудааст, ки дар он ҷо китобҳоеро дидааст, ки бисёр касон ҳатто номашонро нашунидаанд. Ибни Сино гуфтааст: «Ман онҳоро на пеш аз ин ва на баъди ин надидаам. Он китобҳоро хонда судҳо бурдам ва андозаи дониши ҳар мардро шинохтам».

Ҷузҷонӣ шаҳодат медиҳад, ки : «Боре надидам, ки агар китоби наве ба дасташ афтад, онро аз як сар мутолиа кунад, балки ҷойҳои душвору масъалаҳои мушкили онро кофта медид, ки муаллифи он дар ин бора чӣ гуфтааст ва бо ҳамин мартабаи ӯро дар илму дараҷаашро дар фаҳм маълум мекард».

Ибни Сино дар ҳаждаҳсолагӣ аз омӯхтани ҳамаи илмҳои замонааш фориғ шудааст ва хеле зуд ба таълифи китобу рисолаҳои илмӣ оғоз намудааст. Нахустин китоберо, ки ӯ бо хоҳиши ҳамсояаш Абӯҳасани Арӯзӣ навиштааст, «АлМаҷмӯъ» буд ва ба номи вай «АлАрӯзия» ном ниҳодааст. Ин китоб дар илми риёзӣ ва илмҳои дигар будааст. Дар он ҳангом муаллиф бисту як сол дошт. Бо хоҳиши ҳамсояи дигараш, ки ӯро Абӯбакри Барақӣ мегуфтанд ва зодаи Хоразм буда, дар илмҳои фиқҳ, тафсир ва зуҳд ягона будааст, китоби «АлҲосил ва-л-маҳсул»-ро дар ахлоқ тасниф намудааст. Барои ин марди доносиришт ин ду китоби Ибни Сино чунон арзишманд буданд, ки онҳоро ба ҳеч касе орият намедодааст, ки нусха бардорад.

Баъди даргузашти падараш ҳоли Ибни Сино дигаргун шуда, баъзе корҳои идориро ба уҳда гирифта будааст. Бинобар зарурате аз Бухоро рахт баста, рӯ ба Гурганҷ овардааст ва бо шарофати вазири ҳокими Хоразм Абулҳусайни Суҳайлӣ, ки дӯстдори илм буд, ба назди амир Алӣ ибн Маъмуни Хоразмшоҳ (997-1000) меравад ва барояш моҳонае муқаррар намудаанд, ки кофӣ будааст.

Сипас оворагардию сарсониҳои Ибни Сино сар шудааст ва ӯ аз Фасо (Нисо) ба Бовард (Абевард) ва аз он ҷо ба Тӯс, Шаккон (деҳае дар Нишопур), Саманқон (Самангон), Ҷоҷарм (шаҳрест дар Хуросон) ва Ҷузҷон сафар кардааст. Тавре ки худаш мегӯяд, мақсадаш рафтан ба назди ҳокими Ҷурҷон Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмгир будааст. Ибни Сино дар бораи аз Ҷурҷон  ба Даҳистон (шаҳре дар Мозандарони Эрон) рафтанаш ва бозгашташ ба Ҷузҷон ва дар он ҷо сахт бемор шуданаш ва пайвастани Абӯубайди Ҷузҷонӣ ба вай ва гуфтани қасидаи арабие дар ҳасби ҳоли худ хабар додааст. Дар «Рисолаи саргузашт» як байт аз ин қасида иқтибос гардидааст:

Бузург гаштаму майдон васеъ нест маро,
Фузуд қимати ман, муштарист нопайдо.
(Тарҷумаи С. Ҷавҳаризода)

Бо иқтибоси байти боло он чи Ибни Сино дар «Рисолаи саргузашт» дар бораи худ ҳикоят карда буд, ба охир мерасад ва қисмате оғоз мегардад, ки шогирдаш Абӯубайди Ҷузҷонӣ ҳар чиро аз аҳволи устодаш мушоҳида намудааст, зикр кардааст. Аз ҷумла ӯ дар бораи он хабар додааст, ки дар Ҷурҷон Шайхурраис барои шогирдаш китоби «Ал-Мухтасар-ул-авсат»-ро дар мантиқ ва барои Абӯмуҳаммади Шерозӣ китоби «Ал-Мабдаъ ва-л-маод» ва китоби «Ал-Ирсод-ул-куллия»-ро тасниф намудааст.

Бинобар навиштаи Абӯубайди Ҷузҷонӣ, ки бисту панҷ сол дар хидмат ва суҳбати ӯ будааст, сипас Ибни Сино аз Гургон ба Рай (шаҳрест дар наздикии Теҳрон) рафт ва ба хидмати ҳокимаи он ҷо Сайида ва писари ӯ Маҷдуддавла пайваст. Шайхурраис ба муолиҷаи Маҷдуддавла, ки дар табиаташ савдо (бемории рӯҳӣ, савдоӣ) ғалаба карда буд, пардохт.Дар он ҷо китоби «Ал- Маод»ро тасниф кард.

Аз Рай бино ба пешомаде, ки рӯй дод, Ибни Сино воҷиб шуд ба Қазвин биравад ва аз он ҷо ба Ҳамадон биёяд ва ба хидмати яке аз амирони Шамсуддавла бипайвандад ва кори ӯро пеш гирад. Дар он ҷо бемории қулинҷи (бемории меъда ва рӯда) Шамсуддавларо дармон мебахшад ва баъди чиҳил шабонарӯз дар он ҷо иқомат кардан ва аз надимони амир шудан ба хонааш бармегардад. Аз ӯ хостаанд, ки вазоратро ба уҳда гирад, розӣ мешавад. Баъди он қиёми лашкариён бар зидди ӯ иттифоқ афтод, онҳо гирди хонаашро гирифтанд, ӯро ба ҳабс бурда, чизу чораашро ғорат карданд ва аз амир қатли ӯро хостор шуданд. Вале амир аз қатли вай худдорӣ карда, бо барканории ӯ аз корҳои давлатӣ қаноат намуд. Шайх Абӯсаъд ибни Даҳдук ном касе Ибни Синоро чиҳил рӯз пинҳон дошт. Шамсуддавла дубора ба бемории қулинҷ гирифтор гашт ва боз муҳтоҷи Шайхурраис гардида, ӯро даъват кард ва аз ӯ бахшиш пурсид ва кори вазоратро дубора ба ӯ баргардонд. Аммо баъди марги Шамсуддавла аз ҳамон бемории қулинҷ ва ба ҷойи ӯ ба тахт нишастани писараш ва напазируфтани Ибни Сино ба ҳайси вазир маҷбур мешавад, ки дар ҳавлии яке аз дӯстонаш Абӯғолиби Аттор пинҳонӣ зиндагӣ кунад ва дар ҳамон шароити номуносиб «Китобушшифо»-ро бо хоҳиши шогирдаш ба поён мерасонад. Бинобар фармудаи Абӯубайди Ҷузҷонӣ, ӯ аз Абӯғолиби Аттор коғазу даво хост, дар ин кор ду рӯз машғул шуда, масъалаҳои асосиро, бидуни китобе, ки пеши худ ниҳад ва асле, ки ба он муроҷиат кунад, аз ёд ва аз дил дар 20 ҷузъ бар ҳаштяк бо хати худ навишт ва баъд он ҷузвҳоро дар пеши худ ниҳода, коғазро гирифт ва дар ҳар масъалае нигариста, шарҳашро навишт. Шайхурраис ҳар рӯз 50 варақ менавишт, то ки тамоми илоҳиёту табииётро фароҳам овард ва ба навиштани мантиқ шурӯъ карда, аз он низ як ҷузъро ба охир расонидааст.

Сипас Тоҷулмулк яке аз амирони Шамсуддавла ва вазири писари ӯ Самоуддавла бо гумони он ки Ибни Сино пинҳонӣ бо Алоуддавла Кокавейҳ (1007-1041), ҳокими Исфаҳон, ки бо хоҳиши ӯ «Донишнома» навишта шудааст, мукотиба дорад, бо дахолати бархе душманонаш ӯро дар қалъаи Фардаҷон (дар Ҳамадон) ба муддати чаҳор моҳ банд мекунад. Дар ин ҷо китобҳои «АлҲидоя», рисолаи «Ҳай ибни Яқзон» ва «АлҚулинҷ»-ро тасниф кард. Пас аз раҳоӣ аз банд дар Ҳамадон дар ҳавлии Алавӣ ҷой гирифт ва ба таснифи бахши мантиқи китоби «АшШифо» пардохт.

Аз Ҳамадон ба Исфаҳон ҳамроҳи Абӯубайди Ҷузҷонӣ, бародараш ва ду ғуломе, ки бо ӯ буданд, пинҳонӣ дар ҷомаи сӯфиён берун рафт ва баъди сахтиҳои бисёри роҳ ба Табарон расид. Онҳоро дӯстони Шайх ва надимону аҳли хоссаи амири Исфаҳон Алоуддавла пешвоз гирифтанд ва иззату эҳтиром карданд, ки мисли ӯро муносиб аст.

Дар Исфаҳон китоби «Аш-Шифо», китоб дар илми мантиқ ва «Ал-Маҷистӣ»-ро ба охир расонид. «Уқлидус», «Арисмотиқӣ» ва «Мусиқӣ»-ро мухтасар кард.

Ибни Сино дар роҳ се китобро, аз ҷумла «Ан-Наҷот»-ро тасниф кардааст. Бо хоҳиши Алоуддавла китоби «Алоӣ»-ро дар расади (шинохти) ситораҳо тасниф кард.

Ибни Сино, ки дар амалия ва назарияи илми тиб ягонаи даврон буд ва ҳазорон ҳазор беморонро ба туфайли дониш ва таҷрибаи фаровонаш дармон бахшида, аз чанголи марг раҳонида буд, вақте ки ба бемории қулинҷ гирифтор шудааст, ба табобати худ оғоз мекунад ва барои зудтар шифо ёфтан то ҳашт бор худро ҳуқна ( як навъи махсуси муолиҷаи узвҳои дарунӣ) мекунад. Аз ин ҷо баъзе рӯдаҳояш захмӣ шуда, дар онҳо ҷароҳат пайдо шуда, ба саръ (бемории рӯҳӣ, эпилепсия) табдил ёфтааст. Бо вуҷуди он Шайхурраис барои дуруст кардани бақияи қулинҷ ва ҷароҳат худ ро ҳуқна мекунад. Рӯзе ӯ фармон додааст, ки ду донг (0,5гр) тухми карафс (сельдерей)-ро ба он чи ба ҳуқна рехта мешавад, илова кунад ва биёмезанд, то боди қулинҷ шикаста шавад. Яке аз пизишкон, ки ӯро табобат мекард, ба ҷойи он панҷ донг тухми карафсро рехтааст, ки аз тезии он тухмҳо ҷароҳат зиёдтар шудааст. Ибни Сино барои дафъи саръ масрузитус (маъҷун) истеъмол мекард. Яке аз ғуломонаш дар он афюни зиёде рехта, ба ӯ додааст. Ин корро Абӯубайди Ҷузҷонӣ «хиёнат» номидааст ва сабабашро гуфтааст, ки пизишк ва ғуломони хиёнаткор мехостанд ба хазинаи Шайхурраис соҳиб шаванд, барои ҳамин ӯро ҳалок карданд, то оқибати корашонро бехатар созанд. Бар асари ин гуна «табобат» Ибни Сино аз нотавонӣ ба ҷое расида будааст, ки бархостан наметавонистааст. Дар ҳамин ҳолат ҳам ӯ худро муолиҷа мекардааст. Аммо ба сабаби парҳез накардан ҳар сари чанд вақт бемориаш авҷ менамудааст. Ҳангоми сафар аз Исфаҳон ба Ҳамадон дар роҳ бемориаш дубора авҷ гирифтааст ва ба гуфтаи Абӯубайди Ҷузҷонӣ, Сино баъди он донист, ки қуввааш заиф шудааст ва наметавонад, ки бемориро бартараф намояд, дар дармон кардани худ бепарво шудааст ва гуфтааст: «Чорасозе, ки чораи ман месохт, аз чорасозӣ фурӯ монд ва акнун дармон суде надорад». Ин суханони ӯ ба муҳтавои рубоии машҳураш комилан ҳамоҳанг мебошад.

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал,
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Ибни Сино, ки парвардаи замони Сомонӣ ва муҳити илмию адабии он буд, баъди шикасти ин хонадони худӣ оворагардию озодиро афзалтар медонист нисбат ба он ки дар хидмати сулолаи туркони Қарохонӣ, Ғазнавӣ ва ғ. бошад. Барои ҳамин ҳам ба Хоразм ва шаҳрҳои дигаре рафт, ки амирону ҳокимонашон эронинажод буданд.

Ибни Сино ҳамагӣ панҷоҳу ҳашт сол дошт ва дар айни авҷи камолоти худ даргузашт.

Мақбараи Сино дар Ҳамадон

Ҳаёти пурталотум, саргардониҳои зиёд, маҳрумиятҳо, дасисаҳои дарборӣ, таъқибу озор, зиндонигардиданҳо тандурустии ӯро хароб карда буданд.


ҚаблӣХунари шоирии Абулкосим Фирдавси
БаъдӣМероси илми ва адабии Абуали ибни Сино

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед