Фарҳанги Давраи Нав асрҳои XVII-XIX-po дар бар мегирад.
Давраи Нав бо тарзи истеҳсолоти буржуазӣ асос ёфта, ба он ғояҳои гуманизм, антропосснтризм, свропосентризм, стиентизм ва телеологизм дар фаҳмиши прогресс хос аст. Дар баробари ин ҳар яке аз ин асрҳо дорои хусусиятҳои хоси худ буданд.
Дери XVII ин асри танқиди феодализм дар Нидерландияю Англия, танқиди оқилонан схоластика дар Фраисия ва дигар мамлакатҳо буд. Асри XVIII ин асри Маорифпарварӣ ва санҷиши ғояҳои он дар амалияи инқилобхои Бузурги Франсия па Америка буд. Асри XIX даираи гулгулшукуфии фарҳанги буржуазӣ ва дар баробари ин оғози буҳрони он маҳсуб мешанад. Ҳар яке аз ин даираҳо масъалаҳои рӯзмараи хешро самарабахш ҳал менамуданд. Дар асри XVIII дар мамлакатҳои Ғарб фарҳанги нав ташаккул ёфта буд. Дар ин давра дар Франсия Волгер, Руссо, Дидро дар Англия Кавединш, Уатт, Филдинг, дар Россия Ломоносов, Радищев, дар Германия Лессинг, Гёте, Шиллер, Кант зиндагӣ ва эҷод мекарданд.
Асри XVIII дар Европа даврае буд, ки дар ин давра гузариш аз феодализм ба капитализм анҷом меёфт. Тараққиёти иҷтимоию ғоявии мамлакатҳои Европа ноҳамвор буд. Масалан, агар дар Италия ва Германия парокандагии феодалӣ ҳукмрон бошад, пас дар Англия табаддулоти саноатӣ ба амал омада буд, ки онро ба давлатӣ пешрафтатарини Европа табдил дод. Дар ин давра дар Франсия вазъияти инқилобӣ ба амал омада буд, ки боиси cap задани инқилоби Бузурги Франсия (солҳои 1789-1793) гардид.
Дар ин давра мутафаккирони барҷаста- Волтер, Гердер, Монтескьё, Дидро, Руссо, Гелветсия, Голбаҳ Тюрго, Фалконе, Гудон, И.С. Баҳ Мотсарт, Бюффон кор ва фаъолият менамуданд. Дар инкишофи фарҳанги Замони Нав асри XIX мақоми махсусро ишғол менамояд. Дар натиҷаи инқилоби саноатӣ ҷомеаи индустриалӣ ба вуҷуд омад. Тамаддуни индустриалӣ аз давраҳои пештараи тараққиёти буржуазӣ ба куллӣ фарқ мекард.
Тамаддуни индустриалие, ки дар асри XIX дар Европа пойдор гардид, арзиши асосиаш прогресси илмӣ-техникӣ маҳсуб мешуд.
Аз рӯи хулосаҳои П.Сорокин асри XIX нисбат ба тамоми асрҳои гузаштае, ки инсоният аз cap гузаронидааст бештар кашфиётҳо ва ихтироъкориҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз рӯи ҳисоби сотсиологҳо дар тули асри XIX шумораи кашфиёту ихтироъкориҳо ба 8527 расида буд.
Хамин тавр, дар асри XIX илму фарҳанг ба комёбиҳои беназир ноил гардид.
Хусусиятхои хоси ташаккули фарханги Гapб дар Давраи Нав