Фарҳангшиносӣ (сарсухани китоб)

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯӣ бар ин ганҷ неҳ.
А. Рӯдакӣ


Фарҳанг маҳсули фаъолияти дуру дарози таърихии инсон мебошад. Илми фарҳангшиносӣ яке аз илмҳои қадимтарин маҳсуб гардида, тамоми комёбиҳои моддию маънавиеро, ки аҳди башар дар тули мавҷудияти худ ба даст овардааст дар бар мегирад.

Омӯзиши илми фарҳангшиносӣ ба ҳар як фард имкон медиҳад, ки аз дастовардҳои бузурги фарҳангу тамаддуни гузаштаю имрӯзаи аҳли башар, бахусус аҷдодони худ агоҳ шаванд.

«Фарҳанг чун падидаи бузург ва арзишманду муассири рӯзгори иҷтимоӣ дар таърих ва рушди маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон пайваста нақши назаррас мебозад». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 20 апрели соли 2011, Душанбе, 2011, саҳ. 34-35.)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Илми фарҳангшиносӣ тамоми паҳлӯҳои ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти гуногунҷабҳаи инсонро фаро мегирад. Бе омӯзиши илми фарҳангшиносӣ эҳёи ботинии инсон имконнопазир аст. Бинобар ин дар шароити имрӯза мардуми сайёра ба масъалаҳои фарҳанг ва омӯзиши он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти фарҳангро барои ҳар як миллат ва аҳди башар чунин тавсиф намудааст: «Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктареро эҷод накардааст». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Рӯ овардан ба илми фарҳангшиносӣ имконият медиҳад, ки мо оид ба фарҳанги сокинони рӯи замин аз давраҳои қадимтарин то замони муосир аз наздик ошно гардем. Аз рӯи тахмини олимони фарҳангшинос то имрӯз аз тарафи мутафаккирони барҷастаи олам зиёда аз сесад намуди таърифи фарҳанг дода шудааст.

Илми фарҳангшиносӣ дар маҷмӯъ қонунҳои объективии раванди инкишофи фарҳанги байналмилалию миллӣ, пайдоиш на инкишофи фарҳанги моддию маънавии аҳди башарро меомӯзад. Дар инкишоф ва ташаккули назарияҳои илми фарҳангшиносӣ илмҳои антропология, сотсиология, психология, фалсафа, таърих, забон, адабиёт, этика, эстетика ва педаго­гика саҳмгузоранд.

Илми фарҳангшиносӣ дар инкишофи худ давраҳои зеринро тай памудааст:

-давраи этнографӣ[1] (солҳои 1800-1860)

-давраи эволютсионӣ[2] (солҳои 1860-1895)

-давраи таърихӣ (солҳои 1895-1925)

Дар ин давраҳо раванди ҷамъшавии донишу тасаввуротҳои нави илмӣ оид ба фарҳангшиносӣ вусъати нав ба нав пайдо мекунад. Тадқиқотҳо дар соҳаи илми фарҳангшиносӣ асосан характери назариявӣ доштанд. Вале аз нимаи дуюми асри XX вазъият тамоман тағйир меёбад. Минбаъд фарҳанг дар амалияи тамоми соҳаҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи инсон самаранок истифода бурда мешавад.

Муаллифони ин китоб кушиш ба харҷ додаанд, ки андаке бошад ҳам устодону донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар ва дӯстдорони илми фарҳангшиносиро бо назарияи фарҳанг, таърихи пайдоиш, инкишоф, ташаккул, давраҳою марҳалаҳои асосии фарҳанги умумиҷаҳонӣ ва халқи тоҷик аз наздик шинос yамоянд. Дар ин маводи таълимӣ ба ҳар як давраи инкишофу ташаккули таърихии фарҳанги умумиҷаҳонӣ ва халқи тоҷик покбинона баҳо дода шудааст. Китобе, ки дар даст доред дастовардҳои фарҳангии мардуми ҷаҳон ва халқи тоҷикро аз давраҳои қадимтарин то замони муосир дар бар мегирад. Ҳангоми таълифи китоб муаллифони он аз асару суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои олимони маъруфи тоҷику собиқ, Шӯравӣ ва олимони дигар кишварҳои дуру наздиқ бахусус М.С.Андреев, С.Айнӣ, А. Арбобзода, Т. Атахонов, Дж. Асроров, Б.Ғафуров, В.В.Бартолд, Х.Додихудоев, Х.Идиев, И. Каримов, Р.Муқимов, М.Р.Шукуров, А.А. Раҳмонов, А.Мухторов, М.Диноршоев, Г. Зокиров, Р.Комилов, А.Шамолов, А.Раҳматуллоев, С.Мухторов, Н.В.Пигулевская, Н.Нурҷонов, З.Ш.Раҷабов, С.Сулаймонӣ, В.С.Библер, П.С.Гуревич, Р.Фрай, Е.С. Бертеле, В.С.Библер, А.Афсаҳзод, Б.С.Ерасов, С.П.Мамонтов, Е.М.Малышев, А.С. Маҳмадаминов, Ш.Абдуллозода ва дигарон ба таври васеъ истифода намудаанд.

Инчунин асарҳои илмию китобҳои дарсии фарҳангшиносй, ки ба қалами олимони маъруфи ватанию хориҷӣ тааллуқ доштанд мавриди истифодаи васеъ қарор дода шудаанд.

Асарҳои илмӣ ва китобҳои дарсие, ки аз онҳо ба таври ва­сеъ истифода бурда шудаанд дар рӯйхати адабиёт пурра нишон дода шудаанд.

Аз китоби Фарҳангшиносӣ. Н. Тоҷев, К. Ҳусейнов, Р. Назаров, М. Тоҷев. Душанбе – 2011.


Минбаъд мавзӯҳои дарсии фанни Фарҳангшиносӣ  дар сомонаи Donishju.net маҳз аз ҳамин китоб нашр мешаванд.

Рӯйхати мавзӯҳои фанни Фарҳангшиносӣ <<


[1] Этнография илмест, ки тарзи зиндагӣ, урфу одати халқҳо ва маданияти моддию маънавии онҳоро меомӯзад.

[2] Эволютсионӣ, яъне таҳаввулӣ. Раванди тағйирот, аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштатани чизе ва ё касе.


Мавзуи фархангшиноси, реферат аз фархангшиноси, кори курси аз фархангшиноси, скачать бесплатно, семинар, китоби фархангшиноси, сайти донишчу, донишчу.тч, донишчу тч, Донишҷӯ.тҷ, донишҷӯ тҷ, сомонаи омӯзишӣ, сайти точики, сайти омузиши.

ҚаблӣДубайтию рубоиёт аз Халилуллоҳ Халилӣ
БаъдӣМақсад, вазифа ва мавзӯи илми фарҳангшиносӣ