Фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011

Фаъолияти Иттиходи Аврупо дар солхои 1992-2011

Дар ин мақола: Сиёсати дохилии Иттиходи Аврупо. Хукук ва ухдадорихои Иттиҳоди Аврупо. Сиёсати беруни Сиёсати Иттиходи Аврупо дар Осиёи Маркази.


Сиёсати дохилӣ

Рукни муҳими механизми баҳамназдикшавии давлатҳои Аврупо пеш бурдани сиёсати ягонаи соҳавӣ ва минтақавӣ мебошад. Муваффақиятҳои калон дар сиёсати ҳамҷояи аграрӣ ба даст оварда шуданд, ки чунин мақсадҳо дорад: бо маҳсулоти озуқавории дохилӣ таъмин намудани аҳолӣ, ҳифзи бозори дохилии озуқаворӣ, бозори тақсимоти меҳнат. Дар натиҷаи ин сиёсат ҳамаи давлатҳои Иттиҳоди Аврупо имконият пайдо карданд, ки маҳсулоти худро бо андозаи нархи миёнаи ҷаҳонӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ба дараҷаи 30% зиёд аз он ба фурӯш бароранд. Сиёсати ягона харидории мӯътадили маҳсулоти фермерҳо, дастгирии хоҷагиҳои хурд ва истеҳсоли изофаи аз талабот болоро таъмин мекунад. Қисми зиёди маҳсулоти воридшаванда ба андозҳо дучор гардида, баръакс содирот ба бозори ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Тартиби ин маблағгузориро Комиссияи Иттиҳоди Аврупо муайян мекунад.

Аз ибтидои солҳои 80-ум сиёсати фаъоли минтақавӣ бурда мешаванд, ки чунин хусусиятҳо дорад:

  1. Ҷудо кардани маблағҳо аз буҷети Иттиҳоди Аврупо
  2. Дасткашӣ аз системаи ҷубронпулии марказӣ ва истифодаи оқилонаи бонкии ҷудошуда;
  3. Маблағгузории бонкии тиҷоратӣ;

Мадад ба тараққиёти минтақавӣ дар дохили Иттиҳоди Аврупо аз рӯи чунин равияҳои асосӣ ба роҳ монда мешавад:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. минтақаҳое, ки даромадашон камтар аз 75% даромади миёнаи Иттиҳоди Аврупо мебошанд;
  2. минтақаҳое, ки бӯҳронро аз сар гузаронида, бекорӣ вуҷуд дорад;
  3. минтақаҳое, ки бекории бемайлон доранд;
  4. минтақаҳое, ки бекории технологӣ доранд;
  5. ноҳияҳои деҳот, ки аз нарасидани маблағҳо, бекорӣ, даромади паст ва кӯчиши аҳолӣ ба шаҳрҳо азият мекашанд;
  6. ноҳияҳое, ки зичии аҳолӣ дар як километри мураббаъ 8 нафарро ташкил медиҳад. Маблағгузорӣ аз ҳисоби фондҳои сохтории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад. Ба ҳар як лоиҳаи пешниҳодшуда аз тарафи Иттиҳоди Аврупо на зиёда 85 фоиз арзиши он маблағ дода мешавад[1].

Ба лоиҳаҳое, ки дар он ғайри Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ҳукуматҳои марказии давлатҳои аъзо, банкҳо ва маблағгузорони хусусӣ иштирок мекунанд, диққати махсус дода мешавад.

Дар шароити имрӯза Иттиҳоди Аврупо дар давраи мураккаби навшавии системаи муттаҳидшавӣ қарор дорад. Аз 1-январи соли 2007 Иттиҳоди Аврупо манфиатҳои стратегии 27 давлатҳои аъзои худро ба танзим медарорад.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо

Ҳуқуқ ва ӯҳдадории ҳар як давлати аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳатмӣ дар муайянкунӣ ва амалигардонии мақсад ва вазифаҳои дурнамо дар доираи сиёсати дохилӣ ва берунии созмон мебошад. Ҳар як давлати миллӣ имконият дорад, ки ба натиҷаҳои мушаххаси раванди қабули қарорҳо таъсир расонад, ки вай: 1) фаъолияти самараноки ҳамаи элементҳои бисёрзинаи механизми ба ҳамназдиконии Иттиҳоди Аврупоро таъмин мекунад; 2) ба дараҷаи ба рақобати сиёсӣ тобоварии Иттиҳоди Аврупо дар ҷаҳони глобалӣ таъсир мерасонад; 3) дар бехатарии дохилӣ, тараққиёти мӯътадил ва дараҷаи некӯаҳволии давлатҳои алоҳидаи миллӣ ҷавобгар аст; 4) ҳамчун кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои демократии шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо хизмат мекунад[2].

Сиёсати берунӣ

Дар охири моҳи маи соли 1997 Сарвазири Британияи Кабир Тони Блэр ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ барномаи сиёсати берунии лейбористонро пешниҳод намуд, ки аз чунин тамоилҳо иборат буд: 1) сиёсати фаъолу қатъии аврупоӣ; 2) иттиҳоди тавонои трансатлантикӣ; 3) мудофиаи пурмаҳули миллӣ; 4) савдои озод; 5) мустаҳкам намудан ва ривоҷ додани ҳамкории байналмилалӣ ва аврупоӣ бо мақсади муқобилият нишон дода тавонистан ба таҳдидҳои глобалӣ[3].

Тони Блэр ва кабинети вазирон ҳамчунин сиёсати дурнамои аврупоиро кор карда баромаданд. Бо масъалаҳои хусусияти глобалидошта, ки бо манфиатҳои сиёсии ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо буд, диққати ҷиддӣ дода шуд. Асоси ин лоиҳаро мубориза бо бекорӣ, зиддияти якҷоя ба муқобили ҷинояткорони муташаккилона, муҳофизати муҳими зист, ҳамкории фаъоли бурунмарзӣ, анҷом додани сохтмони бозори ягонаи дохилӣ, васеъ кардани Иттиҳоди Аврупо, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва моҳидорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати умумии берунӣ ташкил медоданд. Дар Брюселл ин масъалаҳо дастгирӣ ёфтанд.

Моҳҳои июл-декабри соли 2005 роҳбарии Иттиҳоди Аврупо ба зиммаи Британияи Кабир буд. Аз рӯи анъана ҳар як давлати ба Иттиҳоди Аврупо роҳбарикунанда дар оғози фаъолият дар Интернет сайти махсуси худро кушода, дар он ҳуҷҷатҳои барномавии худро дар давраи роҳбарӣ ҷойгир мекунад. Дар он се роҳи асосӣ нишон дода шуда буд.

  1. Адолати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ислоҳоти сохтори буҷети Иттиҳоди Аврупо ва соҳаи кишоварзӣ, назорати соати корӣ, мададрасонӣ дар ривоҷи бозорӣ хизматҳо ва системаи молия)
  2. Бехатарӣ (муқобилият бо терроризми байналмилалӣ, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ)
  3. Нақши Аврупо дар арсаи ҷаҳонӣ (масъалаи ташкилоти байналхалқии савдо, ислоҳот дар Шарқи Наздик, сулҳу осоиштагӣ дар Балкан, ривоҷ додан ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Аврупо, ислоҳоти сиёсати воридоти қанд)

Сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

Мақсади асосии сиёсати берунии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ гузоштани таъсири худ ба ин минтақа бо роҳи ҷорӣ намудани стандартҳои аврупоӣ дар соҳаи адоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ мебошад. Дастгоҳи асосии ин сиёсат ёрии молиявӣ, техникӣ ва сиёсиву дипломатӣ бо ворид намудани арзишҳои умумиаврупоӣ ба мисли демократия, ҳуқуқи инсон мебошад.

Аз як тараф консепсияи сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар муносибат бо давлатҳои Осиёи Марказцӣ чун қисми таркибии лоиҳаи глобалӣ бо сарварии ИМА буд ва мемонад, ки мақсади он ба созмони авро-атлантикӣ додани нақши ҷаҳонӣ буд. Аз тарафи дигар Иттиҳоди Аврупо дар симои ду давлати пешбари худ- Олмон ва Франсия кӯшиш дорад, ки сиёсати мустақилона бурда, Иттиҳоди Аврупоро ба қувваи мустақили ҷаҳон табдил диҳад. Дар Брюселл ба эътибор гирифта мешавад, ки ин комёбӣ танҳо дар сурати мустаҳкам кардани мавқеи Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Авруосиё имконпазир аст[4]. Бо маънии дигар сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар муносибат бо Осиёи Марказӣ ба воридшавии он ба ин минтақа нигаронида шудааст. Аммо муносибатҳои ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Аврупо ҳавасманд мебошанд, дар шароити имрӯза сиёсати Иттиҳоди Аврупо натиҷаҳои назаррас надоранд ва худи мавқеи сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар минтақа ноустувор аст.

Ҳанӯз соли 1991, то барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аврупоиён барномаи ёрии техникиро ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тартиб дода буданд. Мақсади асосии он мадади техникӣ ва молиявӣ ба равандҳои нави сиёсӣ ва иқтисодӣ дар марзи собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин кафолати бехатарӣ мебошад. Барномаи мазкур дастгирии молиявии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва маъмурӣ, сохтори хусусӣ ва ёрӣ ба тараққиёти иқтисодӣ, дастгирии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар давраи гузариш ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои бехатариро пешбинӣ мекунад.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Иттиҳоди Аврупо дар бобати таъмини асосҳои ҳуқуқии сиёсати аврупоӣ дар Осиёи Марказӣ чораҳо андешид. Созишнома дар бораи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз он чораҳо мебошад. Солҳои 1994-1995 созишномаҳо бо Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон имзо шуданд. Бо Тоҷикистон чунин созишномаҳо танҳо дар соли 2007 ба тавсиб расонида шуд[5]. Аммо то ҳол самаранокии асосҳои ҳуқуқии сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Ин ҳатто ба Қазоқистон, ки сармоягузории ширкатҳои нафту гази аврупоӣ дар сатҳи баланд аст, дахл дорад.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ баъди пошхӯрии ИҶШС дар назди худ мақсад гузоштанд, ки давлатҳои дунявии сохти аврупоӣ барпо мекунанд ва барои амалигардонии ин кор ба Иттиҳоди Аврупо умед мебастанд. Соли 1996 ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ (ба ғайр аз Туркманистон) бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аъзо шуданд. Соли 1999 созишномаҳои солҳои 1994-1995 баъди тасдиқи парлумони Аврупо ба ҳукми қонун даромаданд.

Қадамҳои аввлини мушаххаси Иттиҳоди дар Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои байниминтақавӣ ва минтақавӣ буданд. Дар навбати аввал ин лоиҳаҳои ҳамлу нақл буданд, зеро Аврупо ба Осиёи Марказӣ сарҳад надошт ва барои ба роҳ мондани муносибатҳои инкишофи коммуникатсияҳои нақлӣ аҳамияти муҳим дошт. Дар ибтидои солҳои 90-ум ду лоиҳа пешниҳод шуданд: ТРАСЕКА (ташкили долон савдоӣ-нақлиётии «Осиёи Марказӣ – Кавказ-Аврупо» ва ИННОГЕЙТ (сохтмони хаттҳои лӯлагӣ, ки марзи Русияро убур карда ба Аврупо маҳсулоти энергетики Осиёи Марказиро мерасонад)[6].

Дар ибтидои асри XXI Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баъд ду лоиҳаи дигарро амалӣ намуд, ки онҳо CADAP (нақшаи амалиётҳои якҷоя бар зидди маводи мухаддир) ва BOMCA (барномаи идоракунии сарҳадҳои давлатӣ дар Осиёи Марказӣ) буданд.

Сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ду марҳила дорад:

  • то воқеаҳои 11 сентябри соли 2001, вақте, ки давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сиёсати мустақилона мебурданд;
  • баъди воқеаҳои 11-сентябри соли 2001, ки Иттиҳоди Аврупо сиёсати мухтор ва мустақилона маҳрум буда, аз рӯи доираи таъсири ИМА амал мекардагӣ шуд;

дар марҳилаи аввал Иттиҳоди Аврупо ба сиёсати «воридкунии демократия» ба Осиёи Марказӣ машғул буд. Дар ҳолате, ки дар солҳои 90-ум зиддият дар Афғонистон авҷ гирифта, радикализми исломӣ ва содироти маводи мухаддир бо воситаи минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо сурат мегирифт, дар Брюселл ба ин эътибор намедоданд. Сарварони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ (пеш аз ҳама Қазоқистон ва Ӯзбекистон) Аврупо аз хатари экстремизм, терроризм огоҳ мекарданд. Аммо ин ҳама сарфи назар мегардиданд. Илова бар ин кӯшишҳои Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки ба таври сунъӣ сурат мегирифтанд, барои минтақа бегона менамуданд ва оқибатьои махфӣ доштанд. Ҷорӣ кардани «идеологияи бегона» дар сурати вуҷуд надоштани ҳамкории амиқ дар соҳаҳои мухталифи барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим мегузашт, ки он дар охири солҳои 90-ум бо авҷ гирифтани ҳаракатҳои динӣ ва миллӣ оварда расонд[7].

Воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 дар ИМА вазъиятро ба куллц тағйир дод. Акнун сиёсати хориҷӣ дар зери ишора зидди террористии ИМА мегузашт ва Осиёи Марказӣ ба маркази сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Танҳо ҳамон вақт дар Иттиҳоди Аврупо муҳим будани ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказиро дар соҳаи бехатарии минтақавӣ дарк намуданд. Коркард ва амалигардонии барномаҳои CADAP ва BOMCA натиҷаи ин мебошад. [8]

Мақсади асосии барномаи аввал беҳтар гардонидани кори хизмати назоратӣ дар фурудгоҳҳои калони мамлакатҳои ин минтақа, мустаҳкам кардани ҳамкории сохторҳои қудратӣ дар мубориза зидди интиқоли маводи мухаддир, ташкили маркази ягонаи ахборотии сохторҳои хизмати махсус ва сарҳадӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва гумруки Осиёи Марказӣ буд.

Амалигардони барномаи BOMCA соли 2003 оғоз ёфт, ки мақсади он давра ба давра ҷорӣ кардани усулҳои навини идоракунӣ дар сарҳадҳои давлатии Осиёи Марказӣ буд. Барнома амалигардонии чунин вазифаҳоро пешбинӣ мекард: таъмини вайроннопазирии сарҳадҳо, сабук кардани бехатарӣ дар савдои бурунмарзӣ. Бо ин мақсад усулҳои идоракунии сарҳадҳо аз рӯи стандартҳои аврупоӣ ба кор бурда мешуданд, ки ба се принсип асос ёфта буданд: амалиёти дохил, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ. То имрӯз 6 марҳилаи ин барнома аз сар гузаронида шуданд, ки дар доираи онҳо чорабиниҳо доир ба омӯзиши умумии имкониятҳои идоракунии сарҳадҳо дар минтақа амалӣ карда шуда, болобардории малакаҳои касбии хизматчиёни сарҳадӣ ташкил гардиданд.

Дар миёнаи даҳсолаи авали асри XXI Иттиҳоди Аврупо кӯшиш намуд, ки сиёсати берунии худро дар Осиёи Марказӣ пурзӯртар гардонад. Дар қатори коркард ва амалигардонии барномаҳои дар боло шарҳдодашуда, вазифаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд. Илова бар ин соли 2007 барномаи «Дастгирии стратегии минтақавии Осиёи Марказӣ» таҳия гардид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат маблағи ёрии молиявии Иттиҳоди Аврупо ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2007-2013 750 млн евроро ташкил медиҳад[9].

  • [1] Европейский Союз. Путеводитель. М., 2003
  • [2] Основы права Европейского союза. Под ред.С.Ю.Кашкина. М.. 1997.
  • [3] История государства и права зарубежных стран .Т.2. М., 1998
  • [4] Арах М. Европейский союз: видение политического Объединения. М., 1998
  • [5]Владиславлева Т. Б. Россия и расширяющийся Евросоюз: проблемы и перспективы // Знание. Понимание. Умение. — 2005. — № 2. — С. 112-118.
  • [6]Саидов Зафар. Внешняя политика Рахмонова -Душанбе, 2006
  • [7] Договор о Европейском Союзе. Консолидированная версия. М., 2001
  • [8] http://www.yandex.ru (санаи мурочиат: 6 январи соли 2012)
  • [9]    Глухарев Л.И. Единый Европейский Акт –Договор  о ЕС.- Москва, 1994
ҚаблӣСохтори идоракунии сиёси ва хукукии Иттиходи Аврупо
БаъдӣҲамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо